Сенздаҳуми ноябри соли 2019 таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ҷаласаи Иҷлосияи шашуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум баргузор шуд.
РАИС: — Вакилони муҳтарам! Хоҳиш мекунам аз қайд гузаред. Ҳоло дар толор 59 нафар вакил ҳузур доранд.
Мутобиқи моддаи 34-уми Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷаласаро кушода эълон менамоям.
Дар бораи рӯзнома бо фарогирии масъалаҳои зерин Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид:
1. Дар бораи Созишномаи иловагӣ ба Созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Авесто Гурӯҳ» ва Ширкати «Ulasim Ic Ve Dis Ticaret Anonim Sirketi»-и Ҷумҳурии Туркия оид ба сохтмони корхонаи истеҳсоли нақлиёти ҷамъиятии мусофирбару боркаш ва таъсиси Маркази хизматрасонии техникӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
2. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси шаҳрсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
3. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бехатарии иншооти истеҳсолии хатарнок»
4. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттифоқҳои касаба»
5. Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ассотсиатсияи истифодабарандагони об»
6. Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ниҳолпарварӣ»
7. Дар бораи лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ»
8. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии вакили Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия»
9. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ».
РАИС: — Ба баррасии масъалаҳо шурӯъ менамоем. Дар бораи Созишномаи иловагӣ ба Созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Авесто Гурӯҳ» ва Ширкати «Ulasim Ic Ve Dis Ticaret Anonim Sirketi»- и Ҷумҳурии Туркия оид ба сохтмони корхонаи истеҳсоли нақлиёти ҷамъиятии мусофирбару боркаш ва таъсиси Маркази хизматрасонии техникӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сухан ба муовини якуми раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шерализода Шараф Аҳмад дода мешавад.
ШЕРАЛИЗОДА Шараф Аҳмад:
- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ, ҳозирини арҷманд!
Дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 9 августи соли 2018 «Созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Авесто Гурӯҳ» ва Ширкати «Ulasim Ic Ve Dis Ticaret Anonim Sirketi»-и Ҷумҳурии Туркия оид ба сохтмони корхонаи истеҳсоли нақлиёти мусофирбари ҷамъиятию боркаш ва таъсиси Маркази хизматрасонии техникӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба имзо расид. Корхонаи истеҳсоли нақлиёти мусофирбари ҷамъиятию боркаш ва Маркази хизматрасонии техникӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар зарфи як сол бунёд гардида, моҳи марти соли 2019 бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истифода дода шуд. Сохтмон дар асоси дастуру супоришҳои Сарвари давлат аз ҷониби Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Акиа Авесто Автоматив Индастри» бо сармоягузории 20 млн. доллари амрикоӣ ба анҷом расид.
Ҷамъият ҳамчун ширкати муштарак, аз ҷониби ширкати ватании ҶДММ «Авесто Гурӯҳ» ва ширкати туркии «Ulasim Ic Ve Dis Ticaret Anonim Sirketi» таъсис шуда, баҳри расидан ба ҳадафи чоруми миллӣ дар самти саноатикунонии босуръати кишвар фаъолиятро роҳандозӣ менамояд. Зимни татбиқи лоиҳа зарурати мушаххас намудани мафҳуми сармоягузорӣ, инчунин, сабук намудани сарбории молиявии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба миён омад. Айни замон тақрибан 90 фоизи қисмҳои эҳтиётии автобусҳои дар дохили ҷумҳурӣ истеҳсолшаванда аз хориҷи кишвар ворид мегардад. Дар 10 моҳи соли 2019 аз ҷониби корхона 72 автобуси 12-метра барои эҳтиёҷоти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе истеҳсол шудааст ва то охири соли ҷорӣ теъдоди он ба 100 адад расонида мешавад.
Дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар корхона 215 ҷойи корӣ таъсис дода шудааст, ки 213 нафараш мутахассисони маҳаллӣ ва ду нафар хориҷӣ мебошанд.
Ҳаҷми умумии андозҳои аз оғози татбиқи лоиҳа ба буҷети давлатӣ пардохтнамудаи то 1 ноябри соли 2019 4 миллиону 586 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Мутахассисони корхона барои баланд бардоштани малака ва омӯзиши таҷрибаи байналмилалӣ дар Ҷумҳурии Туркия аз омӯзиш гузаштаанд. Маҳз баланд бардоштани савияву малакаи мутахассисони маҳаллӣ барои сари вақт бандубаст намудан ва тибқи тартиби муқарраргардида супоридани автобусҳоро ба корхонаҳои коммуналии шаҳри Душанбе имконпазир гардонид. Ҳоло як сол аст, ки автобусҳои таҳвилёфта ва дар кишвар бандубастгардида дар хатсайрҳои пойтахт ба хизматрасонӣ машғуланд.
