Сеюми феврали соли 2016 таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ҷаласаи навбатии Иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум баргузор гардид.
Дар бораи рӯзномаи ҷаласа бо дарбаргирии масъалаҳои зерин Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид:
1. Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пеш аз муҳлат қатъ гардидани ваколати вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ватанзода М. М.»
2. Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз ҳайати Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон баровардани Ватанзода М. М.»
3.Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз вазифаи раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон озод намудани Ватанзода М. М.»
4. Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз ҳайати Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баровардани Ватанзода М. М.»
5. Дар бораи лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон» интихоб намудани Худоёрзода Б. Т.»
6. Дар бораи лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон»
7. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма».
8. Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ)»
9. Дар бораи Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ташкилоти озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид оид ба Лоиҳаи беҳсозии тарзи идоракунии мубориза бар зидди малах
10. Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру илова ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
11. Дар бораи Созишномаиқарзӣ байни Корхонаи воҳиди давлатии коммуналии «Хуҷандводоканал» ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд оид ба «Барномаи беҳтаргардонии низоми обтаъминкунии шаҳри Хуҷанд, марҳилаи 3»
12. Дар бораи Созишномаи кафолатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд оид ба «Барномаи беҳтаргардонии низоми обтаъминкунии шаҳри Хуҷанд, марҳилаи 3»
13. Дар бораи Созишномаи дастгирии лоиҳа байни шаҳри Хуҷанд, Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд ва Корхонаи воҳиди давлатии коммуналии «Хуҷандводоканал» оид ба «Барномаи беҳтаргардонии низоми обтаъминкунии шаҳри Хуҷанд, марҳилаи 3»
14. Масъалаҳои ташкилӣ.
РАИС: - Ба муҳокимаи масъалаҳои рӯзнома шурӯъ менамоем. Масъалаи аввали рӯзнома — Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пеш аз муҳлат қатъ гардидани ваколати вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ватанзода М. М.» мебошад.
Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ватанзода Маҳмадалӣ Маҳмадулло Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ — Намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид. Аз ин сабаб ваколати вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ватанзода Маҳмадалӣ Маҳмадулло пеш аз муҳлат қатъ гардонда мешавад.
Дар ин бора Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид.
Масъалаҳои навбатии рӯзнома — «Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз ҳайати Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон баровардани Ватанзода М. М.», Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз вазифаи раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон озод намудани Ватанзода М. М.», Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз ҳайати Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баровардани Ватанзода М. М.» низ баррасӣ шуд.
Аз рӯи ин масъалаҳо ба таври алоҳида қарорҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардиданд.
РАИС: — Ватанзода Маҳмадалӣ Маҳмадулло давраи вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон будан самимӣ, содиқона ва дар сатҳи баланди касбӣ фаъолият кард. Ҳоло вазифаи пурмасъул дар бахши ҳуқуқиро ба уҳда дорад.
Бинобар ин, Ватанзода Маҳмадалӣ Маҳмадулло барои саҳми пурарзиш дар фаъолияти мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузор, робитаҳои байнипарламентӣ ва иштироки намунавӣ дар ҳаёти ҷамъиятӣ бо Ифтихорномаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонда мешавад.
РАИС: — Масъалаи навбатии рӯзнома — Дар бораи лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Худоёрзода Б. Т.» мебошад.
Худоёрзода Бахтиёр Тавар дар вазифаҳои пурмасъули давлатӣ, аз ҷумла вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият кардааст.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Худоёрзода Б. Т.» ба овоз монда, қарор қабул шуд.
РАИС: — Дар бораи лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти прокуратураиҶумҳурии Тоҷикистон» сухан ба раиси Комиссияи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба назорати Дастур ва ташкили кор Холмуҳаммадзода Азизмуҳаммад Холмуҳаммад дода мешавад.
Холмуҳаммадзода Азизмуҳаммад Холмуҳаммад: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ!
Лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Ҳукумати мамлакат таҳия ва пешниҳод карда шудааст.
Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали ноил гардидан ба Истиқлолияти давлатӣ пешгирӣ ва решакан намудани заминаҳои коррупсияро самти аввалиндараҷаи мубориза бо қонуншиканӣқарор дода, аъзои санадҳои байналмилалӣ дар самти мубориза бо коррупсия, аз ҷумла Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба мубориза бо коррупсия гардид.
Дар ин замина, дар самти мутобиқгардонии санадҳои меъёрии ҳуқуқии мамлакат бо конвенсияи номбурда, таъмини уҳдадориҳои байналмилалӣ ва мақсаднок ба роҳ мондани мубориза бо коррупсия чораҳои дахлдор андешида шуданд. Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия» ва «Дар бораи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул ва «Стратегияи муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013 — 2020» тасдиқ гардиданд.
Инчунин, Шӯрои миллии муқовимат бо коррупсия таъсис дода шуд. Ҷаласаи васеи Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон натиҷаи фаъолиятро дар самти мубориза бо коррупсия баррасӣ намуд ва аз 17 феврали соли 2015 бо протокол «Оид ба вазъи мубориза бар зидди коррупсия ва тақвият бахшидани тадбирҳо дар ин самт» ба масъулин супорида шуд, ки лоиҳаи тағйиру иловаҳоро ба санадҳои меъёрии дахлдор пешниҳод намоянд ва ҷиҳати таъмини иҷрои пурраи стратегияи зикргардида чораҳои мақсаднок андешанд.
Аз ин лиҳоз, лоиҳаи қонун дар асоси талаботи протоколи зикршуда омода гардида, ба мақоми назоратӣ риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи қонунҳо дар кишвар имконият медиҳад, ки тартиб ва тарзу усулҳои гузаронидани таҳлили хавфҳои эҳтимолии воридгардии кирдорҳои коррупсиониро ба мақомоти прокуратура мустақилона муайян намуда, ҷиҳати пешгирӣ ва барҳамдиҳии онҳо дар марҳилаҳои аввал чораҳои мақсаднок андешад.
Ҳамин тавр, лоиҳаи қонун ба пешгирии роҳёбии заминаи кирдорҳои коррупсионӣ ба мақомоти прокуратура ва ба ин васила, самаранокгардонии фаъолияти он ҷиҳати назорати риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи қонунҳо дар қаламрави кишвар нигаронида шудааст.
Аз ин рӯ, лоиҳаи қонун аз ҷониби кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷонибдорӣ карда шудааст.
Ҳамзамон, бо мақсади мутобиқ намудан ба муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» ба он ҳафт таклифу пешниҳод манзур гардид, ки панҷтоаш қобили қабул дониста, дутоаш қабул нашуд.
Лоиҳаи қонун ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои дигари қонунгузории мамлакат мутобиқ буда, татбиқи он аз Буҷети давлатӣ маблағи иловагиро талаб намекунад.
Аз ин рӯ, аз шумо, вакилони гиромӣ, эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки ба тарафдории лоиҳаи қонуни мазкур овоз диҳед.
Лоиҳаи қонуни мазкур ба овоз монда шуда, аз ҷониби вакилон қонуни конститутсионӣқабул гардид. Вобаста ба қабули қонуни конститутсионӣҚарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шуд.
РАИС: - Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма» сухан ба вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Орумбекзода Шамсиддин Шодибек дода мешавад.
ОРУМБЕКЗОДА Шамсиддин Шодибек:- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ, ҳозирони арҷманд!
Боиси хушнудист, ки намояндагони мақоми олии қонунгузори мамлакат масъалаҳои ҳаётан муҳими кишвари азизамонро мавриди баррасӣқарор дода, доир ба талаботи даврони зудтағйирёбандаи имрӯза мувофиқ гардонидани қонунҳо дар сатҳи касбӣ баҳогузорӣ мекунанд. Қабл аз он ки ман оид ба ҳадаф ва заминаҳои воқеии ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма» ҳарф занам, мехоҳам таваҷҷуҳи вакилони муҳтарамро ба нуктаҳои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷалб намоям, ки оид ба дастгирии фаъолонаи мардуми кишвар барои барҳам задани нақшаҳои ҷинояткоронаи террористон ҷиҳати таъмин ва ҳифзи оромии Ватани азизамон таъкид намуданд: «Ҳодисаҳои зикршуда, равандҳои муосири сайёра ва вазъи минтақа ҳушдор медиҳанд, ки мо ҳаргиз зиракии сиёсиро аз даст надиҳем ва барои ҳимояи амният, ваҳдати миллӣ, сулҳу субот, волоияти қонун ва оромиву осудагии кишвари маҳбубамон ҳамеша омода бошем».
