Иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум

Қабули қонун «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» дар таҳрири нав

№40 (3677) 15.04.2017

DSC_0285Дувоздаҳуми апрели соли 2017 таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ҷаласаи навбатии Иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум баргузор шуд.

Оид ба рӯзномаи ҷаласа бо фарогирии масъалаҳои зерин Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид:

1. Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ»

2. Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйироту илова ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон».

РАИС: — Ба баррасии масъалаҳои рӯзнома шурӯъ менамоем.

Дар бораи масъалаи якум – «Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» сухан ба раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон ­Нас­рид­динзода Эмомалӣ Сайфиддин дода мешавад.

НАСРИДДИНЗОДА Эмомалӣ Сайфиддин:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд, ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Азизӣ Абдуҷаббор, Холиқзода Абдураҳим, Раҳмонзода Абдулғаффор, Амрихудои Дамдор, Усмонзода Саидҷаъфар, Насиба Содиқова, Мавзуна Шарофидинова, Ориф Ҳакимов, Дилшод Исматуллоев ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав таҳия ва пешниҳод шудааст.

Мақсад аз пешниҳоди лоиҳаи қонун танзими муносибатҳои ҷамъиятӣ, баланд бардоштани сифати қонунгузорӣ, риояи маданияти ҳуқуқэҷодкунӣ, фарҳанги техникаи ҳуқуқӣ, ҳамчунин мутобиқгардонӣ ба муқаррароти Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қисми 1 моддаи 42 Қонуни амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, мебошад.

Лоиҳаи қонун аз 12 боб ва 96 модда иборат аст. Боби 1 ­лоиҳаи қонун «Муқаррароти умумӣ» ном дошта, мавзӯи танзим ва доираи амали қонуни мазкур, мафҳумҳои асосӣ, принсипҳои асосии фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ, афзалияти ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд дар фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ, ошкорбаёнӣ ва шаффофият дар фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ, истифодаи техно­логияи иттилоотӣ дар фаъо­лияти ҳуқуқэҷодкунӣ, санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ, қабул кардани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ бо мақсади иҷрои уҳдадориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон, амали бевоситаи санади меъёрии ҳуқуқиро дар бар мегирад.

Дар боби 2-юм, ки «Намудҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» ном дорад, маълумот оид ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонуни бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабулгардида, қонуни конститутсионӣ, кодекс, қонун ва дигар намуди санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ҷой дода шудааст.

Боби 3-юм «Банақшагирии таҳияи лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» мақсади банақшагирии таҳияи лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, нақшаи таҳияи лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, муҳлати амали нақшаҳо ва сохтори нақшаҳоро дар бар мегирад.

Боби 4 «Хусусиятҳои банақ-шагирӣ, таҳия, таҳлили таъсири танзимкунии санади меъёрии ҳуқуқие, ки ба фаъолияти соҳибкорӣ таъсири имконпазир дорад» ном ­дошта, банақшагирии таҳияи лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқиеро, ки ба фаъолияти соҳибкорӣ таъсири имконпазир дорад, фаро мегирад.

Боби 5-ум «Техникаи ҳуқуқ­эҷодкунӣ» ном дорад ва он қоидаҳои таҳия, қабул ва ворид намудани тағйиру иловаҳо, тафсир, интишор, мураттабсозӣ, мавриди амал қарор додан, боздоштан ва қатъи амали санадҳои меъёрии ҳуқуқиро ба танзим медарорад.

Боби 6-ум «Таҳия ва ба расмият даровардани лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ» унвон дорад ва масъалаҳоро марбут ба таҳияи лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ, таъсиси гурӯҳи корӣ оид ба таҳияи лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ, мукаммал ва мушаххас намудани лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ, ҷалби мақомоти давлатӣ ба таҳияи лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ, тартиби мувофиқа кардани лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ, ирсоли ­лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ барои қабули минбаъдаи он ва экспертизаи лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ фаро мегирад.

Боби 7-ум «Интишори санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» ном дошта, интишори расмии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, сарчашмаҳо ва тартиби интишори расмии санадҳои меъёрии ҳуқуқиро дар бар мегирад. Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, Маҷмӯи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Феҳристи ягонаи давлатии санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, интишори ғайрирасмии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, санаи интишори расмии санади меъёрии ҳуқуқӣ, интишори санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар таҳрири нав, шартҳои амалӣ гардонидани санади меъёрии ҳуқуқӣ ва дастрасии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар ҳамин боб ҷой дода шудааст.