Автобусҳои бандубастшуда ва истеҳсолшаванда мутобиқ ба меъёрҳои стандарти байналмилалии «Евро 5» буда, бо муҳаррикҳои ширкати бонуфузи «Мерседес Бенз» ва «Zahnrad Fabrik» муҷаҳҳаз гардонида шудаанд. Инчунин, қисмҳои эҳтиётӣ ва васлу насбшаванда бо кафолати махсус ва сифати баланд аз ширкатҳои номдори аврупоӣ ва туркӣ харидорӣ мешаванд.
Тибқи нақша, дар назар аст, ки дар корхона марҳила ба марҳила панҷ намуди воситаи нақлиёти ҷамъиятии муофирбар истеҳсол карда шавад. Дар мадди аввал автобуси дохилишаҳрӣ бо дарозии 12 метр ва ғунҷоиши 98 нафар мусофир истеҳсол мегардад, ки он 26 ҷойи нишаст ва 72 ҷойи ғайринишаст дорад.
Аз ин рӯ, эҳтиромона хоҳиш менамоям лоиҳаи қарори мазкурро ҷонибдорӣ намоед.
РАИС: — Дар баррасии масъала директори иҷроияи ҶДММ «Авесто Гурӯҳ» Бурҳонзода Зафарҷон Шарифӣ иштирок доранд.
Муҳтарам Зафарҷон Шарифӣ, кор ҳоло чӣ гуна ҷараён дорад?
БУРҲОНЗОДА Зафарҷон Шарифӣ:
- Муҳтарам Раис, вакилони гиромӣ!
Корхонаи муштарак оид ба васлу насб ва истеҳсоли автобусҳо як сол аст, ки муназзам фаъолият менамояд. Дар он беш аз 200 нафар мутахассиси маҳаллӣ ба кор ҷалб шудаанд. Бояд зикр намуд, ки сатҳи касбияти мутахассисони корхона баланд гардида, онҳо аз уҳдаи кор мустақилона мебароянд.
Мо, тибқи нақша, истеҳсоли панҷ намуди нақлиёти мусофирбарро роҳандозӣ хоҳем кард. Ҳоло як намуди онро истеҳсол намуда, ба ихтиёри МИҲД шаҳри Душанбе гузоштем, ки дар пойтахт ба хизматрасонӣ машғуланд. Дар марҳилаи дуюм истеҳсоли автобусҳои дарозиашон 8,5 метр ба нақша гирифта шудааст, ки он моҳҳои декабри соли ҷорӣ ё январи соли 2020 оғоз меёбад.
Вобаста ба дастурҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корхона истеҳсоли микроавтобусҳоро низ роҳандозӣ менамояд. Ин масъала мавриди баррасӣ қарор дошта, ҳоло се намуди микроавтобус омода шуда, аз тариқи санҷиш дар яке аз хатсайрҳо ба кор шурӯъ менамояд. Баъди анҷоми муҳлати санҷишӣ мо ба хулоса меоем, ки кадоме аз онҳо барои хизматрасонӣ муносиб дониста мешавад. Баъд истеҳсоли оммавии он шурӯъ мешавад.
РАИС: — Сухан аз рӯи ин масъала ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба иқтисод ва молия Акрамзода Баҳодур Исмоил дода мешавад.
АКРАМЗОДА Баҳодур Исмоил:
- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!
Созишномаи иловагӣ ба Созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Авесто Гурӯҳ» ва Ширкати «Ulasim Ic Ve Dis Ticaret Anonim Sirketi»-и Ҷумҳурии Туркия оид ба сохтмони корхонаи истеҳсоли нақлиёти ҷамъиятии мусофирбару боркаш ва таъсиси Маркази хизматрасонии техникӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.
Он бо мақсади заминагузории ҳадафи нави стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти саноатикунонии кишвар ва амалигардонии «Барномаи давлатии мусоидат ба содирот ва воридотивазкунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016- 2020» таҳия гардида, иловаҳои зеринро дар бар мегирад:
- ба сархати бисти дуюми моддаи 1 пас аз калимаи «инчунин» калимаҳои Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Акиа Авесто Автоматив Индастри» ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Сити Сервис Лтд» илова карда мешаванд. Инчунин, ба ҷумлаи чоруми банди 9.1 моддаи 9 пас аз калимаҳои «андоз аз фоида» ба калимаҳои «ва андоз аз арзиши иловашуда ҳангоми таҳвили маҳсулот ба бозори дохилӣ» илова карда шаванд.
Созишномаи иловагии зикргардидаро кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон ҷонибдорӣ намуданд.
Аз шумо, вакилони муҳтарам, хоҳиш менамоям, ки онро ҷонибдорӣ намоед.
РАИС: — Оид ба ин масъала кӣ савол дорад? Сухан ба муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Акрамшо Фелалиев дода мешавад.
Акрамшо ФЕЛАЛИЕВ: — Аз маърӯза маълум гардид, ки беш аз 90 фоизи қисмҳои эҳтиётӣ барои истеҳсоли автобусҳо аз хориҷи кишвар ворид карда мешавад. Оё имкони дар дохили ҷумҳурӣ истеҳсол кардани миқдори бештари онҳо мавҷуд ҳаст?
БУРҲОНЗОДА Зафарҷон Шарифӣ: - Мақсади мо ҳам чунин аст. яъне, мусоидат ба барномаи давлатии истеҳсоли маҳсулоти ба содирот нигаронидашаванда ва воридотивазкунанда. Чуноне зикр шуд, ҳоло 10 фоизи қисмҳои эҳтиётии зарурӣ дар дохили ҷумҳурӣ истеҳсол мешаванд. Мо бо роҳбарияти Вазорати саноат ва технологияҳои нав дар ин бобат гуфтушунид дорем. Барои истеҳсоли автобус 500 намуди қисмҳои эҳтиётӣ заруранд ва ба корхонаҳои саноатӣ пешниҳод хоҳем кард, ки истеҳсоли як қисми онро дар дохили ҷумҳурӣ роҳандозӣ намоянд. Бовар дорем, ин иқдом давра ба давра амалӣ карда мешавад.
РАИС: — Сухан ба вакил Ғаффоров Абдуҳалим дода мешавад.
Абдуҳалим ҒАФФОРОВ: - Бигӯед, ки аз истеҳсоли автобусҳо ба буҷети давлатӣ чӣ қадар даромад ворид шуд?
БУРҲОНЗОДА Зафарҷон Шарифӣ: — Дар ҷумҳурӣ истеҳсол шудани автобусҳо, албатта, ба арзиши аслӣ таъсир мерасонад. Арзиши чунин автобусҳо дар Туркия ба 132 ҳазор евро, дар дохили ҷумҳурӣ бошад, ба 110 -115 ҳазор евро баробар аст. Яъне, ҳам арзиши он камтар асту ҳам боиси таъсис ёфтани ҷойҳои корӣ гардидааст.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Созишномаи иловагӣ ба Созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Авесто Гурӯҳ» ва Ширкати «Ulasim Ic Ve Dis Ticaret Anonim Sirketi»-и Ҷумҳурии Туркия оид ба сохтмони корхонаи истеҳсоли нақлиёти ҷамъиятии мусофирбару боркаш ва таъсиси Маркази хизматрасонии техникӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.
РАИС: - Ба баррасии масъала «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси шаҳрсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон» шурӯъ менамоем. Сухан аз рӯи ин масъала ба муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия Абдуалимов Баҳром Абдулазимович дода мешавад.
Баҳром АБДУАЛИМОВ:
- Муҳтарам Раис, раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси шаҳрсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мутобиқи моддаи 58 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 12 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷ. Ҷӯразода, Б. Иноятзода ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳусайн Нидозода пешниҳод шудааст.
Тағйирот ба қисми 1 моддаи 9 Кодекси шаҳрсозӣ, яъне ивази ибораи «ташхиси оид ба» ба калимаи «экспертиза» муҳтавои моддаи мазкурро ғанитар ва оммафаҳм кардааст.
Иловаи дуюм ба қисми 1 моддаи 13 ивази калимаи «меъёргузории» ба калимаи «бамеъёрдарории» шаҳодати бой будани забони давлатӣ буда, мақсади моддаи мазкурро саҳеҳтар намудааст.
Иловаю тағйироти сеюм ба қисми 4-уми моддаи 20 дар доираи талаботи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, калимаҳои «ҳудуд» ва «ҳудудҳо» дар ҳама санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ мавриди истифода қарор гирифта, он сархати нав моддаи 20-ро пурра кардааст.
Кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси шаҳрсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро ҷонибдорӣ намуданд. Ҷиҳати пурра гардидани лоиҳаи қонуни мазкур 37 пешниҳод ворид гардид, ки онҳо барои мукаммал намудани лоиҳаи қонун истифода шуданд.
Аз шумо, вакилони гиромӣ, хоҳиш менамоям онро ҷонибдорӣ намоед.
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси шаҳрсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қонун қабул гардид. Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шуд.
РАИС: — Ба баррасии масъала «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бехатарии иншооти истеҳсолии хатарнок» шурӯъ мекунем. Сухан аз рӯи ин масъала ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия Мансурӣ Дилрабо Сайдулло дода мешавад.
Мансурӣ Дилрабо Сайдулло:
- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бехатарии иншооти истеҳсолии хатарнок» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон С. Шарипов, Б. Абдуалимов, Ҷ. Саидзода, Ф. Шарифӣ ва Ҳ. Нидозода бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 майи соли 2019, № 2199 пешниҳод шудааст.
Лоиҳаи қонуни мазкур бо мақсади амалӣ намудани дастуру вазифаҳои аз Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 26 декабри соли 2018 «Дар бораи самтҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба Маҷлиси Олии кишвар вобаста ба аҳамияти соҳаи саноат дар ҳалли масъалаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва ҳадафи чоруми миллӣ эълон намудани саноатикунонии босуръати кишвар, такмил додани фаъолияти қонунгузорӣ, бартараф кардани мухолифати байни қонунҳо, беҳтар намудани сифат ва самаранокии онҳо равона гардидааст.
Лоиҳаи қонуни баррасишаванда бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 октябри соли 2019, №476 маъқул дониста, барои қабул ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст. Тағйироту иловаҳо ба моддаҳои қонуни амалкунанда муҳтавои онро ғанитар ва оммафаҳм намудааст. Алалхусус, илова ба пешгуфтор ва 4 сархати нав ба моддаи 1, иловаи яклухти нав ҳамчун моддаи 2, ду сархати нав ба моддаи 12 ва дар таҳрири нав ифода намудани моддаи 19-уми лоиҳаи қонун талаботи ҳозираи истеҳсолоти объектҳои хатарнок буда, дар доираи талаботи Конститутсия ва санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вуқӯъ пайвастаанд.
Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия 31 октябри соли 2019 дар ҷаласаи васеъ бо иштироки муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Акрамшо Фелалиев, намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагон, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи қонуни мазкурро баррасӣ ва қабули онро ҷонибдорӣ намуданд. Ҷиҳати пурратар гардидани лоиҳаи қонуни мазкур 17 таклифу пешниҳод ворид гашт, ки барои мукаммал намудан истифода шуданд.
Пешниҳодҳои Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Шукурҷон Зуҳуров дар Шӯрои Маҷлиси намояндагон мавриди таҳлил қарор гирифта, дар мувофиқа бо субъекти ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ, дар лоиҳаи қонун ба инобат гирифта шуданд.
Аз шумо, вакилони гиромӣ, хоҳиш менамоям, онро ҷонибдорӣ намоед.
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бехатарии иншооти истеҳсолии хатарнок» ба овоз монда шуда, қонун қабул гардид. Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шуд.
РАИС: — Ба баррасии масъала «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттифоқҳои касаба» оғоз менамоем. Сухан аз рӯи ин масъала ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Риоев Нуралӣ Раҳмоналиевич дода мешавад.
Нуралӣ РИОЕВ:
- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини арҷманд!
Фаъолияти иттифоқҳои касаба дар кишвар ба ҳайси ташкилоти ҷамъиятӣ ба санадҳои қонунгузорӣ асос ёфта, назорати ҷамъиятии риояи қонунгузории меҳнат ба дӯши ин ниҳод вогузор шудааст.
Дар кишвар дар самти муносибатҳои меҳнатӣ давра ба давра санадҳое қабул карда шудаанд, ки ҷавобгӯи меъёрҳои байналмилалӣ буда, бевосита барои баланд бардоштани сатҳи иҷтимоӣ, меҳнати шоиста ва таъмини шароити бехатару мусоиди корӣ равона гардидаанд. Дар ин замина, Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон бояд фаъолиятро ба талаботи замони муосир мувофиқ намояд ва барои амалисозии сиёсати давлатӣ оид ба ҳифзи меҳнат, таъминоти иҷтимоӣ, назорати ҷамъиятии риояи қонунгузорӣ оид ба меҳнат, иҷрои созишномаҳо ва шартномаҳои коллективӣ, таълим ва такмили ихтисоси кадрҳои иттифоқи касаба чораҳои мушаххас андешад, ки бояд заминаҳои қонунӣ дошта бошад.