Дар робита ба ин масъалаҳои ҳаётан муҳим бояд иқрор шуд, ки дар замони муосир барои ҳар як кишвар таъмини бехатарии иттилоотӣ яке аз масъалаҳои муҳимтарин буда, нақши расонаҳо дар инъикоси ҳаёти ҷомеа, раванди ислоҳоти давлатӣ ва ташаккули афкори умум хеле бузург мебошад. Имрӯз таъсири тамоюлҳои манфии раванди ҷаҳонишавӣ ба шуур ва маънавиёти ҷомеа тавассути воситаҳои ахбори оммаро касе инкор карда наметавонад. Бинобар ин, андешидани тадбирҳо ҷиҳати таъмину таҳкими амнияти иттилоотӣ тақозои даврон аст.
Ҷомеаи имрӯзаи ҷаҳонӣ, яъне, рушди бемайлони воситаҳои техникии иттилоот, бархӯрди давлатҳо, гурӯҳҳои моҷароҷӯ ва торафт тезутунд шудани муносибатҳои байни давлатҳои манфиатхоҳ дар назди аҳли матбуот ва умуман мардум мавзӯъҳое ба миён гузоштааст, ки ҳалли онҳо барои таъмини амнияти кишвар, пешрафту нумӯи хоҷагии халқи мамлакат, камолоти маънавии инсон ва афзун намудани иқтидори сиёсию иҷтимоӣ ва фарҳангии давлат заруранд. Аз ин рӯ, дар шароити кунунӣ вобаста ба пешрафти тамаддуни ҷаҳонӣ вазифаи ҳар як рӯзноманигор аз он иборат аст, ки бо донишҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ мусаллаҳ бошад, то битавонад ҳар як факту далелро бо дарки масъулияти миллӣ, аз нуктаи назари таҳлилӣ амиқ, воқеъбинона, равшану шаффоф, дар заминаи ҳадафҳои рушди тафаккури солим дар қолаби хабару мақолаҳо, гузоришу мусоҳиба ва очеркҳо ғунҷоиш диҳад, на ин ки бо муҳокимарониҳои ҳангомаҷӯёна, ғаразнок, суханони берабту маъниҳои аз ҳам гусаста, далелҳои бебунёд, таҳқир ва шикастани қолабҳои забони ноби тоҷикӣ, ки ин раванд, мутаассифона, дар саҳифаҳои рӯзномаҳои муосир, инчунин, тамоюли дигари манфӣ — терроризми иттилоотӣ низ ба мушоҳида мерасад. Ҳадаф аз фаъолияти воситаҳои ахбори омма бояд як бошад: эҳтиром ва риояи ҳатмии қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи матбуот ва табъу нашр, расидан ба қадру қимати озодии сухан, ки ба шарофати Истиқлолияти давлатии кишвар насибамон гаштааст, ба хотири имрӯзу фардои дурахшони Ватани азиз ва миллати сарбаландамон дар саҳифаҳои матбуот воқеъбинона, дурандешона, бе ҳадафҳои ғаразнок ба қалам додани рӯйдодҳои ҷомеа ва дар ин замина, саҳми арзанда гузоштан дар рушди ҷомеа ва камолоти маънавии шаҳрвандони он аст.
Бо дарназардошти ин ҷиҳатҳо ва он мантиқи одӣ, ки ҳеҷ як қонун тағйирнопазир нест ва воқеияти ҳар давру таҳаввулот дар ҷомеа зарурати ислоҳу такмили қонунгузориро тақозо мекунад, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақсад мувофиқ донист, ки ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма» аз 19 марти соли 2013 иловаҳо ворид карда шаванд.
Ҳадафи асосӣ аз ворид намудани ин иловаҳо чунинанд:
- мутобиқ кардани қонуни мазкур ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ;
- пешгирӣ кардани ҳодисаҳои қонунвайронкунӣ;
- мусоидат кардан ба ҳифзи ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандон.
Адолати судӣ адолати эътирофшуда аст ва бинобар ин, мақоми ваколатдор ва мақомоти назорати қонун — прокурор ба суд бо аризаи даъвоӣ доир ба боздоштани фаъолияти воситаҳои ахбори омма муроҷиат менамоянд. Дар ин муддат суд метавонад фаъолияти табъу нашри воситаҳои ахбори оммаро ба муҳлати то се моҳ боздорад.
Аз вакилони муҳтарам эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки ин пешниҳодро дастгирӣ намоянд.
РАИС: — Сухан аз рӯи ин масъала ба раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Салимзода Олим дода мешавад.
Олим САЛИМЗОДА: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!
Мо дар оғози соли таърихӣ — таҷлили 25 — солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон кору зиндагӣ дорем. Тоҷикистони озоду соҳибистиқлол бо заҳмату кӯшишҳои ватанпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва талошҳои созандаи мардуми соҳибмаърифати тоҷик ба марҳилаи навини эҳёи давлатдорӣ, замони рушди иқтисодиёт, шукуфоии адабиёту фарҳанг ва илму ҳунари миллӣ расид. Ин раванд имкон медиҳад, ки Тоҷикистон чеҳраи миллии хешро дар баробари рӯйдодҳои нави таърихӣҳифз намояд. Ба ин маънӣ бояд раванди худшиносии миллӣ, шинохти таърих, ҷаҳон ва тамаддуни башарӣ бештар тақвият дода шавад.
Воситаҳои ахбори омма, сарфи назар аз шаклу тобеияти идоравӣ, дар роҳи расидан ба ин ҳадафҳои созанда, ба хотири боз ҳам таҳким бахшидани дастовардҳои истиқлолият, тақвияти иқтидори иқтисодии давлат, беҳтар гардонидани сатҳу сифати зиндагии мардум ва шукуфоии Ватани азизамон заҳмат мекашанд. Ҳамаи мо, бешак, ба пешаи пурмашаққат, вале пурифтихори рӯзноманигорӣ эҳтиром ва ба эҷоди қаламкашони кишвар арҷ мегузорем.
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма» бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.
Дар муҳокимаи лоиҳаи қонуни мавриди назар кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолона ширкат доштанд. Аз ҷониби онҳо ба кумитаи масъул 25 пешниҳод ворид гашт, ки аз онҳо 16 — тоаш қабул, панҷто қисман қабул шуд ва чортоаш қабул нагардид.
Тағйироти воридшуда асосан ба қисмҳои 2 ва 3 — юми моддаи 121-и қонуни амалкунанда дахл доранд. Яъне, салоҳияти боздоштани фаъолияти воситаҳои ахбори омма аз мақоми ваколатдори давлатии баҳисобгирии воситаҳои ахбори омма гирифта, ба зиммаи судҳо гузошта шуд.
Сархати сеюм ва қисми 2- юми моддаи 122 бо пешниҳоди Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Шукурҷон Зуҳуров аз нав таҳрир шуд.
27 январи соли 2016 бо иштироки намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мушовири калони бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ С.А. Шоҳназаров, намояндагони вазоратҳои адлия ва фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи васеи кумитаи масъул барпо гашт. Иштирокдорони ҷаласа лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма» — ро пазируфтанд.
Аз ин лиҳоз, аз шумо, вакилони гиромӣ, эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки лоиҳаи қонуни мазкурро дастгирӣ намоед.
РАИС: — Муҳокимаи лоиҳаи қонуни мазкур қариб ду сол идома дошт. Оид ба ин масъала фикру дархости кормандони воситаҳои ахбори омма низ ба инобат гирифта шуд. Он масъалае, ки боиси баҳс буд, аз лоиҳаи қонун бардошта шуд. Дар лоиҳаи қаблииқонун омада буд: «агар дар муҳлати муайяншуда қонуншиканиҳое, ки асоси баровардани амри хаттӣ ё огоҳномаи хаттӣ гардидаанд, бартараф карда нашаванд, Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё прокурорҳои тобеи ӯ метавонанд ба мақоми ваколатдори баҳисобгирии воситаҳои ахбори омма дар хусуси боздоштани фаъолияти воситаҳои ахбори омма бо ариза муроҷиат намоянд». Дар ин маврид мақоми ваколатдори баҳисобгирии воситаҳои ахбори омма, яъне Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ дорад фаъолияти воситаҳои ахбори оммаро ба муҳлати то се моҳ боздорад. Мо розӣ нашудем ва ин матн аз лоиҳаи қонуни мазкур бардошта шуд, зеро фақат ин масъаларо суд метавонад ҳал намояд.
Дар муҳокимаи лоиҳаи қонуни мазкур намояндагони воситаҳои ахбори омма низ иштирок доранд. Доир ба ин масъала намояндаи онҳо метавонад дархост ва пешниҳоди худро иброз намояд.
Мутобиқи Дастури Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо розигии вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабарнигори рӯзнома ва сомонаи «Азия — плюс» Аваз Юлдошевчунин андешаронӣ намуд:
-Муҳтарам Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров сабабҳои асосии ташвиши рӯзноманигоронро баён доштанд. Гап сари он меравад, ки иловаҳои пешбининамудаи лоиҳаи қонуни мазкур бе мувофиқа бо намояндагони воситаҳои ахбори омма омода шудааст. Баъдан, дар муддате, ки лоиҳаи қонуни мазкур дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣқарор дошт, намояндагони воситаҳои ахбори омма маълумоти дақиқе нагирифтанд. Ин сабаби ба миён омадани нофаҳмиҳо гардид.
Намояндагони воситаҳои ахбори омма кишвари азизамон — Тоҷикистонро дӯст медоранд. Хоҳони онем, ки Ватанамон боз ҳам ободу зебо гардад. Тавре Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид доштанд, яке аз дастовардҳои бузурги Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон озодии матбуот аст.
РАИС: - Бо қабули ин иловаҳо ба қонуни мазкур масъалаҳои баҳсталаб дар суд баррасӣ ва ҳал мегарданд.
Дар муҳокимаи лоиҳаи қонуни мазкур вакилон Толибхон Азимзода, Ҷамшед Муртазоқулов, Саидҷаъфар Усмонзода, Ҷӯрахон Маҷидзода, Мавлуда Қаландарзода, Абдуҳалим Ғаффоров, Холмуҳаммадзода Азизмуҳаммад иштирок намуданд.
Бо пешниҳоди Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ва ҷонибдории вакилони Маҷлиси намояндагон барои такмили лоиҳаи қонуни мазкур аз ҳисоби вакилон гурӯҳи корӣ ташкил ва муҳокимаи он то ҷаласаи оянда мавқуф гузошта шуд.
РАИС: - Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ)» сухан ба раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин Латифзода Рустам Барот дода мешавад.
ЛАТИФЗОДА Рустам Барот: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!
Ба баррасии шумо лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ)» дар таҳрири нав пешниҳод мешавад.
Лоиҳаи қонуни мазкур бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам А. Фелалиев, Р. Латифзода, Ҷ. Муртазоқулов ва М. Ахмедов таҳия гардидааст.
Мақсад аз лоиҳаи қонуни мазкур тақвият бахшидан ба заминаи ҳуқуқии фаъолияти хоҷагиҳои деҳқонӣ дар шароити иқтисоди бозорӣ ва мутобиқгардонии он ба қонунгузории навини Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз байн бардоштани ихтилофот ва номуайянӣ дар танзими муносибатҳои хоҷагидорӣ мебошад, ки дар раванди ислоҳоти соҳа ба миён омадаанд.
Лоиҳаи қонун аз 9 боб ва 39 модда иборат мебошад. Дар боби 1 мафҳум, ҳуқуқ ба таъсиси хоҷагии деҳқонӣ ва шаклҳои он, узвият дар хоҷагии деҳқонӣ нишон дода шудаанд.
Боби 2 ба хусусиятҳои ташкили хоҷагии деҳқонӣ бе таъсиси шахси ҳуқуқӣ ва мақомоти идоракунии он, боби 3 ба хусусиятҳои ташкили фаъолият ва мақомоти идоракунии хоҷагии деҳқонӣ бо таъсиси шахси ҳуқуқӣ ва боби 4 ба танзими фаъолияти хоҷагии деҳқонӣ бахшида шудааст.
Муносибатҳои молумулкӣ, ки дар қонуни амалкунанда баъзе ҷузъҳои он дар моддаҳои алоҳида зикр гардидаанд, дар лоиҳа ҳамчун боби 5 ба таври мушаххас оварда шудаанд.
Масъалаҳои заминистифодабарӣ баъди ба даст овардани ҳуқуқи истифодабарии қитъаи замин бо ҳуқуқи бегона намудан, ҳамчун предмети хариду фурӯш, туҳфа, иваз, иҷора, гарав ва дигар аҳдҳо, инчунин ба мерос гузоштан, ки дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон объекти махсуси муносибатҳои ҳуқуқи гражданӣ муқаррар карда шудаанд, дар боби 6 дарҷ ёфтаанд.
Дар боби 7 масъалаҳои ташкили фаъолияти хоҷагии деҳқонӣ, ҳуқуқу уҳдадориҳои хоҷагии деҳқонӣ ва аъзои он, дар боби 8 заминаи ҳуқуқии дастгирии давлатии хоҷагии деҳқонӣ ва таъминоти иҷтимоии аъзои хоҷагии деҳқонӣ мушаххас гардонда шудаанд.
Бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 июни соли 2015 таҳти № 162 лоиҳаи қонуни мазкур барои додани хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои додани хулосаи экспертизаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол шуда буд.
Бо мақсади муҳокимаи васеъ ва ҳамаҷониба лоиҳаи қонуни мазкур дар ду рӯзномаи соҳавӣ ба нашр расид. Ҳамчунин, лоиҳаи қонун дар семинар — машварату мизҳои мудаввар бо иштироки вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, олимону мутахассисони соҳавӣ дар минтақаҳои гуногуни кишвар мавриди муҳокима қарор дода шуд.
Лоиҳаи қонун дар ҷаласаи васеи кумитаи масъул бо иштироки вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мутахассисону коршиносони соҳа мавриди муҳокимаи ҳамаҷонибақарор гирифт.
Дар ҷараёни ин муҳокимаҳо таклифу пешниҳодҳои баёнгардида барои мукаммалгардонии лоиҳаи қонуни мазкур истифода бурда шуданд.
Дар маҷмӯъ, ба лоиҳаи қонуни мазкур 150 таклифу пешниҳод ирсол гардид, ки аз онҳо 120 — тоаш қабул, 15 — тои он қисман қабул ва 15 — тои дигараш қабул нашуд.
Ёдовар мешавем, ки лоиҳаи қонуни мазкур дар асоси эродҳои Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Шукурҷон Зуҳуров бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 декабри соли 2015 таҳти №407 барои такмил додан ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин бозпас гардонда шуда буд.
Лоиҳаи қонун бо дарназардошти таклифу пешниҳодҳои Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Шукурҷон Зуҳуров, бо даъвати коршиносону мутахассисони соҳа такмил дода шуд.
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ)» ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надорад. Татбиқи он аз Буҷети давлатӣ маблағҳои иловагиро талаб наменамояд.
Аз шумо, вакилони гиромӣ, эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намоед.
РАИС: - Аз рӯи ин масъала сухан ба вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зокирзода Маҳмадтоир Зоир дода мешавад.
ЗОКИРЗОДА Маҳмадтоир Зоир: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд, ҳозирини гиромӣ!
Бояд тазаккур дод, ки соҳаи кишоварзӣ бахши пешбарандаи иқтисодиёти мамлакат ба шумор рафта, манбаи асосии таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти ғизоӣ ва ҷойи кор мебошад.
Бо мақсади истифодаи пурсамар ва оқилонаи захираҳои обу замин ва афзун намудани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 июни соли 1996 таҳти № 522 «Дар бораи таҷдиди корхонаҳо ва ташкилотҳои кишоварзӣ» ба имзо расида буд, ки ба зиёд гардидани шумораи хоҷагиҳои деҳқонӣ ва дар ин замина ба шуғл фаро гирифтани аҳолии деҳот мусоидат намуд.
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ)» бори аввал соли 2002 қабул гардида буд, ки моҳи майи соли 2009 дар таҳрири нав қабул шуд ва то инҷониб мавриди амал қарор дорад.
Бо мурури замон ҷиҳати муайян кардани самтҳои стратегӣ ва усулҳои таъмини соҳаи кишоварзии сердаромад бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1-уми августи соли 2012 таҳти № 383 «Барномаи ислоҳоти кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012 — 2020» тасдиқ гардид.
Тибқи талаботи банди 1- уми нақша — чорабиниҳои барномаи мазкур ҷиҳати мусоидат ба раванди ислоҳот дар соҳаи аграрӣ бо дарназардошти зиёд гардидани шумораи хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) зарурати такмили заминаи ҳуқуқии онҳо ба миён омад.
Дар заминаи колхозу совхозҳо зиёда аз 160 ҳазор хоҷагии деҳқонии хурду калон ташкил карда шуд. Аксарияти онҳо дорои қитъаи замини хурд (аз 0,1 то 1 гектар) мебошанд, ки байни онҳо номураттабии муносибатҳои хоҷагидорӣ мавҷуданд.
Ҳамин тавр, аз моҳи июли соли 2009 дар асоси нақшаи амал оид ба ислоҳоти бахши аграрии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо мақсади мутобиқ намудани фаъолияти хоҷагиҳои деҳқонӣ ба талаботи иқтисодиёти бозорӣ ва бартараф намудани номураттабии муносибатҳои хоҷагидорӣ, корҳои зарурӣ оғоз ва бо ҷалби мутахассисони соҳаи ҳуқуқи вазорату идораҳои ҷумҳурӣ ва мушовирони байналмилалӣ таклифу пешниҳодҳо омода гардида, барои мукаммал намудани заминаи ҳуқуқии фаъолияти хоҷагиҳои деҳқонӣ замина фароҳам оварда шуд.