Боби 8-ум «Амали санади меъёрии ҳуқуқӣ дар замон, макон ва нисбат ба шахсон» ном дошта, тартиби мавриди амал қарор додани санади меъёрии ҳуқуқӣ, қувваи бозгашти санади меъёрии ҳуқуқӣ, муҳлати амали санади меъёрии ҳуқуқӣ, қатъи амали санади меъёрии ҳуқуқӣ, доираи амали санади меъёрии ҳуқуқӣ, амали санади меъёрии ҳуқуқӣ нисбат ба шахсон ва мониторинги татбиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқиро дар бар гирифтааст.

Боби 9-ум «Тафсири расмии санади меъёрии ҳуқуқӣ» зарурат ва тартиби тафсири расмии санади меъёрии ҳуқуқиро танзим намудааст.

Боби 10-ум «Тартиби ҳалли ихтилофоти ҳуқуқӣ ва роҳҳои бартарафсозии онҳо» унвон дошта, мутобиқати санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба Конститутсия ва қонунҳои дигари Ҷумҳурии Тоҷикистон, тартиби ҳалли ихтилофи байни санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, роҳҳои бартараф намудани ихтилофоти байни санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва бартараф кардани норасоӣ дар санади меъёрии ҳуқуқиро ба танзим даровардааст.

Боби 11- ум «Баҳисобгирӣ, бақайдгирии давлатӣ ва мураттабсозии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ», маълумоти муфассал роҷеъ ба баҳисобгирии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, Феҳристи баҳисобгирии давлатии санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, санҷиш ва бақайдгирии давлатии санадҳои меъёрии ҳуқуқии вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ, дигар мақомоти давлатӣ, тартиби баҳисобгирӣ ва бақайдгирии давлатии санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, назорат ва санҷиши фаъолияти ҳуқуқэҷодкунии вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ ва дигар мақомоти давлатӣ, мураттабсозии санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, махзани мутамаркази иттилооти ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон фарогир мебошад.

Боби 12-ум «Муқаррароти интиқолӣ ва хотимавӣ» ном дошта, муқаррароти интиқолӣ, аз эътибор соқит донистани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» ва тартиби мавриди амал қарор додани қонуни мазкурро дар бар мегирад.

Бояд тазаккур дод, ки дар ­лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» 50 дарсади матни қонуни амалкунанда тағйир ёфтааст. Масалан, ба он 1 бобу 17 моддаи нав илова гардидааст.

Афзалиятҳои ҳуқуқии лоиҳаи қонун инҳоянд:

1) Истифодаи васеъ аз принсипҳои асосии фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ (дар боби 1 моддаҳои 3, 4, 5);

2) Густариш додани доираи муносибатҳои ҳуқуқие, ки қонуни мазкур танзим мекунад (дар боби 1 моддаи 1);

3) Мукаммал намудани техникаи ҳуқуқии қабул намудани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ (ба матни қонун вобаста аст);

4) Ба таври мушаххас афзалияти ҳуқуқӣ додани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар байни дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, бахусус санади ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон (дар боби 2 моддаи 16);

5) Мушаххас намудани тартиби қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқии зерқонунӣ (дар боби 5 моддаҳои 44, 45);

6) Густариш додани механизми истифодаи технологияи иттилоотӣ дар фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ (дар боби 1 моддаи 6).

Ҳамчунин, 26 моддаи дигар таҳрир ва ба аксари моддаҳои қонуни амалкунанда калимаву ибораҳои нав илова шудаанд.

Ҳангоми таҳияи лоиҳаи қонун аз таҷрибаи қонунгузории кишварҳои муштаракулманофеъ ва дигар давлатҳо эҷодкорона истифода шудааст.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №764 20 июни соли 2016 барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои додани хулоса ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуд.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон онро мавриди омӯзиш қарор дода, ҷонибдорӣ ва ҳамчунин, ҷиҳати такмил 171 таклифу пешниҳод манзур карданд, ки 126-тои он пурра ва 23-тои дигар қисман қабул гардид.

Чоруми апрели соли ҷорӣ бо иштироки муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуҷаббор Азизӣ, намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон ҷаласаи васеи кумитаи масъул баргузор гардид, ки дар он таклифу пешниҳодҳои ироагардида мавриди баррасӣ қарор гирифта, дастгирӣ ёфт.

Хоҳишмандам, лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Сухан аз рӯи ин масъала ба муовини якуми вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Холиқзода Абдуманон Ғафор дода мешавад.

 ХОЛИҚЗОДА Абдуманон Ғафор:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Дар солҳои Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон низоми нави ҳуқуқӣ тавлид ёфт, рушд кард ва ба системаи муайян даромад. Яке аз санадҳои меъёрии ҳуқуқии муҳимтарине, ки ба ҷорӣ намудани низоми нави ҳуқуқӣ мусоидат кард, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» буд, ки бори аввал соли 1998 қабул гардид. Баъди ба фаъолият шурӯъ намудани парлумони касбӣ ва тағйир ёфтани раванди ҳуқуқэҷодкунӣ, зарурати дар таҳрири нав қабул намудани қонуни номбурда ба миён омад ва бо ташаббуси вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати дуюм, соли 2003, он дар таҳрири нав қабул шуд.

Омӯзиш ва таҳлил шаҳодат медиҳад, ки ҳангоми дар таҳрири нав таҳия кардан таҳиягарон ба се раванди такмили ҳуқуқэҷодкунӣ диққати махсус дода, лоиҳаи қонунро ба вазъи имрӯзаи низоми ҳуқуқӣ ва талаботи замони муосир мутобиқ намудаанд:

Якум, бо роҳи ворид намудани тағйироти таҳрирӣ, ки қариб матни ҳама моддаи қонуни амалкунандаро дар бар гирифтаанд, меъёрҳо нисбатан бо забони сода, мухтасар ва фаҳмо баён шудаанд. Таҳиягарон кӯшиш ба харҷ додаанд, ки лоиҳаи қонун намунае барои таҳия, қабул ва интишори дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ гардад.

Дуюм, Таҳиягарон бо мақсади аз байн бурдани гуногунфаҳмӣ ва номуайяниҳои меъёрҳои қонуни амалкунанда то андозае меъёрҳоро дар лоиҳаи қонун дақиқ ва мушаххас баён кардаанд, то ки ҳангоми татбиқи онҳо дар таҷриба духӯрагӣ ба миён наояд. Чунончӣ, дар қисми 1 моддаи 5 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ», ки айни замон амал мекунад, ҳангоми муайян намудани субъектони ҳуқуқэҷодкунанда дар қатори субъектони мушаххас номбаршуда мафҳуми «ва дигар мақомоти давлатӣ» зикр гардидааст, ки дар амалия раванди ҳуқуқэҷодкуниро мушкил мегардонд, зеро мафҳуми «дигар мақомоти давлатӣ» хеле васеъ мебошад. Аз ин рӯ, дар таҷриба зери мафҳуми «дигар мақомоти давлатӣ» ҳамчун субъектони ҳуқуқэҷодкунанда кадом мақомот дар назар дошта шудааст, баҳсҳо вуҷуд дошт, ки баъзе аз онҳо ҳатто мавзӯи баррасии судӣ гардидаанд. Дар лоиҳаи қонуни пешниҳодгардида ба ҷойи ибораҳои «дигар мақомоти давлатӣ» дақиқ пешниҳод шудааст: мақомоти назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Ҳамчунин, тибқи моддаи 34-уми қонуни амалкунанда («Таркиби санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ»), ки аз 22 қисм иборат аст, қисмҳои таркибӣ – санадҳои қонунгузорӣ ва санадҳои зерқонунӣ дар шакли омехта оварда шудааст.

Дар таҷриба, ҳангоми таҳияи санадҳои зерқонунӣ аз ҷониби субъектони ҳуқуқэҷодкунанда, зимни муайян намудани он ки кадом қисмҳои таркибӣ ба кадом намуди санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ тааллуқ доранд, ба хатогӣ роҳ дода мешуд. Дар лоиҳаи қонуни баррасишаванда матни моддаи 34 -уми қонуни амалкунанда дар се моддаи алоҳида бо номҳои «Таркиби санади қонунгузорӣ» (м. 43), «Таркиби санади меъёрии ҳуқуқии зерқонунӣ» (м. 44) ва «Таркиби санади меъёрии ҳуқуқии зерқонунии қабул ё тасдиқкунанда ва бо дигар санад қабул ё тасдиқшаванда» (м.45) оварда шудаанд, ки бо ин мушкилоти зиёди раванди ҳуқуқэҷодкунӣ роҳи ҳалли худро меёбад.

Сеюм, хизмати асосии таҳиягарони лоиҳаи қонун дар он аст, ки онҳо бо истифода аз таҷрибаи биступанҷсолаи қонунгузории кишвари соҳибистиқлоламон ва таҷрибаи давлатҳои пешқадам бо роҳи ворид намудани меъёрҳои нав қонунро хеле мукаммал гардонидаанд.

