Ҳафт хусусияти Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ

№146 (4566) 23.11.2022

DSC_9867оОид ба аҳамияти таърихии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мақолаҳои зиёди илмиву оммавӣ навишта шуда, қариб ҳама паҳлуи иҷлосияи тақдирсоз мавриди омӯзиш қарор гирифтааст. Бо вуҷуди ин, пешниҳод кардани ҳафт хусусияти Иҷлосияи XVI Шӯрои Олиро барои хонандагон аз аҳамият холӣ намедонем.

Якум. Бори аввал иҷлосия берун аз маркази маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, зеро пойтахти мамлакат — шаҳри Душанбе ба дасти гурӯҳҳои силоҳбадасти ҷиноятпеша афтода буд. Ба ҷои қонун тиру силоҳ ҳукм­ронӣ мекард. Кор то ҷое расида буд, ки дар Душанбе фаъолияти корхонаву муассисаҳо, мактабу донишкадаҳо фалаҷ гардида, баъд аз соати 16 дигар касе дар кӯчаҳо намемонд.

Дуюм. Риоя шудани талаботи қонунҳои мавҷуда мебошад. Яъне, ҳамаи вакилони халқ аз тамоми гӯшаву канори ҷумҳурӣ ба шаҳри Хуҷанд даъват шуданд, аз ҷумла вакилоне, ки худ­ро мухолифин мешумориданд ва барои баргузор кардани эътироз­ҳову майдоннишиниҳо фаъол буданд. Ҳеҷ кас ба ҳеҷ ваҷҳ наметавонад изҳор кунад, ки Иҷлосияи XVI бо риоя нашудани қонун баргузор шудааст.

Сеюм. Ба таври мустақим бо истифода аз имкониятҳои техникӣ, эҷодӣ ва касбии телевизиони вилояти ҳамонвақтаи Ленинобод барои сокинони ҷумҳурӣ намоиш додани рафти иҷлосия. Ба ибораи дигар, шаффофияти рафти иҷлосия барои сокинони ҷумҳурӣ таъмин шуда буд. Илова ба ин, журналистони матбуот, радио ва телевизионҳои кишварҳои минтақа, инчунин, намояндагони кишварҳои ИДМ аз наздик ба кори иҷлосия шиносоӣ доштанд.

Чорум. Ба таври ғайриқолабӣ баргузор шудани он. Масалан, ҳамаи иҷлосияҳои қаблии Шӯрои Олӣ аз қабл тарҳрезӣ мешуданд, ки кадом масъалаҳо баррасӣ мегардад, киҳо сухан мегӯянд ва чӣ гуна қарорҳо қабул карда мешаванд. Албатта, масъа­лаҳое, ки берун аз барномаи таҳия­шуда пайдо мешуданд, мавриди таҳлил қарор мегирифтанд, ки хеле кам буданд. Дар Иҷлосияи XVI қариб 90 дарсади мавзӯъҳои баррасишаванда муҳиму рӯзмарра буданд, ки ҳар чӣ зудтар роҳи ҳалро талаб мекарданд.

Панҷум. Қабул гардидани Парчами давлатӣ ва Нишони миллӣ аз тарафи вакилони Иҷлосияи Шӯрои Олӣ. Он замон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Парчами давлатиро бӯсиданд ва бо ҳамин савганди садоқат ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ва миллати тоҷик ба ҷо оварданд.

Шашум. Раиси тозаинтихоби Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми сухан кардан аз минбар азм, ирода ва истодагариро ба вакилоне, ки дар рафти иҷлосия ба кори он хунукназарӣ зоҳир мекарданд, рӯирост изҳор карданд ва талаб намуданд, ки вакилон вазифаҳои хизматиро самимона, содиқона иҷро кунанд. Ин суханронии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун паёми ҷиддӣ ба гурӯҳҳои манфиатҷӯ равона шуда буд. Маҳз баъд аз суханронии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сокинони мамлакат шуниданд, диданд ва дарк карданд, ки Тоҷикистони азиз соҳиби роҳбаре шуд, ки иродаи қавӣ ва сухани қатъӣ дорад.Ҳафтум. Интихоб шудани муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Интихоб озод, шаффоф сурат гирифта, сокинони Тоҷикис­тон шоҳид шуданд, ки муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар даврони хеле мураккаб ҷавонмардона масъулияти бузургро ба зимма гирифтанд.

Фозил ОБИДЗОДА,

вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон