Бисту якуми апрели соли 2021 таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода ҷаласаи Иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум баргузор гардид.
РАИС: — Муҳтарам вакилон!
Хоҳиш мекунам, аз қайд гузаред.
Ҳоло дар толор 58 вакил ҳузур доранд.
Мутобиқи моддаи 34 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷаласаи навбатии Иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашумро кушода эълон менамоям.
Дар ҷаласа Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ — Намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ализода Зариф, вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим, муовини вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳимзода Қурбоналӣ Бозор, раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатзода Сулаймон Пирхон ва дигар шахсони даъватшуда иштирок доранд.
Вакилони арҷманд!
Ба рӯзномаи ҷаласа се масъала пешниҳод шудааст. Доир ба он таклифу пешниҳоди дигар доред? Нест.
Лоиҳаи қарорро ба овоз мемонам.
Дар бораи рӯзномаи ҷаласа бо фарогирии масъалаҳои зерин Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуд:
1. Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи роҳҳои автомобилгард ва фаъолияти роҳдорӣ»
2. Дар хусуси Созишнома оид ба ҳамкории давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соҳаи корҳои осорхонавӣ»
3. Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон».
РАИС: - Ба баррасии масъалаҳо шурӯъ менамоем.
Аз рӯи масъала «Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи роҳҳои автомобилгард ва фаъолияти роҳдорӣ» сухан ба вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим дода мешавад. Марҳамат.
Азим ИБРОҲИМ:
- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд, ҳозирини гиромӣ!
Бо дастгирии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди устувор ва бемайлони соҳаи нақлиёту роҳдорӣ диққати махсус дода шуда, дар тӯли солҳои Истиқлолияти давлатӣ дар соҳаи нақлиёт ба маблағи зиёда аз 1,8 миллиард доллари ИМА 53 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ, аз ҷумла сохтмону таҷдиди роҳҳои автомобилгарду иншооти он, амалӣ гардиданд. Дар доираи онҳо зиёда аз 2200 километр роҳи автомобилгард, 300 пул, 5 нақби мошингузар, 3,4 км долони зиддитармавӣ бунёду таҷдид ва 601 адад техникаю таҷҳизоти роҳнигоҳдорӣ харидорӣ гардиданд. Айни замон дар соҳаи нақлиёт 14 лоиҳаи сармоягузорӣ ба маблағи умумии 694,5 млн. доллари ИМА мавриди татбиқшавӣ қарор доранд.
Маҳз тавсеаи фаъолияти ободкорию ояндасозӣ дар партави дастуру ҳидояти хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаи роҳу нақлиёт имконият фароҳам сохт, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар раддабандии кишварҳо аз рӯи сифати роҳҳо аз ҷониби созмони бонуфузи байналмилалии «Арзёбии рақобатпазирии ҷаҳонӣ» гузаронида шуда, 20 зина боло рафт ва дар байни 141 давлат дар зинаи 50 мавқеъ гирифт.
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи роҳҳои автомобилгард ва фаъолияти роҳдорӣ» бо мақсади ҳамоҳангсозии қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки барои такмил, танзим ва ташкили идоракунии давлатӣ дар фаъолияти роҳдорӣ, рушди роҳҳои автомобилгард ва истифодабарии онҳо, қонеъ гардонидани талаботи аҳолӣ, давлат, субъектҳои фаъолияти хоҷагидорӣ, инчунин, дар доираи меъёрҳои конвенсияҳо ва созишномаҳои байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардида, мувофиқ ба талаботи замон буда, бо дарназардошти ҷорӣ гардидани механизмҳои муосири идоракунӣ ва нигоҳдории роҳҳои автомобилгард, инчунин, иншооти роҳдорӣ ва шарикияти давлат бо бахши хусусиро дар бар мегирад.
Он аз 7 боб ва 60 модда иборат буда, фаъолияти роҳдориро ҳангоми лоиҳакашӣ, сохтмон, таъмини ҳаракати мунтазами воситаҳои нақлиёт, ободонӣ, таъмиру азнавсозии роҳҳои автомобилгард ва иншооти роҳдорӣ, кӯча, иншооти сунъию хизматрасонии ҳамшафати роҳ, мутобиқати онҳо ба талаботи қоида, меъёр ва стандартҳои бехатарии ҳаракат дар роҳро таъмину танзим менамояд.
Боби якум мафҳумҳои асосӣ, принсипҳои танзими давлатӣ дар соҳаи фаъолияти роҳдорӣ, намудҳои роҳҳои автомобилгард, таснифи техникии роҳҳои автомобилгард, ном ва индекси роҳҳои автомобилгард, феҳристи давлатии роҳҳои автомобилгардро дар бар мегирад.
Боби дуюм ба идоракунии давлатӣ дар соҳаи фаъолияти роҳдорӣ бахшида шуда, аз низоми идоракунии мақомоти давлатӣ, салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи фаъолияти роҳдорӣ, ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар соҳаи мазкур, иҷозатномадиҳӣ ва иҷозатдиҳӣ дар соҳаи фаъолияти роҳдорӣ ва аттестатсияи кормандони соҳаи фаъолияти роҳдорӣ иборат мебошад.
Боби сеюм асосҳои иқтисодии фаъолияти роҳдорӣ ва нигоҳдории роҳҳои автомобилгардро танзим менамояд. Он аз масоили молу мулки роҳҳои автомобилгарди истифодаи умум, идоракунии чунин молу мулк, маблағгузории роҳҳои автомобилгард, лоиҳакашӣ ва сохтмони роҳҳо, қоидаҳои нигоҳдории роҳҳои автомобилгард, тартиби гузаронидани иншооти муҳандисию кoммуникатсионӣ дар роҳҳои автомобилгард, ҳифзи роҳҳои автомобилгард, омодасозии роҳҳои автомобилгард ба ҳолатҳои фавқулода ва ғайраро танзим менамояд.
Боби чорум, ки замини роҳҳои автомобилгард номгузорӣ гардидааст, масъалаҳоро вобаста ба додани қитъаҳои замин барои ҷойгиркунии роҳҳои автомобилгард, тартиби истифодабарии замини роҳҳои автомобилгард, қисмати ҳамшафати роҳ ва минтақаи захиравии замини роҳҳои автомобилгардро мушаххас менамояд.
Боби панҷум тартиби истифодаи роҳҳои автомобилгарди истифодаи ғайриумум, шартҳои ташкили роҳҳои автомобилгарди музднок, ташкил ва истифодабарии таваққуфгоҳҳои музднок, ҳуқуқ барои ҳаракати имтиёзнок ё ҳаракати ройгон дар роҳҳои муздноки автомобилгард ё қитъаи роҳҳои автомобилгард, ҳуқуқу уҳдадориҳои истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард, масъулияти субъектҳои хоҷагии роҳдорӣ, гузаронидани чорабиниҳои оммавӣ дар роҳҳои автомобилгард ва дигар муносибатҳоро танзим менамояд.
Боби шашум ҳамкории байналмилалии Ҳукумати мамлакат ва мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи фаъолияти роҳдориро дар бар мегирад.
Боби ҳафтум муқаррароти хотимавӣ буда, ҷавобгариро барои риоя накардани талаботи қонуни мазкур, тартиби аз эътибор соқит донистани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи роҳҳои автомобилгард ва фаъолияти роҳдорӣ» ва тартиби мавриди амал қарор додани қонунро пешбинӣ менамояд.
Бо қабули лоиҳаи қонуни пешниҳодшуда баҳсҳои пайваста байни шахсони воқеию ҳуқуқӣ ва сохторҳои давлатӣ, ба монанди тобеият ва ба намудҳо ҷудо кардани роҳҳои автомобилгард, сохтмони иншоот дар ҳамшафати роҳҳо, инчунин, монеаҳои маъмурӣ дар самти ваколатҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи фаъолияти роҳдорӣ ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар маҳалҳо, ба категорияҳо ҷудо намудани воситаҳои нақлиёт ва мухолифат дар муқаррароти санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳа, яъне, ба муқаррароти Кодекси нақлиёти автомобилӣ мутобиқ намудани меъёрҳо танзим хоҳад шуд.
Таҳия намудани заминаи ҳуқуқии қонунгузорӣ дар соҳаи роҳдорӣ масъалаи муҳими рушди тиҷорат ба ҳисоб рафта, барои паст намудани сатҳи камбизоатӣ ва баланд бардоштани нишондиҳандаҳои асосии иқтисодиёти кишвар, рушди содироти маҳсулоти ватанӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ мусоидат менамояд. Қабули лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи роҳҳои автомобилгард ва фаъолияти роҳдорӣ» баъди баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ барои амалӣ намудани стратегияи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати ба давлати транзитӣ табдил додани Ҷумҳурии Тоҷикистон тариқи сохтмон, азнавсозӣ ва таъмири роҳҳои автомобилгард заминаи мусоид ва устувор хоҳад гузошт.
