Бисту чоруми июни соли 2019 таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ҷаласаи Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум баргузор гардид.
РАИС: — Вакилони муҳтарам!
Хоҳиш мекунам аз қайд гузаред.
Ҳоло дар толор 62 нафар вакил ҳузур доранд.
Мутобиқи моддаи 34-уми Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷаласаро кушода эълон менамоям.
Дар бораи рӯзномаи ҷаласа бо фарогирии масъалаҳои зерин Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуд:
1. Дар бораи Созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Моҳир Семент» оид ба сохтмон ва ба истифода додани корхонаи истеҳсоли семент дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхии вилояти Хатлон
2. Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
3. Дар бораи лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
4. Дар бораи лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон»
5. Дар бораи лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи вакилон ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ»
6. Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ»
7. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ»
8. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ»
9. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи барӯйхатгирии аҳолӣ».
РАИС: — Ба баррасии масъалаҳо шурӯъ менамоем. «Дар бораи Созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Моҳир Семент» оид ба сохтмон ва ба истифода додани корхонаи истеҳсоли семент дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхии вилояти Хатлон» сухан ба раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрализода Фаррух Маҳмуд дода мешавад.
ҲАМРАЛИЗОДА Фаррух Маҳмуд:
- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!
Созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Моҳир Семент» оид ба сохтмон ва ба истифода додани корхонаи истеҳсоли семент дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхии вилояти Хатлон бо қарори Ҳукумати мамлакат маъқул дониста, 29 майи соли ҷорӣ аз ҷониби Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ба имзо расонида шуд.
Тибқи созишнома, ширкати «Моҳир семент» дар деҳоти «Маданият»-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ корхонаи сементбарориро бо истифода аз технологияҳои пешқадам ва риояи талаботи экологӣ бо иқтидори истеҳсолии 600 ҳазор тонна дар як сол бунёд менамояд. Барои амалӣ намудани лоиҳаи мазкур ширкат 300 млн. сомонӣ сармоягузорӣ менамояд. Сармоягузор уҳдадор гардидааст, ки ҷиҳати сохтмон ва таъмини фаъолияти корхона 90 фоизи мутахассисони маҳаллиро ҷалб намояд. Иқдоми мазкур имкон медиҳад, ки 120 нафар мутахассисони маҳаллӣ бо ҷойҳои кори доимӣ таъмин карда шаванд.
Мутобиқи созишнома, сармоягузор аз пардохти андоз аз фоида, андози иҷтимоии шаҳрвандони хориҷӣ – ғайрирезидент 5 сол ва молҳои барои татбиқи лоиҳа аз ҷониби он ба Ҷумҳурии Тоҷикистон воридшаванда, аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда ва боҷҳои гумрукӣ озод карда мешавад. Муҳлати амали созишнома аз рӯзи тасдиқ гардидани он 5 солро дар бар мегирад.
Татбиқи лоиҳа бо мақсади амалигардонии ҳадафҳои рушди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла саноатикунонии кишвар, равона карда шудааст. Бинобар ин, аз шумо — вакилони муҳтарам хоҳиш менамоем, ки лоиҳаи пешниҳодгардидаро дастгирӣ намоед.
РАИС: — Сухан аз рӯи ин масъала ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия Мансурӣ Дилрабо Сайдулло дода мешавад.
МАНСУРӢ Дилрабо Сайдулло:
- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!
Созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Моҳир Семент» оид ба сохтмон ва ба истифода додани корхонаи истеҳсоли семент дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхии вилояти Хатлон 29 майи соли 2019 дар шаҳри Душанбе ба имзо расида, аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.
Тибқи он, ҶДММ «Моҳир Семент» дар деҳоти «Маданият»-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхии вилояти Хатлон, бо истифода аз технологияҳои пешқадам ва риояи талаботи экологӣ, бо иқтидори истеҳсолии 600 ҳазор тонна дар як сол корхонаи сементбарорӣ бунёд намуда, барои татбиқи он 30 млн. доллари ИМА сармоягузорӣ менамояд.
Мутобиқи моддаҳои 8, 11 ва 12 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи созишномаи сармоягузорӣ», моддаи 169 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 345 Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон молҳо ва техникаву таҷҳизоте, ки аз ҷониби Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Моҳир Семент» бо мақсади сохтмон ва ба истифода додани корхона ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид карда мешаванд, пас аз тасдиқ гардидани созишнома аз пардохти боҷҳои гумрукӣ ва андоз аз арзиши иловашуда озод карда мешавад.
Сармоягузор уҳдадор гардидааст, ки ҷиҳати сохтмони объекти лоиҳавӣ ва таъмини фаъолияти корхона 90 фоизи мутахассисони маҳаллиро ҷалб намуда, барои баланд бардоштани сатҳи тахассуси онҳо бо роҳи даъвати мутахассисони хориҷӣ пайваста чораҷӯӣ намояд. Иқдоми мазкур имкон медиҳад, ки 120 нафар мутахассисони маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин карда шуда, таҷриба ва малакаи кориро сайқал диҳанд.
Дар маҷмӯъ, қабули лоиҳаи қарори мазкур ба воридоти техника ва технологияи муосир, бунёди инфрасохтори замонавӣ, зиёд намудани ҳаҷми маҳсулоти воридотивазкунанда, ғанӣ гардонидани бозори дохилӣ ва хориҷӣ бо маҳсулоти саноатӣ, воридоти маблағ ба буҷети давлатӣ, бунёди рақобати солим дар соҳа ва ташкили ҷойҳои нави корӣ мусоидат хоҳад кард.
Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон дар хулосаҳояшон тасдиқ намудани Созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Моҳир Семент» оид ба сохтмон ва ба истифода додани корхонаи истеҳсоли семент дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхии вилояти Хатлонро пурра ҷонибдорӣ намуданд.
Кумитаи масъул 19 июни соли 2019 дар ҷаласаи васеъ бо иштироки намояндагони ҳамаи кумитаҳо, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон, намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндаи Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Моҳир Семент» оид ба сохтмон ва ба истифода додани корхонаи истеҳсоли семент дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхии вилояти Хатлонро мавриди баррасӣ қарор дода, ба тасвиб расонидани онро мувофиқи мақсад шуморид.
Созишномаи мазкур ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи созишномаи сармоягузорӣ» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мувофиқ буда, ба санадҳои байналмилалӣ ҷавобгӯй мебошад. Аз шумо — вакилони гиромӣ хоҳиш менамоям, ки онро ҷонибдорӣ намоед.
РАИС: — Маърӯзаҳо ба охир расиданд. Вакилони муҳтарам, ба ҷаласа директори генералии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Моҳир Семент» дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ҷаноби Чен Юнглиан даъват шудаанд.
Ҷаноби Чен Юнглиан, хоҳишмандам мулоҳизаҳоятонро оид ба созишнома иброз намоед.
Чен Юнглиан:
- Муҳтарам Раис, вакилони гиромӣ! Мо бо бунёди корхонаи сементбарорӣ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ мақсад гузоштаем, ки аҳолии ноҳия ва навоҳии ба он наздикро бо семент таъмин намоем. Ҳоло бунёди корхона ба охир расида, истеҳсоли маҳсулот шурӯъ шудааст.
РАИС: - Корхона дар масофаи чанд километр аз маҳалли аҳолинишин бунёд шудааст?
Чен Юнглиан: — Корхонаи навтаъсис 5 километр дур аз маҳалли аҳолинишин сохта шудааст.
РАИС: - Масъалаҳои экологӣ, ҳифзи муҳити зист ба инобат гирифта шудааст ё не?
Чен Юнглиан: — Масъалаҳои зикршуда, қабл аз бунёди корхона, мавриди баррасӣ қарор гирифтаанд. Мавқеи ҷойгиршавӣ ва масъалаҳои вобаста ба бунёди корхона ба ҳама талаботи гузошташуда ҷавобгӯй мебошад.
РАИС: — Оё корхона аз тарафи комиссияи давлатӣ қабул карда шудааст?
Чен Юнглиан: — Корхона ба истеҳсоли маҳсулот омода аст, вале ҳоло аз ҷониби комиссияи давлатӣ барои истифода иҷозат нагирифтааст.
РАИС: — Бояд ба тариқи протоколӣ зикр карда шавад, ки мақомоти салоҳиятдори соҳа, махсусан мақомоти ҳифзи муҳити зист, ҳамчунин, идораҳое, ки ба масъалаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла таъмини коргарони корхона бо маҳсулоти ширӣ масъуланд, вазифадор шаванд, ки ҳалли онҳоро аз мадди назар дур намонанд. Зеро чуноне маълум мешавад, корхона аз маҳалли аҳолинишин он қадар дур набуда, дар сурати риоя нашудани талаботи экологӣ ва ҷавобгӯй набудан ба технология метавонад барои саломатии инсон зарар расонад.
Созишнома барои ҶДММ «Моҳир Семент» имтиёзу сабукиҳои зиёд меорад ва роҳбарияти ширкат бояд доир ба масъалаҳои вобаста ба фароҳам овардани ҷои кор ва риояи талаботи экологӣ диққати махсус зоҳир намояд.
Кӣ оид ба ин масъала савол дорад? Сухан ба вакил Ғаффоров Абдуҳалим дода мешавад.
Абдуҳалим ҒАФФОРОВ: — Ман ба ҷаноби Чен Юнглиан ду савол дорам:
1. Мо медонем, ки семент барои саломатии инсон зараровар мебошад. Оё корхона барои ҷуброни он ба коргарон маблағи иловагӣ пардохт менамояд?
2. Маоши коргарон дар сурати коҳишёбии қурби сомонӣ индексатсия мешавад ё не?
РАИС: — Ин ҷо сухан дар бораи он меравад, ки корхона ба саломатии инсон зараровар мебошад ва мутобиқи қонунҳои ҷумҳурӣ ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмилалӣ меъёрҳои махсус барои чунин корхонаҳо ва минтақаҳо пешбинӣ шудааст, ки ба беҳдошти саломатии инсон равона гардидааст.
