31 декабри соли 2019 зимни ҷаласаи Иҷлосияи шашуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум ва маҷлиси тантанавӣ як гурӯҳ вакилони Маҷлиси намояндагон ва кормандони Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон бо медалу нишони фахрӣ ва ифтихорномаҳои Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ ва Ассамблеяи байнипарлумонии Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ қадрдонӣ гардиданд. Мукофотҳоро, ки роҳбарони ниҳодҳои мазкур Валентина Матвиенко ва Владимир Володин ба имзо расонидаанд, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров дар вазъияти тантанавӣ ба соҳибонашон супурд.
Ҳамин тариқ, бо медали Ассамблеяи байнипарлумонии Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагон Абдуҷаббор Азизӣ, раиси Кумита оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Ҷӯрахон Маҷидзода, узви Кумита оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин Мирзодавлат Сабурзода, узви Кумита оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Анвар Тағоймуродов, роҳбари Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон Мизроб Кабиров, бо Нишони ифтихорӣ «Барои хизмати шоиста дар рушди фарҳанг ва санъат» муовини раиси Кумита оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Насиба Содиқова, узви Кумита оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ, Миралӣ Достизода, узви Кумита оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ Мавзуна Шамсиддинзода, бо Нишони ифтихорӣ «Барои хизмати шоиста дар рушди тарбияи ҷисмонӣ, варзиш ва туризм» узви Кумита оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ Ҳокимҷон Холиқзода, аъзои Кумита оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон Ҷамшед Муртазозодаю Мусалам Қодирова, бо Нишони ифтихорӣ «Барои хизмати шоиста дар рушди матбуот ва иттилоот» узви Кумита оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон Нурулло Оқилзода, узви Кумита оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин Зуфар Исмоилзода ва сармуҳаррири рӯзномаи «Садои мардум» Самариддин Асоев шарафёб гардиданд.
Ба Ифтихорномаи фахрии Ассамблеяи байнипарлумонии Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ муовини раиси Кумита оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Зайниддин Сафаров, аъзои Кумита оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Аҳматҷон Қобилов, Хайрулло Суфиев, Ҳаёт Одинаев, Рустам Қудратов, узви Кумита оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин Мирзодавлат Сабурзода, узви Кумита оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Мавлуда Мирзозода, узви Кумита оид ба иқтисод ва молия Баҳодур Акрамзода, узви Кумита оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Нуралӣ Риоев, узви Кумита оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия Фирӯза Шарифӣ, муовини роҳбари Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон Сулҳиддин Нидоев, мудири котиботи назди роҳбарияти Маҷлиси намояндагон Хурсандмурод Саидмуродов, сармуҳаррири рӯзномаи «Садои мардум» Самариддин Асоев, мудири шуъбаи ҳуқуқ Абдуқодир Комилзода, мудири шуъбаи робитаҳои байнипарламентӣ ва протоколӣ Хушмуҳаммад Нуриддинзода, мудири шуъбаи матбуот Муҳаммадато Султонов, мудири шуъбаи иттилоотию техникӣ Шуҳрат Ҷӯраев, муовини мудири шуъбаи хоҷагӣ ва хизматрасонӣ Зайнулобиддин Боқиев, мушовири калони Раиси Маҷлиси намояндагон Воҳид Аслонов, мушовири калони муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагон Оятулло Аҳмадзода, сармутахассиси шуъбаи робитаҳои байнипарламентӣ ва протоколӣ Абдусамад Эсанқулов ва дигарон сарфароз шуданд.
«Садои мардум»