Дар натиҷа, соли сипаригардида аз ҷониби вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ)» дар таҳрири нав таҳия ва барои баррасӣ ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод гардид.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи июни соли 2015 лоиҳаи қонуни мазкурро барои гирифтани таклифу пешниҳодҳо ба вазорату идораҳои дахлдор ирсол намуда буд. Хулосаҳои дахлдор барои ҷамъбаст ба Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фиристонда шуданд.
Моҳи сентябри соли 2015 дар маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси таклифу пешниҳоди вазорату идораҳо гузориши вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи пешниҳоди хулосаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ)» шунида шуд.
Бояд зикр кард, ки лоиҳаи қонуни мазкур дар қиёс ба қонуни амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ)» ҷиҳати таҳкими ҳуқуқии фаъолият дар заминаи муносибатҳои нави хоҷагидорӣ дар соҳаи кишоварзӣ тағйироти куллии ба миёномадаро дар бар мегирад.
Дар лоиҳаи қонуни мазкур шаклҳои таъсиси хоҷагиҳои деҳқонӣҳамчун шахси ҳуқуқӣ ва бе таъсис додани шахси ҳуқуқӣ муайян карда шудааст, ки дар қонуни амалкунанда чунин муқаррарот дарҷ нагардида буд.
Яке аз масъалаҳои муҳим, ки зарурати танзими бештарро дар шароити таҷдиди соҳаи кишоварзӣ ва азнавташкилдиҳии хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) ба миён овардааст, ин муносибатҳои хоҷагидории аъзои ихтиёран якҷоя фаъолияткунанда мебошад.
Бо ин мақсад дар лоиҳаи қонуни мазкур фаъолияти якҷоя дар асоси шартнома, ҳуқуқ ва вазифаҳои аъзои хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) ва салоҳияти мақомоти идоракунии он нишон дода шудааст.
Инчунин, дар лоиҳаи қонуни мазкур масъалаҳои беҳтар кардани шароити кору истироҳат, баланд бардоштани самаранокии меҳнат ва пешгирии талафоти маҳсулот возеҳу равшан муайян карда шудааст.
Ҳамин тавр, дар лоиҳаи қонуни мазкур дигар ҷабҳаҳои мукаммалкунандаи асосҳои ҳуқуқии фаъолияти хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) ба инобат гирифта шудааст, ки он талаботи замон мебошад.
Аз шумо эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки лоиҳаи қонуни мазкур дастгирӣ карда шавад.
РАИС: — Доир ба ин масъала кӣ сухан кардан мехоҳад? Марҳамат.
Абдуҳалим ҒАФФОРОВ: — Муҳтарам Раис, Раёсат ва ҳозирини гиромӣ!
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ)», ки мавриди баррасӣқарор дорад, муҳим ва зарурист. Зеро беш аз 70 фоизи аҳолӣ дар деҳот зиндагӣ мекунанд ва рушди соҳаи кишоварзӣ барои таъмини амнияти озуқавӣ аҳамияти муҳим дорад.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 160 ҳазор хоҷагии деҳқонӣ ташкил ёфта бошад ҳам, 50 фоизи маҳсулоти кишоварзӣ берун аз кишвар оварда мешавад.
Дар лоиҳаи қонуни мазкур шаҳрвандоне, ки ба синни18 расидаанд, ҳуқуқи аъзои хоҷагии деҳқонӣ шуданро доранд.
Ҳамзамон ҳуқуқҳои аъзо ва роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ мушаххас нишон дода шудааст, ки баҳсҳои байни онҳо тибқи қонунгузории ҷумҳурӣ баррасӣ ва ҳал мешаванд.
Дар натиҷаи дахолати мақомоти давлатӣ ва шахсони мансабдори давлатӣ зарари ба хоҷагии деҳқонӣ расонидашуда бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣҷуброн карда мешавад.
Роҳҳои дуруст истифода бурдани фонди давлатии ҷангал, чарогоҳҳо низ дар лоиҳаи қонун дарҷ гардидааст.
Дастгирии давлатии хоҷагии деҳқонӣ, хариди таҷҳизот, тухми хушсифат ва бо техникаи ҳозиразамон таъмин намудан низ аз бартарияти лоиҳаи ин қонун мебошад ва қобили дастгирист.
Баҳром АБДУАЛИМОВ: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини арҷманд!
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ)» дар Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия баррасӣ гардид ва дар маҷмӯъ дастгирӣ карда шуд.
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ)» барои рушди соҳаи кишоварзӣ мусоидат хоҳад кард.
Дар лоиҳаи қонуни мазкур нисбат ба қонуни амалкунанда муқаррароти дахлдор оид ба амалӣ намудани ҳуқуқи истифодаи қитъаи замин дар муносибатҳои заминистифодабарӣ баъди ба даст овардани ҳуқуқи истифодаи қитъаи замин бо ҳуқуқи бегона намудан, иҷора ва гарав гузоштан дар доираи талаботи Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон мушаххас гардонида шудааст.
Инчунин, тибқи боби 8-уми лоиҳаи қонуни мазкур дастгирии давлатии хоҷагиҳои деҳқонӣ ва суғуртаи иҷтимоии давлатӣ ва таъиноти иҷтимоии аъзои хоҷагии деҳқонӣпешбинӣ шудааст.
Аз ин лиҳоз, аз шумо, вакилони арҷманд, эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намоед.
Гулбаҳор ТУРСУНОВА: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд, ҳозирини гиромӣ!
Лоиҳаи қонуни мазкур баҳри тақвият бахшидан ба заминаи ҳуқуқии фаъолияти хоҷагиҳои деҳқонӣ дар шароити иқтисоди бозорӣ ва мутобиқгардонии он ба қонунгузории навини Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст
Лоиҳаи қонуни мазкур дар қиёс бо қонуни амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ)» фарқи зиёд дорад.
1. Дар асоси омӯзиши ҳолати воқеӣ шумораи хоҷагиҳои деҳқонии то як гектар қитъаи заминдошта наздик ба 80 ҳазор расидааст. Чунин хоҷагиҳои деҳқонӣҳуқуқи сохтмони бошишгоҳи саҳроӣ, ҳамчун сохтмони ғайриасосӣ, яъне дар шакли иншооти муваққатӣ бе баровардани қитъаи замин аз гардиши кишоварзиро пайдо мекунанд.
2. Ҳамчунин, мақомоти идоракунии хоҷагии деҳқонӣ бе таъсиси шахси ҳуқуқӣ ва бо таъсиси шахси ҳуқуқӣ, салоҳияти маҷлиси аъзои хоҷагии деҳқонӣ, шартҳои қабули шаҳрвандон ба узвияти хоҷагии деҳқонӣ ва баромадан аз он (инчунин ҳангоми ба мерос гирифтан), ваколатҳои роҳбари хоҷагии деҳқонӣ, ҳуқуқу уҳдадориҳои ҳоҷагии деҳқонӣ ва аъзои он, ҳусусиятҳои ташкили фаъолияти хоҷагидорӣ бе таъсиси шахси ҳуқуқӣ ва бо таъсиси шахси ҳуқуқӣ мушаххас гардонида шудааст.
3. Дар лоиҳаи қонун як қатор масъалаҳои ташкилӣ ва танзими муносибатҳо вобаста ба фаъолияти хоҷагии деҳқонӣ, аз қабили тартиби бастани шартномаи фаъолияти якҷоя ва ташаккулёбии сармояи оинномавӣ, тартиби ташаккули фонди махсуси замин дар ноҳия (шаҳр) ва додани қитъаҳои замин аз ҳисоби он, суғуртаи иҷтимоии давлатӣ ва таъминоти иҷтимоии аъзои хоҷагии деҳқонӣ, масъалаҳои ташкили меҳнат, заминаи ҳуқуқии дастгирии давлатии хоҷагии деҳқонӣ ва муқаррароти интиқолӣҷиҳати мутобиқ кардани фаъолияти хоҷагиҳои деҳқонӣ ба талаботи қонуни мазкур, ки то эътибор пайдо кардани он таъсис ёфтаанд, дар қиёс бо қонуни амалкунанда пурратар ва мушаххастар оварда шуданд.
Итминон дорам, ки вакилон барои қабули он овоз медиҳанд.
Саидҷаъфар Усмонзода: — Муҳтарам Раис, Раёсат ва вакилони гиромӣ!
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хоҷагии деҳқонӣ» (фермерӣ)» дар таҳрири нав ба талаботи имрӯза ҷавобгӯй мебошад, зеро тамоми мушкилоти фаъолияти хоҷагиҳои деҳқониро дар бар мегирад.
Аз ин рӯ, хоҳишмандем ба ҷонибдории он овоз диҳед.
ҶабборАХМЕДОВ: — Муҳтарам Раис, раёсат ва вакилони гиромӣ!
Зарурати лоиҳаи қонуни мазкур аз он иборат аст, ки манфиати мардуми деҳаро дар бар мегирад. Дигар ин ки лоиҳаи қонун ба муҳокимаи умум гузошта, фикру дархости онҳо ҳангоми таҳия ба инобат гирифта шуд.
Бори нахуст дар боби алоҳида дастгирии давлатии хоҷагии деҳқонӣ пешбинӣ шудааст.
Аз ин лиҳоз, аз вакилони гиромӣ хоҳиш дорем, ки ба тарафдории лоиҳаи қонун овоз диҳанд.
Лоиҳаи қонун модда ба модда ва боб ба боб ба овоз монда, бо дарназардошти таклифу пешниҳодҳо яклухт қабул ва дар ин робита Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид.
РАИС: — Дар бораи Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ташкилоти озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид оид ба Лоиҳаи беҳсозии тарзи идоракунии мубориза бар зидди малах сухан ба вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зокирзода Маҳмадтоир Зоир дода мешавад.
Маҳмадтоир ЗОКИРЗОДА Зоир: — Муҳтарам Раис, Муҳтарам Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!
Ба маълумоти шумо мерасонам, ки 22 октябри соли 2013 Ҳукумати Япония дар асоси гуфтушунид ва мувофиқаҳои дар натиҷаи ҳафтумин нишасти масъулони аршади Муколамаи Осиёи Марказӣ+Япония «Нақшаи ҳамкории минтақавӣ дар соҳаи кишоварзӣ»-ро таҳия намуд.
Тибқи талаботи нақшаи мазкур бо супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи «Дастгирии минтақавии мубориза бар зидди малах» таҳия ва пешниҳод карда шуд.
Чоруми марти соли 2015 нуҳумин ҷаласаи масъулони аршади Муколамаи Осиёи Марказӣ+Япония дар шаҳри Токио баргузор гардид, ки тибқи масъалаи якуми рӯзномаи ҷаласа ҳолати татбиқи ҳамкорӣ дар бахши кишоварзӣ ва пешниҳод оид ба ҳамкориҳо дар оянда муҳокима шуданд.
Ҷониби Япония изҳор дошт, ки дар бахши кишоварзӣ таваҷҷуҳи хоса ба лоиҳаҳое зоҳир шавад, ки хусусияти минтақавӣ дошта бошанд. Аз ин рӯ, лоиҳаи «Дастгирии минтақавии мубориза бар зидди малах» ҳамчун хусусияти умумиминтақавидошта тавсия дода шуд.
Инчунин, дар ҷаласа таъкид гардид, ки кишварҳои аъзои Муколамаи Осиёи Марказӣ+Япония имконият доранд, ба лоиҳаи дарҷгардида дар асоси ниёзҳои худ ҳамроҳ шаванд.
Дар робита ба ин, Ҷумҳурии Тоҷикистон андешаи худро оид ба гузаронидани чорабиниҳои мубориза бар зидди малах ҳамчун ҳамкориҳои минтақавӣ пешниҳод намуд, ки ин иқдом аз ҷониби иштирокдорони Муколамаи Осиёи Марказӣ+Япония дастгирӣ ёфт.
Дар асоси пешниҳодҳо намояндагии Ташкилоти озуқаворӣ ва кишоварзӣ дар Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Ҳукумати Япония бо ҳамоҳангсозии вазоратҳои корҳои хориҷӣ ва кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи «Созишномаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ташкилоти озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид оид ба Лоиҳаи беҳсозии тарзи идоракунии мубориза бар зидди малах»-ро таҳия ва дар мувофиқа бо вазорату идораҳои дахлдор ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуд.
Лоиҳаи созишномаи мазкур бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 октябри соли 2015 таҳти №611 маъқул дониста шуда, тибқи банди 2 -юми қарори мазкур барои аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расонидани созишнома вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифадор карда шуд.
Ҳангоми сафари кории Сарвазири Япония ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, 24-уми октябри соли 2015, созишномаи мазкур дар ҳузури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Сарвазири Япония Синдзо Абэ аз ҷониби вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндаи Ташкилоти озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон ба имзо расонида шуд.
Созишномаи мазкур аз 18 банду зербандҳо иборат буда, дар он вазифаву уҳдадориҳои тарафҳо мушаххас дарҷ гардидааст.
Уҳдадориҳои Ташкилоти озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид аз банди 2 то банди 6 зикр гардида, барои ба кор қабул кардан, анҷоми сафарҳои байналмилалӣ, таъмини маош ва маблағи ҳаққи хизмати кормандони байналмилалӣ, ғайр аз кормандоне, ки аз тарафи Ҳукумат таъин шудаанд, иборат мебошад.
Инчунин, таҷҳизоту лавозимоте, ки дар ҳуҷҷати лоиҳавӣ сабт шудаанд, харидорӣ намуда, то анҷом ёфтани татбиқи лоиҳа моликияти Ташкилоти озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид ба ҳисоб рафта, пас аз он тибқи тартиби муқарраргардида ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад.
Дар созишнома уҳдадориҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз банди 7 то банди 11- ро дар бар мегирад, ки дар онҳо масъалаҳои осон гардонидани иҷрои лоиҳа ва расонидани кумак ба кормандони Ташкилоти озуқаворӣ ва кишоварзӣҷиҳати ба сомон расонидани хизматрасонӣ ва имкониятҳое, ки барои амалӣ намудани лоиҳа лозим мебошад, пешбинӣ гардидааст.
Инчунин, барои қабул ба кор, таъмини маош, суғуртаи иҷтимоии кормандони худ, ки дар лоиҳа муқаррар карда шудаанд, масъул мебошад. Дар ҳолати зарурӣҲукумат ҳамчунин ҷой ва лавозимоти заруриро, ки дар ҳуҷҷати лоиҳавӣ пешбинӣ шудаанд, таъмин менамояд.
Ҳамзамон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои харҷи таҷҳизоти воридшуда ва пардохти боҷҳои гумрукии таҷҳизоти лоиҳа, ки дар ҳуҷҷати лоиҳавӣ номбар шудаанд, таъмини воситаҳои нақлиёт, идора, нигоҳдорӣ ва пардохти дахлдор дар дохили кишвар, суғурта, нигоҳдорӣ ва таъмири баъд аз интиқол ба маҳали иҷрои лоиҳа ва ивази он дар ҳолати зарурӣ уҳдадор мебошад.
Дар созишнома аз банди 12 то банди 14 гузоришдиҳӣ ва арзёбӣ дарҷ гардида, Ташкилоти озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид тибқи ҳуҷҷати лоиҳавӣ ба Ҳукумат (ва Донор) гузориш медиҳад.
Созишномаи мазкур аз Буҷети давлатӣ маблағи иловагиро талаб намекунад.
Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар навбати худ талаботи Созишномаро, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардидааст, иҷро менамояд.
Аз шумо эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки лоиҳаи Созишномаи мазкур дастгирӣ карда шавад.
РАИС: — Сухан аз рӯи ин масъала ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин Сабурзода Мирзодавлат дода мешавад.
Мирзодавлат САБУРЗОДА: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!
Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ташкилоти озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид оид ба Лоиҳаи беҳсозии тарзи идоракунии мубориза бар зидди малах 24 октябри соли 2015 дар шаҳри Душанбе ба имзо расида, аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.
Созишномаи мазкур бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 январи соли 2016 таҳти №513 барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои додани хулосаи экспертизаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуда буд.
Мақсади асосии Созишномаи мазкур дастгирии техникӣ аз тарафи Ҳукумати Япония барои пешгирии паҳншавии малах дар минтақаҳои наздисарҳадӣ, гузаронидани мушоҳидаҳо ва чорабиниҳои якҷоя, мубориза бар зидди малах, таъминот ба воситаҳои энтемологӣ ва ғайра мебошад.
Кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон созишномаи мазкурро мавриди баррасӣқарор дода, бо пешниҳоду хулосаҳо онро ҷонибдорӣ намуданд.
Кумитаи масъул созишномаи мазкурро 27 январи соли 2016 дар ҷаласаи худ бо иштироки масъулин ва 28 январи соли 2016 дар ҷаласаи васеъ бо иштироки муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам А.С. Фелалиев, намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагон, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ ва сардори Корхонаи воҳиди давлатии ҷумҳуриявии «Мубориза бар зидди малах»-и Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣқарор дода, якдилона дастгирӣ кард.
