10 ноябри соли 2016 таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ҷаласаи навбатии Иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум баргузор гардид.
Дар бораи рӯзномаи ҷаласа бо дарбаргирии масъалаҳои зерин қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуд:
1. Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия интихоб намудани Шарифӣ Фирӯза Бурихонзода»
2. Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
3. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хусусигардонии моликияти давлатӣ»
4. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма»
5. Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кумакҳои унвонии иҷтимоӣ».
РАИС: — Ба муҳокимаи масъалаи аввал — Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия интихоб намудани Шарифӣ Фирӯза Бурихонзода» шурӯъ менамоем.
Бо қарори Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 ноябри соли 2016 мандати вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ мувофиқи рӯйхати дахлдори Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон ба Шарифӣ Фирӯза Бурихонзода дода шуд. Ҳамчунин, Шарифӣ Фирӯза Бурихонзода вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта, ваколаташ тасдиқ шудааст.
Шарифӣ Фирӯза Бурихонзода дорои маълумоти олӣ буда, аз ҷумла дар вазифаҳои сардори Раёсати кор бо ҷавонони вилояти Хатлон, раиси бахши Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар вилояти Хатлон, муовини раиси Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон, мудири шуъбаи кор бо занони Дастгоҳи Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон фаъолият кардааст.
Дар бораи тасдиқи масъалаи мазкур Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуд.
Сипас, мутобиқи «Тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва талаботи моддаи 31 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарифӣ Фирӯза Бурихонзода ва Мансурӣ Дилрабо Сайдулло ба халқи Тоҷикистон савганд ёд карданд.
РАИС: - Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» сухан ба сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуфатоҳи Ғоиб дода мешавад.
Абдуфатоҳи ҒОИБ: - Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ!
Хадамоти гумрук мақомоти давлатии ҳифзи ҳуқуқ буда, ҳимояи истиқлолият, амнияти иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, риояи ҳуқуқ ва уҳдадориҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро ҳангоми интиқол додани мол ва воситаҳои нақлиёт аз сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин менамояд.
Мутобиқи муқаррароти Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон мубориза бар зидди қочоқ ва дигар ҷинояткориҳо, ошкор ва пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ дар соҳаи фаъолияти гумрукӣ, пешгирии интиқоли ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо, яроқу лавозимоти ҷангӣ, моддаҳои тарканда, арзишҳои фарҳангӣ, маводи радиоактивӣ, намудҳои ҳайвоноту наботот ва дигар молҳо тавассути сарҳади гумрукӣ яке аз вазифаҳои асосии мақомоти гумрук ба шумор меравад.
Дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ аз ҷониби Хадамоти гумрук лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҳия шуд, ки тибқи он санксияҳои моддаҳои боби 32-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон (ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ дар соҳаи қонунгузории гумрук) тағйир дода шуд. Он тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14-уми майи соли 2016, №1310 қабул шуд ва аз 20-уми майи соли ҷорӣ мавриди амал қарор гирифта, боиси нигаронии соҳибкорон ва такрорёбии ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ дар соҳаи фаъолияти гумрук гардид.
Қабл аз ворид намудани тағйиру иловаҳои мазкур меъёри ҷарима барои шахсони воқеӣ, шахсони мансабдор ва шахсони ҳуқуқӣ ягона буд, ки зарурати ҷудо намудани онҳоро ба миён овард. Дар натиҷа, нисбат ба шахсони воқеӣ ва шахсони мансабдор ҷарима дар ҳаҷми «аз нисф то яккарата» ворид карда шуд.
Вале пас аз қабули тағйиру иловаҳо, оғоз ва баррасии парвандаҳои маъмурӣ маълум гардид, ки қисми зиёди ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ тибқи моддаҳои 577, 578 ва 597-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шахсони воқеӣ рост меояд. Яъне, муқаррароти мазкур барои такрорёбии ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ аз ҷониби шахсони воқеӣ заминаи мусоид гузошт.
Дар як моҳи фаъолияти гурӯҳи кории мақомоти прокуратура ва гумрук дар натиҷаи гузаронидани рейдҳо 201 ҳолати қочоқи молу воситаҳои нақлиёт ба маблағи умумии зиёда аз 4 миллиону 330 ҳазор сомонӣ ошкор карда шудааст. Нисбати 175 нафар шахси воқеӣ парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва 5 парвандаи ҷиноятӣ бо аломатҳои ҷиноятӣ дар моддаи 289-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишуда оғоз гардид. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ дар соҳаи гумрук аз ҷониби шахсони воқеӣ афзоиш ёфта, вазъи бавуҷудомада ба Буҷети ҷумҳурӣ зарар меорад.
Ин ҳолат мақомоти гумрукро водор сохт, ки ба қисме аз моддаҳои Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиру иловаҳо таҳия ва пешниҳод намояд.
Бинобар ин, Хадамоти гумрук лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро дар иртибот ба талаботи қонунгузорӣ ва муроҷиатҳои соҳибкорон, аз ҷумла натиҷаи вохӯриҳо бо онҳо, таҳия намуда, бо Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқа намуд.
