22 феврал муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мавсума Муинӣ бо узви Кумитаи Марказии Ҳизби коммунисти Чин, муовини якуми директори мактаби ҳизбии Кумитаи Марказии Ҳизби коммунисти Чин Се Чунтао мулоқот намуд. Зимни мулоқот Мавсума Муинӣ иброз дошт, ки Тоҷикистон ва Чин давоми таърих бо ҳусни ҳамҷаворӣ зиста, ба ҳамдигар дӯстони неку шарикони боэътимод мебошанд. Дар ин ҷода саҳми бузурги роҳбарони ҳар ду давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Си Ҷин Пин махсусан муҳим арзёбӣ гардид.
- Аз давраи барқароршавии робитаҳои дипломатӣ байни мамлакатҳои ҳамсоя ҳамкориҳои дуҷониба бар пояи эҳтироми тарафайн, баробарӣ ва барои ҷонибҳо самарабахш рушду такомул меёбад. Ин муносибатҳо ба шарофати кӯшиш ва иродаи неки ҳар ду ҷониб ба сатҳи шарикии стратегӣ расида, барои ҳамкориҳои бисёрсамта таҳкурсии муносиб гузоштанд, — афзуд Мавсума Муинӣ.
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи доимии Маҷлиси умумичинии намояндагони халқ робитаҳои мустаҳками дуҷониба амалӣ намудаанд, ки дар густариши эътимоди сиёсии ҳар ду давлат нақши муҳим дорад. Бояд гуфт, ки байни парлумонҳои ҳар ду мамлакат ҳамкории самарабахш амал намуда, гурӯҳҳои дӯстии байнипарлумонии Тоҷикистон ва Чин таъсис ёфтаанд. Истифодаи самараноки иқтидори ин гурӯҳҳои дӯстӣ ба манфиат мебошад.
Ҷонибҳо дар бораи таҳким бахшидани робитаҳои байнипарлумонӣ, алалхусус, равнақ додани ҳамкорӣ байни кумитаҳо ва гурӯҳҳои дӯстӣ, ҳамкории мутақобилаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мактаби ҳизбии назди Ҳизби коммунисти Чин, табодули таҷриба, рушди ҳамкории иқтисодӣ дар доираи ташаббуси «Як камарбанд — як роҳ», равнақ додани робитаҳо дар соҳаи энергетика, иқтисоди «сабз», ҳамкории ҳизбҳои сиёсӣ ва дигар масоил табодули афкор намуданд.
Сайфиддин СУННАТӢ,
«Садои мардум»