Созишномаи мазкур ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мутобиқ буда, ба санадҳои байналмилалӣҷавобгӯй мебошад.
Бинобар ин, аз шумо, вакилони гиромӣ, эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки созишномаи мазкурро ҷонибдорӣ намоед.
Дар хусуси тасдиқи Созишномаи мазкур Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуд.
РАИС: — Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру илова ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» сухан ба муовини вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ёрова Зулфия дода мешавад.
Зулфия ЁРОВА: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ!
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру илова ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо мақсади идораи оқилонаи моликияти давлатӣ ва пешгирии вайроншавии бармаҳали роҳҳои автомобилгард ва иншооти роҳдорӣ нигаронида шудааст.
Ҳар сол дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарфи зиёди маблағҳои буҷетӣ ва ҷалби сармоягузориҳои хориҷӣ садҳо километр роҳҳои автомобилгард таҷдиду барқарор гардида, мавриди истифода қарор мегиранд.
Мутаассифона, аз сабаби риоя нагардидани талаботи муқарраршудаи истифодабарии роҳҳои автомобилгард ва дар натиҷаи ҳаракати автомашинаҳои гаронвазн ва калонҳаҷм иқтидори техникии роҳу иншооти роҳдорӣ заиф гардида, боиси пеш аз муҳлат вайрону валангор шудани онҳо мегардад.
Қобили зикр аст, ки бо вуҷуди дар ин самт мавриди амал қарор доштани қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Қоидаҳои аз роҳҳои автомобилгард гузаштани воситаҳои нақлиёт бо бор ва андозаҳое, ки аз меъёри муқарраршуда зиёданд» (аз 29 декабри соли 2006 таҳти №779) ва «Дар бораи ҷорӣ намудани маҳдудиятҳои мавсимии вазн ва сарборӣ ба тири меҳвари воситаҳои нақлиёт ҳангоми ҳаракати онҳо дар роҳҳои автомобилгарди истифодаи умум» (аз 8 ноябри соли 2011 таҳти №569), ки ҷиҳати пешгирӣ аз валангоршавии болопӯши роҳҳои вобаста аз гарм шудани ҳарорати ҳаво (зиёда аз +250) нигаронида шудааст, масъалаи танзими нақлиёти гаронвазн ҳамоно чун масъалаи мушкил боқӣ мондааст.
Ҳамзамон бояд зикр кард, ки барои риоя накардани талаботи маҳдудияти мавсимии бо қарори зикршуда (№569 аз 8 ноябри соли 2011) пешбинишуда, дар Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррарот вобаста ба татбиқи муҷозоти маъмурӣ пешбинӣ нашудааст. Аз ин лиҳоз, дар моддаҳои 311 ва 323-юми Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба ронандагони воситаҳои нақлиёти автомобилии гаронвазн ҷиҳати риоя накардани талаботи қарорҳои зикршуда, пешбинӣ намудани муҷозоти маъмуриро зарур ва тақозои замон мешуморем.
Инчунин, аз ҷониби воситаҳои нақлиёти хориҷӣ риоя нагардидани талаботи созишномаҳои байналмилалӣ дар самти ҳаракати онҳо то нуқтаҳои муайянгардида ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин самт ба назар мерасад, ки пешгирии ин амал низ бидуниҷаримабандӣ ё худ татбиқи муҷозоти маъмурӣғайриимкон аст.
Бо мақсади ҳифзи бозори дохилӣ ва ҳуқуқу манфиатҳои интиқолдиҳандагони ватанӣ дар пешбурди фаъолияти ҳамлу нақли байналмилалии автомобилӣ ва таъмини иҷрои талаботи созишномаҳои байналмилалӣ низ ворид намудани иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ мувофиқи мақсад аст.
Хоҳишмандем ба ҷонибдории лоиҳаи қонуни мазкур овоз диҳед.
РАИС: — Сухан аз рӯи ин масъала ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Сафаров Бахтовар Амиралиевич дода мешавад.
Бахтовар САФАРОВ — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ ва ҳозирини арҷманд!
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру илова ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» барои такмил додани Кодекси мазкур таҳия гардида, бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.
Лоиҳаи қонуни мазкур бо мақсади мушаххас намудани муқаррароти моддаҳои 311 ва 323 –юми Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муайян намудани чораҳои муассир барои риоя накардани қоидаҳои ҳамлу нақли бори хавфнок, калонҳаҷм, вазнин ва маҳдудиятҳои мавсимии вазн ва сарборӣ бо нақлиёти автомобилӣ, инчунин худсарона баромадани ронандагони воситаҳои нақлиёт аз самтҳои муқарраршудаи байналмилалии ҳаракат ё то охири он нарафтан таҳия гардидааст.
Тибқи лоиҳаи қонуни мазкур номи моддаи 311 ва диспозитсияи қисми 1-уми он дар таҳрири нав ифода гардида, муносибатҳои зикргардидаро пурра фаро мегирад.
Ба моддаи 323, ки ҷавобгариро барои худсарона баромадани ронандагони воситаҳои нақлиёт аз самтҳои муқарраршудаи ҳаракат пешбинӣ менамояд, илова намудани қисми нав пешбинӣ шудааст, ки он барои худсарона баромадани ронандагони воситаҳои нақлиёт аз самтҳои муқарраршудаи байналмилалии хатсайр ё то охири он нарафтан (ба истиснои хатсайри муқарраршудаи таҳвили молҳои таҳти назорати гумрукӣқарордошта) ба андозаи аз ҳаштод то сад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима пешбинӣ менамояд.
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру илова ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №486 аз 11 январи соли 2016 барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои додани хулосаи экспертизаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуда буд.
Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру илова ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро мавриди омӯзиш қарор дода, онро ҷонибдорӣ намуданд. Ҳамзамон, ҷиҳати такмил ёфтани он 13 таклифу пешниҳод манзур карданд, ки ҳамаи онҳо қабул гардиданд.
Кумитаи масъул 26 январи соли 2016 бо иштироки намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндаи субъекти ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ дар ҷаласаи васеъ таклифу пешниҳодҳои ироагардидаро муҳокима намуда, бо дарназардошти таклифу пешниҳодҳо лоиҳаи қонуни мазкурро бо розигии намояндаи субъекти ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ такмил дод.
Аз ҷумла:
- мувофиқи лоиҳаи пешниҳодшуда ворид намудани тағйирот ба матни диспозитсияи моддаи 311 пешбинӣ шуда буд, ки он пурра мақсади гузошташударо фаро гирифта наметавонист ва аз ҷониби кумита дар мувофиқа бо намояндаи Ҳукумат ва Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон номи модда ва диспозитсияи қисми якуми он дар таҳрири нав ифода карда шуд;
- тағйироти ба моддаи 323 пешниҳодшуда бошад, ҳамчун қисми 2 ба модда пешбинӣ шуда буд, ки нисбат ба қисмҳои баъдинаи модда ҷавобгарии вазнинтар пешбинӣ намудан ба техникаи қонунгузорӣ мувофиқ набуд. Аз ин лиҳоз, матни қисми пешниҳодшуда дар мувофиқа бо намояндаи субъекти ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣҳамчун қисми 4 ба моддаи 323 илова гардид;
- матни лоиҳаи қонуни мазкур дар забонҳои тоҷикӣ ва русӣ бо ҳам мутобиқ карда шуданд.
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру илова ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надорад ва қабули он аз Буҷети давлатӣ маблағгузории иловагиро талаб намекунад.
Аз ин лиҳоз, аз шумо, вакилони гиромӣ, эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намоед.
Лоиҳаи қонун ба овоз монда, қонун қабул шуд. Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид.
РАИС: - Дар бораи Созишномаи қарзӣ байни Корхонаи воҳиди давлатии коммуналии «Хуҷандводоканал» ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд оид ба «Барномаи беҳтаргардонии низоми обтаъминкунии шаҳри Хуҷанд, марҳилаи 3» сухан ба муовини вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷонмамадова Меҳринамо Худододовна дода мешавад.
Меҳринамо ҶОНМА-МАДОВА: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади беҳтар кардани таъминоти аҳолии шаҳру ноҳияҳои мамлакат бо оби тозаи ошомиданӣ чораҳои заруриро андешида, дар амал татбиқ намуда истодааст. Вобаста ба ин сол то сол сифати хизматрасонии обтаъминкунию канализатсионӣ, вазъи санитарӣ ва экологии муҳити атроф, дастрасии аҳолӣ ба хизматрасониҳои коммуналӣ беҳтар гардида истодааст.
