Иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум

Қабули санадҳои ҳуқуқӣ ба мубориза алайҳи ҷинояткорӣ тақвият мебахшанд

№44 (3524) 02.04.2016

DSC_004530 марти соли 2016 таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ҷаласаи навбатии Иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум баргузор гардид.

Дар бораи рӯзномаи ҷаласа бо дарбаргирии масъалаҳои зерин Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуд:

1. Дар хусуси Шартнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Покистон оид ба истирдод

2. Дар бораи Протокол оид ба ворид намудани тағйирот ба Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Қазоқистон дар бораи фаъолияти меҳнатӣ ва ҳифзи ҳуқуқҳои муҳоҷирони меҳнатӣ — шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки  муваққатан дар ҳудуди Ҷумҳурии Қазоқистон кор мекунанд, дар бораи фаъолияти меҳнатӣ ва ҳифзи ҳуқуқҳои муҳоҷирони меҳнатӣ — шаҳрвандони Ҷумҳурии Қазоқистон, ки муваққатан дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон кор мекунанд, аз 4 майи соли 2006

3. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тартиб ва шароити дар ҳабс нигоҳ доштани гумонбаршуда, айбдоршаванда ва судшаванда»

4. Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

5. Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

6. Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

7. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма»

8. Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон»

9. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ»

10. Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон».

РАИС: - Ба муҳокимаи масъ­алаҳои рӯзнома шурӯъ менамоем. Дар хусуси Шартнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Покистон оид ба истирдод сухан ба муовини якуми вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Аламшозода Абдураҳмон Аламшо дода мешавад.

АЛАМШОЗОДА Абдураҳмон Аламшо: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ!

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар хусуси тасдиқи Шартнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Покистон оид ба истирдод (экстрадитсия)» аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҳия ва пешниҳод гардидааст.

Мақсади пешниҳоди лоиҳаи мазкур ба расмият даровардани шартномаи зикргардида ва дар ин замина эътибори қонунӣ пайдо кардани он мебошад.

Шартномаи мазкур 12 ноябри соли 2015 дар шаҳри Исломободи Ҷумҳурии Исломии Покистон ба имзо расида, он барои ҳамкорӣ дар самти мубориза бо ҷинояткорӣ, хусусан истирдоди шахсони дар ҷустуҷӯ қарордошта, ки дар қаламрави давлати тарафҳо ҷиноят содир намуда, паноҳ мебаранд, равона шудааст.

Шартнома аз муқаддима ва 18 модда иборат буда, дар муқаддима асосҳо барои баста шудани Шартнома ифода ёфта, дар моддаи 1 уҳдадориҳо барои истирдоди шахсони ҷинояткор қайд гардидааст.

Дар моддаҳои 2 — 4 ҷиноятҳое, ки боиси истирдод мегарданд, инчунин, асосҳо барои истирдод ва рад кардани он пешбинӣ гардида, моддаҳои 5 — 6 шартҳои махсус ва тартиби ҳуҷҷатҳои зарурӣ нисбат ба истирдоди шахсонеро, ки ҷиноят содир кардаанд, ба танзим медароранд.

Моддаҳои 7 — 8 масъалаҳои вобаста ба огоҳ намудани дархосткунандаро оид ба қабули қарор, мувофиқа намудани тартиби супоридани шахси истирдодшаванда ва муайян намудани шаҳрвандии шахс, маҳали содир шудани ҷиноят, вазнинии ҷиноят, муайян кардани қабули дархост ва ба кадом давлат истирдод кардани шахсро пешбинӣ менамояд.

Дар моддаҳои 9 ва 10 масъалаҳои мусодира, супоридани молумулки истирдодшаванда ва меъёр оид ба истирдод ба давлати сеюм муқаррар шудааст.

Моддаҳои 11-14 — уми Шартнома ҳолатҳои вобаста ба транзит, хароҷот, амалӣ намудани муқаррароти Шартномаи мазкур, бозгардонии шахси истирдодшуда ва тарҷумаи ҳуҷҷатҳоро пешбинӣ намудааст.

Дар моддаҳои 15 — 18 масъалаҳои ҳалли баҳсҳо ҳангоми иҷрои талаботи Шартнома, тартиби ворид намудани тағйирот ба он ва эътибори қонунӣ пайдо намудани Шартнома муқаррар гардидааст.

Илова бар ин, санади зикр­шуда истирдод намудани ҷинояткоронеро пешбинӣ менамояд, ки қонунгузории тарафҳо нисбат ба шахси истирдодшаванда барои содир намудани амалҳои террор­истӣ, куштор, одамрабоӣ, гирифтани гаравгон ва дигар ҷиноятҳо на камтар аз як сол ҷазои маҳрум сохтан аз озодиро татбиқ карда бошад.

Ҳамчунин, татбиқи Шартномаи мазкур нисбат ба шахсе амалӣ намешавад, ки ҷинояти содиркардаи ӯ дорои хусусияти сиёсӣ бошад.

Ба расмият даровардани Шартномаи мазкур ба раванди ҳамкории мутақобила дар соҳаи мубориза бо ҷинояткорӣ ва истирдоди шахсони ҷустуҷӯшаванда барои тарафҳо мусоидат намуда, дар инкишофи алоқаи минбаъдаи мақомоти дахлдори Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Покистон заминаи ҳуқуқӣ мегузорад.

Шартномаи мазкур ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ мухолифат накарда, амалӣ гаштани он тибқи қонунгузорӣ сурат мегирад.

Бинобар ин, аз шумо, вакилони гиромӣ, эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи қарори пешниҳодшударо ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: - Аз рӯи ин масъала сухан ба узви  Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Сафаров Бахтовар Амиралиевич дода мешавад.

Бахтовар САФАРОВ: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ ва ҳозирини арҷманд!

Шартнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Покистон оид ба истирдод аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ҷиҳати тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.

Мақсади ба имзо расонидан ва тасдиқ намудани Шартнома ин мустаҳкам намудани ҳамкорӣ дар самти мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, инчунин ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидани шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар ҳудуди давлати мо ҷиноят содир намуда, дар давлати дигар паноҳ мебаранд, мебошад. Шартномаи мазкур барои рушди фаъолонаи ҳамкориҳо байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Покистон дар самти кофтукови ҷинояткорон ва истирдоди онҳо мусоидат мекунад.

Шартномаи зикршуда бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №581 аз 7 марти соли 2016 барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои додани хулосаи экспертизаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуд.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон онро мавриди омӯзиш қарор дода, ҷонибдорӣ намуданд.

Кумитаи масъул 16 марти соли 2016 бо иштироки намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи васеъ онро баррасӣ намуда, барои тасдиқ намудан тавсия намуд. Он ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надорад.

Аз ин лиҳоз, аз шумо, вакилони гиромӣ, эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки тасдиқ намудани шартномаи мазкурро ҷонибдорӣ кунед.

Доир ба тасдиқи Шартномаи мазкур Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид.

РАИС: -  Дар бораи Протокол оид ба ворид намудани тағйирот ба Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Қазоқистон дар бораи фаъолияти меҳнатӣ ва ҳифзи ҳуқуқҳои муҳоҷирони меҳнатӣ — шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки  муваққатан дар ҳудуди Ҷумҳурии Қазоқис­тон кор мекунанд, дар бораи фаъолияти меҳнатӣ ва ҳифзи ҳуқуқҳои муҳоҷирони меҳнатӣ — шаҳрвандони Ҷумҳурии Қазоқистон, ки муваққатан дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон кор мекунанд, аз 4 майи соли 2006 сухан ба муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Маҳмадуллозода Нурулло Раҳматулло дода мешавад.

МАҲМАДУЛЛОЗОДА Нурулло Раҳматулло: — Муҳтарам Раис, Раёсат ва вакилони гиромӣ!