Мавриди зикр аст, ки қабул ва татбиқи муқаррароти лоиҳаи қонуни мазкур пардохти иловагиро аз буҷети ҷумҳурӣ тақозо намекунад.
Қабули лоиҳаи қонуни пешниҳодшударо мувофиқи мақсад шуморида, аз шумо — вакилони гиромӣ эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки онро ҷонибдорӣ намоед.
РАИС: — Ба маърӯзачӣ ягон савол ё пешниҳод ҳаст?
Саидҷаъфар Усмонзода:
- Хурсандибахш аст, ки ҳар сол дар ҷумҳурӣ роҳҳои автомобилгард таҷдид гардида, пул ва дигар иншооти зарурӣ сохта мешаванд. Ба хотири пешгирии вайроншавии роҳҳо пешниҳод доштам, ки ҳаракати мошинҳои гаронвазни боркаш дар соатҳои муайян зери назорати қатъӣ гирифта шавад. Инчунин, ба фаъолияти нақбҳои мошингузар, алалхусус таҷҳизоти ҳавотозакунии онҳо таваҷҷуҳи бештар зоҳир гардад.
РАИС: — Сухани навбатӣ ба раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия Амонулло Хайрулло дода мешавад. Марҳамат.
Амонулло Хайрулло:
- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд, ҳозирини гиромӣ!
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи роҳҳои автомобилгард ва фаъолияти роҳдорӣ» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.
Мақсад аз он танзими муносибатҳои ҳуқуқӣ, ташкилӣ ва иқтисодии фаъолияти роҳдорӣ буда, ба рушди шабакаи роҳҳои автомобилгард ва истифодаи он, лоиҳакашӣ, сохтмон, азнавсозӣ ва таъмири роҳҳои автомобилгард, кӯчаҳо, иншооти сунъӣ, таъмини ҳаракати воситаҳои нақлиёт, сохтмони нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ ва дигар иншооти хизматрасонӣ, ки дар канори роҳҳо ҷойгир карда мешаванд, баҳри қонеъ гардонидани талаботи аҳолӣ, давлат, субъектҳои фаъолияти хоҷагидорӣ ва дигар истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард равона гардидааст.
Лоиҳаи қонуни мазкур бо қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 январи соли 2021 таҳти № 498 барои баррасӣ ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагон ва Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон барои пешниҳоди хулоса супорида шуд
Дар мувофиқа бо субъектони ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ 168 адад таклифи пешниҳоднамудаи кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон баррасӣ гардида, аз онҳо 99-тояш қабул, 16-тояш қисман қабул ва 53-тояш қабул нашуданд.
Кумита 23 феврали соли 2021 дар ҷаласаи васеъ бо иштироки намояндагони кумитаҳо, Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон, Ҳукумати мамлакат, Вазорати нақлиёт лоиҳаи қонуни мазкурро мавриди баррасӣ қарор дода, бо дарназардошти ислоҳи норасоиҳои ҷойдошта қабули онро зарур шуморид. Бо мақсади аз байн бурдани мухолифатҳо ва гуногунфаҳмии ҷойдошта дар лоиҳаи қонуни мазкур аз ҷониби кумитаи масъул шаш маротиба ва панҷ маротибаи дигар бо иштироки Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ — Намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини якум ва муовини Раиси Маҷлиси намояндагон, роҳбарияти Вазорати нақлиёт, намояндагони Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ва масъулин, дар маҷмӯъ, 11 маротиба ҷаласаи корӣ доир карда шуд.
Дар натиҷа, баъзе аз меъёрҳои лоиҳаи қонун таҳрир гардида, ба қонунгузории кишвар, аз ҷумла Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» мутобиқ карда шуданд.