Мақсади пешниҳоди лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттифоқҳои касаба» аз такмили қонунгузорӣ, ҳифзи ҳуқуқ, озодӣ ва манфиатҳои шаҳрвандони кишвар иборат мебошад.
Лоиҳаи қонуни мазкур бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи вакилони Маҷлиси намояндагон Амрихудои Дамдор, Ҷамшед Саидзода, Нуралӣ Риоев ва Олим Салимзода пешниҳод гардида, расмиёти дохилиидоравиро гузашт. Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон онро мавриди омӯзиш қарор дода, барои такмил 43 таклифу пешниҳод манзур карданд, ки 38 — тои он қабул гардид. Аз ҷумла, эродҳои Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Шукурҷон Зуҳуров нисбат ба лоиҳаи қонун ба инобат гирифта шуд.
Аз шумо — вакилони арҷманд хоҳиш менамоям лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намоед.
РАИС: - Дар баррасии масъала муовини раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон Файзизода Исмоил Назрӣ иштирок дорад. Муҳтарам Файзизода, оид ба масъала чизе гуфтан мехоҳед?
ФАЙЗИЗОДА Исмоил Назрӣ: — Санади зикршуда ба тақвияти минбаъдаи фаъолияти иттифоқҳои касаба равона шудааст ва мо онро қобили қабул меҳисобем.
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттифоқҳои касаба» ба овоз монда шуда, қонун қабул гардид. Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шуд.
РАИС: - Ба баррасии масъала «Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ассотсиатсияи истифодабарандагони об» шурӯъ менамоем.
Мутобиқи муқаррароти Дастури Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сурати аз ҷониби Маҷлиси намояндагон такроран баррасӣ намудани қонуне, ки онро Маҷлиси миллӣ ҷонибдорӣ накардааст, қарори Маҷлиси намояндагон дар бораи қабул кардани қонуни мазкур аз эътибор соқит дониста мешавад.
Бинобар ин, лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар хусуси аз эътибор соқит донистани Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ассотсиатсияи истифодабарандагони об»-ро ба овоз мемонам.
Қарор қабул шуд.
Сухан аз рӯи ин масъала ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин Авзалшоева Бибидавлат Аскаршоевна дода мешавад.
Бибидавлат АВЗАЛШОЕВА:
- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ, ҳозирини арҷманд!
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ассотсиатсияи истифодабарандагони об» бо қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 июни соли 2019, №2260, бинобар ҷонибдорӣ наёфтан аз тарафи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин супорида шуд.
Кумита эродҳои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар асоси талаботи зербанди а) банди 366 Дастури Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ ва онҳоро пурра қабул намуд.
Гурӯҳи корӣ якҷо бо субъектони ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ, аъзои кумита ва мудири шуъбаи ҳуқуқи дастгоҳи Маҷлиси миллӣ эродҳои пешниҳодшударо баррасӣ намуд ва дар асоси онҳо ба матни қонун тағйироти дахлдор ворид карда шуд, аз ҷумла:
- дар моддаи 29 вобаста ба ворид кардани тағйироту иловаҳо ба қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи боҷи давлатӣ» ва «Дар бораи бақайдгирии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ» муқаррарот оид ба озод кардани ассотсиатсия аз пардохти боҷи давлатӣ хориҷ карда шуд;
- сархати нуҳуми моддаи 1 дар бораи мафҳуми «шабакаи мелиоративии дохилихоҷагӣ (дохили ассотсиатсия)» таҳрир гардида, ба мафҳуми «шабакаи мелиоративии дохили минтақаи хизматрасонӣ» иваз карда шуд;
- сархати якуми қисми 2 моддаи 6, сархати нуҳуми моддаи 9, қисми 4 моддаи 22 ва қисми 1 моддаи 26 ҷиҳати мутобиқ сохтан ба талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатӣ» таҳрир гардид;
- бо назардошти эрод нисбати истилоҳи «Нақшаи истифодабарии об» ба моддаҳои 11, 12 ва 22 тағйироти дахлдор ворид карда шуд;
- қисми 1 моддаи 6 дар бораи «мақоми ваколатдори давлатӣ» такмил гардида, дар асоси он моддаҳои 11, 12, 15, 18 таҳрир карда шуданд;
- эрод нисбати сархати якуми қисми 1 моддаи 15 баррасӣ гардид ва нисбати муқаррароти он гурӯҳи корӣ ба мувофиқа расид.
Ҳамчунин, бо дарназардошти тағйироти воридшуда, моддаҳои алоҳидаи қонун такмил дода шуданд.
Кумита масъалаи зикргардидаро 24 октябри соли 2019 дар ҷаласаи васеъ бо иштироки муовини Раиси Маҷлиси намояндагон, кумитаҳои Маҷлиси намояндагон, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон ва мушовири калони бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ мавриди баррасӣ қарор дода, пешниҳоди онро ба ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагон ҷонибдорӣ намуд.
Матни таҳриргардидаи қонуни мазкур дар Шӯрои Маҷлиси намояндагон ҷонибдорӣ ёфта, ҳамчунин, пешниҳоду эродҳои Раиси Маҷлиси намояндагон муҳтарам Шукурҷон Зуҳуров нисбат ба матни он ба инобат гирифта шуданд.
Аз шумо — вакилони гиромӣ хоҳиш менамоям лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намоед.
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ассотсиатсияи истифодабарандагони об», мутобиқи банди 337 Дастури Маҷлиси намояндагон, боб ба боб, модда ба модда баррасӣ ва ба овоз монда шуда, пас аз он яклухт қабул карда шуд. Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид.
РАИС: Ба баррасии масъала «Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ниҳолпарварӣ» оғоз менамоем. Сухан аз рӯи ин масъала ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин Ахмедов Мирзоанвар дода мешавад.
Мирзоанвар Ахмедов:
- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ниҳолпарварӣ» бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ф. Раҳимӣ, Х. Сафарзода ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон А. Фелалиев, Р. Латифзода, М. Ахмедов, Б. Садриддинзода ва О. Сафаров таҳия гардидааст.
Он ба амалӣ намудани дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба рушди соҳаҳои боғдорӣ, токпарварӣ, кабудизоркунӣ ва рушди деҳот равона гардидааст.
Мақсади пешниҳоди лоиҳаи қонуни мазкур муқаррар намудани асосҳои ҳуқуқӣ, ташкилӣ ва иқтисодии ташаккулёбии низоми ниҳолпарварӣ дар истеҳсол ва фурӯши ниҳолҳои мевадиҳанда, ҳамешасабз ва ороишӣ, ҳуқуқ ва уҳдадориҳои истеҳсолкунандагони лавозимоти киштшаванда ва ниҳолҳо, бамеъёрдарории фаъолияти шаклҳои гуногуни хоҷагидорӣ, идоракунии давлатӣ ва мутобиқгардонии муносибатҳо вобаста ба пешбурди соҳа ба талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Танзими ҳуқуқии фаъолият дар соҳаи ниҳолпарварӣ имкон медиҳад, ки баробари истифодаи оқилонаи фонди генетикии навъҳо, барои ба вуҷуд овардани ниҳолҳои гурӯҳҳои биологии суперэлита ва элита, ниҳолҳои аз вирусҳо озод ва ба мавҷудияти вирус санҷидашудаи хусусиятҳои хуби биологию хоҷагидоридошта, нигоҳдории гуногунии биологии ниҳолҳо, аломату хусусиятҳои беҳтарини навъҳои маҳаллию ояндадор ҳифз карда, воридоти ниҳолҳо ба кишвар ба эътидол оварда шавад.
Лоиҳа аз 5 боб ва 20 модда иборат мебошад.
Дар боби 1 мафҳумҳо ва асосҳои фаъолият дар соҳа, боби 2 — танзим, дастгирӣ ва идоракунии давлатӣ, ҳуқуқу уҳдадориҳои субъектҳои хоҷагидории соҳа, боби 3 — ташкили низоми ниҳолпарварӣ, парвариш, назорату фурӯши онҳо, баҳисобгирӣ, воридоту содирот ва сертификатсияи лавозимоти киштшаванда ва ниҳолҳо, боби 4 — бунёди боғҳои модарӣ ва лавозимоти киштшаванда, мониторинг, гузаронидани кадастр ва аз ҳисоб баровардану решакан кардани онҳо ва боби 5 — муқарроти хотимавӣ муқаррар карда шудаанд.
Бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 майи соли 2019, № 2207 лоиҳаи қонуни мазкур барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон супорида шуд.
Мутобиқи тартиби муқарраргардида, кумитаҳои Маҷлиси намояндагон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон ба лоиҳаи қонуни мазкур хулоса пешниҳод карда, онро ҷонибдорӣ намуданд.