Масъалаҳои муҳоҷирати меҳнатӣ зери назорати доимӣ ва таваҷҷуҳи хосаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд.

Бо назардошти ин, аз ҷониби Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Протокол оид ба ворид намудани тағйирот ба Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Қазоқистон дар бораи фаъолияти меҳнатӣ ва ҳифзи ҳуқуқҳои муҳоҷирони меҳнатӣ — шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки муваққатан дар ҳудуди Ҷумҳурии Қазоқис­тон кор мекунанд, дар бораи фаъолияти меҳнатӣ ва ҳифзи ҳуқуқҳои муҳоҷирони меҳнатӣ -  шаҳрвандони Ҷумҳурии Қазоқистон, ки муваққатан дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон кор мекунанд, омода гардидааст.

Протоколи мазкур дар асоси супориш аз ҷаласаи 11 — уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон доир ба ҳамкориҳои иқтисодӣ бо мақсади тақвияти корҳо дар танзими масъ­алаҳои муҳоҷирати меҳнатӣ бо Ҷумҳурии Қазоқистон таҳия шудааст. Он асосан ворид намудани се тағйироти усулиро ба меъёрҳои Созишномаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Қазоқис­тон дар самти муҳоҷират пешбинӣ менамояд. Аз ҷумла, тибқи Протоколи мазкур, бо назардошти тағйи­рёбии мақомоти ваколатдори тарафҳо оид ба татбиқи созишномаи зикршуда ба моддаи 4 — уми он тағйирот ворид карда шуда, аз ҷониби Тоҷикистон Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аз ҷониби Қазоқистон вазоратҳои тандурустӣ, рушди иҷтимоӣ ва корҳои дохилии ин давлат муайян карда мешаванд.

Ҳамчунин, ба моддаи 4 — уми Созишнома сархати нав илова карда мешавад, ки мувофиқи он мақомоти ваколатдори тарафҳо ҳуқуқ пайдо менамоянд, то мубодилаи маълумотро оид ба шумора ва ҳайати касбии муҳоҷирони меҳнатӣ ба амал бароранд. Моҳияти иловаи дигар ба моддаи 4 — уми Созишнома дар он аст, ки пас аз иҷро гардидани расмиёти дохилидавлатии санади мазкур мақомоти ваколатдори тарафҳо таъин гардида, минбаъд ҳангоми тағйир ёфтани мақомот фавран дар ин бора якдигарро бо роҳҳои дипломатӣ хабардор менамоянд.

Бояд зикр намуд, ки айни замон Ҷумҳурии Қазоқистон баъд аз Федератсияи Россия дуюмин кишвари қабули муҳоҷирони меҳнатӣ аз Ҷумҳурии Тоҷикис­тон маҳсуб меёбад. Тибқи маълумоти мавҷуда, теъдоди муҳоҷирони меҳнатӣ аз Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қазоқистон дар солҳои 2013 — 2015 зиёда аз 20 ҳазор нафарро ташкил медод. Аз ҷумла, мутобиқи маълумоти рафтуомади шаҳрвандон тавассути гузаргоҳҳои сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2015 — ум 10 ҳазору 957 нафар шаҳрванди кишвар ба Ҷумҳурии Қазоқистон ба муҳоҷирати меҳнатӣ сафар намуданд. Илова бар ин, дар ҳудуди Ҷумҳурии Қазоқистон тоҷикони бурунмарзӣ (сокинони муқимӣ) кору зиндагӣ менамоянд. Айни замон дар ин кишвар ҳашт диаспора ва ташкилотҳои ҷамъиятии тоҷикон расман фаъолият доранд, ки вазорат бо онҳо робитаи зич барқарор намудааст.

Аз ҷониби Муассисаи давлатии «Агентии бокортаъминкунӣ дар хориҷа» — и вазорат дар асоси шартномаҳои ҳамкорӣ бо ҳашт ширкати Ҷумҳурии Қазоқистон 101 нафар шаҳрванди  кишвар ба таври муташаккилона дар Ҷумҳурии Қазоқистон бо кор таъмин карда шудаанд.

Бо мақсади рушди  ҳамкориҳо, содагардонии қоидаҳои будубош, ҷалби муҳоҷирони меҳнатӣ ва тақвияти ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои онҳо тибқи протоколи ҷаласаи 12 — уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикситону Қазоқистон оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ аз 20 марти соли 2015 лоиҳаҳои созишномаҳои ҳамкорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Қазоқистон оид ба реадмиссия, дар бораи мубодилаи иттилоот дар самти муҳоҷират ва оид ба тартиби будубоши шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон дар қаламрави якдигар омода карда шудаанд, ки айни замон лоиҳаҳои санадҳои мазкур дар баррасии тарафҳо қарор доранд.

Эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки Протокол аз 4 майи соли 2006 — ро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: - Аз рӯи ин масъала сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ Достизода Миралӣ дода мешавад.

Миралӣ Достизода: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромиқадр ва ҳозирини арҷманд!

Протоколи мазкур 14 сентябри соли 2015 дар шаҳри Душанбе ба имзо расида, аз тарафи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шудааст.

Мақсад аз ворид намудани тағйирот ба Созишномаи мазкур ин фароҳам овардани шароити мусоид ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таъмини фаъолияти меҳнатӣ дар Ҷумҳурии Қазоқистон, инчунин тартиби содагардонии ҷалби муҳоҷирони меҳнатӣ ва густариши таъмини муносибатҳои ҳамаҷонибаи шарикии стратегӣ ва иттифоқии байни тарафҳо мебошад.

Протоколи мазкур бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон таҳти №582 аз 7 марти соли 2016 барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои додани хулосаи экспертизаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуд. Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хулосаҳои пешниҳодкардаи худ онро пурра ҷонибдорӣ намуданд.

Кумитаи масъул 16 марти соли 2016 бо иштироки муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайринисо Юсуфӣ, намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи васеъ онро баррасӣ намуда, якдилона ҷонибдорӣ намуданд.

Протоколи мазкур ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мувофиқ буда, ба санадҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ мебошад.

Бинобар ин, аз шумо, вакилони арҷманд, эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки Протоколи мазкурро ҷонибдорӣ ва барои қабули он овоз диҳед.

Доир ба тасдиқи Протоколи мазкур Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуд.

РАИС: — Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тартиб ва шароити дар ҳабс нигоҳ доштани гумонбаршуда, айбдоршаванда ва судшаванда» сухан ба муовини якуми Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Назарзода Ҳотам Назрулло  дода мешавад.

НАЗАРЗОДА Ҳотам Назрул­ло: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони Маҷлиси намояндагон, ҳозирини гиромӣ!

Моҳи октябри соли 2011 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Шӯрои Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳуқуқи инсон ҳисоботи даврии универсалии худро оид ба ҳуқуқи инсон пешниҳод намуд. Дар ҷараёни муҳокимаи ҳисоботи мазкур аз ҷониби давлатҳои аъзои Шӯрои ҳуқуқи инсон як қатор тавсияҳо оид ба такмили қонунгузорӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон пешниҳод шуда, ҷиҳати иҷрои онҳо бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 апрели соли 2013 «Нақшаи амалҳо барои солҳои 2013-2015» тасдиқ гардид.

Ҳамчунин, моҳи ноябри соли 2012 Кумитаи зидди шиканҷа ва маърӯзачии махсуси Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои шиканҷа дар ин самт як қатор тавсияҳо пешниҳод намуда, 15 августи соли 2013 аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нақшаи амалҳо оид ба иҷрои онҳо тасдиқ карда шудааст.