Дар лоиҳаи қонун боби нав бо номи «Хусусиятҳои банақшагирӣ, таҳия, таҳлили таъсири танзимкунии санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки ба фаъолияти соҳибкорӣ таъсири имконпазир доранд» ҷой дода шудааст. Бояд қайд намуд, ки таҳлили таъсири танзимкунӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ дар давлатҳои Аврупои Ғарбӣ соли 1971 ҳангоми таҳияи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ татбиқ гардид. Танҳо баъд аз солҳои 2000-ум татбиқи таҳлили таъсири танзимкунӣ ҳангоми таҳияи лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар байни кишварҳои ҷаҳон рӯ ба афзоиш ниҳод. Дар байни кишварҳое, ки таҳлили таъсири танзимкуниро истифода менамоянд, Британияи Кабир, Голландия, Австралия, Ирландия, Зеландияи Нав, Канада, Федератсияи Россия, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова ва ғайраро метавон ном бурд. Дар Тоҷикистон «Консепсияи низоми таҳлили таъсири танзимкунӣ» бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 18 ноябри соли 2015, № 673 тасдиқ шуд. Мутобиқи талаботи консепсияи номбурда, мақсади асосии ҷорӣ намудани таҳлили таъсири танзимкунӣ дар Тоҷикистон тавассути арзёбии мунтазами таъсири санадҳои меъёрии ҳуқуқии нав ба субъектҳои соҳибкорӣ, фазои соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ, паст намудани хароҷот ва хавфҳо барои муҳити соҳибкорӣ мебошад. Аз ин рӯ, дар боби нави қонун хусусиятҳои банақшагирӣ, таҳия, таҳлили таъсири танзимкунии санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки ба фаъолияти соҳибкорӣ таъсири потенсиалӣ доранд, дарҷ гардидаанд.

Дар маҷмӯъ, ҳадаф аз ворид намудани боби нав беҳтаргардонии фазои соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ, инчунин бо истифода аз низоми муосири арзёбии пешакӣ беҳтар намудани раванди таҳияи санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки ба фаъолияти соҳибкорӣ таъсири потенсиалӣ доранд, мебошад.

Дигар комёбии таҳиягарони лоиҳаи қонун ба мураттабсозии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ (моддаи 92) тааллуқ дорад. Дар ин модда мақомоти давлатие, ки ҳатман бояд мураттабсозии санадҳои меъёрии ҳуқуқиро тибқи Тас­нифи ягонаи умумиҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монанд, бори аввал мушаххас муайян шудааст. Дар баробари ин, мақомоти давлатӣ ва шахсони мансабдор уҳдадор шудаанд, ки дастрасии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва тағйиру иловаҳои ба онҳо воридшударо ба воҳидҳои сохтории худ таъмин намоянд. Ин меъёрҳо дар амал татбиқшавии санадҳои меъёрии ҳуқуқиро таъмин намуда, барои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии кормандон мусоидат менамоянд.

Аз шумо, вакилони муҳтарам, хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

Вакилони Маҷлиси намояндагон Зайнуддин Сафаров, Мусаллам Қодирова, Аҳматҷон Қобилов, Ҷамшед Муртазоқулов ва Ҷаббор Ахмедов роҷеъ ба паҳлуҳои гуногуни лоиҳаи қонун ба раиси кумитаи масъул Насриддинзода Эмомалӣ Сайфиддин ва муовини якуми вазири адлия Холиқзода Абдуманон Ғафор савол дода, посух гирифтанд.

 РАИС: — Сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба ­масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ Ғаффоров Абдуҳалим дода мешавад.

Абдуҳалим Ғаффоров:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ», ки мақсад ва вазифаи асосиаш ба танзим даровардани муносибатҳои ҷамъиятӣ дар самти фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ мебошад, ҳуҷҷати басо муҳим ба шумор меравад.

Лоиҳаи қонун ба меъёрҳои ҳуқуқии дохилӣ ва техникаи ҳуқуқэҷодкунӣ ҷавобгӯ мебошад. Дар он тарз ва роҳҳои тартиб додани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ равшану возеҳ нишон дода шудааст, ки барои минбаъд омода намудани қонунҳои дигар аз аҳамият холӣ нест. Дар лоиҳаи қонун омадааст, ки дар матни санади меъёрии ҳуқуқӣ истифодаи забони гуфтугӯйӣ, лаҳҷа ва шева, ифодаҳои маҷозӣ ва пуробуранг, таркибҳои норавшан, хитобу даъватҳои умумӣ мумкин нест. Ин нукта барои покиза нигоҳ дош­тани забони давлатӣ басо муҳим аст.

Аз шумо эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба сох­тори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ Раҳмонзода Абдулғаффор Азиз дода мешавад.

 РАҲМОНЗОДА Абдулғаффор Азиз:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ», ки онро «қонуни қонунҳо» низ меноманд, барои субъектҳои ҳуқуқэҷодкунанда, аз ҷумла, мо-вакилони Маҷлиси намояндагон, бисёр муҳим мебошад. Аз ин рӯ, лоиҳаи қонуни пешниҳодгардида, ки се ташаббуси қонунгузориро бо ҳам муттаҳид сохтааст, барои боз ҳам беҳтар намудани танзими муносибатҳои ҷамъиятӣ дар самти фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ ва ҳалли ихтилофоти ҳуқуқӣ мусоидат хоҳад намуд.