Мақсад аз таҳияи лоиҳаи қонуни мазкур, пеш аз ҳама, пешгирии кочоқи молу маҳсулот, таҳким бахшидан ба рақобати солим дар бозор, баланд намудани иқтидори истеҳсолоти ватанӣ, пешгирии муфлисшавии истеҳсолкунандагони ватанӣ, мувофиқ намудани ҷазо ба ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ дар соҳаи фаъолияти гумрук, инчунин, зиёд намудани воридоти маблағҳо ба Буҷети давлатӣ аз ҳисоби ҷаримаҳо ба ҳисоб меравад.
Аслан тағйиру иловаҳои таҳиягардида ба санксияи моддаҳои 577, 578 ва 597-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудаанд, ки аз ду қисмат иборат мебошанд.
Дар моддаҳои номбурда зиёдшавии ҳадди ниҳоии ҷаримаҳо дар назар аст. Барои мисол, дар моддаи 577-и Кодекс калимаҳои «аз нисф то яккарата» мутаносибан ба калимаҳои «аз нисф то дукарата» иваз карда мешаванд.
Тағйироти мазкур бо мақсади пешгирии такрорёбии ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дар соҳаи фаъолияти гумрук ва татбиқи ҷазои сазовор барои кирдор пешниҳод мегардад.
Дигар қисмати тағйиру иловаҳо ба мусодираи молу воситаи нақлиёти махсуси муҷаҳҳазшуда, ки ашё ва олоти ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ мебошанд, тааллуқ дорад.
Таҷрибаи судӣ нишон медиҳад, ки дар аксар қарорҳои судӣ оид ба парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ пеши роҳи қочоқи ғайриқонунии молу маҳсулотро нагирифта, баръакс дар баъзе мавридҳо ба ҳолатҳои қочоқ бо қарорҳои судӣ тобиши қонунӣ дода мешавад ва молу маҳсулоти ба ҳабс гирифташуда баъди супоридани пардохтҳои гумрукӣ ба қочоқчиён бозпас гардонида мешавад.
Барои мисол, аз тарафи мақомоти гумруки вилояти Суғд 210 ҳолати қочоқи молу маҳсулот ба маблағи зиёда аз 3,3 миллион сомонӣ ошкор шудааст. Аз парвандаҳои баррасинамуда судҳо танҳо дар 13 ҳолат ба маблағи зиёда аз 29 ҳазор сомонӣ дар баробари таъини ҷарима молу маҳсулоти ба таври қочоқ воридшударо мусодира намудаанду халос. Дар дигар мавридҳо, баъди ба расмияти гумрукӣ даровардан, молу маҳсулот ба қочоқчиён бо қарорҳои судӣ бозпас гардонида шудаанд.
Мавриди зикр аст, ки дар қонунгузории дигар кишварҳо, аз ҷумла Федератсияи Россия, муқаррарот оид ба мусодираи молу воситаи нақлиёте, ки ашё ва олоти ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ мебошанд, мавҷуд аст, ки татбиқи амалии он натиҷаи мусбат ба бор овардааст.
Бояд гуфт, ки моддаи 36-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон мусодираи ашёеро, ки олоти содир намудани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ мебошад, ҳамчун яке аз намудҳои ҷазои маъмурӣ муқаррар намудааст.
Дар моддаи 45-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 238-и Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаи ҳуқуқӣ барои тағйироти мазкур ифода гардидааст.
Бо мақсади амалӣ намудани тағйироти аз ҷониби Хадамоти гумрук пешниҳодгардида, ба қисми 4-уми моддаи 45-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон илова пешбинӣ мешавад, ки дар ҳолати ба шахси сеюм тааллуқ доштани воситаи нақлиёти махсуси муҷаҳҳазшуда, ки олоти ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ мебошад, мақомоти судӣ ҳуқуқи мусодираи ин воситаи нақлиётро дорад.
Қобили қайд аст, ки тибқи моддаи 8-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи экспертизаи зиддикоррупсионии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» экспертизаи зиддикоррупсионии лоиҳаи мазкур гузаронида шудааст. Қабули он маблағгузории иловагиро аз Буҷети давлатӣ талаб намекунад, балки барои ғанӣ гардонидани он имкон хоҳад дод.
Бинобар ин, аз шумо, муҳтарам вакилони гиромӣ, эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро ҷонибдорӣ намоед.
РАИС: — Сухан аз рӯи ин масъала ба муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Қаландарзода Мавлуда Сатторӣ дода мешавад.
ҚАЛАНДАРЗОДА Мавлуда Сатторӣ: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!
Ду лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудаанд, мутобиқи талаботи Дастури Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муттаҳид карда шуданд.
Лоиҳа ворид намудани тағйиру иловаҳоро дар 7 моддаи Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дар назар дорад.
Якум, аз матни Кодекс, яъне аз матни моддаҳои 1 ва 8 хориҷ намудани калимаи «Сарқонун» дар назар дошта шудааст.