Чунончӣ, банди 3-юми моддаи 1 ва банди 8-уми моддаи 16, қисми 1-уми моддаи 36, қисми 1-уми моддаи 37, қисмҳои 3, 4 ва 5-уми моддаи 38-и лоиҳа бо дарназардошти муқаррароти моддаҳои 84, 171, 26, 261 ва 27 Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаи 10 ва қисми 2-юми моддаи 14-и лоиҳа бо мақсади таъмини мутобиқати дохилӣ ба муҳтавои меъёри пешбининамудаи банди 16-уми моддаи 1 лоиҳа, моддаи 27-ум, қисми 1-уми моддаи 39-ум, қисми 1-уми моддаи 46-уми лоиҳа ҷиҳати аз байн бурдани мухолифатҳо ва бо ҳамин тартиб муқаррароти алоҳидаи моддаҳои 28, 31, 33, 47, 48, 54 ва 55 мавриди таҳрир қарор дода шуданд.
Тағйироти воридгардида лоиҳаи қонунро мукаммал намуда, номутобиқатии дохилӣ ва мухолифати онро бо дигар санадҳои қонунгузории мамлакат бартараф менамояд.
Лоиҳаи қонун расмиёти дохилиро гузашта, ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ», инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон мутобиқ буда, амалишавии он дар доираи маблағҳои пешбининамудаи буҷети давлатӣ таъмин карда мешавад.
Қабули он ҷиҳати расидан ба ҳадафи стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон — баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ ва ба давлати транзитӣ табдил додани мамлакат ҳамаҷониба мусоидат менамояд.
Аз ин лиҳоз, аз шумо — вакилони муҳтарам, эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи роҳҳои автомобилгард ва фаъолияти роҳдорӣ»-ро ҷонибдорӣ намоед.
РАИС: — Боз кӣ хоҳиши баромад кардан дорад? Марҳамат.
Гулбаҳор НАЗИРӢ:
- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!
Тавре ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам, Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 январи соли ҷорӣ иброз доштанд: «Солҳои охир соҳаи роҳу нақлиёт бомаром рушд намуда, дар натиҷа мо ба яке аз ҳадафҳои стратегии худ — раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ноил гардидем».
Бояд қайд намуд, ки ҳанӯз аз сапедадами таърих Тоҷикистон дар масири «Роҳи бузурги абрешим» ҷойгир буд ва шоҳроҳи аз нав бунёдшудаистода дар доираи барномаи ҳамкории иқтисодии минтақаи Осиёи Марказӣ, мавқеъгирии он дар байни самтҳои Осиёи Марказӣ — Осиёи Ҷанубӣ, барои ба кишвари транзитӣ табдил ёфтани мамлакат шароити мусоид фароҳам овард. Бо ин мақсад, дар солҳои соҳибистиқлолӣ дар соҳаи нақлиёти кишвар 53 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи 20,3 миллиард сомонӣ амалӣ гардида, беш аз 2200 километр роҳҳои дорои аҳамияти байналмилалӣ бунёд ва ба истифода дода шуданд.
Корҳои дар соҳа анҷомдодашуда имконият фароҳам оварданд, ки мавқеи Тоҷикистон дар раддабандии ҷаҳонии сифати роҳҳо, ки ҳар сол аз ҷониби таҳқиқоти байналмилалии «Ҳисоботи ҷаҳонии рақобатпазирӣ» гузаронида мешавад, дар зарфи ду соли охир 20 зина беҳтар гардида, тибқи арзёбии Форуми иқтисодии ҷаҳонӣ аз рӯи нишондиҳандаи сифати инфрасохтори роҳҳо 32 зина беҳтар гардидааст.
Лоиҳаи қонун барои истифодаи бештари имкониятҳои транзитӣ, рушди сайёҳии кишвар, тақвияти инфрасохтори нақлиётӣ ва фаъолияти роҳдорӣ заминаи мусоиди ҳуқуқиро фароҳам меорад. Ҳамчунин, баҳри татбиқи иқтидорҳои транзитии кишвар ва дар солҳои наздик барои сохта, ба истифода додани боз зиёда аз 1500 километр роҳҳои байналмилалӣ, ки мақсад гузошта шудааст, ҳамаҷониба мусоидат хоҳад намуд.
Лоиҳаи қонуни мазкур мафҳумҳо ва меъёрҳои навро дар бар мегирад ва барои танзиму идоракунии фаъолияти роҳдорӣ, қонеъ гардонидани талаботи аҳолӣ, давлат, субъектҳои фаъолияти хоҷагидорӣ ва дигар истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард равона гардидааст. Ин ва дигар бартариятҳо дар лоиҳаи қонуни мазкур пешбинӣ карда шудааст, ки дар рушди фаъолияти самараноки роҳдорӣ муҳим арзёбӣ мегардад.