Он тамоми силсилаи «ҳаётӣ»-и санади меъёрии ҳуқуқӣ – аз лоиҳасозӣ то қатъ гардидани амали онро дар бар мегирад.

Мукаммал намудани принсипҳои асосии фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ, истифодаи технологияи иттилоотӣ дар фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ, мураттабсозии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, таҳлили таъсири танзимкунии санади меъёрии ҳуқуқӣ, ки ба фаъолияти соҳибкорон таъсири имконпазир дорад ва дигар тағйиру иловаҳо фаъолияти ҳуқуқэҷодкуниро боз ҳам беҳтар менамоянд.

Як бартарияти лоиҳаи пешниҳодгардида аз он иборат аст, ки дар он таркиби санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ҷобаҷогузорӣ ва сода карда шудааст. Масалан, агар дар қонуни амалкунанда модда аз қисм, банд, зербанди банд, сархати қисми модда, сархати банди қисми модда ва сархати зербанди банди модда иборат бошад, пас дар лоиҳаи пешниҳодгардида модда аз қисм, банд ва сархатҳои қисм ва банди модда иборат мебошад. Ҳамчунин, дар лоиҳаи пешниҳодгардида он ихтилофоте, ки дар шакли навишти қисмҳои таркибии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ вуҷуд доштанд, аз байн бурда шуданд.

Яке аз масъалаҳои муҳим, ки лоиҳаи қонун танзими онро амалӣ менамояд, масъалаи мониторинги татбиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ мебошад. Танзими масъалаи мазкур барои амалӣ намудани таҳлили иҷрои муқаррароти санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва бо дарназардошти рушди ҷомеа такмил додани онҳо мусоидат хоҳад намуд.

Итминони комил дорам, ки баъди ба ҳукми қонун даромадани лоиҳа фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ ва баланд бардоштани волоияти ҳуқуқу озодии инсон ва шаҳрванд дар фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ беҳтар мегардад.

РАИС: — Сухан аз рӯи ин масъала ба раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин Латифзода Рустам Барот дода мешавад.

Латифзода Рустам Барот:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Яке аз муҳимтарин самти фаъолияти мақомоти давлатӣ ва воситаи амалигардонии функсияи онҳо қабули санади меъёрии ҳуқуқӣ ва ба ҳамин васила танзими муносибатҳои ҷамъиятии дахлдор мебошад, ки махсусан ба фаъолияти мо — вакилони мақоми қонунгузории мамлакат вобастагии зич дорад. Дар ин раванд яке аз муҳимтарин санади танзимкунандаи фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» мебошад. Қонуни амалкунанда, ки соли 2003 қабул шуда, то имрӯз амал мекунад, рисолати худро иҷро намуд ва дар асоси он фазои ҳуқуқии кишвар такмил ёфт. Ҳамчунин, бояд қайд намуд, ки Тоҷикистон марҳилаи таърихии ба худ хосеро аз сар мегузаронад ва вобаста ба ин зарурати гузаронидани ислоҳоти гуногун қариб дар ҳама соҳа – иқтисодӣ, иҷтимоӣ, идораи давлатӣ, истифодаи устувори захираҳои обу замин, ҳифзи муҳити зист ва дигар ба миён омадааст, ки механизмҳои нави танзими ҳуқуқиро тақозо менамоянд.

Ташаккули давлати демократию ҳуқуқбунёд, қабл аз ҳама, ба сифати баланди қонунҳо вобаста аст ва он бояд волоияти қонунро таъмин намуда, ба талаботи воқеии ҷомеаи шаҳрвандӣ ҷавобгӯй бошад. Маҳз бо дарназардошти ҳамин нукта, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар оғози Иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум қайд карданд, ки «вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон зимни таҳия ва қабули қонунҳо ба сифат ва самаранокии онҳо аҳамияти аввалиндараҷа диҳанд, зеро дурнамои инкишофи қонунгузорӣ бо дарназардошти ислоҳоти соҳаҳои мухталифи ҳаёти ҷомеа тақозо мекунад, ки меъёри қонун бояд амалишаванда ва ба талаботи замон ҷавобгӯй бошад».

Чунин зарурат, ҳамчунин дар «Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030», ки аввали моҳи декабри соли гузашта Маҷлиси намояндагон ба тасвиб расонид ва ҳамчунин, дар лоиҳаи ­«Консепсияи сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017-2027» таъкид шудааст.