Дар ин робита, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри бартараф намудани мушкилиҳои ҷойдошта ва таъмини пурраи аҳолии кишвар бо оби тозаи нӯшокӣ кӯшиши зиёд ба харҷ дода истодааст. Туфайли сиёсати хирадмандонаи роҳбарияти давлат дар ин самт барнома ва лоиҳаи зиёд амалӣ гардида истодаанд.
Бо ин мақсад танҳо аз ҳисоби ҳафт лоиҳаи сармоягузории давлатӣ, ки ба маблағи умумии 127,7 млн.доллари ИМА бомаром татбиқ шуда истодаанд, дар соли 2015 зиёда аз 110 млн. сомонӣ равона гардидааст.
Дастовардҳои назарраси марҳилаҳои қаблии лоиҳаи «Беҳтаргардонии вазъи таъминоти оби нӯшокии шаҳри Хуҷанд» буд, ки маблағгузории марҳилаи сеюм аз тарафи Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд ва Ҳукумати Конфедеративии Швейтсария дастгирӣ ёфт.
Дар натиҷа, 16 октябри соли 2014 байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Корхонаи воҳиди давлатии коммуналии «Хуҷандводоканал» ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд созишномаҳои кафолатӣ, қарзӣ ва дастгирии лоиҳа ба имзо расонида шуданд.
Маблағи умумии лоиҳа 9,98 млн. доллари ИМА — ро ташкил медиҳад, ки аз ин 3,5 млн. доллари ИМА қарзи Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд, 5,3 млн. доллари ИМА гранти Ҳукумати Конфедеративии Швейтсария ва 1,18 млн. доллари ИМА кумаки техникии Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд мебошад.
Мақсади асосии лоиҳа ин сохтмон ва барқарорсозии иншооти обтаъминкунӣ, беҳтаргардонии фаъолияти корхона ва баланд бардоштани сифати хизматрасонии обтаъминкунӣ, канализатсия ва обтозакунӣ дар шаҳри Хуҷанд мебошад.
Созишномаи қарзии лоиҳаи мазкур аз ҷониби Корхонаи воҳиди давлатии коммуналии «Хуҷандводоканал» ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд дар ҳаҷми 3,5 млн. доллари ИМА ба имзо расонида шудааст.
Қарзи ҷалбшавандаи лоиҳаи мазкур имтиёзнокии баланд дошта, бо шартҳои ба муҳлати 15 сол, давраи имтиёзнокӣ 3 сол ва фоизи қарз Libor + 1 фоиз пешниҳод гардидааст.
Ёдовар мешавем, ки барои татбиқи лоиҳа маблағҳои грантӣ низ пешбинӣ гардидаанд, ки дар маҷмӯъ аз ҷониби Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд идора карда мешаванд.
Дар доираи маблағи марҳилаи сеюми лоиҳа корҳои зерин дар назар дошта шудааст:
• азнавсозии иншооти партовоб ба маблағи 2995,0 ҳазор доллари ИМА;
• таъмир ва харидории насос барои иншооти партовбардории асосӣ – 700,0 ҳазор доллари ИМА;
• ивази қубурҳои хатти партови ҳудуди шаҳр – 1905,0 ҳазор доллари ИМА;
• ивази қубурҳои фарсудашудаи оби нӯшокӣ – 1300,0 ҳазор доллари ИМА;
• ивази қубури обгузар ва таҷҳизонидани обченкунакҳо дар иншооти минтақаи «Ором»-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров – 550,0 ҳазор доллари ИМА;
•харидорӣ ва таҷҳизонидани обченкунакҳои ҳаҷмашон калон – 600,0 ҳазор доллари ИМА;
•харидорӣ ва таҷҳизонидани корхонаи истеҳсоли гипохлорид – 250,0 ҳазор доллари ИМА;
• харидории мошину механизм – 400,0 ҳазор доллари ИМА;
• таъмир ва харидории таҷҳизоти ташхисгоҳи оби нӯшокӣ ва партовоб – 150,0 ҳазор доллари ИМА.
Аз маблағҳои ҷудогардида 65 фоиз барои системаи партовоб, яъне азнавсозии иншооти партовтозакунӣ, ивази қубурҳои партовоб ва ивази насосҳои канализатсионӣ истифода бурда мешавад, ки баъди ба итмом расонидани ин корҳо муҳити зисти атроф ва партовоби аз ин иншоот ба дарёи Сир равоншуда пурра тоза мегардад.
Насосҳо бо муҳаррикҳои каммасраф таҷҳизонида мешаванд, ки барои камхарҷ намудани истифодаи барқ мусоидат менамоянд.
Ғайр аз ин, дар доираи лоиҳа бунёди коргоҳи истеҳсоли хлори моеи бегаз дар назар дошта шудааст, ки имконияти бо хароҷоти кам безарар гардонидани оби нӯшокӣ муҳайё мегардад.
Ҳамчунин, дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таъминоти оби нӯшокӣ мунтазам аз 10 соат ба 24 соат расонида шуда, фоизи талафот низ кам карда мешавад. Татбиқи лоиҳаи мазкур се сол дар назар дошта шудааст ва то соли 2018 идома хоҳад ёфт.
Аз ин лиҳоз, вакилони арҷманд, аз шумо эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки созишномаи пешниҳодгардидаро дастгирӣ намоед.
РАИС: — Сухан аз рӯи ин масъала ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия Турсунова Гулбаҳор Назирҷоновна дода мешавад.
Гулбаҳор ТУРСУНОВА: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд, ҳозирини гиромӣ!
Созишномаи қарзӣ байни Корхонаи воҳиди давлатии коммуналии «Хуҷандводоканал» ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд оид ба «Барномаи беҳтаргардонии низоми обтаъминкунии шаҳри Хуҷанд, марҳилаи 3» 16 октябри соли 2014 дар шаҳри Душанбе ба имзо расида, аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааcт.
Бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 январи соли 2016 таҳти № 495 созишномаи мазкур барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои додани хулосаи экспертизаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуда буд.
Мақсади лоиҳа ёрӣ расонидан ба қарзгиранда дар барқарорсозӣ ва таҷдид намудани системаи обтаъминкунии шаҳр мебошад.
Маблағи умумии созишнома 3,5 млн. доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.
Бояд зикр кард, ки қарзи мазкур бо шартҳои зерин ҷалб шудааст:
Муҳлати қарз: 15 сол
Давраи имтиёзнокӣ: 3 сол
Фоизи қарз: Libor + 1%
Қисматҳои лоиҳа:
Қисмати 1 — беҳтар намудани системаи ҷамъоварӣ ва софкунии оби ошомиданӣ;
Қисмати 2 + 3 — омода намудани низоми шаффофи ҳисобкунӣ ва ҷамъоварии пардохт;
Қисмати 4 — таҳия намудани барномаи ҳаматарафаи рушди шаҳр бо дарназардошти устувории экологӣ.
Қисмати асосии лоиҳаи мазкур:
Беҳтар намудани системаи обтаъминкунӣ, канализатсия ва обтозакунӣ дар шаҳри Хуҷанд мебошад.
27 январи соли 2016 дар ҷаласаи васеи кумитаи масъул бо иштироки намояндагони ҳамаи кумитаҳо, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон созишномаи мазкур мавриди баррасӣқарор дода, қабули он мувофиқи мақсад шуморида шуд.
Вакилони гиромӣ, аз шумо эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки созишномаи мазкурро дастгирӣ намоед.
Дар бораи тасдиқи созишномаи мазкур Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид.
РАИС: — Дар бораи Созишномаи кафолатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд оид ба «Барномаи беҳтаргардонии низоми обтаъминкунии шаҳри Хуҷанд, марҳилаи 3» сухан ба муовини вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷонмамадова Меҳринамо Худододовна дода мешавад.
Меҳринамо ҶОНМАМАДОВА: — Муҳтарам Раис, Раёсат ва вакилони арҷманд!
Маблағи умумии лоиҳа 9,98 млн. доллари ИМА-ро ташкил медиҳад, ки аз ин 3,5 млн. доллари ИМА қарзи Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд, 5,3 млн. доллари ИМА гранти Ҳукумати Конфедеративии Швейтсария ва 1,18 млн. доллари ИМА кумаки техникии Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд мебошад.
Бо дарназардошти муҳимияти масъала, аз ҷумла бехатарии саломатии аҳолӣ, ки дар Стратегияи миллии рушд ва Консепсияи ислоҳоти хоҷагии манзилию коммуналӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дарҷ гардидааст, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷалби сармоягузориро ба соҳаи мазкур ба мақсад мувофиқ шуморида, дар робита ба ин 9 июли соли 2013 байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд Созишномаи кафолатиро ба имзо расонид. Тибқи он Ҷумҳурии Тоҷикистон кафолат медиҳад, ки ҳангоми барнагардонидани қарз аз ҷониби Корхонаи воҳиди давлатии коммуналии «Хуҷандводоканал» уҳдадории баргардонидани саривақтии маблағҳои қарзӣ аз ҳисоби маблағҳои Буҷети давлатӣ амалӣ карда мешавад.
