Қадрдонии Рустами Эмомалӣ аз чемпиони ҷаҳон

№ 05.09.2022

305395114_438225588286134_89329384175126016_nПанҷуми сентябри соли 2022 Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ варзишгари ҷавон – дастпарвари «Мактаби махсуси варзишии захираҳои олимпии №6 оид ба намудҳои гӯштин»-и шаҳри Душанбе, чемпиони ҷаҳон оид ба дзюдо миёни ҷавонон Эмомалии Нуралиро ба ҳузур пазируфт.

Раиси шаҳри Душанбе варзишгарро, ки дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини дзюдо байни ҷавонон иштирок карда, сазовори медали тилло гашт ва Парчами Тоҷикистонро баланд бардошт, таҳният гуфт. Сипас, ҳамчун нишони қадрдонии Пешвои миллат ва Раиси шаҳри Душанбе ба чемпиони ҷаҳон калиди хонаи дуҳуҷрагиро бо ҳама шароити рӯзгор дар пойтахти мамлакат тақдим намуд.

Ёдовар мешавем, ки 7 — 12 августи ҷорӣ дар шаҳри Гуайкили Эквадор Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини дзюдо байни ҷавонон баргузор шуд. Дар он 373 варзишгар аз 63 давлати дунё иштирок намуданд. Эмомалии Нуралӣ дар мусобиқаи бонуфуз дар вазни 66 кило ҳамаи ҳарифонашро шикаст дода, унвони чемпиони ҷаҳонро соҳиб гардид.

Раиси шаҳри Душанбе ба варзишгар дар мусобиқаҳои оянда барору музаффарият таманно карда, иброз дошт, ки ҷавонони бонангу номус муаррифгар ва номбардори Ватан маҳсуб меёбанд ва ҳамеша зери таваҷҷуҳ ва ғамхориҳои пайвастаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор доранд.

www.majmilli.tj