Ин ниҳодҳои байналмилалӣ тавсия додаанд, ки ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тартиб ва шароити дар ҳабс нигоҳ доштани гумонбаршуда, айбдоршаванда ва судшаванда» ҷиҳати тақвияти кафолатҳои ҳуқуқи дастгиршудагон тағйиру иловаҳои дахлдор ворид карда шаванд. Аз ҷумла дар Китоби бақайдгирии дастгиршудагон сана ва вақти ҷойгир намудани дастгиршуда дар тавқифгоҳҳои нигоҳдории муваққатӣ, ному насаби шахсони мансабдоре, ки дар амалиёти дастгиркунӣ иштирок кардаанд, асос барои ҷойгир намудани дастгиршуда ба тавқифгоҳ, натиҷаи муоинаи тиббӣ, сана ва вақти аз дастгиркунӣ ва ҷойи нигоҳдории дастгиршуда хабардор намудани хешовандони ӯ, сана ва вақти ба тавқифгоҳҳои тафтишотӣ гузаронидан  ё озод кардани дастгиршуда нишон дода шаванд.

Ин таклиф қобили дастгирӣ буда, айни ҳол масъалаҳои бақайдгирии ҷойгиркунонии шахс дар тавқифгоҳҳои нигоҳдории муваққатӣ дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра танзим нашудаанд.

Инчунин, тавсия дода шудааст, ки бо мақсади роҳ надодан ба дурудароз дар тавқифгоҳҳои нигоҳдории муваққатӣ нигоҳ доштани дастгиршудагон муҳлати ниҳоии дар ин тавқифгоҳҳо нигоҳ дошта шудани дастгиршудагон бевосита дар қонунгузорӣ нишон дода шавад.

Ин таклиф низ асоснок буда, дар қонунгузории амалкунандаи ҷумҳурӣ муҳлати ниҳоии дар тавқифгоҳҳои нигоҳдории муваққатӣ  нигоҳ доштани шаҳрвандон пешбинӣ нашудааст.

Ин ҳолат боиси он мегардад, ки баъди аз тарафи суд татбиқ шудани чораи пешгирӣ дар намуди ҳабс дастгиршудагон сари вақт ба тавқифгоҳи  тафтишотӣ интиқол дода нашуда, муҳлатҳои дароз (баъзан то 30 рӯз) дар тавқифгоҳҳои нигоҳдории муваққатӣ нигоҳ дошта мешаванд.

Азбаски тавқифгоҳҳои нигоҳдории муваққатӣ дар тобеияти мақомоти таъқиби ҷиноятӣ қарор доранд, ин ҳолатҳо боиси пайдо шудани овозаҳо дар бораи мавриди азобу шиканҷа қарор додани дастгиршудагон мегардад.

Қобили зикр аст, ки дар қисми 2 моддаи 416 Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири  соли 1961 дақиқ муқаррар шуда буд, ки шахсони таҳти ҳабс қарордошта дар ҷойҳои нигаҳдории дастгиршудагон аз се шабонарӯз  зиёд нигоҳ дошта намешаванд.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тартиб ва шароити дар ҳабс нигоҳ доштани гумонбаршуда, айбдоршаванда ва судшаванда» ба иҷрои ҳамин тавсияҳо равона шудааст. Аз ҷумла лоиҳа бо роҳи дар таҳрири нав ифода намудани қисми 2 моддаи 9 қонуни номбурдаро муқаррар менамояд, шахсоне, ки нисбаташон аз тариқи судӣ чораи пешгирии дар ҳабс нигоҳ доштан татбиқ карда шудааст, дар тавқифгоҳҳои нигоҳдории муваққатӣ (ба истиснои ҳолатҳои дар моддаи 13 қонуни мазкур пешбинишуда) набояд зиёда аз се шабонарӯз  нигоҳ дошта шаванд.

Лоиҳа бо роҳи ворид намудани моддаи нави 91 ба қонуни мазкур ҳангоми ба тавқифгоҳҳои нигоҳдории муваққатӣ ҷойгир кунонидани гумонбаршуда, айбдоршаванда ва судшаванда ба қайд гирифтани тамоми он маълумотҳоеро, ки дар тавсияҳои номбурда пешбинӣ шудаанд, муқаррар менамояд.

Лоиҳаи қонун аз ҷониби гурӯҳи корӣ дар ҳайати намояндагони Прокуратураи генералӣ, Вазорати корҳои дохилӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати адлия  ва Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия шуда, қабули он аз Буҷети давлатӣ маблағгузории иловагиро талаб намекунад. Бо дарназардошти ин нуктаҳо, аз шумо эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки лоиҳаи қонуни мазкур ҷонибдорӣ ва қабул карда шавад.

РАИС: — Аз рӯи ин масъала сухан ба муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Қаландарзода Мавлуда Сатторӣ дода мешавад.

ҚАЛАНДАРЗОДА Мавлуда Сатторӣ: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тартиб ва шароити дар ҳабс нигоҳ доштани гумонбаршуда, айбдоршаванда ва судшаванда» бо тартиби ҳуқуқи ташаб­буси қонунгузорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  таҳия  ва пешниҳод шудааст.

Ҳадафи манзури он ба таъмини рио­яи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, ки Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикис­тон арзиши олӣ будани онро кафолат додааст ва инчунин ба меъёрҳои Паймонаи байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои сиёсӣ ва гражданӣ (моддаҳои 7, 9,10) мувофиқ аст, равона гардидааст. Асосан он масъалаҳои пурзӯр намудани мубориза бар зидди шиканҷа ва дигар намудҳои муносибат ва ҷазои бераҳмона, ғайриинсонӣ ё таҳқиркунандаи шаъну шараф, инчунин пешгирӣ намудани онҳо, гузаронидани тафтиши таъхирнопазир  ва беғараз аз рӯи ҳодисаҳои айбдоркунӣ ба истифодаи шиканҷа, аз ҷумла ҳангоми дар ҳабс нигоҳ доштанро дар бар мегирад.

Вобаста ба ин, ворид намудани тағйирот ба қисми 2 моддаи 9  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тартиб ва шароити дар ҳабс нигоҳ доштани гумонбаршуда, айбдоршаванда ва судшаванда» марбут ба зикр намудани муҳлати дақиқи нигоҳдорӣ (на зиёда аз се шабонарӯз, ба истиснои ҳолатҳое, ки дар қисми 1 моддаи 13 қонуни мазкур пешбинӣ шудааст) дар изоляторҳои нигоҳдории муваққатӣ ва илова намудани моддаи 91 – Бақайдгирии ҷойгиркунӣ ба изоляторҳои нигоҳдории муваққатӣ ба қонуни номбурда пешбинӣ шудааст.

Тибқи иловаҳои пешниҳодгардида, шахси масъул зимни ба изолятори нигоҳдории муваққатӣ ҷойгир кардани гумонбаршуда, айбдоршаванда ё судшавандае, ки дастгир карда шудааст, дар Китоби бақайдгирӣ бояд ба таври дақиқ таърихи рӯз ва вақти ҷойгир кардани дастгиршуда ба изолятори нигоҳдории муваққатӣ, насаб, ном, номи падар, вазифа ва рутбаи кормандон ва шахсони мансабдори мақомоти таъқиби ҷиноятӣ, ки дар анҷом додани амалиёти дастгиркунӣ иштирок кардаанд, асос барои ҷойгир кардан ба изолятори нигоҳдории муваққатӣ, ҷинояте, ки шахс барои содир кардани он гумонбар дониста ё айбдор карда шудааст ё ин ки маҳкум гардидааст, натиҷаи муоинаи тиббӣ, таърихи рӯз ва вақти аз дастгиркунӣ ва ҷои нигоҳдории дастгиршуда хабардор намудани аъзои болиғи оила ё хешованди наздики дастгиршуда, арзу дархостҳои шифоҳии дастгиршуда ва дигар маълумоти муҳимро дарҷ намояд.

Чунин талабот ба таъмини риояи ҳуқуқу озодиҳои шахсони дастгиршуда, назорати муҳлатҳои дар изолятор нигоҳ доштани дастгиршудагон, баланд бардоштани масъулияти шахсони дахлдор ва сари вақт ошкор ва пешгирӣ намудани ҳодисаҳои истифодаи шиканҷа ва дигар муносибатҳои таҳқиромез, мусоидат менамояд.