Дуюм, пешниҳод карда мешавад, ки ба қисми 4 моддаи 45 пас аз калимаҳои «шахси сеюм аст», калимаҳои «ба истиснои ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ дар соҳаи қонунгузории гумрук» илова карда шавад. Масъалаи мазкур ба мусодираи ашёе, ки олоти содиркунӣ ё объекти бевоситаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ гардидааст, алоқаманд мебошад.
Сеюм, дар лоиҳа дар таҳрири нав ифода намудани моддаи 367 пешниҳод шудааст. Ин модда ҷавобгарии маъмуриро барои риоя накардани қоидаҳои фурӯш, ба истифодаи муваққатӣ ё доимӣ додани воситаҳои радиоэлектронӣ ва дастгоҳҳои баландбасомад муқаррар кардааст.
Аз таҳлилҳо бармеояд, ки то ҳол дар амалия барои чунин кирдор парванда оғоз нашудааст. Дар лоиҳа пешниҳод шудааст, ки моддаи мазкур дар таҳрири зерин: «Ворид намудан, тайёр, паҳн ва истифода кардани таҷҳизот ва барномаҳое, ки барои дигар кардани маълумоти идентификатории воситаҳои мобилии алоқаи барқӣ истифода мешаванд, ва (ё) истифода намудани воситаҳои алоқаи барқие, ки маълумоти идентификатиашон дигар карда шудааст», номида шуда, барои ин кирдор муҷозоти маъмурӣ муқаррар карда мешавад. Ворид намудани меъёри нав ба иловае, ки ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи алоқаи барқӣ» ворид карда шудааст», алоқаманд мебошад.
Ҳадафи ин қисмати лоиҳа пешгирӣ кардани воридот, хариду фурӯш ва истифодабарии телефонҳои пастсифатро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин менамояд. Фароҳам овардани замина барои ҷорӣ намудани бақайдгирии идентификаторҳои воситаҳои мобилии алоқаи барқӣ бобати ташкили махзани маълумоти системаи давлатии муайянсозии воситаҳои мобилии алоқаи барқӣ ва ошкор кардани қонуншиканиҳо ва ҷинояткорон мусоидат менамояд.
Чорум, тағйиру иловаҳои манзургардида соҳаи фаъолияти гумрукро аз рӯи моддаи 577 (интиқоли ғайриқонунии мол ё воситаи нақлиёт аз сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон), қисмҳои 1 ва 2 моддаи 578 (пешниҳод накардани эъломия (декларатсия) ё нодуруст пешниҳод кардани эъломияи мол ва ё воситаи нақлиёт) ва моддаи 597 (харидани мол ё воситаи нақлиёте, ки ба қаламрави гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон бидуни риоя кардани қоидаҳои гумрукӣ ворид карда шудаанд) Кодекси мазкур дар бар гирифта, тибқи он андозаи ҷарима барои шахсони воқеӣ, шахсони мансабдор ва шахсони ҳуқуқӣ пурзӯр карда шуда (мувофиқан аз нисф то дукарата ва аз ду то секарата) ва инчунин муайян намудани ҷазои иловагӣ дар намуди мусодираи ашёи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ пешниҳод карда шудааст.
Мақсад аз таҳияи лоиҳа, пеш аз ҳама, пешгирии қочоқи молу маҳсулот аз сарҳади давлатӣ, таҳким бахшидан ба рақобати солим дар бозор, баланд бардоштани иқтидори истеҳсолии ватанӣ, мусоидат барои дастгирии истеҳсолкунандагони дохилӣ маҳсуб меёбад.
Лоиҳаҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо қарорҳои Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №839 аз 31 августи соли 2016 ва №909 аз 17 октябри соли 2016 барои хулоса ба Кумита оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои додани хулосаи экспертизаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуд.
Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро ҷонибдорӣ намуда, ҷиҳати такмил ёфтани он 19 таклифу пешниҳод манзур карданд, ки аз онҳо 18-то пурра, қисман қабул ва 1- то дастгирӣ наёфт.
Кумитаи масъул 2 ноябри соли 2016 бо иштироки намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи васеъ, бо назардошти таклифу пешниҳодҳо, лоиҳаи қонуни мазкур такмил дода шуд. Дар натиҷа, қисми 2 лоиҳа марбут ба моддаи 577 дар таҳрири нав ифода шуда, сархатҳои якуму дуюми қисми 3 лоиҳа дар як сархат муттаҳид карда шуданд. Ҳамзамон, моддаи 367 аз нав таҳрир гардид.
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои дигари қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надоранд ва дар амал татбиқ намудани меъёрҳои номбаршуда аз Буҷети давлатӣ маблағгузории иловагиро талаб намекунад.
Аз ин лиҳоз, аз шумо, вакилони гиромӣ, эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намоед.
РАИС: - Доир ба ин масъала савол доред? Марҳамат.
Муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Акрамшо ФЕЛАЛИЕВ:
- Шумо дар баромадатон зикр намудед, ки ба қочоқчиёни дастгиршуда дар баъзе ҳолатҳо баъди баррасӣ дар суд моли онҳо боз баргардонида мешавад. Сабаб дар чист?
