- Камғизоӣ яке аз масъалаҳои умдаи ҷаҳон буда, дар ҳалли он парламентҳо низ саҳмгузоранд. Ҳоло аз се як ҳиссаи аҳолии ҷаҳон аз камғизоӣ азият кашида, зарари иқтисодӣ вобаста ба он дар як сол 3,5 триллион долларро ташкил медиҳад. Тақрибан 690 миллион нафар аз норасоии ғизо танқисӣ кашида, 144 миллион кӯдаки то синни панҷ аз қадпастӣ ва 47 миллион нафари дигар аз камвазниву камхунӣ азият доранд. Мутаассифона, алҳол дар Тоҷикистон низ бемориҳои камхунӣ, қадпастӣ, камвазнӣ ва ҷоғар ба мушоҳида мерасанд.
Ин нуктаро муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ дар суҳбати гирди миз, ки дар мавзӯи «Нақши парлумон дар беҳтарсозии ғизо дар Тоҷикистон» 17 июни соли 2021 баргузор гардид, зикр кард.
Дар он вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, кормандони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид иштирок доштанд. Маърӯзачиён дар ҳамоиш мавзӯъҳои «Шиносоӣ бо ҳисоботи вазъияти кӯдакон дар ҷаҳон», «Сифати ғизо барои занон ва кӯдакон дар Тоҷикистон», «Нақши парлумон дар беҳтарсозии ғизо»- ро низ барои баррасӣ пешниҳод карданд.
Дилрабо Мансурӣ иброз дошт, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша ба беҳбудии вазъи саломатӣ ва ғанӣ гардонидани сабади истеъмолии мардум таваҷҷуҳ зоҳир намуда, ин ҷанба ба он далолат мекунад, ки қадри инсон, пеш аз ҳама, солимии ӯ дар мадди назари роҳбарияти олии кишвар қарор дорад.
Дар ин робита як силсила қонун, барнома ва стратегияҳо, аз қабили қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бехатарии маҳсулоти хӯрока», «Дар бораи таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти ғанигардонидашуда», «Стратегияи миллии солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2020», «Стратегияи ғизо ва фаъолнокии ҷисмонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2024», «Стратегия оид ба дурнамои минбаъдаи пешгирӣ ва назорати бемориҳои ғайрисироятӣ ва осеббардорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Барномаи миллии ташаккули тарзи ҳаёти солим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи солҳои 2011-2020» ва «Барномаи беҳтар намудани таъминоти аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо оби тозаи нӯшокӣ барои солҳои 2008-2020» ба тасвиб расиданд, ки дар беҳбуд бахшидани сатҳи зиндагии мардум ва таъмини онҳо бо ғизои солим саҳиманд.
Мутахассис оид ба ғизои ЮНИСЕФ Малоҳат Шабанова зикр намуд, ки 18 фоизи кӯдакони то 59 — моҳа ба қадпастӣ, 6 фоиз ба лоғарӣ, 8 фоиз ба камвазнӣ ва 3 фоиз ба фарбеҳӣ гирифторанд. 42 фоизи кӯдакони 6-59 — моҳа ва 41 фоизи занони то 49 — сола аз камхунӣ азият мекашанд.
Инчунин, зикр шуд, ки оқибатҳои ғизои нокифоя на танҳо ба кӯдакон таъсири манфӣ дорад, балки метавонад боис ба хурӯҷи бемориҳои ғайрисироятӣ дар ҳаёти калонсолон гардад.
Аз рӯи масъалаи зикршуда, ҳамчунин раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ Сумангул Тағойзода, муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфия Абдусамадзода, намояндаи ЮНИСЕФ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Осама Маккавӣ фикру андешаҳои ҷолиб баён доштанд.
Хулоса он буд, ки беҳтарсозии вазъи ғизо барои модарон ва тифлон аз авлавиятҳои сиёсати иҷтимоию иқтисодӣ ба ҳисоб рафта, дар таъмини амнияти озуқаворӣ низ нақши назаррас дорад.
Абдухолиқ МИРЗОЗОДА,
«Садои мардум».
Суратгир Неъматулло Алиев