Лоиҳаи мазкур бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №562 аз 29 феврали соли 2016 барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои хулоса ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуд. Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намуда, ҷиҳати такмили он  15 таклиф манзур карданд, ки  12 адад пурра ё қисман қабул шуда, се адад қобили қабул намебошанд. Дар маҷмӯъ, дар лоиҳа ҷумлаву ибораҳои алоҳида таҳрир гардида, инчунин он ба талаботи техникаи ҳуқуқэҷодкунӣ ва матни русӣ бо матни забони давлатӣ мутобиқ гардонида шуд.

Кумитаи масъул 16 марти соли 2016 бо иштироки муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Азизӣ Абдуҷаббор Абдуқаҳҳор, намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагон, намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ҷаласаи васеъ таклифу пешниҳодҳои ироагардидаро баррасӣ намуда, бо розигии намояндаи субъекти ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ лоиҳаи қонуни мазкур такмил дода шуд. Он ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надорад ва дар амал тат­биқ намудани он маблағгузории иловагиро талаб наменамояд.

Муҳтарам вакилон, эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки ба  ҷонибдориву қабули он овоз диҳед.

Лоиҳаи қонун ба овоз монда, қонун қабул шуд. Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид.

РАИС: — Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон» сухан ба муовини якуми Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Назарзода Ҳотам Назрулло дода мешавад.

НАЗАРЗОДА Ҳотам Назрул­ло: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони Маҷлиси намояндагон, ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба иҷрои банди 34.1 Нақшаи миллӣ оид ба иҷрои тавсияҳои давлатҳои аъзои Шӯрои СММ оид ба ҳуқуқи инсон барои солҳои 2013-2015, ки бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 апрели соли 2013 тасдиқ ва банди 5.1 Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои тавсияҳои Кумитаи зидди шиканҷаи Созмони Милали Муттаҳид ва Маърӯзачии махсуси Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои шиканҷа, ки 15 августи соли 2013 аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардидааст, равона шудааст.

Ниҳодҳои номбурдаи байналмилалӣ дар тавсияҳои худ қайд кардаанд, ки:

- дар моддаи 46 Кодекси мурофиавии ҷиноятӣ ҳуқуқҳои гумонбаршуда ба истифода аз хизмати ҳимоятгар ва дигар кафолатҳои мурофиавии ӯ пешбинӣ нашудаанд;

- мафҳуми «лаҳзаи воқеан дастгиркунӣ»-и шахс шарҳ дода нашудааст;

- дар Кодекс тартиби дастгиркунӣ муқаррар нашуда, дастгиршудагон то лаҳзаи расман ба қайд гирифтани дастгиркунӣ аз ягон кафолати мурофиавӣ, аз ҷумла бетаъхир фаҳмонидани ҳуқуқҳо, муоинаи тиббӣ, дастрасӣ ба ҳимоятгар ва хабардор намудани хешовандон бархӯрдор нестанд;

- дар ҳуҷҷатҳои барасмиятдарории дастгиркунӣ вақт, ҷой ва сабабҳои дастгиркунӣ, ному насаби шахсони дар амалиёти дастгиркунӣ иштирокнамуда нишон дода намешавад;

- мафҳумҳои асосӣ вобаста ба баҳодиҳӣ ба далелҳо, аз ҷумла «мансубият», «қобили қабул будан», «саҳеҳ будан» ва «кофӣ будан»-и далелҳо кушода нашуда, номгӯй, асосҳо ва тартиби қобили қабул наҳисобидани далелҳо пешбинӣ карда нашудааст.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тавсияҳои номбурдаро қабул намуда, уҳдадорӣ гирифтааст, ки иҷрои онҳоро таъмин менамояд.

Ҷиҳати иҷрои ин тавсияҳо лоиҳаи пешниҳодшавандаи тағйиру иловаҳои зеринро Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ менамояд:

- ба моддаи 6 сархати ҳаштум илова карда, «лаҳзаи дастгиркунии воқеӣ» шарҳ дода мешавад;

- дар моддаи 46 бо иловаи сархати нав ҳуқуқи гумонбаршуда ба дастрасии бетаъхир ба ҳимоятгар қайд карда мешавад;

-дар қисми 3 моддаи 92 бо иловаи ҷумлаи нав лаҳзаи оғози муҳлати дастгиркунӣ шарҳ дода мешавад;

- бо таҳрири нави моддаи 94 тартиби дастгиркунӣ ва таъмин намудани кафолатҳои мурофиавии ҳуқуқи шахс аз лаҳзаи дастгиркунии воқеӣ муқаррар карда мешаванд;

- бо тағйир додани қисми 1 моддаи 100 бетаъхир аз дастгиршавии шахс ва ҷои нигаҳдории ӯ хабардор намудани хешовандони ӯ пешбинӣ карда мешавад.

Ба Кодекс ҳамзамон моддаи алоҳидаи 881 илова карда, дар он мафҳумҳои асосӣ оид ба баҳодиҳӣ ба далелҳо, номгӯй, асосҳо ва тартиби ғайри қобили қабул ҳисобидани далелҳо пешбинӣ карда мешавад.

Лоиҳаи қонун аз ҷониби гурӯҳи корӣ дар ҳайати намояндагони Прокуратураи генералӣ, Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Вазорати адлия, Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия шуда, қабули он аз Буҷети давлатӣ маблағгузории иловагиро талаб намекунад.

Қабули лоиҳаи қонун дар иҷрои уҳдадориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳуқуқи инсон иқдоми ҷиддӣ маҳсуб ёфта, ба афзоиши нуфузи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷомеаи ҷаҳонӣ мусоидат хоҳад кард.

Бо дарназардошти ин нуктаҳо, аз шумо эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷонибдорӣ ва қабул карда шавад.

РАИС: — Аз рӯи ин масъала сухан ба раиси Комиссияи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба назорати дастур ва ташкили кор Холмуҳаммадзода Азизмуҳаммад Холмуҳаммад дода мешавад.

Холмуҳаммадзода Азизмуҳаммад Холмуҳаммад: — Муҳтарам Раис, Раёсат ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 феврали соли 2016 таҳти №564 барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагон ва барои хулоса ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон супорида шуд. Он бо мақсади такмили қонунгузории мурофиавии ҷиноятии ҷумҳурӣ, мутобиқ намудани меъёрҳои Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон, пешгирии истифодаи шиканҷа ҳангоми ҷамъоварии далелҳо бо парвандаҳои ҷиноятӣ таҳия карда шудааст.

Лоиҳа муҳлати дастгиркунии шахсро аз лаҳзаи воқеан дастгир шудани ӯ муқаррар мекунад. Аз ҷумла иловаи сархати 8 ба моддаи 6 муайян мекунад, ки лаҳзаи дастгиркунии воқеӣ — ин лаҳзаи воқеан маҳдуд кардани озодии шахс, аз ҷумла имконияти озодона ҳаракат намудан, маҷбуран дар ҷои муайян нигоҳ доштан, маҷбуран овардан ба мақомоти таъқиби ҷиноятӣ ё мамониат кардан ба анҷом додани дигар ҳаракатҳои шахс тибқи иродаи худ новобаста ба расман додани ягон мақоми мурофиавӣ ба шахси дастгиршуда ё иҷро намудани дигар расмиёти муқарраршуда мебошад.

Иловаи сархати якум ба қисми 4 моддаи 46 ба шахс имконият медиҳад, ки аз лаҳзаи воқеан дастгир шудан бетаъхир аз хизмати ҳимоятгар истифода барад, бидуни мамониат бо ҳимоятгар як ба як, аз ҷумла то оғози пурсиш мулоқот кунад.