Бинобар ин, зарурати таҷдиди санади асосии танзимкунанда ва муайянкунандаи талабот ва техникаи ҳуқуқэҷодкунӣ ба миён омад, то барои ҳалли мақсаду вазифаҳои аз тарафи давлат дар марҳилаи навин муайяншуда мусоидат намояд. Маҳз бо дарназардошти ин, гурӯҳи вакилон бо роҳбарии муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Абдуҷаббор Азизӣ бо истифода аз ҳуқуқи ташаб­буси қонунгузорӣ лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ»-ро дар таҳрири нав таҳия ва пешниҳод намуданд, ки сазовори дастгирист. Дар он паҳлуҳои муҳими раванди ҳуқуқэҷодкунӣ танзими худро ёфтаанд. Ҳамчунин, як қатор муқаррароти дигари навро қайд кардан ҷоиз аст, ки бешубҳа, ба баланд гардидани сатҳу сифати санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва амалишавии онҳо мусоидат намуда, қонунро суфтаву оммафаҳм ва татбиқи онро дар амалия осон хоҳад кард.

Аз ин рӯ, аз шумо – вакилони гиромӣ эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ»-ро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Сухан роҷеъ ба ин ­масъала ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ Раҷабов Равшан Муҳитдинович дода мешавад.

Равшан РАҶАБОВ:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» мутобиқ ба талаботи моддаи 58 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 12 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи гурӯҳи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.

Илова ба ин, бо мақсади мукаммал кардани лоиҳаи қонуни мазкур лоиҳаҳои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» ва «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ», ки бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри иҷрои банди 3 Нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Консепсияи низоми таҳлили таъсири танзимкунӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 ноябри соли 2015, №673 тасдиқ шудааст) ва иҷрои банди 6 Матритсаи чорабиниҳои Бонки Осиёии Рушд барои дастгирии Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидаанд, якҷоя карда шудаанд.

Ҳадафи асосии лоиҳаҳои мазкур иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз суханронӣ дар Иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум (17 марти соли 2015), инчунин бартараф намудани ихтилофоти қонунгузорӣ ва мукаммал гардонидани раванди шаклгирии низоми ҳуқуқӣ, такмили фаъолияти ҳуқуқэҷодкунии субъектони ҳуқуқэҷодкунанда, бартараф намудани ихтилофи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва беҳтар кардани сифати санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба шумор меравад.

Ба лоиҳаи қонуни мазкур як боби алоҳида бо номи «Боби 4. Хусусиятҳои банақшагирӣ, таҳия, таҳлили таъсири танзимкунии санади меъёрии ҳуқуқие, ки ба фаъолияти соҳибкорӣ таъсири имконпазир дорад» ҳамроҳ карда шудааст. Мақсади асосии боби алоҳида, пеш аз ҳама, татбиқи муқаррароти Консепсияи низоми таҳлили таъсири танзимкунӣ дар Тоҷикистон ва иҷрои банди 6 Матритсаи чорабиниҳои Бонки Осиёии Рушд барои дастгирии Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Дар боби мазкур масъалаҳои банақшагирии таҳияи лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқие, ки ба фаъолияти соҳибкорӣ таъсири имконпазир дорад, машваратҳои оммавӣ оид ба огоҳинома дар бораи омода намудани лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқие, ки боиси таҳлили таъсири танзимкунӣ мегардад, омода намудани лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ, ки боиси таҳлили таъсири танзимкунӣ мебошад, таҳлили таъсири танзимкунӣ, хулосаи мақоми ваколатдор оид ба таҳлили таъсири танзимкунӣ ва портали интернетии иттилооти ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба танзим даромадааст.

Аз шумо — вакилони гиромӣ эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: - Сухан ба раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон Раҷабова Лутфия Нусратовна дода мешавад.

 Лутфия РАҶАБОВА:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» яке аз муҳимтарин паҳлуҳои фаъолияти мақомоти давлатиро дар ҷараёни амалӣ гардонидани вазифаҳояшон, аз қабили банақшагирӣ, таҳия, омодасозӣ, қабул ва мавриди истифода қарор додани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба танзим медарорад. Тавре маълум аст, мақомоти давлатӣ маҳз тавассути қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ салоҳият ва ваколатҳои худро амалӣ мегардонанд. Гуфтан мумкин аст, ки дар лоиҳа раванди ҳуқуқэҷодкунӣ пурра инъикос ёфтааст. Ҳолате ки боиси дастгирии хоса мебошад, ин мониторинги минбаъдаи татбиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии қабулгардида аст. Мувофиқи муқаррароти моддаи 81- и лоиҳа, мониторинги татбиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ аз тарафи мақомоти ҳуқуқэҷодкунанда бо мақсади пурракунӣ ва таҳлили иттилоот оид ба ҷараёни татбиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии мушаххас гузаронида мешавад. Ин муқаррарот имкон фароҳам меоранд, ки таҳлили мунтазам ва ҳаматарафаи қонунгузории ҷумҳурӣ доир карда, барои пурра намудани ҷойҳои холӣ дар қонунгузорӣ тадбирҳои саривақтӣ андешида шавад.