Бинобар ин, лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи роҳҳои автомобилгард ва фаъолияти роҳдорӣ» дар таҳрири нав дар самти бунёд ва азнавсозии роҳҳо саривақтӣ ва лоиқи дастгирӣ мебошад
Вакилони арҷманд, бо мақсади таъмини иҷрои ҳадафҳои зикргардида, аз шумо эҳтиромона хоҳиш мекунам, ки онро ҷонибдорӣ намоед.
РАИС:- Лоиҳаи мазкур қонуни мукаммал аст, мутобиқи банди 337 Дастури Маҷлиси намояндагон боб ба боб ва модда ба модда баррасӣ шавад ё яклухт қабул карда шавад?
Пешниҳод шуд, ки яклухт қабул карда шавад.
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи роҳҳои автомобилгард ва фаъолияти роҳдорӣ» ба овоз монда шуда, қонун қабул шуд.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагон «Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи роҳҳои автомобилгард ва фаъолияти роҳдорӣ» ба овоз монда шуда, қарор тасдиқ гардид.
РАИС: — Ба баррасии масъала «Дар хусуси Созишнома оид ба ҳамкории давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соҳаи корҳои осорхонавӣ» шурӯъ менамоем.
Аз рӯи масъала сухан ба муовини вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳимзода Қурбоналӣ Бозор дода мешавад. Марҳамат.
Қурбоналӣ АБДУРАҲИМЗОДА:
- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!
Созишнома оид ба ҳамкории давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соҳаи корҳои осорхонавӣ 31 майи соли 2019 дар шаҳри Ашқобод ба имзо расида, тибқи талаботи моддаи 12-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.
Дар мавриди аз ҷониби вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дастгирӣ ёфтани санади мазкур ба намояндаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи Шӯрои ҳамкориҳои фарҳангии кишварҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил имконияти иштирок намудан дар машваратҳо бобати муайян кардани самтҳои афзалиятноки фаъолияти осорхонаҳо, омодасозии мутахассисони соҳа, такмили ихтисос ва бозомӯзии онҳо, ташкил ва баргузории намоишҳо берун аз кишвар, ширкат дар ҳамоишҳои илмию амалии байналмилалӣ ва амсоли ин шароити зарурӣ фароҳам меояд.
Тасдиқи созишнома ба раванди ташкил ва татбиқи барномаҳои муштарак, лоиҳаҳои ҷалби сармояи мустақим барои рушди самтҳои афзалиятноки соҳаи осорхонашиносӣ, тармим, ташхис, тавсиф, ташкили намоишҳои дохилӣ, омӯзиши мероси таърихию фарҳангӣ ва табиӣ мусоидат хоҳад кард.
Дар сурати ба имзо расидани созишнома дар Ҷумҳурии Тоҷикистон раванди тарғибу ташвиқи мероси пурғановати таърихию фарҳангии миллӣ тавассути портали интернетии бунёди хазинавии кишварҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва рақамигардонии ашёи осорхонавӣ вусъат пайдо мекунад. Инчунин, ҷиҳати ҳамоҳангсозӣ ва тавсеаи ҳамкориҳои судманд, таъмин намудани рушди бомарому ҳадафманди фаъолияти осорхонаҳо дар мамлакат имконияти бештар пайдо хоҳад шуд.
Чорабиниҳое, ки пас аз ба тасвиб расидани созишнома ба нақша гирифта мешаванд, дар доираи маблағҳое, ки ҳар сол барои пешрафти соҳаи фарҳанг пешбинӣ шудаанд, баргузор мегарданд.
Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расонидани санади мазкурро мувофиқи мақсад шуморида, аз шумо — вакилони муҳтарам эҳтиромона хоҳиш менамояд, ки тасдиқи Созишнома оид ба ҳамкории давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соҳаи корҳои осорхонавиро ҷонибдорӣ намоед.
РАИС: - Ба маърӯзачӣ ягон савол ё пешниҳод ҳаст? Марҳамат.