Чен Юнглиан: — Мо муқаррароти қонунгузории ҷории Ҷумҳурии Тоҷикистонро риоя мекунем. Дар сурати беморӣ пардохти кумакпулӣ ва ҷуброни дигарро, тибқи қонун, корхона ба зимма мегирад.
РАИС: — Маоши миёнаи коргарон чӣ қадар аст?
Чен Юнглиан: — Маош бо асъори миллӣ пардохта мешавад ва ҳоло ба ҳисоби миёна 1800 сомониро ташкил менамояд.
РАИС: — Маҳсулоти корхона ба куҷо фурӯхта мешавад?
Чен Юнглиан: — Корхона дар як сол 600 ҳазор тонна маҳсулот истеҳсол намуда, онро ба навоҳии минтақа ва Давлати Исломии Афғонистон ба фурӯш хоҳад баровард.
РАИС: — Корхона муштарак аст? Оё 1800 сомонӣ барои чунин корхона кам нест?
Чен Юнглиан: — Бале, корхонаи мо муштарак аст. Бояд зикр намоям, ки коргарони як қатор соҳаҳои алоҳида 2500, 3000 то 6000 сомонӣ маош мегиранд. Маош минбаъд боз зиёд карда хоҳад шуд.
РАИС: — Сухан ба вакил Саидзода Ҷамшед Ҳамро дода мешавад.
САИДЗОДА Ҷамшед Ҳамро: - Дар ҶДММ «Моҳир Семент» оид ба масъалаи бозомӯзии кадрҳо чӣ корҳо анҷом дода мешавад? Оё корхона оид ба масъалаи баланд бардоштани сатҳи донишандӯзию касбомӯзӣ дар дохил ё хориҷи кишвар нақша – барнома дорад?
Чен Юнглиан: — Давоми се соли фаъолият дар ноҳияи Ёвон мо ба ин масъала диққати ҷиддӣ дода, шумораи зиёди мутахассисони маҳаллиро барои кор дар коргоҳҳои истеҳсолӣ омода кардем.
Мо барои коргарони маҳаллӣ дар назди корхона курсҳои касбомӯзӣ ташкил намудем ва онро садҳо нафар хатм карда, соҳиби ихтисоси зарурӣ гардиданд.
РАИС: — Сухан ба вакил Риоев Нуралӣ дода мешавад.
Нуралӣ РИОЕВ: — Корхона ба ҳалли масъалаҳои рушди иҷтимоии маҳал чӣ гуна ҳиссагузорӣ мекунад?
Чен Юнглиан: — Ширкати «Моҳир семент» то имрӯз ду мактаби миёнаро, яке дар деҳоти «Даҳана»- и ноҳияи Ёвон ба маблағи 32 миллион сомонӣ ва дигарӣ дар маркази ноҳия Ёвон ба маблағи 37 миллион сомонӣ сохта, ба истифода супоридааст. Илова бар ин, таъмири роҳҳои маркази ноҳияи мазкурро низ ба уҳда гирифтааст.
РАИС: — Бунёдкориҳоро дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ низ анҷом додан лозим аст.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Моҳир Семент» оид ба сохтмон ва ба истифода додани корхонаи истеҳсоли семент дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхии вилояти Хатлон» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.
РАИС: — Ба баррасии масъала «Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон» шурӯъ менамоем. Сухан аз рӯи ин масъала ба раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон Худоёрзода Бахтиёр дода мешавад.
Бахтиёр ХУДОЁРЗОДА:
- Муҳтарам Раис, вакилони муҳтарам!
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо дарназардошти талаботи банди якуми қисми якуми моддаи 57 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷиҳати иҷрои талаботи моддаҳои 11 қонунҳои конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва барои баррасӣ пешниҳод гардидааст.
Лоиҳаи қонун аз 7 боб ва 28 модда иборат мебошад. Дар он асосҳои ҳуқуқӣ ва ташкили фаъолияти Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ пешбинӣ гардида, масъалаҳои интихоб ва бозхонд, ваколатҳо, муҳлати фаъолияти Комиссия, узвият дар он, ҳуқуқу уҳдадориҳои аъзои Комиссия, вазифаҳои вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ҷиҳати мусоидат ба Комиссия дар ташкил ва гузаронидани интихобот ва раъйпурсӣ, тартиби баррасии муроҷиатҳо, масъалаҳои дигари таъминоти молиявӣ ва моддию техникии Комиссия ба танзим дароварда шудаанд.
Ҳангоми таҳияи лоиҳаи қонуни номбурда таҷрибаи ташкил ва гузаронидани интихобот ва раъйпурсӣ дар Тоҷикистон, ҳамчунин таҷрибаи ҷумҳуриҳои Арманистон, Беларус, Қирғизистон, Қазоқистон, Молдова, Озарбойҷон, Федератсияи Россия, Ӯзбекистон мавриди омӯзиш ва таҳлил қарор дода шуд. Аз таҳлилҳо бармеояд, ки дар ҷаҳони муосир низоми мақбули ягона барои субъектҳои раванди интихоботӣ мавҷуд нест. Дар лоиҳаи қонун вобаста ба таҳлилҳои гузаронида масъалаҳои бо ҳам монанди қобили қабул ба инобат гирифта шудаанд.
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба талаботи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои конститутсионӣ ва қонунҳо мувофиқ буда, ба санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба мисли Эъломияи ҳуқуқи башар, Паймони байналхалқӣ доир ба ҳуқуқи шаҳрвандӣ ва сиёсӣ, Ҳуҷҷати ҷаласаи Копенгаген оид ба омилҳои инсонии Шӯрои амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (ШАҲА), ки 29 июни соли 1990 қабул шудааст ва Конвенсия «Дар бораи стандартҳои интихоботи демократӣ, ҳуқуқ ва озодиҳои интихоботӣ дар давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил», ки бо Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 октябри соли 2003, № 918 ба тасвиб расидааст, мухолифат надошта, бо риояи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» таҳия гардидааст.
Қабули қонун барои таҳкими фаъолияти Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин мукаммалгардолнии раванди гузаронидани интихобот ва раъйпурсӣ дар ҷумҳурӣ, мусоидат мекунад.
Аз шумо, вакилони муҳтарам, хоҳишмандем онро ҷонибдорӣ намоед.
РАИС: — Сухан аз рӯи ин масъала ба муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ Раҳмонзода Абдулғаффор Азиз дода мешавад.
РАҲМОНЗОДА Абдулғаффор Азиз:
- Муҳтарам Раис, Раёсат, ҳозирин ва вакилони гиромӣ!
Дар шароити раванди шадиди ҷаҳонишавӣ ва рушди муносибатҳои байналмилалӣ ҷой ва мақоми Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ дар сохтори ҳокимияти давлатӣ нисбат ба ҳарвақта муҳим мебошад.
Мақомоти мазкур муваззаф аст на танҳо баргузории интихобот ва раъйпурсиро таъмин намояд, ҳамчунин дар баланд бардоштани маърифати демократӣ ва ҳуқуқии шаҳрвандон, таъмини уҳдадориҳои байналмилалии интихоботии мамлакат ва ҳифзи ормонҳои демократӣ саҳмгузор бошад.
Лоиҳаи қонун бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагон аз 13 июни соли 2019, №2241 барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон супорида шуд.
Кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон онро мавриди омӯзиш қарор дода, ҷонибдорӣ намуда, ҷиҳати такмил, дар маҷмӯъ, 34 таклиф пешниҳод намуданд, ки аз онҳо 16 таклиф пурра ва 5 таклиф қисман қабул гардид. Дар ҷаласаи васеи кумитаи масъул 18 июни соли ҷорӣ бо иштироки муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагон муҳтарам Абдуҷаббор Азизӣ, намояндагони кумитаҳо, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таклифҳои пешниҳодгардида баррасӣ шуда, бо дарназардошти пешниҳодҳои судманди Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Шукурҷон Зуҳуров дар ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагон лоиҳа такмил дода шуд.
Аз шумо — вакилони гиромӣ хоҳиш менамоем, ки лоиҳаи қонунро ҷонибдорӣ намоед.
РАИС: — Маърӯзаҳо ба охир расиданд. Кӣ оид ба ин масъала савол дорад? Савол нест. Кӣ сухан гуфтан мехоҳад?
Сухан ба раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон, вакил Усмонзода Саидҷаъфар дода мешавад.
Саидҷаъфар УСМОНЗОДА:
- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки бо тартиби истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагон пешниҳод шудааст, яке аз роҳу усулҳои сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи гузариш ба арзишҳои демократӣ мебошад. Намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кумитаи масъули Маҷлиси намояндагон тағйиру иловаҳоро муаррифӣ намуданд ва ман мехостам паҳлуҳои дигари зарурати ин тағйироту иловаҳоро шарҳ диҳам.
Мутобиқи арзишҳои демократии Ғарб, ин тағйироту иловаҳо маҳдудиятҳо дар арзишҳои демократӣ мебошанд, вале ҷомеаи демократӣ низ идорашаванда мебошад. Асоси демократия танҳо ибрози фикру ақидаҳои назариявӣ набуда, балки амалияро тақозо менамояд. Ҳар як шаҳрванд имкони иштирок дар рушди давлат бояд дошта бошад.
Тоҷикистон давлати демократӣ мебошад, вале мо ҳама арзишҳои демократии Ғарбро як бар як кӯчонида, истифода карда наметавонем, зеро мо таърих, фарҳанг, дин ва одатҳои миллии худамонро дорем. Дар ҳамаи онҳо арзишҳои демократӣ бо мазмун ва шаклҳои гуногун вуҷуд доранд. Ҳамаи ин арзишҳо ба баробарӣ, дӯстию рафоқат, некӣ ва кумаку адлу инсоф равона карда шудаанд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати демократӣ аст, вале мо ҳама арзишҳои суннатиро бо арзишҳои демократӣ ҳамоҳангу наздику ошно карда, сипас онҳоро истифода мекунем. Ба ин гуфтаҳо метавон суханони Абӯалӣ ибни Синоро мисол овард: «Беморро бо гулу гиёҳҳои диёри худаш табобат намоед».