Моддаи 88 дар таҳрири нав баҳодиҳии далелҳоро мушаххас гардонида, муқаррар мекунад, ки таҳқиқбаранда, муфаттиш, прокурор, суд, судя қонун ва дарки ҳуқуқиро ба роҳбарӣ гирифта, далелҳоро бо ақидаи ботинии худ, ки ба баррасии ҳаматарафа, пурра ва холисонаи ҳолатҳои парванда асос ёфтааст, аз нигоҳи мансубият доштан, қобили қабул будан, саҳеҳ будан ва кифоя будани маҷмӯи далелҳои ҷамъовардашуда барои ҳалли парвандаи ҷиноятӣ баҳо диҳад.

Дар сурате далел ба парванда мансубиятдошта эътироф карда мешавад, агар аз маълумоти воқеие иборат бошад, ки онҳо хулосаҳо оид ба мавҷуд будани ҳолатҳои барои парвандаи мазкур аҳамиятдоштаро тасдиқ намоянд, рад кунанд ё таҳти шубҳа гузоранд.

Далел қобили қабул эътироф карда мешавад, агар он бо тартиби дар Кодекси мазкур пешбинишуда ба даст оварда шуда бошад.

Далел саҳеҳ эътироф карда мешавад, агар дар натиҷаи тафтиш маълум шавад, ки он ба ҳақиқат мувофиқ аст.

Маҷмӯи далелҳо барои ҳалли парвандаи ҷиноятӣ кофӣ эътироф карда мешавад, агар далелҳои ба парванда мансубиятдошта ва қобили қабуле ҷамъоварӣ шуда бошанд, ки ҳақиқатро оид ба ҳама ва ҳар як ҳолате, ки бояд бо парвандаи мазкур исбот карда шаванд, бе баҳс муайян намоянд.

Ягон далел барои таҳқиқбаранда, муфаттиш, прокурор, суд, судя қувваи пешакӣ муқарраршударо доро нест.

Иловаи моддаи 881 Кодексро пурра намуда, муқаррар мекунад, ки далелҳо ғайри қобили қабул ҳисобида мешаванд, агар онҳо бо вайрон кардани талаботи Кодекси мазкур бо роҳи маҳрум кардан ё маҳдуд кардани ҳуқуқҳои иштирокчиёни мурофиаи ҷиноятӣ, ки бо қонун кафолат дода шудаанд, вайрон кардани тартиби ҷамъоварии далелҳо ё дигар қоидаҳои мурофиаи ҷиноятӣ ҳангоми пешбурди то судӣ ё муҳокимаи судии парванда ба даст оварда шуда, ба саҳеҳияти маълумоти воқеии бадастовардашуда таъсир расонида бошанд ё имкони таъсиррасонӣ дошта бошанд, аз ҷумла бо:

- истифодаи шиканҷа, муносибати бераҳмона, зӯроварӣ, таҳдид, фиреб ё дигар кирдори ғайриқонунӣ;

- истифодаи гумроҳшавӣ, ки дар натиҷаи нафаҳмонидан, нопурра ё нодуруст фаҳмонидани ҳуқуқ ва уҳдадориҳои иштирокчии мурофиаи ҷиноятӣ ба миён омадааст;

- гузаронидани амали мурофиавӣ аз ҷониби шахсе, ки ҳуқуқи анҷом додани пешбурдро бо парвандаи ҷиноятии мазкур надошт;

- гузаронидани амали мурофиавӣ бо иштироки шахсе, ки бояд рад карда мешуд;

- ба таври ҷиддӣ вайрон кардани тартиби гузаронидани амали мурофиавӣ;

- ба даст овардани маълумот аз сарчашмаи номаълум ё сарчашмаи дигаре, ки дар мурофиаи ҷиноятӣ муайян кардани он ғайриимкон аст;

- истифода бурдани усулҳои хилофи донишҳои муосири илмӣ ҳангоми исботкунӣ.

Қобили қабул набудани далелҳо, инчунин маҳдуд кардани истифодаи онҳо дар мурофиаи ҷиноятӣ, аз тарафи таҳқиқбаранда, муфаттиш, прокурор, суд, судя бо ташаббуси худи онҳо ё бо дархости тарафҳо муайян карда мешаванд. Маълумоти воқеӣ дар бораи истифода шудани шиканҷа ё муносибат ба бераҳмона нисбат ба гумонбаршуда, айбдоршаванда ё судшаванда, новобаста ба ворид шудани аризаи онҳо ё дархости ҳимоятгар аз нигоҳи қобили қабул будани нишондодҳои онҳо ҳамчун далел, мавриди тафтиш ва баҳодиҳӣ қарор дода мешаванд.

Таҳқиқбаранда, муфаттиш, прокурор, суд, судя ҳангоми ҳал кардани масъалаи ғайри қобили қабул будани далелҳо вазифадоранд дар ҳар як ҳолат маҳз дар чӣ зоҳир шудани қонунвайронкуниро муайян карда, қарори асоснок қабул намоянд. Ҳангоми ғайри қобили қабул ҳисобидани далел бо сабаби истифода намудани шиканҷа ё муносибати бераҳмона таҳқиқбаранда, муфаттиш, прокурор, суд, судя дар доираи салоҳияти худ оид ба ҷавобгарии дахлдори шахсони ба ин амалҳо роҳдода, чораҳо меандешанд.

Далелҳое, ки ғайри қобили қабул ҳисобида шудаанд, беэътибор дониста шуда, ба асоси айбдоркунӣ гузошта намешаванд ва барои исботи ягон ҳолати дар моддаи 85 Кодекси мазкур зикрёфта истифода шуда наметавонанд.

Маълумоти воқеие, ки бо вайрон кардани муқаррароти қисми 1 моддаи мазкур ба даст оварда шудаанд, мумкин аст ба сифати далели ҳолати вайрон кардани қонуни дахлдор ва айбдоркунии шахсе, ки ба қонуншикании мазкур дар рафти таъқиби ҷиноятӣ роҳ додааст, истифода шаванд.

Иловаи ҷумлаи сеюм ба қисми 3 моддаи 92 муқаррар мекунад, ки оғози муҳлати дастгиршавии шахс аз лаҳзаи воқеан дастгир кардани ӯ ҳисоб карда шавад.

Моддаи 94 дар таҳрири нав тартиби дастгиркунии гумонбаршударо мушаххас гардонида, муқаррар менамояд, ки ҳангоми дастгир намудани шахси дар содир намудани ҷиноят гумонбаршуда корманди ваколатдори мақомоти таъқиби ҷиноятӣ ё дигар шахси босалоҳият вазифадор аст, дар ҷои дастгиркунии воқеӣ ба таври шифоҳӣ ба шахс эълон намояд, ки барои содир намудани кадом ҷиноят ӯ дастгир карда шудааст, ҳуқуқи ӯро ба занги телефонӣ ё хабар додан ба адвокат ё хешованди наздик, доштани ҳимоятгар ва даст кашидан аз додани нишондод фаҳмонида, огоҳ намояд, ки нишондодҳои ӯ метавонанд ба сифати далел дар парвандаи ҷиноятӣ муқобили ӯ истифода шаванд.