Саидҷаъфар УСМОНЗОДА:
- Дар ҷумҳурӣ мавзеъҳое ҳастанд, ки аҳамияти таърихӣ доранд, лекин аҳолӣ он ҷойҳоро ба оромгоҳ табдил додаанд. Мардум теппаҳоро замини хушку холӣ гумон карда, наздиконашонро дар он ҷойҳо дафн мекунанд. Ба ин мавзеи Золи Зари ноҳияи Фархор мисол шуда метавонад. Пешниҳод доштам, ки Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон мавзеъҳои дорои аҳамияти таърихӣ-фарҳангидоштаро ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо пешниҳод намояд, то дар он ҷойҳо барои оромгоҳ замин ҷудо накунанд. Зеро оянда дар сурати пайдо шудани зарурати корҳои ҳафриётӣ мумкин аст, ки мушкилиҳо пеш оянд.
Қурбоналӣ АБДУРАҲИМЗОДА: — Ташаккур, вакили муҳтарам. Пешниҳоди шуморо ба Раёсати кор бо муассисаҳои таърихӣ — фарҳангии вазорат ирсол мекунем.
РАИС: — Аз рӯи масъала сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон Шарофзода Гавҳар дода мешавад. Марҳамат.
Гавҳар ШАРОФЗОДА:
- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!
Созишнома оид ба ҳамкории давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соҳаи корҳои осорхонавӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.
Он тибқи Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 апрели соли 2021, №608 ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагон ва Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуд.
Созишномаи мазкур аз дебоча ва 17 модда иборат буда, бо мақсади иҷрои муқаррароти Созишнома оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи фарҳанг аз 15 майи соли 1992, Созишнома дар бораи таъсис додани Шӯро оид ба ҳамкории фарҳангии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аз 26 майи соли 1995 (дар таҳрири Протокол аз 18 октябри соли 2011), Созишнома оид ба ҳамкориҳои гуманитарии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соҳаи фарҳанг аз 19 майи соли 2011, ки барои солҳои минбаъда ва чорабиниҳои мушаххас ба нақша гирифта шудааст, ба имзо расидааст.
Кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон созишномаи онро мавриди баррасӣ қарор дода, ҷонибдорӣ намуданд.
Инчунин, кумитаи масъул 15 апрели соли 2021 бо иштироки муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мансурӣ Дилрабо, намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагон, Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи васеъ баргузор намуда, онро баррасӣ кард.
Бо дарназардошти ин, аз шумо вакилони муҳтарам эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки тасдиқи Созишнома оид ба ҳамкории давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соҳаи корҳои осорхонавиро ҷонибдорӣ намоед.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар хусуси Созишнома оид ба ҳамкории давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соҳаи корҳои осорхонавӣ» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.
РАИС: - Ба баррасии масъала «Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» шурӯъ менамоем.
Аз рӯи он сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Маҷидова Сарвиноз Комиловна дода мешавад. Марҳамат.
Сарвиноз МАҶИДОВА:
- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Р. Аҳмадзода, Қ. Ҳакимзода, Д. Раҳмон ва Р. Муқимӣ пешниҳод шудааст.
Он бо мақсади татбиқи дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Иҷлосияи якуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум аз 17 апрели соли 2020 ҷиҳати такмили ҷавобгарии маъмурӣ барои вайрон кардани талаботи қонунгузорӣ дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим, мушаххасу саҳеҳ гардонидани меъёрҳо ва ба ин васила, мусоидат намудан барои таъмини риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи қонун, дар маҷмӯъ, мукаммал намудани меъёрҳои Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия шудааст.
Лоиҳа аз ду модда, моддаи якуми он фарогири чор қисм буда, асосан ба моддаҳои 30 (ҷавобгарии маъмурии хизматчиёни ҳарбӣ ва шахсони дигаре, ки дар ҳаққи онҳо оинномаҳои интизомӣ татбиқ мегарданд), 33 (муҳлати ба ҷавобгарии маъмурӣ кашидан), 43 (боздошти маъмурии намуди муайяни фаъолият) ва 481 (риоя накардани талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим) тағйиру иловаҳои дахлдор ворид карда мешаванд.
Дар асоси иловае, ки ба қисми 3 моддаи 30 ворид мегардад, минбаъд шахсоне, ки нисбат ба онҳо амали оинномаҳои интизомӣ ё қоидаҳои махсуси интизом татбиқ мегарданд, барои риоя накардани қонунгузорӣ дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим тибқи асосҳои умумӣ ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида мешаванд.
Мувофиқи иловаи қисми 2 моддаи 33, агар аз рӯзи содир шудани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ вобаста ба танзими анъана ва ҷашну маросим шаш моҳ гузашта бошад, шахс ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида намешавад.
Мутобиқи лоиҳаи қонуни мазкур қисми 3 ва қисми 4 моддаи 43 дар таҳрири нав ифода карда мешавад.
Дар асоси қисми 4 моддаи 1 лоиҳа, моддаи 481 такмил дода шуда, аз ҷумла санксияҳои қисмҳои 1, 2 тағйир ва қисми 2 моддаи мазкур дар таҳрири нав ифода карда мешавад. Мақсад пешгирӣ намудани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ мебошад.
Лоиҳаи қонуни зикргардида бо қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 октябри соли 2020 таҳти №347 барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон супорида шуд.
Кумитаҳои Маҷлиси намояндагон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон онро мавриди омӯзиш қарор дода, ҷонибдорӣ намуданд ва ҳамчунин, ҷиҳати такмил дар маҷмӯъ, 30 таклифу пешниҳод манзур карданд, ки аз онҳо 16 — то пурра, 9 — то қисман қобили қабул дониста шуда, 5-то қабул нашуданд.
Кумитаи масъул 1 ва 13 апрели соли 2021 бо иштироки намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон дар ҷаласаи васеъ онро мавриди баррасӣ қарор дода, пурра ҷонибдорӣ намуданд.
Лоиҳаи қонуни мазкур ба моддаҳои 1, 10, 14, 33 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва боби 5 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» мутобиқ мебошад.
Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон аз шумо — вакилони арҷманд эҳтиромона хоҳиш менамояд, ки лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» — ро ҷонибдорӣ намоед.
РАИС: — Аз рӯи ин масъала сухан ба раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатзода Сулаймон Пирхон дода мешавад. Марҳамат.
Сулаймон ДАВЛАТЗОДА:
- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини арҷманд!
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо мақсади такмили ҷавобгарии маъмурӣ барои вайрон кардани талаботи қонунгузорӣ дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим таҳия ва пешниҳод карда шудааст.
Ҳанӯз ҳам баъзан шаҳрвандон ба исрофкорию зоҳирпарастӣ ва ташкили маъракаҳои зиёдатӣ роҳ медиҳанд. Ҳолати мазкур махсусан дар шароити густариши бемории COVID-19 боиси нигаронӣ буда, зарурати пешгирии қонунвайронкуниҳоро дар ин самт тақозо менамояд. Бо дарназардошти ин ҳолат ба моддаҳои 30, 33, 43 ва 481 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиру иловаҳои дахлдор пешниҳод мегардад.
Тибқи лоиҳа, дар моддаи 481 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон меъёрҳои ҷарима мувофиқан баланд бардошта шуда, қисми 3 бо мақсади таъмини риояи талаботи қонунгузорӣ дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар шароити пайдоиш ва паҳншавии беморие, ки барои инсон хавфнок аст, дар таҳрири нав пешниҳод шудааст.
Баҳри пешгирии густариши бемории COVID-19 бо қарори Ситоди ҷумҳуриявӣ нисбат ба чорабиниҳои оммавӣ, аз ҷумла, баргузории маъракаҳо, талаботи муайян дар робита ба қоидаҳои беҳдоштӣ пешбинӣ гардид. Бо вуҷуди ин, иддае аз шаҳрвандон маъракаҳоро бар хилофи талаботи қонун ва қарорҳои Ситоди ҷумҳуриявӣ баргузор намуда, боис ба густариши бемории сироятӣ шуданд.
Тағйироти мазкур имкон фароҳам меорад, ки баҳри пешгирии чунин ҳолатҳо заминаи қонунӣ муқаррар карда шуда, дар умум пурзӯр кардани ҷавобгарии маъмурӣ ба коҳиш додани сатҳи қонунвайронкуниҳо дар ин самт мусоидат намояд.
Аз ин рӯ, аз шумо — вакилони арҷманд, эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки онро ҷонибдорӣ намоед.
РАИС: — Ба маърӯзачӣ ягон савол ё пешниҳод ҳаст? Марҳамат.