Мо дидем, ки як бар як кӯчонидани арзишҳои демократияи Ғарб дар баъзе давлатҳои Осиёи Марказӣ натиҷаҳои хуб наовард. Азбаски Ҳукумат муваззафи таъмини суботу оромӣ ва рушди Тоҷикистон мебошад, бояд ҳамеша барои таҳкими сулҳу субот ва рушд чораҳои амалӣ ва қонунӣ эҷод намояд.
Дар қонуни пешниҳодшуда ҳуқуқҳои аҳзоби сиёсӣ баробар аст, то ин ки ягон ҳизб ба кори комиссияи марказӣ, ҳавза ва участкаҳои интихоботӣ дахолат карда натавонад. Яъне, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси талабот ва арзишҳои суннатии миллӣ роҳу усулҳои давлатдориро ба арзишҳои сиёсии имрӯза мутобиқ менамояд.
Аз шумо, вакилони гиромӣ, хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи қонунро ҷонибдорӣ намоед.
РАИС: — Сухан аз рӯи ин масъала ба вакил аз Ҳизби коммунисти Тоҷикистон Ахмедов Ҷаббор дода мешавад.
Ҷаббор АХМЕДОВ:
- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!
Масъалаҳои вобаста ба низоми интихобот ҳамеша мавриди таваҷҷуҳи аҳли ҷомеа, сиёсатшиносон, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ қарор доранд. Ва он бесабаб нест, зеро маҳз чораҳои дар ин ҷода андешидашаванда сифат ва дараҷаи раванди демократикунонии ҷомеаро инъикос менамоянд.
Силсилақонунҳое, ки мавриди баррасӣ қарор дода истодаем, рӯйдоди муҳими сиёсӣ ба ҳисоб рафта, дар арафаи маъракаҳои интихоботии соли 2020 аҳамияти бештар касб менамоянд. Хуб шуд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пеш аз баргузории ин маъракаҳо баҳри такмили қонунгузории мамлакат лоиҳаи қонунҳоро пешниҳод намуд. Он имкон медиҳад, ки субъектони маъракаҳои муҳими сиёсӣ, бо дарназардошти дигаргуниҳои пешбинишуда, минбаъд дар муҳлати мусоид ба он омодагии ҳамаҷониба бинанд.
Вобаста ба қонунҳои баррасишаванда, пеш аз ҳама, бояд таъкид намуд, ки дар таърихи қонунгузории мамлакат бори нахуст қонуни алоҳида вазъи ҳуқуқӣ, тартиби таъсис, ваколат ва принсипҳои фаъолияти Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистонро муқаррар менамояд. Хусусияти хоси лоиҳа дар он аст, ки аъзои Комиссияи марказии интихобот минбаъд дар асоси касбӣ ва доимӣ фаъолият намуда, ҳангоми амалӣ намудани ваколатҳо беғараз, бетараф, мустақил буда, ба мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва шахсони мансабдор ҳисоботдиҳанда намебошанд.
Ҳамчунин, силсилақонунҳои баррасишаванда принсипи адолатнокиро дар низоми интихоботии мамлакат муқаррар намуда, бархӯрди манфиатҳоро аз байн мебарад. Ҷорӣ шудани меъёри он, ки аъзои комиссияҳо дар низоми интихоботии ҷумҳурӣ аз боло то поён набояд дар фаъолияти ҳизби сиёсӣ иштирок кунанд, супоришҳои онро иҷро намоянд ва дар тарғибу ташвиқоти пешазинтихоботии номзадҳои бақайдгирифташуда ширкат варзанд, минбаъд баробарии воқеии иштироки ҳизбҳои сиёсиро дар ин маъракаҳо таъмин менамоянд.
Имрӯз ҳарчанд қонунҳои амалкунанда ба ҳизбҳои сиёсӣ шароити баробар ва озодро таъмин кунанд ҳам, вале таҷриба норасоиҳои қонунро низ зоҳир намуд. Чунончӣ, ҳангоми баргузории маъракаҳои интихоботӣ, ки барои он дар ҷумҳурӣ зиёда аз 4000 комиссия таъсис дода шуда, беш аз 20000 нафар ба кори онҳо ҷалб карда мешаванд, ин ноадолатӣ аёнтар зоҳир гардида, дар рафти он бартарияти як ҳизб баръало мушоҳида мегардид. Албатта, он сабабҳои худро дорад. Бояд иқрор шуд, ки дар марҳилаи ҳозира на ҳама ҳизбҳои сиёсӣ бо сабабҳои объективию субъективӣ дар ҳама шаҳру ноҳияҳо сохторҳои худро доранд. Нуфузи онҳо гуногун, фаъолияти на ҳамаи онҳо назаррас буда, захираи кадрии онҳо барои намояндагӣ намудан дар низоми сохторҳои интихоботӣ нокифоя мебошад. Сониян, комиссияҳои дар рафти маъракаҳои интихоботӣ таъсисшаванда мақоми боло аз ҳизбӣ буда, зарурияти намояндагиашон дар он ҳатмӣ намебошад.
Иловатан бояд қайд намуд, ки силсилаи қонунҳои баррасишаванда ҷавобгӯи талаботи байналмилалӣ оид ба таъмини принсипҳои умумӣ ва баробарҳуқуқӣ, овоздиҳии пинҳонӣ ва озоди интихобкунандагон ҳангоми гузаронидани маъракаҳои интихоботӣ, алалхусус моддаи 21 Эъломияи ҳуқуқи башар ва моддаи 25 Аҳдномаи байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои гражданӣ ва сиёсӣ, мебошанд.
Хуб мефаҳмам, ки қонунҳои мазкур баҳсбарангез, баҳсталаб мебошанд, алалхусус аз нуқтаи назари ҳомиёни ҳуқуқ ва ташкилотҳои байналмилалӣ. Ба гумонам, ба ақидаи онҳо писанд омадани амали мо хеле душвор буда, зарурият ба он ҳам нест. Зеро имрӯз дар ягон давлат низоми мутлақо хуби интихоботӣ мавҷуд нест ва баръакс, дар аксарияти мамлакатҳо системаи гуногуни интихоботӣ мавҷуд буда, онҳо такя ба урфу одат, менталитети халқашон, вазъи кунунии кишварашон доранд. Чунончӣ, аъзои комиссияҳои интихоботӣ агар дар Россия ва Қазоқистон метавонанд аъзои ҳизби сиёсӣ бошанд, пас дар Ӯзбекистону Беларус онҳо ғайриҳизбӣ буда, дар Литва танҳо ҳизбҳои сиёсие чунин ҳуқуқ доранд, ки дар парлумон ва маҷлисҳои поёнӣ намояндаашон интихоб шудаанд. Дар Франсия масъалаи ташкил ва гузаронидани интихобот ба зиммаи Вазорати корҳои дохилӣ, Шӯрои олӣ оид ба телевизион ва радиошунавонӣ, инчунин, Комиссияи миллӣ оид ба маблағгузории интихобот вогузор шудааст.
Дар Англия бошад, он ба дӯши Вазорат оид ба масъалаҳои конститутсионӣ буда, дар минтақаҳо ба он мэрҳои шаҳру ноҳияҳо, шерифҳои графӣ масъул мебошанд ё шахсони мансабдор оид ба ҷамъбасти овоздиҳӣ дар участкаҳои интихоботӣ аз ҳисоби кормандони ҳукумати маҳаллӣ таъин карда мешаванд. Комиссияи интихоботӣ, ки аъзо ва раисаш аз ҷониби шоҳи Великобритания таъин карда мешаванд, дар ташкил ва гузаронидани интихобот ҳуқуқи бевосита иштирок кардан надоранд ва асосан бо корҳои тарғиботии ташвиқотӣ масъул мебошанд. Тавре мебинем, дар дунё системаи интихоботии гуногун мавриди амал қарор дорад.
Аз ин лиҳоз, дар ин самт бояд ба бегонапарастию нусхабардории беҳуда роҳ надиҳем, раванди демократикунонии ҷомеаи Тоҷикистонро вобаста ба вазъи кунунии мамлакат, минтақа ва хусусиятҳои миллии худ, имконият, расму оинҳо ва менталитети халқамон ба роҳ монем.
Тағйиру иловаҳои баррасишаванда минбаъд масъулияти аъзои КМИ, комиссияҳои поёниро дучанд намуда, онҳоро водор менамояд, ки ҷиҳати баргузории маъракаҳои муҳими сиёсии соли 2020 дар фазои озоду баробар, демократӣ ва шаффоф чораҳои судманд амалӣ намоянд. Боварии комил дорам, ки онҳо ин талаботро хуб дарк намуда, аз уҳдаи иҷрои он сарбаландона мебароянд, зеро маҳз натиҷаи одилона ва шаффофи ин маъракаҳо обрӯ ва эътибори Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ баланд хоҳад намуд ва ин ҷавоби мо ба онҳое мешавад, ки бо амали имрӯзаи мо розӣ нестанд.
Аз шумо хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи қонунро ҷонибдорӣ намоед.
РАИС: — Сухан аз рӯи ин масъала ба вакил, раиси Ҳизби аграрии Тоҷикистон Латифзода Рустам Барот дода мешавад.
ЛАТИФЗОДА Рустам Барот:
- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва бастаи лоиҳаи қонунҳо, ки баъдтар мавриди баррасӣ қарор медиҳем, ба ҳамдигар алоқаманд буда, фаъолияти Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ, баъзе паҳлуҳои фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ ва комиссияҳои маҳаллии интихобот ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқро танзим менамоянд ва ба таҳкими асосҳои ҳуқуқии фаъолияти ҷамъиятӣ, иштироки шаҳрвандон дар чорабиниҳои муҳими сиёсӣ ва рушди равандҳои демократии ҷомеа равона шудаанд.