Абдуфаттоҳи ҒОИБ: - Мувофиқи қонуни амалкунанда нафаре, ки бо қочоқи мол ба даст меафтад, ҷарима шуда, он амвол ҳамчун далели шайъӣ гирифта, ба соҳибаш бозпас гардонида мешавад. Ворид кардани тағйиру иловаҳо низ ба ҳамин хотир аст, ки барои такрор шудани ҳуқуқвайронкунӣ шароит фароҳам нагардад.
Ҷаббор АХМЕДОВ: - Дар баъзе мамлакатҳо системаи ягонаи шабонарӯзии мустақими назорат ҷорӣ карда шудааст. Оё дар Ҷумҳурии Тоҷикистон имкони ташкили чунин системаи назорат вуҷуд дорад? Зеро он яке аз воситаи ғанӣ гардонидани Буҷети давлатӣ мегардад.
Абдуфаттоҳи ҒОИБ: - Дар он роҳҳое, ки тавассути сарҳади давлатӣ мегузаранд, дидбонгоҳҳои гумрукӣ шабонарӯзӣ фаъолият доранд. Қочоқчиён на аз ин тариқ, балки ба воситаи пайраҳа ва роҳҳои кӯҳӣ моли худро ворид мекунанд.
Мирзоанвар АХМЕДОВ: - Барои қасдан кам нишон додани нархи мол кадом чораҳои маъмурӣ андешида мешавад?
Қаландарзода Мавлуда Сатторӣ: - Дар сурати ҳангоми баррасӣ дар суд муқаррар шавад, ки арзиши мол нодуруст нишон дода шудааст, бо таъин намудани экспертизаи молшиносӣ нархи ашё муайян гардонида мешавад. Вобаста ба он аз арзиши мол ҷарима баста мешавад.
Лоиҳаи қонун ба овоз монда шуда, қонун қабул шуд. Вобаста ба қабули он Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид.
РАИС: - Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хусусигардонии моликияти давлатӣ» сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин Исмоилзода Зуфар Муртазохон дода мешавад.
Исмоилзода Зуфар Муртазохон: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хусусигардонии моликияти давлатӣ» мутобиқ ба талаботи моддаи 58 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 12 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ таҳия гардидааст.
Мақсад аз ворид намудани тағйиру иловаҳо мутобиқгардонии қонуни зикргардида ба талаботи дигар қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» ва «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» буда, барои бартараф сохтани номутобиқатии дохилии меъёрҳои ҷойдошта пешниҳод шудааст.
Инчунин, тағйиру иловаҳо бо сабаби зарурияти истифодаи истилоҳу ибораҳо бо назардошти услуби ягона, техникаи ҳуқуқэҷодкунӣ ва мантиқи ҳуқуқӣ, мушаххасу саҳеҳ гардонидани меъёрҳо таҳия гардиданд.
Лоиҳаи қонуни мазкур бо 12 қисми моддаи 1 ба қонуни амалкунанда тағйиру иловаҳоеро пешниҳод намудааст, ки хусусияти муайянкунанда, танзимкунанда ва мутобиқкунандаро доранд. Чунончӣ, бо тағйирот ба моддаи 1 муайян карда шуд, ки минбаъд қонуни амалкунанда муносибатҳоро на «муқаррар», балки «танзим» менамояд. Моддаҳои 2 ва 3 қонуни амалкунанда бо назардошти талаботи техникаи ҳуқуқэҷодкунӣ, мантиқи ҳуқуқӣ ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» дар таҳрири нав ифода карда шудаанд. Ба моддаҳои 5 ва 7 илова дар шакли «шаҳри Душанбе» бо назардошти талаботи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тартиби ҳалли масъалаҳои сохти марзиву маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ворид карда шуда, моддаи 6 бо ворид намудани сархати нав бобати ташаккули сиёсати давлатӣ дар соҳаи хусусигардонӣ ва иваз намудани баъзе калимаҳо такмил гардидааст.
Қисми якуми моддаи 9 бо иваз намудани калимаҳои «моликияти махсуси» ба калимаҳои «моликияти истисноии» ба талаботи Конститутсия (моддаи 13) ва моддаҳои 10, 13, 14, 142 қонуни амалкунанда бо иваз намудани баъзе калимаву ибораҳо ба талаботи Кодекси гражданӣ, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷамъиятҳои саҳомӣ» ва «Дар бораи бозори қоғазҳои қиматнок» мутобиқ карда шуданд.
Лоиҳаи қонуни мазкур ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надошта, аз Буҷети давлатӣ маблағгузориро талаб наменамояд. Аз шумо, вакилони гиромӣ, эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки барои қабули он овоз диҳед.
РАИС: - Сухан аз рӯи ин масъала ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия Акрамзода Баҳодур Исмоил дода мешавад.