Аз шумо — вакилони гиромӣ эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ»-ро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: - Сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Рӯзадор Муҳаббатшо дода мешавад.

 Рӯзадор Муҳаббатшо:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» ҷавобгӯйи талаботи замон аст. Муаллифони лоиҳаи қонун кӯшиш ба харҷ додаанд, ки моҳият ва муҳтавои онро ба сатҳи қонунфаҳмии қишрҳои ҷомеа мутобиқ намуда, тавассути он савияи фарҳанги ҳуқуқии мардумро баландтар бардоранд.

Зарурати лоиҳаи қонуни зикргардида дар он аст, ки ҳамчун манбаи асосии қонунсозӣ дар кишвар баромад намуда, паҳлуҳои гуногуни санадҳои меъёрии ҳуқуқиро оид ба баланд бардоштани сифати қонунэҷодкунӣ ба миён гузоштааст. Мавриди зикр аст, ки муаллифон ба матни лоиҳаи қонун тағйироту иловаҳои зиёд ворид сохтаанд, ки бо дарназардошти манфиати шаҳрвандон ва фароҳам овардани имконияти зарурӣ барои фаъолияти пурсамари онҳо дар мамлакат хизмат хоҳад намуд. Бахусус, боби чорум- «Хусусиятҳои банақшагирӣ, таҳия, таҳлили таъсири танзимкунии санади меъёрии ҳуқуқие, ки ба фаъолияти соҳибкорӣ таъсири имконпазир дорад» қобили таваҷҷуҳ аст. Боби мазкур бо хусусиятҳои санъати қонунэҷодкунӣ манфиатҳои шаҳрвандонро пурра фаро гирифта, барои амалӣ намудани онҳо ҳамаҷониба кумак мерасонад. Дар лоиҳаи қонун махсусиятҳои коркард ва қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки ба масъалаҳои ҳуқуқ, озодӣ ва уҳдадориҳои шаҳрванд вобастаанд, низ хеле хуб инъикос ёфтааст.

Аз шумо — вакилони арҷманд эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: - Сухан ба раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Маҷидзода Ҷӯрахон Зоир дода мешавад.

 Маҷидзода Ҷӯрахон Зоир:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Яке аз муҳимтарин қонунҳо дар раванди танзими муносибатҳои ҷамъиятӣ оид ба ҳуқуқэҷодкунӣ ва меъёрмуқарраркунӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» мебошад. Дар раванди омода кардани на танҳо қонунҳо, балки санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ аз ҷониби мақомоти давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ин қонун сарчашмаи асосии танзим мебошад. Аз ин рӯ, иқдоми пешгирифтаи гурӯҳи вакилон оид ба такмили қонуни мазкур ва дар таҳрири нав омода намудани он боиси дастгирист.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» чанд моҳ дар кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифт. Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон барои такмил додан ва дар шакли имрӯза пешниҳод кардани он чанд маротиба ҷаласа ва оид ба таҳлили паҳлуҳои алоҳидаи он бо иштироки мутахассисони илми ҳуқуқшиносӣ ҷамъомад доир намуд.

Дар лоиҳа, як қатор дигаргуниҳое, ки дар қонуни амалкунанда нест, инъикос шудаанд, аз қабили банақшагирии таҳияи лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, таҳлили таъсири имконпазири онҳо, талаботи нав оид ба техникаи ҳуқуқэҷодкунӣ, истилоҳоти истифодашаванда, забони қонун ва монанди ин.

Аз шумо — вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ»- ро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: - Оид ба ин масъала сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Холмуҳаммадзода Азизмуҳаммад Холмуҳаммад дода мешавад.

 Холмуҳаммадзода Азизмуҳаммад Холмуҳаммад:

— Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Қонуни амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» дар рушду нумуи низоми ҳуқуқии мамлакат ва демок­ратигардонии ҷомеаи Тоҷикистон саҳми босазо гузошта, дар муҳлати ҳашт сол вазифаи таърихии худро иҷро намуд. Зеро пас аз қабули қонуни мазкур дар ҳаёти ҷомеаи Тоҷикистон тағйироти куллӣ ба вуқӯъ пайваст ва муносибатҳои нави ҷамъиятӣ пайдо гардид, ки онҳо дар маҷмӯъ ба танзими ҳуқуқӣ ниёз доранд. Бар замми ин, ба Конститутсия ва санадҳои дигари қонунгузории мамлакат тағйиру иловаҳои ҷиддӣ ворид карда шуданд, ки онҳо низ тағйиру иловаҳоро ба қонуни мазкур тақозо менамоянд.