Баъд аз ба мақомоти таъқиби ҷиноятӣ овардани дастгиршуда шахси мансабдори мақомоти таҳқиқ, таҳқиқбаранда, муфаттиш дар давоми се соат протоколи дастгиркунӣ тартиб медиҳанд. Ҳангоми тартиб додани протоколи мазкур ба гумонбаршуда ҳуқуқҳои ӯ фаҳмонида шуда, дар ин бора дар протоколи дастгиркунӣ сабт карда мешавад. Дар протоколи дастгиркунӣ маълумоти зерин дарҷ карда мешаванд:

- сана, ҷой ва вақти тартиб додани протокол, рақами тартибии он;

- насаб, ном ва номи падар, вазифа ва рутбаи кормандони мақомоти таъқиби ҷиноятӣ, шахсони мансабдор ва шахсони дигар, ки дар анҷом додани амалиёти дастгиркунӣ иштирок кардаанд;

- дар сурати иштирок кардани шахсони холис, тарҷумон ва дигар шахсон дар амалиёти дастгиркунӣ насаб, ном, номи падар, суроға ва дигар маълумоте, ки шахсияти онҳоро муайян мекунанд;

- асос ва ваҷҳҳои дастгир намудан, ҷой ва вақти дастгиркунии воқеӣ, ба мақомоти таъқиби ҷиноятӣ овардани шахс (бо зикри сана, соату дақиқа);

- маълумот дар бораи фаҳмонидани ҳуқуқҳои гумонбаршуда, холисон ва шахсони дигар, ки дар амалиёт иштирок мекунанд;

- натиҷаҳои кофтукови шахсии дастгиршуда;

- сана ва вақти дастгиркунии шахс ва ҷои нигоҳдории ӯ, хабардор кардани аъзои болиғи оила ё хешованди наздики шахси дастгиршуда, тарзи хабардоркунӣ (аз ҷониби кӣ ва ба кадом восита хабар расонида шудааст, агар хабари телефонӣ бошад, рақами телефон нишон дода мешавад), насаб, ном ва номи падари шахсе, ки аз дастгиркунӣ ва ҷои нигоҳдории дастгиршуда хабардор карда шудааст.

Протоколи дастгиркунӣ ба дастгиршуда эълон карда шуда, аз ҷониби шахси мансабдори онро тартибдода, дастгиршуда, ҳимоятгари ӯ (агар ӯ иштирок дошта бошад) ва дигар шахсон, ки дар амалиёти мазкур иштирок кардаанд, имзо карда мешавад.

Ҳангоми ҷойгир кардани гумонбаршуда ба изолятори  нигоҳдории муваққатӣ барои муайян намудани вазъи умумии саломатӣ ва ё мавҷуд будани ҷароҳатҳои ҷисмонӣ, аз ҷониби корманди тиб муоинаи тиббии ӯ гузаронида мешавад. Гумонбаршуда ё ҳимоятгари ӯ ҳуқуқ доранд талаб намоянд, ки муоинаи тиббиро табиби мустақил ё коршиноси судӣ — тиббӣ гузаронад. Хулосаи муоинаи тиббӣ ба протоколи дастгиркунӣ ҳамроҳ карда мешавад.

Баъд аз ба мақомоти таъқиби ҷиноятӣ овардани дастгиршуда, фаҳмонидани ҳуқуқҳои ӯ, тартиб додани протоколи дастгиркунӣ ва гузаронидани муоинаи тиббӣ шахси дастгиршуда бетаъхир ба изолятори нигоҳдории муваққатӣ ҷойгир карда мешавад.

Дар бораи дастгир намудани гумонбаршуда мақомоти таҳқиқ, таҳқиқбаранда ё муфаттиш уҳдадоранд дар давоми 12 соат аз лаҳзаи дастгиркунии воқеии шахс ба прокурори дахлдор ба таври хаттӣ хабар диҳанд.

Илова ба моддаи 388 тартиби иҷрои санадҳои судиро мушаххас намуда, муқаррар мекунад, ки иқтибос аз ҳукми суд вобаста ба маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан ба фаъолияти муайян, ки эътибори қонунӣ пайдо кардааст, бояд ба мақоми анҷомдиҳандаи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ ирсол карда шавад.

Қонуни мазкур аз Буҷети давлатӣ маблағгузории иловагиро талаб намекунад ва бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 феврали соли 2016 таҳти № 45 маъқул дониста шудааст.

Аз ин рӯ, тамоми кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон лоиҳаро ҷонибдорӣ намуда, ҷиҳати такмили он 49 таклифу пешниҳод манзур намуданд, ки аз онҳо 45 — тоаш қабул ва 4 — тоаш қабул нагардиданд.

Бо назардошти пешниҳоду таклифҳои манзургардида, дар мувофиқа бо намояндаи ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ — Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳа такмил дода шуд. Он ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надорад.

Аз ин рӯ, аз шумо, вакилони гиромӣ, эҳтиромона хоҳиш мекунем, ки ба тарафдории қабули лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» овоз диҳед.

Лоиҳаи қонун ба овоз монда, қонун қабул гардид. Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шуд.

РАИС: — Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» сухан ба муовини якуми вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Холиқзода Абдуманон Ғафор дода мешавад.

ХОЛИҚЗОДА Абдуманон Ғафор: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардидааст, пешниҳод карда мешавад.

Тибқи лоиҳаи қонуни мазкур тағйиру иловаҳо ба қисми 1 моддаи 259, қисми 1 моддаи 260 ва ба эзоҳи моддаи 292 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид карда мешаванд.

Аз рӯи таҳлилҳои гузаронидаи мутахассисони соҳаи дахлдор дида мешавад, ки баъзе аз шахсон бо истифода бурдани шахсони дигар, яъне шахсоне, ки тамоман ба соҳибкорӣ сарукор надоранд, бо истифодаи ному насаби онҳо ба соҳибкории ғайриқонунӣ даст мезананд. Дар натиҷа, танҳо соли 2015 аз амали ғайриқонунии онҳо ба Буҷети давлатӣ зиёда 270 миллион сомонӣ маблағҳои андозӣ ворид нашудааст. Бояд қайд кард, ки ин рақамҳо танҳо аз ҳолатҳои ошкоргардида муайян карда шудааст.

Бо мақсади пешгирӣ намудани  чунин кирдорҳои ғайриқонунӣ, таъмини рушди бемайлони соҳибкории қонунӣ ва ғанӣ гардонидани Буҷети давлатӣ ба диспозитсияи қисми 1 моддаи 259 пас аз калимаи «литсензиякунонӣ» калимаҳои «ва ё бо роҳи истифода бурдани шахсони дигар» илова карда шудааст.

Тағйироте, ки ба моддаи 260 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид карда шудааст, ба тағйироти пешниҳодгардидаи моддаи 259 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон алоқаманд буда, бо мақсади пешгирӣ намудани кирдорҳое, ки аз ҷониби шахсони дигар истифода бурдани шахси ҳуқуқии ғайриқонунӣ ташкилшуда пешниҳод гардидааст.

Тағйироти дигаре, ки пешниҳод гардидааст, ин ба эзоҳи моддаи 292 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, сабукиҳоро барои андозсупорандагон пешбинӣ менамояд.

Тибқи меъёри амалкунандаи эзоҳ ҷавобгарии ҷиноятӣ ба қисми 1 моддаи 292 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамон вақт ба миён меояд, ки агар маблағи насупоридаи андоз ва ё пардохтҳо аз даҳ ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо зиёд бошанд. Тибқи тағйироти пешниҳодгардида ин нишондиҳанда ба бист ҳазор бароварда шудааст, ки минбаъд то ба ин маблағ расидани қарзи андозӣ соҳибкорон ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида намешаванд.

Ҷавобгарӣ тибқи қисми 2-юми ин модда дар ҳолате ба миён меояд, ки маблағи андоз ва ё пардохт бештар аз бист ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳоро ташкил диҳад.

Сабукии дигаре, ки ба андоз­супорандагон тибқи тағйироти ба эзоҳ воридшаванда дода мешавад, ин дароз намудани муҳлати супоридани андозҳо ва ё пардохтҳо мебошад.