АКРАМЗОДА Баҳодур Исмоил: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хусусигардонии моликияти давлатӣ» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаббори Ғаффор ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зуфар Исмоилзода барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагон пешниҳод шудааст.
Лоиҳаи қонунро кумитаҳо ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон ҷонибдорӣ карда, баҳри такмили он 22 таклиф пешниҳод намуданд, ки 19-то қабул, 2- то қисман ва 1-то қабул нашуд. Таклифҳои қабулгардида дар мувофиқа бо субъекти ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ ба лоиҳаи қонун ворид карда шуданд.
Дар Шӯрои Маҷлиси намояндагон аз ҷониби Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Шукурҷон Зуҳуров якчанд таклиф ба лоиҳаи қонуни мазкур пешниҳод гардида буд, ки онҳо қобили қабул дониста шуданд.
Лоиҳаи қонуни мазкур ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надорад. Аз ин лиҳоз, аз шумо, вакилони муҳтарам, хоҳиш менамоям, ки онро ҷонибдорӣ намоед.
Дар муҳокимаи ин масъала вакилон Абдуҳалим Ғаффоров, Ҷаббор Ахмедов, Усмонзода Саидҷаъфар иштирок намуданд.
Лоиҳаи қонун ба овоз монда шуда, қонун қабул шуд. Вобаста ба қабули он Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид.
Раис: — Дар бораи масъалаи навбатӣ — Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма», ки дар ҷаласаи қаблӣ барои такмил додан ба кумитаи масъул бозпас гардонида шуд, раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Салимзода Олим баромад намуда, тағйиру иловаҳои ба лоиҳаи қонун воридшударо шарҳ дод.
Лоиҳаи қонун ба овоз монда шуда, қонун қабул шуд. Вобаста ба қабули он Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид.
РАИС: - Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кумакҳои унвонии иҷтимоӣ» сухан ба муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ Раҷабов Равшан Муҳитдинович дода мешавад.
Равшан Раҷабов : — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кумакҳои унвонии иҷтимоӣ» мутобиқ ба талаботи моддаи 58 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 12 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Х. Юсуфӣ, Ҳ. Қурбонзода, М. Қаландарзода, Г. Ашурова ва Т. Ҷобирзода пешниҳод шудааст.
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кумакҳои унвонии иҷтимоӣ» бо мақсади татбиқи амалии дастур ва нишондодҳое, ки аз Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2013 ва дар ин замина фароҳам овардани санадҳои қонунгузорӣ, таҳия ва ба тасвиб расонидани қонунҳои хусусияти иҷтимоидошта маҳсуб меёбад, пешниҳод мегардад. Дар марҳилаи муосир баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии шаҳрвандон ва таъмини шароити мусоиди зиндагӣ яке аз ҳадафҳои муҳими Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад.
Аз ин хотир, қабул гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кумакҳои унвонии иҷтимоӣ» қонунгузории мамлакатро дар масъалаи сиёсати иҷтимоии давлат таҳким бахшида, барои дастгирии оилаҳои ниёзманд ва камбизоат мусоидат хоҳад намуд.
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кумакҳои унвонии иҷтимоӣ» аз муқаддима, 6 боб ва 21 модда иборат буда, ҷанбаҳои муҳими кумакҳои унвонии иҷтимоиро дар бар мегирад.
Боби якум ба «Муқаррароти умумӣ» бахшида шуда, дар он мафҳумҳои асосӣ, қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи кумакҳои унвонии иҷтимоӣ, мақсад, принсипҳои асосии таъминоти кумакҳои унвонии иҷтимоӣ сарчашмаҳои маблағгузорӣ ва ҳуқуқ барои гирифтани кумакҳои унвонии иҷтимоӣ ба танзим дароварда шудаанд.
Боби дуюм ба ваколатҳои мақомоти ҳокимияти давлатӣ дар самти расонидани кумакҳои унвонии иҷтимоӣ бахшида шудааст.
Боби сеюм тартиби муроҷиат ва шаклҳои кумакҳои унвонии иҷтимоиро пешбинӣ менамояд.
Дар боби чорум тартиби таъин ва қатъ намудани кумакҳои унвонии иҷтимоӣ пешбинӣ шуда, дар он меъёрҳо оид ба таъин кардани кумакҳои унвонии иҷтимоӣ, намудҳои даромаде, ки ҳангоми муайян кардани даромади умумии оила ба ҳисоб гирифта мешаванд, давраҳои таъини кумакҳои унвонии иҷтимоӣ, азнавҳисобкунии андозаи кумаки пулӣ, асосҳои қатъ намудани кумакҳои унвонии иҷтимоӣ, ҳуқуқ ва уҳдадориҳои кормандони мақомоти ваколатдори давлатӣ ҷиҳати қабули қарор дар бораи расонидани кумакҳои унвонии иҷтимоӣ ва ҳуқуқу уҳдадориҳои шаҳрвандоне, ки барои кумакҳои унвонии иҷтимоӣ муроҷиат намудаанд, муқаррар гардидааст.