Аз ин лиҳоз, боиси қаноатмандист, ки се лоиҳаи мустақили Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» дар таҳрири нав дар як вақт аз ҷониби гурӯҳи калони вакилони Маҷлиси намояндагон ва Ҳукумати кишвар ба баррасии мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузор пешниҳод гардид. Мақсади ҳар яке аз онҳо иборат аз такмили фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ, беҳтар намудани сифати санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, содаву самаранок ва оммафаҳмгардонии фаъолияти қонунгузорӣ мебошад. Бинобар ин, тибқи талаботи зербанди е) банди 53 Дастури Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо ташаббуси кумитаи масъул ва бо қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагон онҳо муттаҳид карда шуданд. Бо заҳмати зиёди мутасаддиён фаъолияти қонунгузорӣ дар кишвар содаву оммафаҳм, муқаррарот равону мушаххас гардида, иштироки васеи сокинони мамлакат дар фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ пешбинӣ карда шуд. (Идома аз саҳ. 1,2)

Бовар дорем, ки қонуни мазкур дар таҳрири нав баҳри амалишавии муқаррароти Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол ҷиҳати бунёди ҷомеаи адолатпарвар, давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ягона, иҷтимоӣ, фароҳам овардани шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаи ҳар як инсон, рушди кишвар, таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд дар Тоҷикистони озод саҳми муносиб мегузорад.

Хоҳиш менамоям, ки ба тарафдории қабули лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» овоз диҳед.

РАИС: — Вакилони муҳтарам! Дар маҷмӯъ, қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» барои боз ҳам шаффоф ва мукаммал гардидани фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ дар пайи як зумра тағйироте, ки  пас аз ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба амал омад, дар низоми ҳуқуқии кишвар паёмади нек аст.

Умед дорем, ки бо қабули қонуни мазкур бархе аз гуногунфаҳмиҳо дар татбиқи техникаи қонунэҷодкунӣ низ бартараф хоҳад шуд.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» модда ба модда, боб ба боб ба овоз монда шуда, баъд яклухт қабул гардид. Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шуд.

РАИС: - Ба баррасии масъалаи навбатӣ – «Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйироту илова ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» шурӯъ менамоем. Сухан оид ба ин масъала ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Сафарзода Бахтовар Амиралӣ дода мешавад.

САФАРЗОДА Бахтовар Амиралӣ:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйироту илова ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо мақсади пешбинӣ намудани ҷавобгарии маъмурӣ барои пинҳон намудани иттилоот дар бораи доштани шаҳрвандии давлати дигар ҳангоми интихоб ё таъин шудан ба вазифаҳои хизмати давлатӣ ва мансабҳои давлатие, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои онҳо маҳдудияти доштани танҳо шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикис­тонро пешбинӣ намудааст, таҳия ва пешниҳод гардидааст.

Вобаста ба ин, ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон моддаи 5011 бо мазмуни зерин илова гардид:

«Моддаи 5011. Пинҳон кардани иттилоот дар бораи доштани шаҳрвандии давлати дигар.

Барои аз ҷониби шаҳрванд пинҳон кардани иттилоот дар бораи доштани шаҳрвандии давлати дигар ҳангоми интихоб ва ё таъин шудан ба мансабҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳдудият оид ба доштани шаҳрвандии давлати дигарро пешбинӣ менамояд, ба андозаи аз бист то сӣ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад.».

Ҳамчунин, дар лоиҳа як зумра истилоҳҳо бо Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамгун карда шудаанд.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии  Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйироту илова ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро мавриди омӯзиш қарор дода, ҷонибдорӣ ва ҳамчунин, ҷиҳати такмил ёфтани он шаш таклифу пешниҳод манзур карданд, ки чортои он ба инобат гирифта шуд.

Кумитаи масъул 4 апрели  соли 2017 бо иштироки намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи васеъ таклифу пешниҳодҳои ироагардидаро баррасӣ ва бо дарназардошти таклифу пешниҳодҳо лоиҳаи қонуни мазкур бо розигии намояндаи субъекти ҳуқуқи ташаб­буси қонунгузорӣ такмил дода шуд.

Ҳамчунин, лоиҳаи қонуни мазкур бо дарназардошти тавсияҳои Раиси Маҷлиси намояндагон Шукурҷон Зуҳуров, ки дар ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагон пешниҳод шуд, пурра гардид. Хоҳиш менамоям, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи қонун ба овоз монда шуда, қонун қабул шуд. Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид.

Ҷаласаро Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ҷамъбаст намуд.

 Самариддин АСОЕВ,

Абдумаҷид МУРОДОВ,

«Садои мардум».

Суратгир Неъматулло АЛИЕВ