Ҳайатҳои парлумонии кишварҳои аъзои СААД корро дар АП САҲА ҳамоҳанг карданд

№83-84 (4345-4346) 26.06.2021

IMG_7451 — копия — копия24 июни соли равон таҳти раёсати муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбари ҳайати парлумонии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ассамблеяи парлумонии Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ Маҳмадалӣ Ватанзода ҷаласаи ҳамоҳангсозии сарони ҳайатҳои парлумонии кишварҳои аъзои СААД дар Ассамблеяи парлумонии Созмони амнияту ҳамкории Аврупо аз тариқи фосилавӣ доир гардид.

Иштирокчиён пешниҳодҳоро оид ба мусоидат ба муколамаи парлумонӣ дар шакли ҳамкории Ассамблеяи парлумонии СААД ва Ассамблеяи парлумонии САҲА оид ба масъалаҳои манфиатҳои тарафайн, дар бораи ташаббуси ворид шудан ба рӯзномаи Ассамблеяи парлумонии САҲА дар соли 2022 ва дурнамои дастгирии ҳайатҳои парлумонии кишварҳои аъзои СААД-ро баррасӣ намуданд.

Дар ҷаласа, ҳамчунин, доир ба масъалаҳои мубрами амнияти минтақавӣ аз ҷониби роҳбарони ҳайатҳои парлумонии кишварҳои аъзои АП СААД мубодилаи афкор сурат гирифт.

Муҳаммадато Султонов,

мудири шуъбаи матбуоти Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон