Вакилон лоиҳаи «Баланд бардоштани устувории кишоварзӣ»-ро муҳокима карданд
10 — уми ноябри соли 2023 дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин Рустам Латифзода оид ба натиҷаҳои татбиқи лоиҳаи «Баланд бардоштани устувории кишоварзӣ» муҳокимаи парламентӣ баргузор шуд.
Рустам Латифзода зимни суханронӣ изҳор дошт, ки шурӯъ аз солҳои аввали соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таъмини рушди устувори соҳаи кишоварзӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир мешавад. Бо дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавассути ҷорӣ гардидани имтиёзҳои андозию гумрукӣ, қабул ва амалӣ намудани барномаҳои алоҳидаи соҳавӣ, ҳамкориҳои судманд бо шарикони рушд, тасдиқи созишномаҳо оид ба ҷалби сармоя, қарзҳо ва грантҳо барои рушди бемайлони соҳаи кишоварзии мамлакат заминаи мусоид фароҳам шуд.
Узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин Зулфиқор Гулаҳмадзода аз шуғли асосии сокинони мамлакат будани соҳаи кишоварзӣ ёдовар шуда, зикр кард, ки ба шарофати таваҷҷуҳи хосаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи истиқлолияти давлатӣ соҳаи мазкур ба тамоюли рушд соҳиб гардидааст.
- Ба хотири пешрафти соҳаи кишоварзӣ ҳамасола барномаҳои мушаххаси рушди соҳаҳои гуногуни кишоварзӣ тарҳрезӣ гардида, татбиқ мешаванд. Яке аз онҳо «Созишномаи грантӣ оид ба маблағгузорӣ барои лоиҳаи «Баланд бардоштани устувории кишоварзӣ» байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи байналмилалии «рушд» мебошад, ки 21 — уми июни соли 2021 дар шаҳри Душанбе ба имзо расидааст. Созишномаи мазкур ба маблағи 108 млн. доллари ИМА ба имзо расидааст, — изҳор дошт номбурда.
Аз оғози татбиқи лоиҳа зиёда аз ду сол сипарӣ гаштааст, аммо дар иҷрои он камбудиҳо ҷой доранд. Пеш аз ҳама, аз ҷониби ташкилоту муассисаҳои зертобеи Вазорати кишоварзӣ омода нашудани ҳуҷҷатҳои зарурӣ барои иҷрои қисмати якуми лоиҳа таъсири манфӣ расонидааст. Дигар камбудиҳо низ ҷой доранд, ки Муассисаи давлатии «Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ» — татбиқкунандаи лоиҳа онҳоро ба назар гирифта, барои таъмини иҷрои босифат тадбирҳои заруриро меандешад.
Муовини директори Муассисаи давлатии «Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ» — ҳамоҳангсози лоиҳаи «Баланд бардоштани устувории кишоварзӣ» Боймурод Қурбонов доир ба раванди татбиқи лоиҳа маълумот дод. Бино ба гуфти ӯ, ҳадафи лоиҳа таҳкими заминаҳои устувори бахши кишоварзӣ буда, аз ҳисоби гранти Ассотсиатсияи байналмилалии рушд (Бонки ҷаҳонӣ) амалӣ мешавад. Он аз ду марҳилаи маблағгузорӣ иборат буда, дар маҷмӯъ 108 миллион доллари ИМА-ро ташкил медиҳад. Бино ба гуфти ӯ, баҳрагирандагони асосии лоиҳа хоҷагиҳои тухмипарварӣ ва ниҳолпарварӣ, хоҷагиҳои деҳқонии хурду калон, хоҷагиҳои хурди осебпазир, ки аз як то 5 га қитъаи замини кишт доранд, корхонаҳои агробизнес ва содиркунандагони маҳсулоти кишоварзӣ, ходимони муассисаҳои давлатӣ аз пажӯҳишгоҳҳои илмию тадқиқотии тобеи Вазорати кишоварзӣ, идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ мебошанд.
Муҳлати татбиқи лоиҳа аз 18-уми ноябри соли 2021 то 30-юми июни соли 2027 муайян шудааст.
Сипас, вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба саволҳо аз масъулин посух гирифта, ҳамчунин, пешниҳоду тавсияҳо манзур намуданд.
Раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин Рустам Латифзода бо натиҷагирӣ аз раванди муҳокима изҳор дошт, ки таҳлили иҷрои татбиқи лоиҳаи «Баланд бардоштани устувории кишоварзӣ» нишон медиҳад, ки корҳои муайян амалӣ шуда истодаанд.
- Ҳамзамон, таҳлили самтҳои гуногуни барнома нишон медиҳад, ки барои иҷрои сифатноки он мушкилиҳо ҷой доранд. Аз ҷумла бештар таъмин намудани тухмии хушсифат, ниҳолҳои интенсивӣ ва масолеҳи кишт, инчунин гузаронидани таҳлили хок, мубориза бар зидди малах ва истифодаи иттилооти агрометеорологӣ бояд ҳаллу фасл карда шаванд.
Масъулин вазифадоранд, ки иҷрои саривақтии аз худ кардани грантро дар муҳлати муқарраргардида таъмин намуда, ҳангоми хариди мол, кор ва хизматрасониҳо талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонӣ» бояд мадди назарашон бошад.
Умед дорем, ки тавсияҳои муҳокимаи парламентӣ барои бартараф кардани камбудиҳо ҷойдошта дар пешбурди соҳаи кишоварзӣ мусоидат хоҳанд кард, — таъкид кард Рустам Латифзода.
Дар охир, бо назардошти таклифу дархост ва пешниҳодҳои иброзгардида қарор ва тавсияҳои парлумонӣ қабул шуданд.
Шариф АТОБУЛЛОЕВ,
«Садои мардум».
Суратгир Н. АЛИЕВ