Саидҷаъфар УСМОНЗОДА: — Аксар қонунвайронкуниҳое, ки сар мезананд, сабабаш надонистани қонун мебошад. Аз ин рӯ, пешниҳод доштам, ки намояндагони зерсохторҳои Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳоту маҳаллаҳо моҳияти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», инчунин ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистонро фаҳмонанд. Зеро на ҳама сокинони мамлакат имкони хондану фаҳмидани моҳияти қонуну кодекси зикршударо доранд.
РАИС: - Боз кӣ хоҳиши баромад кардан дорад? Марҳамат.
Зафар ФАЙЗУЛЛОЗОДА:
- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд, ҳозирини гиромӣ!
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо мақсади татбиқи дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Иҷлосияи якуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум аз 17 апрели соли 2020 таҳия ва пешниҳод шудааст.
Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» — ро мавриди омӯзиш ва баррасӣ қарор дода, ҷиҳати такмили он 6 таклиф пешниҳод намуд, ки аксари онҳо қабул ва дар лоиҳа асосан ба назар гирифта шуданд.
Мавриди зикр аст, ки қабули лоиҳаи қонуни мазкур ҷиҳати такмили ҷавобгарии маъмурӣ барои вайрон кардани талаботи қонунгузорӣ дар соҳаи танзими анъана ва ҷашну маросим аҳамият ва зарурат дошта, тағйиру иловаҳои пешниҳодгардида хусусияти танзимкунанда ва мутобиқкунандаро доранд ва дар маҷмӯъ, барои мукаммал шудани кодекс ва пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ мусоидат менамояд,
Кумита лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ менамояд ва аз шумо, вакилони гиромӣ хоҳиш менамоем, ки онро ҷонибдорӣ намоед.
Абдуҳалим ҒАФФОРЗОДА:
- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» яке аз масъалаҳои муҳими ҷомеаи шаҳрвандии мамлакат ба шумор меравад. Зеро он бо мақсади такмили ҷавобгарии маъмурӣ барои вайрон кардани талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҳия шудааст.
Қонун офаридан кори осон нест. Аз вақте инсон аввалин маротиба ба олами тамаддун қадам гузошт, бузургтарин кашфиёташ эҷоди қонун аст. Қонуни зикршуда замоне баррасӣ гардид, ки бисёриҳо зимни баргузории маъракаҳо ба зиёдаравию исрофкориҳо роҳ медоданд. Ин қонун аз соли 2007 барои коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ ва пешгирии исрофкорию хароҷоти беҳуда дар мамлакат нақши бузурги иҷтимоию иқтисодӣ дорад. Мутаассифона, ҳанӯз дар ҷомеа ашхосе ҳастанд, ки баъзе аз нуктаҳои қонуни мазкурро риоя намекунанд.
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз тарафи вакилон, олимон, коршиносон, фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ таҳия шуда, ҳадаф аз он дар шароиту муҳити нав рушду такомул додани расму оинҳои миллӣ мебошад. Қонун ҳамон вақт пурра мавриди амал қарор мегирад, ки онро аҳли ҷомеа аз рӯи ақлу хирад ва фаросат дарк намоянд. Чунончи, Бузургмеҳри Ҳаким мегӯяд: «Қавонини ҷисм ҷон аст, қавонини ҷон ақл аст. Инсоне, ки хирад надошта бошад, агар ҳар чӣ қадаре ки молу сарват барояш муяссар гардад, ӯ маҳрумтарин инсон аст».
Тағйироти мазкур ба коҳиш додани сатҳи қонунвайронкуниҳо дар самти баргузории маъракаҳо мусоидат менамояд. Аз ин рӯ, аз шумо, вакилони гиромӣ, эҳтиромона хоҳиш мекунам, ки лоиҳаи қонуни пешниҳодгардидаро ҷонибдорӣ намоед.
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қонун қабул шуд.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагон «Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қарор тасдиқ гардид.
РАИС: — Вакилони муҳтарам, ҳозирини гиромӣ!
Масъалаҳое, ки ба рӯзномаи ҷаласа ворид гардиданд, баррасӣ шуданд. Доир ба рафти ҷаласа ягон эроду пешниҳод ҳаст? Нест.
Ба ҳамаи шумо, вакилони муҳтарам ва ҳозирини гиромӣ, барои иштироки фаъолона изҳори миннатдорӣ менамоям.
Бо ҳамин ҷаласаро пӯшида эълон менамоям.
Самариддин АСОЕВ,
Сайфиддин СУННАТӢ,
«Садои мардум».
Суратгир Неъматулло АЛИЕВ