Бояд зикр намуд, ки то ба имрӯз аз ҷониби Корхонаи воҳиди давлатии коммуналии «Хуҷандводоканал» уҳдадориҳои қарзӣ дар доираи лоиҳаҳои қаблӣ сари вақт иҷро шуда истодаанд.
Аз шумо эҳтиромона хоҳиш дорем, ки созишномаи пешниҳодгардидаро дастгирӣ ва тасдиқ намоед.
РАИС: — Сухан аз рӯи ин масъала ба раиси Комиссияи экологии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Бобоев Олимҷон дода мешавад.
Олимҷон БОБОЕВ: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!
Созишномаи кафолатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд оид ба «Барномаи беҳтаргардонии низоми обтаъминкунии шаҳри Хуҷанд, марҳилаи 3» 16 октябри соли 2014 дар шаҳри Душанбе ба имзо расидааст ва аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.
Бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 январи соли 2016 таҳти № 496 созишномаи мазкур барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои додани хулосаи экспертизаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуда буд.
Мақсади созишномаи кафолатӣ ёрӣ расонидан ба қарзгиранда дар барқарорсозӣ ва таҷдид намудани системаи обтаъминкунии шаҳр мебошад.
Бояд зикр кард, ки қарзи мазкур бо шартҳои зерин ҷалб карда шудааст:
Муҳлати қарз: 15 сол
Давраи имтиёзнокӣ: 3 сол
Фоизи қарз: Libor + 1%.
Татбиқи лоиҳаи мазкур соли 2016 оғоз гардида, то соли 2018 идома хоҳад ёфт.
Созишномаи мазкур ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мувофиқ буда, ба санадҳои байналмилалӣҷавобгӯй мебошад.
Аз ин лиҳоз, аз шумо, вакилони муҳтарам, хоҳиш менамоем, ки созишномаи пешниҳодшударо дастгирӣ намоед.
Дар бораи тасдиқи созишномаи мазкур Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуд.
РАИС: — Дар бораи Созишномаи дастгирии лоиҳа байни шаҳри Хуҷанд, Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд ва Корхонаи воҳиди давлатии коммуналии «Хуҷандводоканал» оид ба «Барномаи беҳтаргардонии низоми обтаъминкунии шаҳри Хуҷанд, марҳилаи 3» сухан ба муовини вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷонмамадова Меҳринамо Худододовна дода мешавад.
Меҳринамо Ҷонмамадова: — Муҳтарам Раис, Раёсат ва вакилони арҷманд!
Баимзорасонии созишномаи мазкур яке аз талаботи Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд ба ҳисоб меравад, тибқи созишномаи мазкур Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд як қатор корҳоро ба уҳда мегирад, аз ҷумла:
- иҷрои саривақтии уҳдадориҳои маблағҳои қарзиро аз ҷониби Корхонаи воҳиди давлатии коммуналии «Хуҷандводоканал» таъмин менамояд;
- дар доираи татбиқи лоиҳа дар мувофиқа бо мақомоти дахлдори давлатӣҳаҷми тарофаҳоро барои самаранокии истифодаи маблағҳои ҷалбшуда ҷорӣ менамояд;
-маблағгузории пардохтҳоро аз ҷониби ташкилоту муассисаҳои давлатии шаҳри Хуҷанд назорат ва таъмин менамояд.
Аз ин лиҳоз, аз шумо, эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки созишномаи пешниҳодгардидаро дастгирӣ ва тасдиқ намоед.
РАИС: — Сухан аз рӯи ин масъала ба раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия Шариф Раҳимзода дода мешавад.
Шариф РАҲИМЗОДА: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!
Созишномаи дастгирии лоиҳа байни шаҳри Хуҷанд, Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд ва Корхонаи воҳиди давлатии коммуналии «Хуҷандводоканал» оид ба «Барномаи беҳтаргардонии низоми обтаъминкунии шаҳри Хуҷанд, марҳилаи 3» 16 октябри соли 2014 дар шаҳри Душанбе ба имзо расидааст ва аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.
Бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 январи соли 2016 таҳти № 497 созишномаи мазкур барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои додани хулосаи экспертизаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуда буд.
Мақсади лоиҳа ёрӣ расонидан ба қарзгиранда дар барқарорсозӣ ва таҷдид намудани системаи обтаъминкунии шаҳри Хуҷанд мебошад.
Кафолатдиҳанда (Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон) иҷрои тамоми уҳдадориҳоро тибқи созишномаи мазкур аз ҷониби Қарзгиранда кафолат медиҳад.
Маблағи умумии созишнома 3,5 млн. доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.
Бояд зикр кард, ки қарзи мазкур бо шартҳои зерин ҷалб карда шудааст:
Муҳлати қарз: 15 сол
Давраи имтиёзнокӣ: 3 сол
Фоизи қарз: Libor + 1%.
Татбиқи лоиҳаи мазкур соли 2016 оғоз гардида, то соли 2018 идома хоҳад ёфт.
27 январи соли 2016 дар ҷаласаи васеи кумитаи масъул бо иштироки намояндагони кумитаҳо, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон созишнома мавриди баррасӣқарор дода, тасдиқи он мувофиқи мақсад шуморида шуд.
Созишномаи мазкур ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мувофиқ буда, ба санадҳои байналмилалӣҷавобгӯй мебошад.
Аз ин лиҳоз, аз шумо, вакилони муҳтарам, хоҳиш менамоем, ки созишномаи мазкурро ҷонибдорӣ намуда, ба тарафдории он овоз диҳед.
Дар бораи тасдиқи созишномаи мазкур Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид.
Директори корхонаи воҳиди давлатии коммуналии «Хуҷандводоканал» Иброҳимҷон Абдуҷалилов: - Муҳтарам Раис, Раёсат ва вакилони гиромӣ!
Қабул ва амалӣ гаштани чунин лоиҳаҳо (марҳилаҳои 1 ва 2) ва тасдиқи марҳилаи сеюм имкон медиҳад, ки ҳолати бо оби нӯшокӣ таъмин намудани шаҳри Хуҷанд беҳтар гардад.
Барои тасдиқи созишномаҳои мазкур ба шумо, вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, миннатдорӣ баён намуда, мо — кормандони соҳа кӯшиш ба харҷ медиҳем, ки сифати хизматрасониро боз ҳам беҳтар намоем.
РАИС: — Масъалаҳои ташкилӣ мавриди баррасии мо қарор дода мешаванд. Ба муҳокимаи шумо лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз вазифаи Роҳбари Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Расулов Ҳамрохон Ҳасанович» пешниҳод мешавад.
Ҳамрохон Ҳасанович Расулов таҷрибаи бой дошта, дар вазифаҳои пурмасъул фаъолият кардааст. Солҳои зиёд роҳбарии Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бар уҳда дошт. Дар ин муддат ӯ аз худ маҳорати баланди роҳбарӣ ва ташкилотчигӣ нишон дод.
Барои чунин фаъолияти пурсамар Роҳбари Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Расулов Ҳамрохон Ҳасанович бо Ифтихорномаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонда мешавад.
Бо Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Расулов Ҳамрохон Ҳасанович бо сабаби ба нафақа баромаданаш аз вазифаи Роҳбари Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шуд.
РАИС: — Мувофиқи салоҳияти худ ба вазифаи Роҳбари Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон номзадии Кабиров Мизроб Саидовичро пешниҳод менамоям.
Кабиров Мизроб Саидович дар вазифаҳои пурмасъули давлатӣ фаъолият кардааст. То ҳол Роҳбари Дастгоҳи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ба вазифаи Роҳбари Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намудани Кабиров Мизроб Саидович ба овоз монда,Қарор қабул гардид.
РАИС: — Тавре огоҳӣ доред, сармуҳаррири нашрияи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рӯзномаи «Садои мардум» Наботов Ҷумъахон Гадоевич ба вазифаи дигар таъин гардидааст. Барои саҳми шоиста дар инъикоси васеъ ва таблиғи пайвастаи фаъолияти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, иҷрои саривақтии супоришҳои роҳбарияти Маҷлиси намояндагон ва рушди матбуоти тоҷик Наботов Ҷумъахон Гадоевич бо Ифтихорномаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мушарраф гардонда мешавад.
Ҷаласаро Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ҷамъбаст намуд.
Самариддин АСОЕВ,Аъзам МӮСОЕВ,«Садои мардум».Суратгир Аҳлиддин ИСОЕВ