Ба лоиҳа 89 таклифу пешниҳод ирсол гардид, ки аз онҳо 70 — тоаш пурра ва чортои дигар қисман қабул шуд. Ҳамчунин, хулосаҳои олимони Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон ва Институти боғдорӣ, ангурпарварӣ ва сабзавоткории Академияи илмҳои кишоварзӣ дар такмили лоиҳаи қонун истифода гардиданд.
Дархосту эродҳои Раиси Маҷлиси намояндагон Шукурҷон Зуҳуров пурра ба инобат гирифта, лоиҳаи қонун мукаммал гардонида шуд.
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ниҳолпарварӣ» ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надошта, татбиқи он аз буҷети давлатӣ маблағгузории иловагиро талаб наменамояд. Аз шумо — вакилони гиромӣ, хоҳиш менамоям, ки онро ҷонибдорӣ намоед.
РАИС: — Сухан аз рӯи ин масъала ба президенти Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон Асозода Нуралӣ Маҳмадулло дода мешавад.
АСОЗОДА Нуралӣ Маҳмадулло:
- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ниҳолпарварӣ» барои амалӣ гардидани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба рушди соҳаҳои боғдорӣ, токпарварӣ, кабудизоркунӣ ва рушди деҳот равона шудааст.
Тибқи Барномаи «Рушди боғу токпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2015», дар масоҳати зиёда аз 53 ҳазор гектар боғу токзори нав бунёд гардида, солҳои 2016-2018 ва нуҳ моҳи соли ҷорӣ бунёди боғу токзор 14,5 ҳазор гектарро ташкил медиҳад.
Бунёди боғу токзорҳои нав аз истеҳсоли ниҳолҳои ба талаботи стандартӣ ва регламенти техникӣ ҷавобгӯ вобастагӣ дорад. Ҳоло ба истеҳсоли ниҳолҳо, дар баробари хоҷагиҳои давлатии ниҳолпарварӣ, миқдори зиёди хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ёрирасони аҳолӣ машғуланд, ки заминаи ҳуқуқии пешбурди соҳаро надоранд. Дар ҷумҳурӣ 13 хоҷагии давлатии ниҳолпарварӣ ва миқдори зиёди хоҷагиҳои деҳқониву инфиродӣ ба парвариши ниҳол машғуланд. Аз ин лиҳоз, қабули қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқӣ, ташкилӣ ва иқтисодии хоҷагиҳои ниҳолпарвариро танзим менамояд.
Мафҳумҳои дар қонуни мазкур пешниҳодгардида асоси илмӣ дошта, равандҳои парваришу нигоҳубин, фурӯши ниҳолҳои мевадиҳанда, ҳамешасабз ва ороиширо муқаррар менамояд. Инчунин, ҷиҳати ба низом даровардани корҳои селексионӣ оид ба беҳтар намудани сифати навъу намунаҳои дарахтони мевадиҳанда, бахусус истеҳсоли ниҳолҳои интенсивии суперэлита ва элита, бунёди боғҳои суперинтенсивӣ ва интенсивӣ, зиёд намудани ҳосилнокӣ ва коркарду фурӯши онҳо мусоидат мекунад.
Дар раванди таҳияи лоиҳаи қонун пешниҳоду дархостҳои олимони Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон низ ба инобат гирифта шуданд ва мо ба таҳиягарони лоиҳаи қонуни мазкур миннатдорӣ баён менамоем.
Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ниҳолпарварӣ» -ро ҷонибдорӣ намуда, қабули онро мувофиқи мақсад мешуморад.
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ниҳолпарварӣ», мутобиқи банди 337 Дастури Маҷлиси намояндагон, боб ба боб, модда ба модда баррасӣ ва ба овоз монда шуда, пас аз он яклухт қабул гардид. Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шуд.
РАИС: - Ба баррасии масъала «Дар бораи лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» шурӯъ менамоем. Сухан аз рӯи ин масъала ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ Ҳакимов Ориф Марифович дода мешавад.
Ориф Ҳакимов:
- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд, ҳозирини гиромӣ!
Лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни коститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ф. Раҳимӣ, М. Имомзода, М. Бобобекова, Н. Раҳмонова ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Х. Юсуфӣ, А. Холиқзода, И. Абдуллозода ва А. Қобилов таҳия ва пешниҳод гардидааст.
Тибқи лоиҳаи пешниҳодгардида, номи қонуни конститутсионӣ ва муқаддимаи он ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» мутобиқ гардонида шудааст.