Пеш аз ҳама, сухан дар бораи таъсиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва талабот нисбат ба фаъолияти он меравад. Бо пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гаштани ҳайати Комиссия, пурзӯр гаштани талабот оид ба фаъолияти аъзо ва критерияҳое, ки нисбат ба узвияти Комиссия муайян шудаанд, мақоми Комиссия ва масъулияти ҳар як аъзои онро ба сатҳи нисбатан баланд мебардорад. Дар чунин ҳолат ташкили фаъолияти бонизом, дасту дили пок, садоқат ба халқу Ватан ва бетарафию беғаразии ҳар як узви Комиссия метавонад эътимодро ба ин сохтор қавӣ ва обрӯю эътибори Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ баланд бардорад.
Инчунин, муқаррарот оид ба шарти иштирок накардани аъзои Комиссия дар фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ, баробар кардани имкониятҳои ҳизбҳои сиёсӣ зимни иштирок дар ҷараёни омодагӣ ва баргузории интихобот дар раванди ташкили ҳукумати электронӣ ва дар оянда баргузор намудани интихоботи муосири электронӣ қадами ниҳоят муҳим мебошад.
Фраксияи Ҳизби аграрии Тоҷикистон дар Маҷлиси намояндагон дар баррасии пешакии лоиҳаи қонун дар ҷаласаҳои кумитаи масъул иштирок дошт ва аз баррасии таклифу пешниҳоди худ қаноатмандем ва зимни баррасӣ дар ҷаласаи худ лоиҳаро ҷонибдорӣ намудем.
Аз шумо, вакилони гиромӣ, хоҳишмандем лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намоед.
РАИС: — Сухан аз рӯи ин масъала ба вакил аз Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон Ғаффоров Абдуҳалим дода мешавад.
Абдуҳалим Ғаффоров:
-Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ!
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханрониашон дар мулоқот бо зиёиён гуфта буданд, ки вақте ки мо ин ё он чизи навро қабул мекунем, пеш аз ҳама, менталитети мардумро мадди назар бояд гирем.
Дар лоиҳаи қонуни мавриди баррасӣ, аз ҷумла, омадааст, ки 7 нафар аъзои Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, аз ҷониби Маҷлиси намояндагон интихоб карда мешаванд, бояд ба ягон ҳизб мансубият надошта бошанд. Агар ба ин масъала мо аз нуқтаи назари равоншиносӣ назар андозем, ҳар як шахсе, ки узви ин ё он ҳизб аст, пеш аз ҳама, манфиатҳои худро дар мадди аввал мегузорад.
Дар ҳавзаҳои интихоботӣ, дар участкаҳои интихоботӣ тарзи иштироки ҳизбҳои сиёсӣ ва нозирони онҳо дар қонун инъикос шудааст, ки ин ҳуқуқи ҳизбҳои сиёсиро маҳдуд намекунад. Дар ҷумҳурӣ 4400 участкаи интихоботӣ мавҷуд буда, аз ҷумла Ҳизби сотсиалистӣ, ки дар 47 шаҳру ноҳия намояндагӣ дорад, имконияти пешниҳод кардани номзадҳояшро дар онҳо надорад. Бинобар ин, лоиҳаи қонуни мазкур ба мақсади такмил ёфтани шуурнокии мардум таҳия ва пешниҳод шудааст. Аз шумо – вакилони арҷманд хоҳиш менамоям лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намоед.
РАИС: — Сухан ба вакили Маҷлиси намояндагон, раиси фраксияи ҲХДТ дар Маҷлиси намояндагон Сафарзода Бахтовар дода мешавад.
Бахтовар САФАРЗОДА:
- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ!
Дар лоиҳаи қонуни баррасишаванда сухан дар бораи мақомоте меравад, ки дар шохаи ҳокимияти давлатӣ қарор надорад. Он Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ унвон дошта, фаъолияти он барои ташкил ва таъсиси мақомоти давлатӣ равона шудааст.
Давоми якчанд соли охир аз ҷониби созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, роҷеъ ба фаъолияти Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон чандин тавсияҳо пешниҳод гардиданд. Мо онҳоро ба назар гирифта, дар бораи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон қонуни алоҳида омода кардем ва имрӯз мавриди баррасӣ қарор дода истодаем.
Мо 20 сол пеш палатаи доимоамалкунандаи парламентро дар асоси ислоҳоти конститутсионӣ таъсис додем ва дар натиҷа фаъолияти касбии доимоамалкунандаи парламентӣ ба вуҷуд омад. Дар натиҷаи он дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоӣ ва иқтисодию фарҳангии кишвар дастовардҳои беҳтарину беназир ба амал омаданд. Имрӯз таҷрибаи қонунгузории Тоҷикистонро, ки натиҷаи фаъолияти Маҷлиси намояндагон мебошад, кишварҳои ҳамсоя ва мамлакатҳои дигар пайравӣ мекунанд.
Дастоварди дигар ғайриҳизбӣ будани аъзои Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ мебошад. Агар моҳиятан гирем, Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон, ки беш аз 500 ҳазор нафар аъзо дорад, метавонад узвияти намояндагонро дар ҳамаи ҳавзаю участкаҳои интихоботӣ таъмин намояд. Лоиҳаи қонуни мавриди баррасӣ чунин муқарраротро муайян намудааст, ки тибқи он, дигар ягон узви ҳизб наметавонад аъзои Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ шавад. Яъне, лоиҳаи қонун беғаразиро барои ҳизбҳо кафолат додааст.
Дар асоси ҷамъиятӣ ва доимоамалкунанда фаъолият кардани Комиссияи мазкур тақозо менамояд, ки раиси комиссия, муовини ӯ ва аъзои он ба статуси мақомоти давлатӣ баробар карда шаванд, ки ин фаъолият ва самараи кори Комиссияро бештар хоҳад кард.
Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ ба раванди интихобот дахолат намекунад, интихобот ва раъйпурсиро ташкил ва овозҳои онро ҳисоб мекунад ба ягон ҳизби сиёсӣ бартарият намедиҳад.
Фраксияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон қонунро пурра дастгирӣ менамояд ва аз шумо — вакилони гиромӣ хоҳишмандем онро ҷонибдорӣ намоед.
РАИС: — Сухан ба вакили Маҷлиси намояндагон, раиси Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Бобоев Олимҷон дода мешавад.
Олимҷон БОБОЕВ:
- Муҳтарам Раис, вакилони гиромӣ!
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҷрои нави рушду инкишоф қарор дорад. Барои мутобиқ кардан ба ҳаёти ҷомеа қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба миён омад. Дар кумитаҳо лоиҳаи қонуни мазкур муфассал баррасӣ шуд. Қабули қонуни мазкур қадами устувор барои таъмини рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар хоҳад буд.
Аз шумо — вакилони арҷманд хоҳиш менамоем лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намоед.
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон», мутобиқи банди 337 Дастури Маҷлиси намояндагон, боб ба боб, модда ба модда баррасӣ ва ба овоз монда шуда, пас аз он яклухт қабул карда шуд. Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид.
РАИС: - Ба баррасии масъала «Дар бораи лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» шурӯъ менамоем. Сухан аз рӯи ин масъала ба раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон Худоёрзода Бахтиёр дода мешавад.
Бахтиёр Худоёрзода:
- Муҳтарам Раис, вакилони гиромӣ!
Лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар асоси талаботи моддаи 55 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва барои баррасӣ пешниҳод гардидааст.
Он бо мақсади танзим намудани тартиби интихоб ва батанзимдарории фаъолияти Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон, таъмини бетарафӣ ва холисии аъзои комиссияҳои интихоботӣ, пешгирӣ намудани таъсиррасонии субъектҳои раванди интихоботӣ ба фаъолияти комиссияҳои интихоботӣ таҳия шудааст.
Тибқи лоиҳа, моддаи 11 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар таҳрири нав пешниҳод шуда, дар он меъёри ҳаволакунанда оид ба тартиби интихоб ва батанзимдарории фаъолияти Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод мегардад.
Вобаста ба механизми амалигардонии принсипи бетараф ва холис будани комиссияи интихоботӣ ҳангоми иҷрои ваколатҳо, ки аз талаботи қисми якуми моддаи 18 қонуни конститутсионии зикршуда бармеояд, пешниҳод мегардад, ки аз моддаи 13 ин қонуни конститутсионӣ меъёри дахлдор, оиди «бо назардошти таклифҳои сохторҳои маҳаллии ҳизбҳои сиёсӣ дар ҳудуди ҳавзаи дахлдор ташкил карда шудани комиссияҳои интихоботӣ» хориҷ карда шавад. Бо ворид гардидани чунин тағйирот мухолифати дохилии моддаҳои дахлдори қонуни конститутсионии номбурда истисно мегардад.
Ҳамчунин, ба қисми якуми моддаи 18 қонуни конститутсионии зикргардида илова кардани меъёр дар бораи «иштирок накардан дар фаъолияти ҳизби сиёсӣ, иҷро накардани супоришҳои ҳизбӣ ва иштирок накардан дар тарғибу ташвиқи пешазинтихоботии номзадҳои бақайдгирифташуда аз ҷониби аъзои комиссияи интихоботӣ» пешниҳод шудааст.
Лоиҳаи қонуни конститутсионии мазкур ба талаботи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои конститутсионӣ, қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқ буда, бо риояи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» таҳия гардидааст. Аз шумо, вакилони муҳтарам хоҳишмандем лоиҳаи қонуни конститутсионии мазкурро ҷонибдорӣ намоед.
РАИС: — Сухан аз рӯи ин масъала ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ Амрихудои Дамдор дода мешавад.