Боби панҷум ба феҳристи кумакҳои унвонии иҷтимоӣ бахшида шудааст.
Боби шашум аз «Муқаррароти хотимавӣ» иборат буда, дар он ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи қонуни мазкур ва тартиби мавриди амал қарор додани он пешбинӣ карда шудааст.
Лоиҳаи қонуни мазкур тибқи Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 июни соли 2016, №762 барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои додани хулосаи экспертизаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуд.
Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кумакҳои унвонии иҷтимоӣ»- ро мавриди омӯзиш қарор дода, онро ҷонибдорӣ намуда, ҷиҳати такмили он дар маҷмӯъ 98 таклифу пешниҳод манзур кардаанд, ки аз онҳо 41 таклиф қабул, 6 таклиф қисман ва 51 таклиф қабул нашуд.
Кумитаи масъул 20 октябри соли 2016 бо иштироки муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайринисо Юсуфӣ, намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи васеъ таклифу пешниҳодҳои ироагардидаро муҳокима намуда, бо дарназардошти таклифу пешниҳодҳо лоиҳаи қонуни мазкур такмил дода шуд.
31 октябри соли ҷорӣ дар ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Шукурҷон Зуҳуров якчанд таклифу пешниҳод доир ба лоиҳаи қонуни мазкур манзур гардид, ки дар мувофиқа бо субъектони ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ баррасӣ гардида сархатҳои сеюм ва панҷуми моддаи 1, сархатҳои якум, дуюм ва панҷуми моддаи 3, сархати чоруми моддаи 4, сархатҳои якум, сеюм ва панҷуми моддаи 7 ва қисми 3 моддаи 19 такмил дода шуд.
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кумакҳои унвонии иҷтимоӣ» ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надорад.
Қонуни мазкур дар доираи маблағҳои пешбининамудаи Буҷети давлатӣ ва сарчашмаҳои дигаре, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, амалӣ мегардад.Аз шумо, вакилони гиромӣ, эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки онро ҷонибдорӣ кунед.
РАИС: - Сухан аз рӯи ин масъала ба муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Умарзода Саида Ғайрат дода мешавад.
УМАРЗОДА Саида Ғайрат: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон!
Дар марҳилаи муосир баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум ва таъмини шароити мусоиди зиндагӣ яке аз ҳадафҳои муҳими сиёсати иҷтимоии давлат ба ҳисоб меравад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли ҷорӣ дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаҳои дастгирии иҷтимоии оилаҳои камбизоат махсус ишора намуда, аз ҷумла зикр доштанд, ки ҷиҳати мунтазам беҳтар намудани зиндагии гурӯҳҳои осебпазиру ниёзманди ҷомеа шароити боз ҳам хубтар фароҳам оварда шавад.
Ҷиҳати дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Президенти кишвар оид ба дастгири иҷтимоии оилаҳои камбизоат, пеш аз ҳама, зарурати таҳия ва қабул намудани асосҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаро тақозо менамояд. Аз ин рӯ, таҳия ва мавриди амал қарор додани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кумакҳои унвонии иҷтимоӣ» дарвоқеъ саривақтӣ ва хеле муҳим арзёбӣ мешавад.
Қабул гардидани қонуни мазкур барои минбаъд густариш додани низоми кумакҳои унвонии иҷтимоӣ ва ба танзим даровардани механизми муайянкунии камбизоатии оилаҳо ва дастрас намудани кумакҳои моддию пулӣ ба эҳтиёҷмандон аҳамияти муҳим дошта, барои рушди соҳа мусоидат хоҳад кард.
Аз тарафи дигар масъалаи аз нав баррасӣ гардидани лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кумакҳои унвонии иҷтимоӣ» бо пешниҳоди Бонки ҷаҳонӣ дар доираи иҷрои бандҳои Матритсаи барномаи маблағгузории сиёсати рушд, ки аз ҷониби бонки мазкур маблағгузорӣ мегардад, ҳамрадиф мебошад.
Қайд кардан зарур аст, ки Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 июли соли 2014, № 437 «Дар бораи идома ва ҷорӣ намудани механизми таҷрибавии кумаки унвонии иҷтимоӣ ба оилаҳо ва шаҳрвандони камбизоат» дар айни замон кумакҳои унвонии иҷтимоӣ дар шакли пардохт намудани кумаки пулӣ ба таври таҷрибавӣ дар 25 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ амалӣ гардида, зиёда аз 97 000 оила ва шаҳрвандони камбизоат аз он бархӯрдор гардида, андозаи кумакпулии унвонии иҷтимоӣ 400 сомониро дар як сол ба як хонавода ташкил менамояд, ки ҳар семоҳа пардохт карда мешавад.
Механизми таҷрибавии таъин ва пардохти кумакпулии номбурда ба оилаҳо ва шаҳрвандони камбизоат тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 октябри соли 2016, № 416 «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 июли соли 2014, № 437 боз дар 15 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ идома ёфта, дар маҷмӯъ 40 шаҳру ноҳияро дар бар хоҳад гирифт.