Ҳамчунин, қисми дуюми моддаи 15 дар таҳрири нав ифода гардида, дар он асосҳои ҳуқуқии фаъолияти вакили Маҷлиси маҳаллии вакилони халқ ифода ёфтааст.
Лоиҳаи қонуни конститутсионӣ расмиёти дохилипарлумониро гузашта, ҷиҳати такмили он 20 таклиф пешниҳод гардид, ки аз онҳо 13 — тояш пурра ва яктои дигар қисман қабул гардид.
Дар ҷаласаи васеи кумитаи масъул 15 октябри соли ҷорӣ таклифҳои пешниҳодгардида баррасӣ шуда, дар мувофиқа бо субъектҳои ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ, лоиҳаи қонуни конститутсионӣ мавриди такмил қарор гирифт.
Аз шумо, вакилони гиромӣ, хоҳиш менамоям лоиҳаи қонуни конститутсионии мазкурро ҷонибдорӣ намоед.
Лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» ба овоз монда шуда, қонуни конститутсионӣ қабул гардид. Вобаста ба қабули қонуни конститутсионӣ Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шуд.
РАИС: - Ба баррасии масъала «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии вакили Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия» шурӯъ менамоем. Сухан аз рӯи ин масъала ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ Абдуллозода Иброҳим Ғоибназарӣ дода мешавад.
Абдуллозода Иброҳим Ғоибназарӣ:
- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ, ҳозирини арҷманд!
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии вакили Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ф. Раҳимӣ, М. Имомзода, М. Бобобекова, Н. Раҳмонова ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Х. Юсуфӣ, А. Холиқзода, И. Абдуллозода ва А. Қобилов бо мақсади мутобиқгардонӣ ба қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ», «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», ҷорӣ намудани савганди вакили Маҷлиси маҳаллии вакилони халқ таҳия ва пешниҳод гардидааст.
Он бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 июни соли 2019, №2261 барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон супорида шуд. Кумитаҳои Маҷлиси намояндагон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон онро мавриди омӯзиш қарор дода, ҷонибдорӣ намуда, ҷиҳати такмил 16 таклиф пешниҳод намуданд, ки 12 — тои он қабул гардид.
Дар ҷаласаи васеи кумитаи масъул 15 октябри соли ҷорӣ бо иштироки намояндагони кумитаҳо, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон, мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ таклифҳои пешниҳодгардида баррасӣ гардида, бо дарназардошти таклифу пешниҳодҳо, лоиҳаи қонуни мазкур такмил дода шуд. Аз шумо — вакилони гиромӣ хоҳиш менамоям онро ҷонибдорӣ намоед.
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии вакили Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия» ба овоз монда шуда, қонун қабул гардид. Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шуд.
РАИС: - Ба баррасии масъала «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» шурӯъ менамоем. Сухан аз рӯи ин масъала ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ Абдуллозода Иброҳим Ғоибназарӣ дода мешавад.
Абдуллозода Иброҳим Ғоибназарӣ:
- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ, ҳозирини арҷманд!
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» бо истифода аз тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон М. Имомзода, Қ. Лоиқзода, Ҷ. Ғаффор ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Х. Юсуфӣ ва И. Абдуллозода пешниҳод гардидааст. Мақсад аз таҳияи он такмили фаъолияти мақомоти давлатӣ, интизоми давлатӣ ва хизмати давлатӣ, дар ин радиф бартараф намудани мухолифати байни санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, инчунин, таъмини якхелаи ба хизмати давлатӣ қабул намудан иборат мебошад.
Лоиҳаи қонун ҳама расмиёти ҳуқуқиро гузашт. Ҳангоми баррасӣ кумитаҳои Маҷлиси намояндагон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон онро ҷонибдорӣ намуданд ва ҷиҳати такмил 32 таклиф пешниҳод карданд, ки 21 — тои он пурра ва 10 таклиф қисман қабул гардид.
Дар ҷаласаи васеи кумитаи масъул 15 октябри соли ҷорӣ бо иштироки намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагон, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон, мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ таклифҳои пешниҳодгардида мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Бо дарназардошти пешниҳод ва эроди Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Шукурҷон Зуҳуров дар ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагон лоиҳаи қонун такмил дода шуд. Аз шумо — вакилони гиромӣ хоҳиш менамоям онро ҷонибдорӣ намоед.
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» ба овоз монда шуда, қонун қабул гардид. Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шуд.
Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ҷаласаро ҷамъбаст намуд.
Самариддин АСОЕВ, Абдумаҷид МУРОДОВ, «Садои мардум».
Суратгир Неъматулло АЛИЕВ