Амрихудои Дамдор:
- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!
Лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар асоси қисми 2 моддаи 55 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» ва дар иртибот бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки аз ҷониби шумо, вакилони арҷманд, қабул гардид, бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.
Бояд тазаккур дод, ки тибқи лоиҳа, моддаи 11 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар таҳрири нав ифода карда шуда, мутобиқи он раис, муовини раис ва аъзои Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб ва бозхонд мекунад. Фаъолияти Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистонро қонун танзим менамояд.
Ҳамчунин, ба моддаи 13 қонуни конститутсионии мазкур тағйирот ворид карда шудааст, ки мутобиқи он аз меъёри амалкунанда калимаҳои «бо назардошти таклифҳои сохторҳои маҳаллии ҳизбҳои сиёсӣ дар ҳудуди ҳавзаи интихобот» хориҷ карда мешавад. Ба ғайр аз ин, дар қисми якуми моддаи 18 қонуни конститутсионии мазкур иловаҳо пешбинӣ карда шудааст, ки тибқи он, узви комиссияҳои ҳавзаи интихобот набояд дар фаъолияти ҳизби сиёсӣ иштирок кунад, супоришҳои онро иҷро намояд ва дар тарғибу ташвиқи пешазинтихоботии номзадҳои бақайдгирифташуда ширкат варзад.
Лоиҳаи қонуни конститутсионии баррасишаванда бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон супорида шуд. Кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон лоиҳаи қонуни конститутсионии мазкурро мавриди омӯзиш қарор дода, онро ҷонибдорӣ намуда, ҷиҳати такмили он, дар маҷмӯъ, ду таклиф пешниҳод карданд, ки аз онҳо яктоаш қабул гардид.
Ҳаждаҳуми июни соли ҷорӣ маҷлиси васеи кумита бо иштироки муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуҷаббор Азизӣ, намояндаи Ҳукумати ҷумҳурӣ, намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагон, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон ва 20 — уми июн ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида, бо дарназардошти таклифҳои пешниҳодгардида дар ҷаласаи васеи кумита ва эродҳои шумо — Раиси муҳтарам, қонуни конститутсионии мазкур мукаммал гардонида шуд.
Лоиҳаи қонуни конститутсионии номбурда ба меъёрҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон мухолифат накарда, аз буҷети давлатӣ маблағи иловагиро талаб наменамояд.
Бинобар ин, Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ аз шумо — вакилони муҳтарам хоҳиш менамояд, ки ба ҷонибдории қабули тағйироту илова ба қонуни конститутсионии мазкур овоз диҳед.
Лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қонун қабул гардид. Вобаста ба қабули қонуни конститутсионӣ Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шуд.
РАИС: - Ба баррасии масъала «Дар бораи лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» шурӯъ менамоем. Сухан аз рӯи ин масъала ба раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон Худоёрзода Бахтиёр дода мешавад.
Бахтиёр Худоёрзода:
- Муҳтарам Раис, вакилони гиромӣ!
Лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар асоси талаботи моддаи 55 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва барои баррасӣ пешниҳод гардидааст.
Он бо мақсади тақвият бахшидани таъмини бетарафӣ ва холисии аъзои комиссияҳои интихоботӣ, пешгирӣ намудани таъсиррасонии субъектҳои раванди интихоботӣ ба фаъолияти комиссияҳои интихоботӣ таҳия шудааст.
Тибқи лоиҳаи қонуни конститутисонии зикргардида, пешниҳод мегардад, ки ба моддаи 17 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки ба узвият дар комиссияҳои интихоботӣ бахшида шудааст, қисми якум илова карда шавад. Мувофиқи он, меъёри дахлдор дар бораи бетараф ва холис будани аъзои комиссияи интихоботӣ ҳангоми иҷрои ваколатҳо, иштирок накардан дар фаъолияти ҳизби сиёсӣ, иҷро накардани супоришҳои ҳизбӣ ва иштирок накардан дар тарғибу ташвиқи пешазинтихоботии номзадҳои бақайдгирифаташуда аз ҷониби аъзои комиссия пешниҳод гардидааст.
Лоиҳаи қонуни конститутсионии мазкур ба талаботи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои конститутсионӣ, қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқ буда, бо риояи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» таҳия гардидааст. Аз шумо, вакилони муҳтарам, хоҳишмандем лоиҳаи қонуни конститутсионии мазкурро ҷонибдорӣ намоед.
РАИС: - Сухан аз рӯи ин масъала ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ Абдуллозода Иброҳим Ғоибназарӣ дода мешавад.
АБДУЛЛОЗОДА Иброҳим Ғоибназарӣ:
- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ!
Лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо тартиби истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси қисми 2 моддаи 55 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» ва дар иртибот бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҳия ва пешниҳод гардидааст.
Тибқи лоиҳа, ба моддаи 17 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» қисми 1 илова карда шуда, мутобиқи он, узви комиссияи интихобот ҳангоми иҷрои ваколатҳояш бояд бетараф ва холис бошад, набояд дар фаъолияти ҳизби сиёсӣ иштирок кунад, супоришҳои онро иҷро намояд ва дар тарғибу ташвиқи пешазинтихоботии номзадҳои бақайдгирифташуда ширкат варзад.
Лоиҳаи қонуни конститутсионии баррасишаванда бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 июни соли 2019, №2239 барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон супорида шуд. Кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» — ро мавриди омӯзиш қарор дода, онро ҷонибдорӣ намуда, ҷиҳати такмил чор таклиф пешниҳод карданд, ки ҳамаи онҳо қабул гардиданд.
Дар ҷаласаи васеи кумитаи масъул 18 июни соли ҷорӣ бо иштироки муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагон муҳтарам Абдуҷаббор Азизӣ, намояндагони ҳамаи кумитаҳо, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таклифҳои пешниҳодгардида баррасӣ гардида, лоиҳаи қонуни конститутсионии мазкур ҷонибдорӣ шуд.
Лоиҳаи қонуни конститутсионии мазкур ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ буда, аз буҷети давлатӣ маблағи иловагиро талаб наменамояд. Аз ин лиҳоз, аз шумо — вакилони гиромӣ хоҳиш менамоем, ки лоиҳаи қонуни конститутсионии мазкурро ҷонибдорӣ намоед.
Лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қонун қабул гардид. Вобаста ба қабули қонуни конститутсионӣ Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шуд.
РАИС: - Ба баррасии масъала «Дар бораи лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни конститутисонии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи вакилон ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ» оғоз менамоем. Сухан аз рӯи ин масъала ба раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон Худоёрзода Бахтиёр дода мешавад.
Бахтиёр ХУДОЁРЗОДА:
- Муҳтарам Раис, вакилони гиромӣ!
Лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни конститутисонии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи вакилон ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ» дар асоси талаботи моддаи 55 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ», бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳия ва барои баррасӣ пешниҳод гардидааст.
Лоиҳаи қонуни конститутсионии мазкур барои таъмини ягонагии принсипҳои фаъолияти комиссияҳои интихоботӣ равона шудааст. Ҳамчунин, бо мақсади дар интихоботи вакилони Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ таъмин кардани бетарафӣ ва холисии аъзои комиссияҳои интихоботии вилоят, шаҳр, ноҳия ва комиссияҳои поёнии интихоботии онҳо, пешгирӣ намудани таъсиррасонии субъектҳои раванди интихоботӣ ба фаъолияти комиссияҳои интихоботӣ таҳия шудааст.
Дар лоиҳа механизми амалигардонии принсипи бетараф ва холис будани комиссияи интихоботӣ ҳангоми иҷрои ваколатҳо, ки аз талаботи моддаи 16 қонуни конститутсионии болозикр бармеояд, пешбинӣ мегардад. Бо ин мақсад аз моддаҳои 10 ва 12 ин қонуни конститутсионӣ хориҷ кардани меъёри дахлдор, оиди «бо назардошти таклифҳои сохторҳои маҳаллии ҳизбҳои сиёсии дар ҳудуди вилоят, шаҳр ва ноҳия фаъолияткунанда ташкил карда шудани комиссияҳои вилоятӣ, шаҳрӣ, ноҳиявӣ ва ҳавзавии интихобот» пешниҳод карда шудааст. Бо ворид намудани чунин тағйирот мухолифати дохилии моддаҳои дахлдори қонуни конститутсионии номбурда истисно мегардад.
Вобаста ба механизми пешгирӣ намудани таъсиррасонии субъектҳои раванди интихоботӣ ба фаъолияти комиссияҳои интихоботӣ, ба қисми якуми моддаи 16 қонуни конститутсионии номбурда илова намудани меъёр дар бораи «иштирок накардан дар фаъолияти ҳизби сиёсӣ, иҷро накардани супоришҳои ҳизбӣ ва иштирок накардан дар тарғибу ташвиқи пешазинтихоботии номзадҳои бақайдгирифташуда аз ҷониби аъзои комиссияи интихоботӣ» пешниҳод гардидааст.
Лоиҳаи қонуни конститутсионии мазкур ба талаботи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои конститутсионӣ, қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқ буда, бо риояи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» таҳия гардидааст. Аз шумо, вакилони муҳтарам, хоҳишмандем лоиҳаи қонуни конститутсионии мазкурро ҷонибдорӣ намоед.
РАИС: - Сухан аз рӯи ин масъала ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ Шамсидинзода Мавзуна Шамсидин дода мешавад.
Шамсидинзода Мавзуна Шамсидин:
- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ!
Лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи вакилон ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ» бо тартиби истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва пешниҳод гардидааст.
Тибқи лоиҳаи қонуни конститутсионии мазкур, ба моддаҳои 10 ва 12 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи вакилон ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ» тағйирот пешбинӣ гардидааст, ки мувофиқи он калимаҳои «бо назардошти таклифҳои сохторҳои маҳаллии ҳизбҳои сиёсӣ дар ҳудуди ҳавзаи интихобот» аз матн хориҷ карда мешаванд.
