Ҳадаф татбиқи саривақтии қонун аст

№113 (3750) 23.09.2017

DSC_3125Бисту якуми сентябри соли равон дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ибтикори Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон суҳбати гирди миз «Оид ба механизми татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти калонсолон» баргузор гардид. Чорабинӣ бо сухани ифтитоҳии муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайринисо Юсуфӣ оғоз ёфт. Номбурда, аз ҷумла, иброз намуд, ки таҳсилоти калонсолон барои Тоҷикистон таҷрибаи нав буда, ибтидои роҳандозии он ба солҳои 2006 – 2008 рост меояд. Дар муҳити пасошӯравӣ Тоҷикистон яке аз аввалин кишварҳое буд, ки зарурати ташкил ва ташаккули ин таҳсилотро дарк намуда, ба фаъолияти густурдаи ин низом асос гузошт.

Сипас, вакили Маҷлиси намояндагон Нурулло Оқилзода лоиҳаи Тавсияҳо оид ба механизми татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти калонсолон»-ро шарҳ дод. ӯ гуфт, ки ҳадафи асосии санади мазкур татбиқи саривақтии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти калонсолон» аст.

Ҳамин тариқ, директори минтақавии Институти ҳамкории байналмилалии Ассотсиатсияи донишгоҳҳои халқии Олмон дар Осиёи Марказӣ Леван Квачадзе, вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони вазоратҳои меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, молия, рушди иқтисод ва савдо ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ фикру андешаҳояшонро доир ба мавзӯи мавриди баррасӣ баён доштанд.

Шариф АТОБУЛЛОЕВ,

«Садои мардум»

Суратгир Неъматулло АЛИЕВ