Агар мутобиқи меъёри қисми 2-юми эзоҳ шахсе, ки бори аввал кирдорҳои дар моддаҳои 292 ва 293 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишударо содир намуда, маблағи андоз ва ё пардохтҳо, фоизҳо ва ҷаримаҳоро дар муҳлати сӣ рӯзи корӣ, пас аз қабули қарори дахлдори мақомоти андоз пурра супорида бошад ва ё ин кирдорҳоро так­роран содир намуда, маблағи андоза ва ё фоизу ҷаримаҳоро дар муҳлати даҳ рӯзи корӣ пас аз қабули қарори дахлдори мақоми андоз пурра супорида бошад, аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод карда мешавад. Тибқи тағйирот ин муҳлатҳо мутаносибан ба 48 ва 24 рӯз иваз карда шудаанд, ки ин имконияти бештари аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод гардиданро ба соҳибкорон фароҳам меовард.

Асос ва мақсади пешниҳодҳои мазкур аз он бармеояд, ки мутобиқи таҳлилҳои мутахассисони соҳаи дахлдор, агар то соли 2009 дар ҷумҳурӣ ба ҳисоби миёна гардиши молиявии зиёда аз 2000 субъекти андозсупоранда аз 500 ҳазор сомонӣ зиёд бошад, пас дар соли 2015 ба ҳисоби миёна гардиши молиявии зиёда аз 5000 субъекти андозсупоранда аз 500 ҳазор то 15 млн. сомонӣ ва аз он зиёдро ташкил медиҳад. Инчунин, гардиши молиявии зиёда аз 300 субъектон аз 15 млн. сомонӣ зиёд мебошад.

Зиёдшавии гардиши молиявии андозсупорандагон аз беҳтар шудани сатҳи иқтисодии кишвар дарак дода, заруратро ба миён овард, ки андозаи маб­лағи насупоридаи андозҳо ва пардохтҳоро, ки ҷавобгарии ҷиноятиро ба миён меорад, баланд бардошта, шароити хубтарро барои ба роҳ мондани фаъолияти соҳибкорӣ фароҳам оварем.

Лоиҳаи қонуни мазкур ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надошта, аз Буҷети давлатӣ хароҷоти иловагиро талаб намекунад.

Аз шумо эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки лоиҳаи қонуни пешниҳодшударо ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Аз рӯи ин масъала сухан ба муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Сафаров Зайнуддин дода мешавад.

Зайнуддин САФАРОВ: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.

Бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 феврали соли 2016 таҳти № 563 лоиҳаи қонуни мазкур барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои хулоса ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон супорида шуд. Он бо мақсади ҳимояи манфиатҳои давлат, инчунин аз нигоҳи услуби баён ва имлои забони давлатӣ ифода ва таҳрир намудани қисмҳои таркибии Кодекси мазкур таҳия ва пешниҳод гардидааст.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи қонунро мавриди омӯзиш қарор дода, онро дар маҷмӯъ ҷонибдорӣ намуданд. Аз кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даҳ таклиф пешниҳод гардид, ки ҳафт пешниҳод қабул, як таклиф қисман қабул ва як пешниҳоди дигар рад карда шуд.

Кумитаи масъул масъалаи зикргардидаро 10 марти соли 2016 бо иштироки намояндагони кумита­ҳои дигари Маҷлиси намояндагон, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мушовири калони бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ мавриди баррасӣ қарор дод. Он ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқӣ мухолифат надошта, амалӣ намудани он аз Буҷети давлатӣ маблағи иловагиро талаб намекунад. Бинобар ин, аз шумо, вакилони гиромӣ, эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи қонун ба овоз монда, қонун қабул шуд. Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид.

Масъалаи навбатии рӯзнома – «Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» низ баррасӣ, вале бо пешниҳоди Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров барои такмил додан мавқуф гузошта шуд.

Вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ин пешниҳодро ҷонибдорӣ намуданд.

РАИС: — Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма» сухан ба раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Салимзода Олим дода мешавад.

Олим САЛИМЗОДА: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Мо дар оғози соли таърихӣ – таҷлили 25 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон кору зиндагӣ дорем. Тоҷикистони озоду соҳибис­тиқлол бо заҳмату кӯшишҳои ватанпарваронаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба марҳилаи навини эҳёи давлатдорӣ, замони рушди иқтисодиёт, шукуфоии адабиёту фарҳанг ва илму ҳунари миллӣ расид. Ин раванд имкон медиҳад, ки Тоҷикистон чеҳраи миллии хешро дар баробари рӯйдодҳои нави таърихӣ ҳифз намояд. Ба ин маънӣ бояд раванди худшиносии миллӣ, шинохти таъриху ҷаҳон ва тамаддуни башарӣ бештар тақвият дода шавад.

Воситаҳои ахбори омма, сарфи назар аз шаклу тобеияти идоравӣ, дар роҳи расидан ба ин ҳадафҳои созанда ба хотири боз ҳам таҳким бахшидани дастовардҳои истиқлолият, тақвияти иқтидори иқтисодии давлат, беҳтар гардонидани сатҳу сифати зиндагии мардум ва шукуфоии Ватани азизамон заҳмат мекашанд. Ҳамаи мо, бешак, ба касби пурмашаққат, вале пурифтихори рӯзноманигорӣ ва эҷоди қаламкашони кишвар арҷ мегузорем.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма» аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шуда буд.

Тавре ки вакилони арҷманд дар ёд доранд, лоиҳаи қонуни мазкур пас аз муҳокимаи васеъ дар ҷаласаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 3 феврали соли 2016 барои такмил ба кумитаи масъул бозпас гардонида шуд. Бо супориши Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Шукурҷон Зуҳуров барои баррасии такрории лоиҳаи қонун ва аз байн бурдани номувофиқатии меъёрҳои ҳуқуқӣ дар он бо роҳбарии муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Азизӣ Абдуҷаббор Абдуқаҳҳор гурӯҳи корӣ таъсис дода шуд. Ҷаласаи аввали гурӯҳи корӣ 4 феврали соли 2016 бо ширкати намояндагони субъекти ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ, вазоратҳои адлия, фарҳанг, Прокуратураи генералӣ, Иттифоқи журналистон ва ҳуқуқшиносони ботаҷрибаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гашт. Пас аз муҳокимаи тӯлонӣ дар ҷаласаи дувуми гурӯҳи корӣ 2 марти соли 2016 бо иштироки Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ – Намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ватанзода Маҳмадалӣ Маҳмадулло аъзои гурӯҳи корӣ лоиҳаи қонуни мазкурро бо дарназардошти пешниҳоду иловаҳои баёнгашта такмил намуданд.

Дар лоиҳаи қонун моддаҳои 121 ва 122 ба моддаҳои 111 ва 112 иваз карда шуданд, зеро иловаҳои пешниҳодшуда ба ин модда, ки «Баҳисобгирии давлатии воситаҳои ахбори омма» ном дорад, бештар мутааллиқанд.

Иловаҳои ба қисмҳои 1, 2 ва 3 моддаи 111 воридгашта хусусияти таҳрирӣ дошта, ҳалли ҳама гуна қонунвайронкуниҳоро ба зиммаи суд вогузор менамоянд, тавре ки баҳсҳо дар соҳаҳои дигар низ аз тариқи судҳо ҳал мешаванд.

Қисми 3, моддаи 112 бо пешниҳоди гурӯҳи корӣ аз лои­ҳа хориҷ карда шуд.

Аз шумо, эҳтиромона хоҳиш мешавад, ки ба ҷонибдории лоиҳаи қонун овоз диҳед.

Лоиҳаи қонун ба овоз монда, қонун қабул шуд. Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид.

РАИС: — Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон» сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Содиқова Насиба Нуруллоевна дода мешавад.

Насиба СОДИҚОВА: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз тарафи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Маҳмадалӣ Ватанзода, Мавлуда Қаландарзода ва Бахтовар Сафаров бо мақсади танзими муқаррар кардани меъёрҳое, ки тартиби аз ҷониби суд баррасӣ намудани ариза оид ба табобати ҳатмии беморони сил таҳия шудааст ва барои таҳкими қонунгузорӣ дар масъалаи сиёсати иҷтимоии давлат равона шуда, дар ҳифзи саломатии шаҳрвандон мусоидат хоҳад намуд.