Ҳамчунин, ба қисми якуми моддаи 16 қонуни конститутсионии мазкур илова дар назар дошта шудааст, ки тибқи он, узви комиссияи интихобот набояд дар фаъолияти ҳизби сиёсӣ иштирок кунад, супоришҳои онро иҷро намояд ва дар тарғибу ташвиқоти пешазинтихоботии номзадҳои бақайдгирифташуда ширкат варзад.
Лоиҳаи қонуни конститутсионии баррасишаванда бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 июни соли 2019, №2240 барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагон ва ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон супорида шуд. Лоиҳаи қонуни конститутсионӣ ҳама расмиёти бо қонун пешбинишударо дар ҷараёни баррасӣ гузашт ва дар ҷаласаи васеи кумита 19 июни соли ҷорӣ мавриди омӯзиш қарор гирифта, пурра ҷонибдорӣ шуд.
Лоиҳаи қонуни конститутсионии мазкур ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ буда, аз буҷети давлатӣ маблағи иловагиро талаб наменамояд. Аз шумо, вакилони гиромӣ, хоҳиш менамоем, ки лоиҳаи қонуни конститутсионии мазкурро ҷонибдорӣ намоед.
Лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи вакилон ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ» ба овоз монда шуда, қонун қабул гардид. Вобаста ба қабули қонуни конститутсионӣ Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шуд.
РАИС: - Ба баррасии масъала «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ» оғоз менамоем. Сухан аз рӯи ин масъала ба раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон Худоёрзода Бахтиёр дода мешавад.
Бахтиёр Худоёрзода:
- Муҳтарам Раис, вакилони гиромӣ!
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ» дар асоси талаботи моддаи 55 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ», бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва пешниҳод гардидааст.
Лоиҳаи қонуни мазкур бо мақсади таъмини бетарафӣ ва холисии аъзои комиссияҳои интихоботии ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ, шаҳрӣ, ноҳиявӣ ва комиссияҳои поёнии онҳо, пешгирӣ намудани таъсиррасонии субъектҳои раванди интихоботӣ ба фаъолияти комиссияҳои интихоботӣ таҳия шудааст. Зарурати ворид намудани чунин тағйирот аз талаботи моддаи 18 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва моддаи 16 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи вакилон ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ» бармеоянд, ки мутобиқи онҳо «узви комиссияи интихобот ҳангоми иҷрои ваколатҳояш бояд бетараф ва холис» бошад.
Тибқи лоиҳа, пешниҳод мегардад, ки аз моддаи 17 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ» сархати чоруми қисми дуюм, ки имконияти «намояндагии ҳизби сиёсиро дар комиссияҳои интихоботӣ» пешбинӣ менамояд, хориҷ карда шавад.
Ҳизбҳои сиёсӣ мувофиқи қонунҳои конститутсионии соҳаи интихобот ҳамчун субъекти раванди интихоботӣ минбаъд имконият доранд, ки ба воситаи номзадҳои пешниҳоднамуда, шахсони боэътимоди номзадҳо ва мушоҳидони миллии аз ҷониби онҳо пешниҳодгардида марҳилаҳои интихоботро мушоҳида намуда, вобаста ба ин раванд фикру мулоҳиза изҳор кунанд.
Лоиҳаи қонуни мазкур ба талаботи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои конститутсионӣ, қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқ буда, бо риояи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» таҳия гардидааст. Аз шумо — вакилони муҳтарам хоҳишмандем лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намоед.
РАИС: - Сухан аз рӯи ин масъала ба муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Саидзода Ҷамшед Ҳамро дода мешавад.
САИДЗОДА Ҷамшед Ҳамро:
- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ», ки бо тартиби истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст, бо қарори Шӯрои Маҷлиси намоян-дагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 июни соли 2019, № 2242 барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон супорида шуд.
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ» дар асоси қисми 2 моддаи 55 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» ва дар иртибот ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар як вақт таҳия шудааст.
Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ» — ро мавриди омӯзиш қарор дода, онро ҷонибдорӣ намуданд.
Ҳабдаҳуми июни соли ҷорӣ ҷаласаи васеи Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот баргузор гардид, ки дар он намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон, инчунин масъулини Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок доштанд. Аз ҷониби масъулини Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кумитаи масъул ба саволҳои сершумори раисони ҳизбҳои сиёсии дар Маҷлиси намояндагон ба ҳайси вакил фаъолияткунанда ва вакилони алоҳида ҷавобҳои мушаххас дода шуд.
Лоиҳаи қонуни мазкур ба Конститутсияи Ҷумҳурии То-ҷикистон ва санадҳои дигари қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷи-кистон мухолифат надорад ва маблағгузории иловагиро аз буҷети давлатӣ талаб намекунад. Аз шумо — вакилони арҷманд хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намоед.
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ» ба овоз монда шуда, қонун қабул гардид. Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шуд.
РАИС: — Ба баррасии масъала — «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» шурӯъ менамоем. Сухан аз рӯи ин масъала ба вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Шоҳмурод Рустам дода мешавад.
Рустам ШОҲМУРОД:
- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ!
Ба баррасии шумо лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ», ки бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардидааст, пешниҳод мешавад.
Лоиҳаи қонуни мазкур, дар маҷмӯъ, бо мақсади аз байн бурдани ихтилофоти ҷойдошта дар қонун, бартараф намудани норасоӣ ва номутобиқатӣ, мушаххасу саҳеҳ гардонидани истилоҳоту ибораҳо таҳия шудааст.
Лоиҳаи қонуни баррасишаванда аз сездаҳ қисм иборат буда, тағйиру иловаҳои пешниҳодшавандаро шартан ба се гурӯҳ ҷудо кардан мумкин аст. Аз ҷумла, тағйиру иловаҳои пешниҳодшаванда хусусияти мушаххаскунандаю таҳрирӣ (қисмҳои 1,2,4,5,8,9,10, 11,13), мутобиқкунанда (қисмҳои 3, 12) ва танзимкунандаро (қисмҳои 6, 7) доро мебошанд.
Вобаста ба мушаххасоти асосии гурӯҳи якуми тағйиру иловаҳо, бояд қайд намуд, ки ба қисми сеюми моддаи 1 меъёри нав илова шуда, мутобиқи он муайян мегардад, ки муносибатҳо вобаста ба тартиби қабул, ворид намудани тағйиру иловаҳо ва қатъ намудани амали санадҳои дохилӣ (локалӣ) ба доираи танзими қонуни мазкур дохил намешавад.
Дар моддаи 51 вобаста ба нораво будани истифодаи «калимаҳои ихтисоршуда» пешниҳод шудааст, ки ба таври истисно дар ҳолатҳои зарурӣ ва бо нишон додани шакли пурраи он, абревиатура метавонад дар матни санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ истифода шавад. (Ин ҳолат маъмулан дар санадҳои зерқонунӣ, аз ҷумла ҳуҷҷатҳои барномавию стратегӣ, бештар истифода мешавад).
Ҳамчунин, ба қисми 2 моддаи 56 ҷумлаи нав илова гардида, мутобиқи он, дар сурати ҷой доштани зарурати чандин маротиба илова, иваз ва хориҷ намудани ҳамон як калима, ибора ва рақам дар матни санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, қоидаи бо роҳи дар ҳар як қисми таркибӣ илова, иваз ва хориҷ намудани калима, ибора ва рақамҳо метавонанд истифода нашавад.
Гурӯҳи дуюми тағйиру иловаҳо бо мақсади мутобиқ намудани муқаррароти қонуни мазкур ба дигар санадҳои қонунгузорӣ ва уҳдадориҳои байналмилалӣ пешниҳод карда шудаанд. Аз ҷумла, мутобиқи лоиҳа ба моддаҳои 7, 9 ва як қатор моддаҳои дигар илова ворид карда шуда, мутобиқи он Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба субъектони ҳуқуқэҷодкунанда шомил гардида, санадҳои меъёрии ҳуқуқии қабулнамудаи он ба низоми санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил карда шуданд. Дар ин раванд, ҷиҳати бартараф намудани амалияи гуногуни татбиқи қонун, ба моддаи 58 муқаррароти алоҳида ворид гардида, мутобиқи он номгӯйи мушаххаси субъектоне, ки дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузорӣ метавонанд дар мувофиқа бо мақомоти давлатии манфиатдор лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдорро ба баррасии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ё Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намоянд, муайян карда шуданд. Дар баробари ин, ба шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ имконият дода мешавад, ки таклифҳои худро оид ба таҳияи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба мақомоти ҳуқуқэҷодкунанда пешниҳод намоянд.
Гурӯҳи сеюми тағйирот хусусияти танзимкунандаро доро буда, ба қисми таркибии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ мансубият дорад.
Мутобиқи лоиҳа, ба моддаҳои 43 ва 44 қонун тағйиру иловаҳо пешниҳод гардида, мутобиқи он, ба санади қонунгузорӣ ҷузъи таркибии нав дар шакли «зербанд» илова карда, тарзи ифодаи «банд»-и санади қонунгузорӣ ва «зербанд»-и санади зерқонунӣ тағйир дода шудааст.
Ҳоло таркиби моддаи санади қонунгузорӣ аз се зина (қисм, банд, сархат) иборат буда, пас аз илова гардидани ҷузъи таркибии нав (зербанд) муқаррароти меъёрӣ мумкин аст бо истифодаи чор зина ифода карда шавад. Тағйироти мазкур барои сода гардонидани раванди фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ имконияти муфидро фароҳам хоҳад овард.
Ҳамин тариқ, бо мақсади аз байн бурдани ихтилофот, норасоӣ ва номутобиқатӣ, мушаххасу саҳеҳ намудани муқаррароти меъёрӣ ва ба роҳ мондани амалияи татбиқи якхелаи қонун лоиҳаи мазкур таҳия карда шуда, ба баррасии шумо пешниҳод карда мешавад. Бо дарназардошти гуфтаҳои боло, аз шумо – вакилони гиромӣ, хоҳиш менамоем, ки лоиҳаи қонуни пешниҳодшударо ҷонибдорӣ намоед.