Низоми мазкур бар ивази ду механизми қаблӣ: кумакпулӣ барои мактаббачаҳо аз оилаҳои камбизоат ва ҷубронпулӣ барои истифодаи қувваи барқ ва гази табиӣ ҷорӣ гардида, кумакпулиҳои иҷтимоии мазкур тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 майи соли 2007 таҳти №244 «Дар бораи пардохти кумакпулӣ ба оилаҳои камбизоат, ки кӯдаконашон дар мактабҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳсил менамоянд» ва Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 августи соли 2008 таҳти № 379 «Дар бораи тақвияти кумакрасонии иҷтимоӣ ба оилаҳо ва шаҳрвандони камбизоат» таъин ва пардохт карда мешаванд.
Механизми мазкур бо мусоидати молиявӣ ва техникаи Лоиҳаи «Мустаҳкам намудани системаи ҳифзи иҷтимоӣ»-и назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ гардида истодааст. Лоиҳа дар асоси Созишномаи молиявии байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд ҷиҳати таҳия ва таъсиси Феҳристи иттилоотии ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон бо мақсади ташкилдиҳӣ ва идоракунии махзани ягонаи маълумотҳо оид ба гурӯҳҳои эҳтиёҷманд, таҳияи дурнамои чорабиниҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ва таҳкими заминаи моддию техникии шаҳру ноҳияҳои таҷрибавӣ, барои татбиқ ва густариш додани низоми нави таъин ва пардохти кумаки унвонии иҷтимоӣ ба оилаҳо ва шаҳрвандони камбизоат татбиқ шуда истодааст.
Бо дастгирии лоиҳаи мазкур шаҳру ноҳияҳои таҷрибавӣ дар маҷмӯъ бо 120 баст таҷҳизоти компютерӣ, дастгоҳи чопкунанда ва мебели корӣ таъмин карда шудаанд. Инчунин, ҷиҳати таҳкими неруи кории ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва бахшҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолии шаҳру ноҳияҳои таҷрибавӣ 108 баст мебели корӣ, 197 адад таҷҳизоти нусхабардорӣ, 370 адад ҷузвдон барои нигоҳдории ҳуҷҷатҳои кумаки унвонии иҷтимоӣ харидорӣ ва ба минтақаҳо дастрас карда шудаанд.
Қабул гардидани лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кумакҳои унвонии иҷтимоӣ» барои ба танзим даровардани фаъолияти мақомоти иҷроияи маҳаллии давлатӣ ва дигар мақомоти ваколатдори ҳокимияти давлатӣ ҷиҳати беҳбудии зисту зиндагонии мардум мусоидат хоҳад кард.
РАИС: — Вобаста ба ин масъала кӣ савол дорад? Марҳамат.
Назирӣ Гулбаҳор: — Доир ба ин масъала ду савол дорам. Аввал, назорат дар соҳаи расонидани кумакҳои унвонии иҷтимоӣ аз тарафи мақомоти давлатӣ чӣ гуна сурат мегирад? Сониян, масъалаи гузаронидани кӯдакони маъюб аз кӯдакистони шаҳри Хуҷанд ба хонаи маъюбони аз 6 — сола боло кай ҳалли худро меёбад?
Сардори Раёсати ҳифзи иҷтимоии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қудратулло Қурбонов:
- Айни замон дар ноҳияҳои таҷрибавии кумакҳои унвонии иҷтимоӣ феҳристи бақайдгирӣ ҷорӣ шудааст ва он пурра аз ҷониби мақоми ваколатдор, яъне, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти назорат қарор дорад. Ҳоло дар ин феҳрист зиёда аз 60 ҳазор оилаҳои камбизоат ба қайд гирифта, нигоҳ дошта мешавад.Тавре вакил савол доданд, шумораи кӯдакони маъюб ба рӯйхат гирифта шудаанд. Воқеан, дар ягона муассисаи интернатии Деҳмой, ки дар вилояти Суғд воқеъ аст, барои кӯдакони аз 6 — сола боло ҷой нест. То охири соли ҷорӣ ин масъала то ҳадди имкон ҳалли худро меёбад.
РАИС: — Аз таҳлилу бақайдгирии оилаҳои камбизоат ба чӣ натиҷагирӣ расидед?
Қудратулло ҚУРБОНОВ: - Дар натиҷаи ҷорӣ намудани механизми нави таъин ва пардохт ҳоло фарогирии оилаҳои камбизоат то 15 фоиз поён рафтааст.
Абдуҳалим ҒАФФОРОВ: - Индикатори меъёри сатҳи камбизоатӣ чӣ тавр муайян карда мешавад ва то чӣ андоза он шаффоф мегузарад. Баъдан, дар таҳияи лоиҳаи қонуни мазкур аз таҷрибаи кадом давлатҳо истифода бурда шуд?
Муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайринисо Юсуфӣ: - Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ бо ҷалби мушовирони байналмилалӣ дар чанд шаҳру ноҳия тадқиқот гузаронданд. Дар натиҷа, як механизми арзёбии ғайримустақими эҳтиёҷмандиро муайян сохтанд.