Ба  моддаи 215 сархати нав бо мазмуни фавран иҷро кардани ҳалномаи суд дар бораи бистарикунонии бемори мубталои сил ва ба моддаи  267 сархати нав бо мазмуни бо тартиби мурофиаи махсус баррасӣ намудани парвандаҳое, ки суд оид ба таъини ташхиси ҳатмӣ ва бистарикунонии маҷбурии шахсони гирифтори бемории сил дохил карда мешавад. Инчунин, боби нав 351 ворид мешавад, ки дар он роҳҳои пешниҳоди ариза,  таъини ташхиси ҳатмӣ ва бистарикунонии маҷбурии  шаҳрванди мубталои бемории сил ба танзим дароварда мешавад.

Лоиҳаи қонуни мазкур бо Қарори  Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти № 341 аз 16 ноябри соли 2015 барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои хулоса ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуд.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон онро мавриди баррасӣ қарор дода, ҷонибдорӣ намуданд. Ҳамчунин, барои такмил ёфтани он аз ҷониби кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 44  таклиф пешниҳод гардид.

Кумитаи масъул 3 марти соли 2016 бо иштироки муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Азизӣ Абдуҷаббор Абдуқаҳҳор, намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи васеъ гузаронида, дар он 44 таклифи кумитаҳо ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ шуд, ки  32 — тои он пурра ва ё қисман қабул ва 12- то  қабул нашуд.

Бо дарназардошти таклифу пешниҳодҳои дохилшуда ва пешниҳоди Раиси Маҷлиси намояндагон муҳтарам Шукурҷон Зуҳуров дар Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи қонуни мазкур такмил дода шуд. Аз ҷумла, лоиҳа ба талаботи техникаи ҳуқуқэҷодкунӣ мутобиқ ва матни русии он бо матни тоҷикӣ мувофиқ гардонида шуд. Он ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат намекунад ва аз Буҷети давлатӣ маблағи иловагиро талаб наменамояд. Бо назардошти нукоти зикргардида, аз шумо эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки ба ҷонибдории лоиҳаи қонуни мазкур овоз диҳед.

Лоиҳаи қонун ба овоз монда, қонун қабул шуд. Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид.

РАИС: — Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ» сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Бухориев Толибек Аҳмадович дода мешавад.

Толибек БУХОРИЕВ:Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозотдиҳӣ» аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шуда, бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 марти соли 2016 таҳти №580 барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуд.

Бояд қайд намуд, ки тибқи моддаҳои 4, 15, 16, 17, 26, 33 ва 37- ум Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи байторӣ» борҳои таҳти назорати давлатии байторӣ қарордошта, ки дар ҷумҳурӣ истеҳсол, коркард, интиқол ва ба фурӯш бароварда мешаванд, инчунин ба кишвар ворид ва аз ҳудуди он содир карда мешаванд, бояд сертификати байторӣ  ва ё дигар ҳуҷҷатҳои ҳамроҳи борро дошта бошанд.

Мутаассифона, айни ҳол ин ҳуҷҷатҳо тибқи моддаи 8-уми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ» амалӣ карда мешаванд, ки барои маводи таҳти назорати байторӣ қарордошта мувофиқ нест.

Бо мақсади аз байн бурдани ин номутобиқатӣ ва бо дарназардошти ба қонунгузории байналмилалӣ мутобиқ гардонидани ин амал зарурияти қабули қонуни мазкур ба миён омадааст.

Мувофиқи лоиҳаи қонуни мазкур ба бандҳои 1) ва 2) қисми 1 моддаи 29 тағйирот ворид карда шуда, мутобиқи он панҷ ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ, аз ҷумла санади назорати фитосанитарии нақлиёт, сертификати фитосанитарӣ, сертификати мутобиқати маводи фармасевтии байторӣ, сертификати байтории №5 (a, b, c, d, e, f) ва шаҳодатномаи байтории шакли 1, 2, 3 хориҷ карда мешаванд.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи мазкурро мавриди омӯзиш қарор дода, онро ҷонибдорӣ намуданд. Ҳамчунин, ҷиҳати такмили он панҷ таклиф пешниҳод гардид, ки онҳо қобили қабул дониста шудаанд.

Кумитаи масъул 16 марти соли 2016 бо иштироки намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи васеъ гузаронид. Иштирокчиёни ҷаласа таклифҳои пешниҳоднамударо мавриди баррасӣ қарор дода, онҳоро пурра қобили қабул донистанд.

Бо назардошти таклифу пешниҳодҳо лоиҳаи қонуни мазкур такмил дода шуд. Аз ҷумла, моддаи 1-уми лоиҳа пурра таҳрир ва дар маҷмӯъ ба талаботи техникаи ҳуқуқэҷодкунӣ ва матни русии он ба матни забони давлатӣ мутобиқ карда шуд.

Лоиҳаи қонуни мазкур ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, мухолифат надорад ва аз Буҷети давлатӣ маблағи иловагиро талаб наменамояд.

Аз ин лиҳоз, аз шумо, вакилони гиромӣ, эҳтиромона хоҳиш менамоям,ки лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи қонун ба овоз монда, қонун қабул шуд. Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  тасдиқ  гардид.

РАИС: — Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Сафаров Бахтовар Амиралиевич дода мешавад.

Бахтовар САФАРОВ: - Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ ва ҳозирини арҷманд!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз тарафи аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Б. Худоёрзода ва С. Дадаҷонова пешниҳод шудааст. Мақсади лоиҳаи қонуни мазкур бо ҳам мутобиқгардонии дохилии меъёрҳои алоҳидаи Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятӣ, мутобиқгардонӣ бо муқаррароти қонунгузории соҳавӣ, аз ҷумла бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ», бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта мебошад. Мувофиқи лоиҳа бо 32 қисм ба Кодекси амалкунанда зиёда аз 50 тағйиру илова пешбинӣ шудааст, ки бештари онҳо хусусияти муайянкунанда дошта, қисмати дигар барои аз байн бурдани номутобиқатӣ ва камбудиҳои ҷойдошта нигаронида шудаанд.

Лоиҳаи қонуни мазкур бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №425 аз 14 дека­бри соли 2015 барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии  Тоҷикистон супорида шуд.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон онро мавриди омӯзиш қарор дода, ҷонибдорӣ намуданд. Ҳамзамон, ҷиҳати такмил ёфтани лоиҳа 49 таклифу пешниҳод манзур карданд.

Кумитаи масъул 16 марти соли 2016 бо иштироки муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Азизӣ Абдуҷаббор Абдуқаҳҳор, намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи васеъ таклифу пешниҳодҳои ироагардидаро муҳокима  намуда,  бо назардошти таклифу пешниҳодҳо лоиҳаи қонуни мазкур бо розигии намояндаи субъекти ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ такмил дода шуд. Аз ҷумла аз 49 таклифу пешниҳоди воридгардида 42-тои он пурра ё қисман қабул ва 7-тои он қабул нагардиданд.

Инчунин, лоиҳаи қонуни мазкур ба талаботи техникаи ҳуқуқэҷодкунӣ мутобиқ ва матни он дар забонҳои тоҷикӣ ва русӣ  бо ҳам мутобиқ карда шуданд.

Лоиҳаи  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон»  ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои дигари қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надорад ва қабули он аз Буҷети давлатӣ маблағгузории иловагиро талаб намекунад.

Аз ин лиҳоз, аз шумо, вакилони гиромӣ, эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи қонун ба овоз монда, қонун қабул шуд. Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  тасдиқ гардид.

Ҷаласаро Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Шукурҷон Зуҳуров ҷамъбаст намуд.

 Самариддин АСОЕВ, Аъзам МӮСОЕВ, Бурҳониддин КАРИМЗОДА, «Садои мардум». Суратгир Аҳлиддин ИСОЕВ