РАИС: — Ба баррасии ин масъала президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ даъват шудаанд. Муҳтарам Фарҳод Раҳимӣ! Оид ба масъала иловагӣ сухан гуфтан мехоҳед?
Фарҳод РАҲИМӢ: — Муҳтарам Раис, вакилони гиромӣ! Ман зарурати ба қонун ворид намудани тағйиру иловаҳоро ҷонибдорӣ менамоям. Зеро Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷумлаи ҷумҳуриҳое мебошад, ки дар он коркарди саноати маъдани уран вуҷуд дошта, дар арсаи байналмилалӣ шинохта шудааст. Соли 2000-ум дар ҷумҳурӣ безараргардонии ин партовҳои радиоактивӣ шурӯъ шудааст. Бинобар ин, лозим меояд беш аз 50 санади меъёрии ҳуқуқии нав қабул карда шавад, ки он дар чорчӯбаи меъёрҳои байналмилалӣ, махсусан талаботи Агентии байналмилалии неруи атомӣ сурат мегирад. Қабули қонун имкон медиҳад, ки кор дар ин самт бомуваффақият пеш бурда шавад.
РАИС: — Сухан аз рӯи ин масъала ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Мирзозода Мавлудахон Зайнӣ дода мешавад.
МИРЗОЗОДА
Мавлудахон Зайнӣ:
- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирони гиромӣ!
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» бо мақсади аз байн бурдани ихтилофот, бартараф намудани норасоӣ ва номутобиқатӣ, мушаххасу саҳеҳ гардонидани истилоҳу ибораҳо дар қонунгузорӣ, бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба баррасии Маҷлиси намояндагон пешниҳод шудааст.
Тибқи лоиҳаи қонуни мазкур, муносибатҳо вобаста ба тартиби қабул, ворид намудани тағйиру иловаҳо ва қатъи амали санадҳои меъёрии дохилӣ (локалӣ) ба доираи танзими қонуни мазкур дохил намешаванд. Инчунин, мувофиқи лоиҳа, бо роҳи ба субъектони ҳуқуқэҷодкунанда дохил намудани Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон номутобиқатӣ бо санадҳои қонунгузории соҳаи амнияти ядроӣ ва радиатсионӣ аз байн бурда мешавад.
Илова бар ин, дар асоси лоиҳа муносибат вобаста ба иштирок дар фаъолияти ҳуқуқэҷодунӣ пешниҳод карда мешавад, ки вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ, мақомоти назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки миллии Тоҷикистон,Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва худидоракунӣ, мақомоти дигари давлатӣ, ташкилотҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузорӣ метавонанд дар мувофиқа бо мақомоти давлатии манфиатдор лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдорро ба баррасии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ё Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намоянд.
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 июни соли 2019 расмиётро дар Маҷлиси намояндагон гузашт. Дар натиҷа, кумитаҳо ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон лоиҳаро ҷонибдорӣ намуда, баҳри такмили он 12 таклиф пешниҳод карданд, ки аз онҳо 6-тоаш пурра ва қисман қабул шуданд.
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надорад ва аз буҷети давлатӣ маблағгузории иловагиро талаб наменамояд. Бинобар ин, аз шумо – вакилони гиромӣ, хоҳишмандам ба ҷонибдории қонуни мазкур овоз диҳед.
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» ба овоз монда шуда, қонун қабул гардид. Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шуд.
РАИС: — Ба баррасии масъала «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ» оғоз мебахшем. Сухан аз рӯи ин масъала ба раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ Қурбонзода Ҳилолбӣ Ҷумъахон дода мешавад.
ҚУРБОНЗОДА
Ҳилолбӣ Ҷумъахон:
- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ» дар иртибот бо Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 декабри соли 2016 омода гардида, ҳадафи марказии он татбиқи лоиҳаи «Дастгирии ислоҳоти низоми сабти асноди шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар самти такмили қонунгузории амалкунандаи соҳаи сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ мутобиқ ба талаботи замон ва ҳифзи манфиатҳои давлатӣ маҳсуб гардида, бо тартиби истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайринисо Юсуфӣ, Ҳилолбӣ Қурбонзода, Абдураҳим Холиқзода ва Қиёмиддин Миралиён пешниҳод гардидааст.
Дар лоиҳаи пешниҳодгардида заминаҳои ҳуқуқии ташкили базаи ягонаи марказонидаи ҳуҷҷатҳои сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ, ба шакли электронӣ гузаронидани ҳуҷҷатҳои сабт (бақайдгирии таваллуд, вафот, ивазнамоии ному насаб ва ғайра), ба шакли электронӣ гузаронидани бойгониҳои САҲШ, бо ҳамдигар пайвастан ва ташаккули низоми ягонаи электронии САҲШ ва таъмини кори устувори он таҳия шудааст. Вобаста ба тағйироти пешниҳодгардида, ба 16 моддаи қонуни амалкунанда тағйиру иловаҳо ворид карда шуда, ҳамчунин, тавассути тағйироти воридшаванда ба қонун ду моддаи нав — моддаи 42 ва моддаи 51 илова карда шудааст.
Моддаи 42 Тартиби гузаронидани бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ, ворид намудани тағйирот ба сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ, барқарор ва бекор намудани онҳо ном дорад, ки тибқи моддаи мазкур, гузаронидани бақайдгирии ҳама гуна амалиёт дар самти бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ бо дастурамали аз ҷониби Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқгардида танзим карда мешавад. Инчунин, мутобиқи қисми 2 ҳамин модда, тартиби аз ҷониби муассисаҳои консулӣ гузаронидани бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ бо Оинномаи консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян ва Дастурамали тартиби аз ҷониби консул анҷом додани бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ аз ҷониби Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда мешавад.
Ҳамчунин, қисмҳои иловашавандаи моддаи 5 тартиби дар як вақт дар шакли коғазӣ ва ҳуҷҷати электронӣ тартиб додани сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва бо имзои электронӣ-рақамии корманди ваколатдори мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ба расмият даровардани онҳоро муайян ва тартиби нигоҳдории минбаъдаи шакли ҳуҷҷати электронии ин ҳуҷҷатҳоро дар Феҳристи давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ муқаррар менамояд.
Моддаи 51 -и иловашаванда дар қонуни амалкунанда меъёри нав буда, Феҳристи давлатии асноди ҳолати шаҳрвандиро ба танзим медарорад, ки тибқи он, сабти асноди ҳолати шаҳрвандие, ки ба Феҳристи давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар шакли электронӣ дохил карда мешаванд, таҳти нигоҳдории доимӣ қарор дошта, нобуд сохтан ва бозпас гирифтани он иҷозат дода намешавад. Дар сурати ворид намудани тағйирот ё ислоҳот ба сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ, сабтҳои қаблан воридкардашуда нигоҳ дошта мешаванд. Инчунин, пешбурди Феҳристи давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ, аз ҷумла ташаккул, ҷамъоварӣ, нигоҳдорӣ, коркард ва пешниҳоди иттилоот, таъсис ва роҳандозии таъминоти барномавӣ, нигоҳдорӣ ва ҳифзи махзани иттилоотӣ, фаъолияти он, пешниҳоди дастрасии ройгон, таъмини бақайдгирии ҳамин дастрасӣ ва сабти маълумот оид ба ҳар як дастрасӣ аз ҷониби Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.
Зимнан иловаҳои пешниҳодгардидаи қисми 4 моддаи 7, қисми 2 моддаи 8, қисми 6 моддаи 28, қисми 2 моддаи 36 ва қисмҳои 2 ва 3 моддаи 41 бо мақсади батанзимдарории саривақтии додани иттилоот дар байни мақомоти марбута мебошад, ки он дар доираи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.
Лоиҳаи қонуни мазкур бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2018 барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон супорида шуд. Кумитаҳои Маҷлиси намояндагон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ»-ро мавриди омӯзиш қарор дода, онро ҷонибдорӣ намуда, ҳамчунин, ҷиҳати такмили он 92 пешниҳод манзур карданд, ки аз онҳо 56- тоаш пурра ва 24 – тои дигараш қисман қабул гардид.
Бо дарназардошти пешниҳоди хулосаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кумитаҳои Маҷлиси намояндагон, ҳашт қисми лоиҳа хориҷ ва шаш қисми дигар пурра таҳрир карда, ба талаботи техникаи ҳуқуқэҷодкунӣ мутобиқ гардонида шуд.
Кумитаи масъул 18 июни соли 2019 бо иштироки муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайринисо Юсуфӣ, намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон дар ҷаласаи васеъ таклифу пешниҳодҳои ироагардидаро баррасӣ намуд ва бо дарназардошти таклифу пешниҳодҳо, лоиҳаи қонуни мазкур такмил дода шуд.
Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ, бо дарназардошти пешниҳодҳои кумитаҳои Маҷлиси намояндагон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон, лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ»-ро ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуда, аз шумо вакилони гиромӣ, хоҳиш менамояд онро ҷонибдорӣ намоед.
РАИС: — Сухан аз рӯи ин масъала ба вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Шоҳмурод Рустам дода мешавад.
Рустам ШОҲМУРОД:
- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ!
Зарурати такмили санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар Конференсияи миллӣ дар мавзӯи «Вусъат бахшидани ҳамоҳангсозии байниидоравии мақомоти масъул дар сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва омори ҳаётӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки 22 сентябри соли 2017 аз ҷониби Кумитаи миллӣ оид ба аҳолӣ ва рушд дар назди Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил ва баргузор гардид, мавриди баррасӣ қарор гирифт. Дар рафти чорабинии мазкур рӯнамо оид ба ҳолати воқеии корҳо дар самти ислоҳоти низоми сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ пешниҳод шуд.