Ин барои муқаррар намудан ва баҳогузории маҷмӯи индикаторҳое, ки муайянкунандаи вазъи некуаҳволӣ ҳастанд, хеле муҳиманд.
Сатҳи камбизоатӣ бо ҳамин усули арзёбии ғайримустақими эҳтиёҷмандӣ дар асоси баҳогузорӣ ба индикаторҳои молу мулкӣ, демографӣ, бесаробонӣ, теъдоди фарзандони ноболиғ ва ғайра муайян мешавад.
Дар таҳияи лоиҳаи қонун аз таҷрибаи давлатҳои Федератсияи Россия, Арманистон, Қирғизистон, Қазоқистон. Молдова, Бразилия, Тайланд, Туркия ва ғайра истифода бурда шуд.
РАИС: — Аз рӯи ин масъала кӣ хоҳиши баромад кардан дорад? Марҳамат.
Ҷаббор АХМЕДОВ: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони мардумӣ ва ҳозирини гиромӣ!
Бори аввал тариқи қонун муносибатҳои ҷамъиятӣ вобаста ба амалӣ намудани расмиёти расонидани кумакҳои унвонии иҷтимоӣ танзим карда мешаванд. Гарчанде ки тӯли солҳои охир сатҳи камбизоатӣ дар Тоҷикистон се баробар коҳиш ёфта (83 фоиз) ҳоло то 31 фоиз (дар соли 2015) паст шуда бошад ҳам, миқдори муайяни муҳтоҷон мавҷуданд ва мо бояд масъалаи муҳимро аз лиҳози ҳуқуқӣ мушаххас, аниқ ва фаҳмо гардонем.
Қонуни мазкур барои ҳал кардани ин норосоиҳо қадами аввал ба ҳисоб меравад. Вобаста ба амалӣ намудани қонуни мазкур, мехостам диққати мақоми ваколатдори давлатиро дар ин самт ба чанд масъала ҷалб намоям:
Пеш аз ҳама, мутобиқи моддаи 13 лоиҳаи қонун номгӯи индикаторҳое, ки ҳангоми муайян намудани сатҳи некуаҳволии шаҳрвандони камбизоат ба ҳисоб гирифта мешаванд, муқаррар карда шудаанд. Гарчанде ки мақоми ваколатдор салоҳияти муайян намудани дигар индикаторҳоро дорад, вале набояд аз он ба хотири манфиати идоравӣ суиистифода кунад.
Ҳамчунин, ба масъалаи таъсиси Феҳристи кӯмакҳои унвонии иҷтимоӣ хеле ҷиддӣ муносибат карданро талаб менамояд. Баъзе оилаҳо, гарчанде ки муҳтоҷанд, намехоҳанд вазъи сатҳи зиндагии онҳо мавриди нигаронии омма гардад.
Мақоми ваколатдори давлатӣ шакли ариза ва дигар ҳуҷҷатҳои заруриро барои гирифтани кумак муқаррар менамояд ва ин расмиётро мо бояд чунон сода ва фаҳмо ҷорӣ кунем, ки аз он шаҳрвандони муҳтоҷ имкони истифода бурданро дошта бошанд. Лоиҳаи қонуни мазкурро дастгирӣ менамоям ва аз шумо эҳтиромона хоҳиш дорам, ки онро ҷонибдоӣ кунед.
Насиба СОДИҚОВА: - Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ !
Қонуни мавриди баррасӣ қарордошта барои баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии аҳолӣ ва таъмини шароити мусоиди зиндагӣ мусоидат хоҳад кард. Он мувофиқи дастур ва нишондодҳои Пешвои миллат таҳия ва пешниҳод шуда, барои амалӣ шудани яке аз ҳадафҳои муҳими Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти иҷтимоӣ заминаи хуб мебошад.
Дар лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кумакҳои унвонии иҷтимоӣ» дар заминаи ҳуқуқӣ ваколатҳои мақомоти ҳокимияти давлатӣ дар соҳаи расонидани кумакҳои унвонии иҷтимоӣ, тартиби таъин, қатъ намудан ва феҳристи чунин кумакҳо ҳуқуқ ва уҳдадориҳои кормандони мақомоти ваколатдори давлатӣ ҷиҳати қабули қарор дар бораи расонидани кумакҳои унвонии иҷтимоӣ ва ҳуқуқу уҳдадориҳои шаҳрвандоне, ки барои чунин кумакҳо муроҷиат намудаанд, пешбинӣ шудааст. Бо назардошти ин аз вакилон эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кумакҳои унвонии иҷтимоӣ»-ро дастгирӣ намоянд.
Лоиҳаи қонун модда ба модда ва боб ба боб ба овоз монда шуда, қабул шуд. Вобаста ба қабули он Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид.
Ҷаласаро Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ҷамъбаст намуд.
Самариддин АСОЕВ, Аъзам МӮСОЕВ, «Садои мардум». Суратгир Аҳлиддин ИСОЕВ