Дар лоиҳаи қонуни пешниҳодгардида заминаҳои ҳуқуқии ташкили махзани ягонаи марказонидаи ҳуҷҷатҳои сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ, ба шакли электронӣ гузаронидани ҳуҷҷатҳои сабт (бақайдгирии таваллуд, вафот, ивазнамоии ному насаб ва ғайра) ва дар баробари ҳомили коғазӣ ҷорӣ намудани бақайдгирии электронии сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ, эътирофи баробари шакли коғазӣ ва электронии сабтҳои асноди ҳолати шаҳрвандӣ, ба шакли электронӣ гузаронидани бойгониҳои САҲШ, бо ҳамдигар пайвастан ва ташаккули низоми ягонаи электронии САҲШ ва таъмини кори устувори он таҳия шудааст.
Тибқи тағйироти мазкур, хусусиятҳои бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳрвандоне, ки берун аз Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқомат мекунанд, меъёр оид ба Феҳристи давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ, назорат дар самти бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ, муайян намудани муҳлати дақиқи сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ, инчунин, ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар иртибот бо Конвенсияи СММ оид ба ҳуқуқи кӯдак, тавсияҳои Кумита оид ба ҳуқуқи инсон вобаста ба Шарҳи универсалии даврии Тоҷикистон, Ҳадафи 16-уми рушди устувори СММ дар сурати то 3 моҳ баъд аз таваллуд пешниҳод шудани ариза шаҳодатномаи таваллуд ройгон дода мешавад.
Ҳамчунин, қабули ду дастурамали корӣ дар назар аст – Дастурамали тартиби аз ҷониби Консул анҷом додани бақайдгирии сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ, ки он аз ҷониби Вазорати адлия якҷо бо Вазорати корҳои хориҷӣ тасдиқ мешавад ва Дастурамали тартиби бақайдгирии сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ, ворид намудани тағйирот ба сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ, барқарор ва бекор кардани онҳо, ки аз ҷониби Вазорати адлия тасдиқ карда мешавад. Лоиҳаҳои дастурамалҳо омода шуда, пас аз қабули тағйирот ба қонун, тибқи тартиби муқарраргардида, тасдиқ карда мешаванд.
Дар иртибот бо раванди ислоҳоти низоми сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ корҳои муайян анҷом дода шуд. Дар асоси розигии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва супориши Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 декабри соли 2015, № 21/10 Вазорати адлия лоиҳаи «Дастгирии ислоҳоти низоми сабти асноди шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро якҷо бо Барномаи рушди СММ ва Агентии швейтсариягӣ оид ба ҳамкорӣ ва тараққиёт амалӣ карда истодааст. Он дар мувофиқа бо вазорат, ҷиҳати татбиқи «Барномаи рушди мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2019» таҳия шудааст.
Лоиҳаи «Дастгирии ислоҳоти низоми сабти асноди шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон» яке аз лоиҳаҳое мебошад, ки дар доираи Барномаи қолабии СММ оид ба расонидани кумак баҳри рушд (UNDAF) дар Тоҷикистон, миёни Ҳукумати ҷумҳурӣ ва Созмони Милали Муттаҳид 18 декабри соли 2015 ба имзо расидааст.
Низоми ягонаи электронии сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ барои сабтҳои муқаррариро (коғазиро) ба шакли электронӣ мубаддал кардан равона шудааст. Он зиёда аз 80 ҳисоботро барои Вазорати адлия, Агентии омор ва Раёсати асноди ҳолати шаҳрвандӣ таҳия ва коркард менамояд.
Ҷиҳати иҷрои супориши бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар Форуми байналмилалии соҳибкории Душанбе – 2018 таҳти унвони «Рушди соҳибкорию сармоягузорӣ ва равандҳои муосири иқтисодӣ» баён гардид, вазорат аз 15 апрели соли 2019 дар ҷумҳурӣ, дар баробари ҳомилҳои коғазӣ, ҷорӣ намудани сабтҳои электронии асноди ҳолати шаҳрвандиро оғоз намудааст.
Низоми мутамаркази сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ бо дигар мақомот пайваста, таҷрибаи давлатҳои пешрафта буда, аз як тараф барои сода ва тариқи доимӣ (онлайн) кори мақомот дар самти дастрасӣ маълумот оид ба шаҳрванд аз лаҳзаи таваллуд то вафотро таъмин намуда, аз тарафи дигар, ташкили феҳристи ҳуҷҷатҳои сабт дастрасии аҳолӣ ва шаҳрвандонро барои ин маълумот вобаста аз дархостҳояшон осон менамояд.
Дар сурати расидан ба ҳадафҳои банақшагирифта (ба роҳ мондани сабтҳои электронии асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва ба шакли электронӣ гузаронидани тамоми бойгониҳои САҲШ) «Низоми иттилоотии Раёсати асноди ҳолати шаҳрвандӣ» пурра омодаи кор мешавад. Ин як қадам барои минбаъд ташкил намудани Феҳристи электронии аҳолии ҷумҳурӣ мебошад, зеро Феҳристи аҳолӣ дар аксар маврид аз махзани маълумоти сабтҳои асноди ҳолати шаҳрвандӣ маншаъ мегирад. Ва ин феҳрист ҳамчун яке аз шохаҳои инфрасохтори ҳукумати электронӣ шуда, асос барои феҳристҳои дигари соҳавии мақомот мешавад. Иқдоми мазкур саривақтӣ ва талаби замон буда, ба ҳадафҳои ҷумҳурӣ бобати ташкили Ҳукумати электронӣ ва истифодаи технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ дар идоракунии давлатӣ мувофиқ мебошад.
Бо дарназардошти гуфтаҳои боло, аз шумо – вакилони гиромӣ, хоҳиш менамоем, ки лоиҳаи қонуни пешниҳодшударо ҷонибдорӣ намоед.
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ» ба овоз монда шуда, қонун қабул гардид. Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шуд.
РАИС: — Ба баррасии масъала «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи барӯйхатгирии аҳолӣ» шурӯъ менамоем. Сухан аз рӯи ин масъала ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ Ғаффоров Абдуҳалим дода мешавад.
Абдуҳалим ҒАФФОРОВ:
- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи барӯйхатгирии аҳолӣ» бо мақсади батанзимдарории барӯйхатгирии аҳолӣ ва мутобиқ намудани меъёрҳои қонуни мазкур ба талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуҳалим Ғаффоров ва Миралӣ Достизода пешниҳод гардидааст.
Вобаста ба тағйироти пешниҳодгардида, ба панҷ моддаи қонуни амалкунанда (моддаҳои 2, 3, 4, 5, 6) тағйиру иловаҳо ворид карда шудааст, ки дорои хусусияти муайянкунанда ва мутобиқкунанда мебошанд. Инчунин, вобаста ба тағйироти пешниҳодгардида, ба моддаи 4 қисми 5 илова карда шуд, ки тибқи он «Барномаи барӯйхатгирии аҳолӣ ва усулҳои гузаронидани онро Комиссияи давлатии мусоидат ба барӯйхатгирии аҳолӣ тасдиқ мекунад».
Ҳамчунин, вобаста ба пуррагардонии варақаҳои барӯйхатгирии аҳолӣ ба моддаи 6 сархати панҷум бо мазмуни зерин илова карда шудааст: « – пайравӣ ба дин».
Лоиҳаи қонуни мазкур бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11 марти соли 2019 барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон супорида шуд.
Кумитаҳои Маҷлиси намояндагон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи барӯйхатгирии аҳолӣ»-ро мавриди омӯзиш қарор дода, онро ҷонибдорӣ намуда, ҷиҳати такмил 68 пешниҳод манзур карданд, ки аз онҳо 47 таклиф пурра ва 16 таклиф қисман қабул шуд.
Кумитаи масъул 18 июни соли 2019 бо иштироки муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайринисо Юсуфӣ, намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон дар ҷаласаи васеъ таклифу пешниҳодҳои ироагардидаро баррасӣ намуданд ва бо дарназардошти таклифу пешниҳодҳо, камбудиҳои техникии лоиҳаи қонуни мазкур бартараф шуд.
Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ, бо дарназардошти пешниҳоди кумитаҳои Маҷлиси намояндагон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи барӯйхатгирии аҳолӣ»-ро ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуда, аз шумо – вакилони гиромӣ, хоҳиш менамояд, ки онро ҷонибдорӣ намоед.
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи барӯйхатгирии аҳолӣ» ба овоз монда шуда, қонун қабул гардид. Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шуд.
Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров баъди хатми ҷаласа ба гурӯҳе аз вакилони Маҷлиси намояндагон ва кормандони Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон мукофоту ҷоизаҳои Ассамблеяи байнипарламентии ИДМ-ро тақдим намуд. Аз ҷумла, ба муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуҷаббор Азизӣ ордени «Иттиҳод», ба муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Акрамшо Фелалиев ва вакили Маҷлиси намояндагон Олим Салимзода медали «Барои таҳкими Иттиҳоди байнипарламентӣ», ба вакилони Маҷлиси намояндагон Дилрабо Мансурӣ, Гулнора Бобоева, Гулбаҳор Назирӣ, Бахтовар Сафарзода, Хайрулло Сӯфиев, Ҳаёт Одинаев, Рустам Қудратов, Зайниддин Сафаров, Тоҳир Ҷобирзода, Толибхон Азимзода, Ориф Ҳакимов, Хайрулло Асозода, Муродулло Давлатзода, Равшан Раҷабзода, роҳбари Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон Мизроб Кабиров, муовини роҳбари Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон Сулҳиддин Нидоев ва мудири шуъбаи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон Камол Абдураҳимов Ифтихорномаи Ассамблеяи байнипарламентии ИДМ супорида шуд.
Самариддин АСОЕВ,
Абдумаҷид МУРОДОВ, «Садои мардум».
Суратгир Неъматулло АЛИЕВ