Иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум

Ҳайати комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ пурра, тағйиру иловаҳо ба кодекси гумрук қабул гардид

№21 (3501) 16.02.2016

DSC_0629Понздаҳуми феврали соли 2016 таҳти раёсати муовини якуми раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Азизӣ Абдуҷаббор Абдуқаҳҳор ҷаласаи навбатии Иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  даъвати панҷум баргузор гардид.

Дар бораи рӯзномаи ҷаласа бо фарогирии масъалаҳои зерин Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид:

1. Оид ба пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи узви Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Муродзода Д. Ҳ.»

2. Оид ба пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи узви Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Низом Қосим пури Ҷаҳонгир»

3. Оид ба пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи узви Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Салимӣ Н. Ю.».

4. Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон»

5. Дар бораи Созишнома оид ба маблағгузории муштараки Котиботи доимии Комиссияи байниҳукуматии ТРАСЕКА (КД КБҲ ТРАСЕКА) байни ҳукуматҳои Тарафҳои Созишномаи асосии бисёрҷониба оид ба нақлиёти байналмилалӣ барои рушди долони Аврупо  — Кавказ — Осиё.  

Раисикунанда: — Ба муҳокимаи масъалаҳои рӯзнома шурӯъ менамоем.

Масъалаи якуми рӯзнома — Оид ба пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи узви Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Муродзода Д. Ҳ.» мебошад. Сухан аз рӯи ин масъала ба Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сиёсати ҳуқуқӣ — Намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Ватанзода Маҳмадалӣ Маҳмадулло дода мешавад.

Ватанзода Маҳмадалӣ Маҳмадулло Пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро қироат намуд:

Ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 11 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» пешниҳод менамоям:

Муродзода Дустмурод Ҳайит – раиси Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон,

Низом Қосим пури Ҷаҳонгир – раиси Иттифоқи нависандагони Ҷумҳурии Тоҷикистон,

Салимӣ Носирҷон Юсуфзода – ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ

аъзои Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб карда шаванд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

11 феврали соли 2016

 

Раисикунанда: — Чӣ гуна пешниҳод доред? Ба овоз монда шавад:

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Оид ба пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи узви Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Муродзода Д. Ҳ.» ба овоз монда, қарор қабул шуд.

Масъалаҳои дуюм ва сеюми рӯзнома низ баррасӣ шуда, Низом Қосим пури Ҷаҳонгир – раиси Иттифоқи нависандагони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Салимӣ Носирҷон Юсуфзода – ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ бо қарорҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аъзои Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб карда шуданд.

Раисикунанда: — Ба баррасии масъалаи навбатии рӯзномаи ҷаласа – «Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон» оғоз менамоем. Сухан оид ба ин масъала ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  оид ба иқтисод ва молия Ҷобирзода Тоҳир Гул дода мешавад.

ҶОБИРЗОДА Тоҳир Гул: — Муҳтарам Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо мақсади мутобиқ намудани Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва талаботи Созмони Умумиҷаҳонии Савдо, аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва пешниҳод шудааст.

Талаботи моддаи 4-уми Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» мутобиқ гардонида, моддаи 4 дар таҳрири нав пешниҳод шудааст. Ҷиҳати ба танзим даровардани фаъолияти мутахассисони барасмиятдарории гумрукӣ моддаи 148 Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав пешниҳод шудааст, ки он ба талаботи Конвенсияи байналмилалӣ оид ба содагардонӣ ва ҳамоҳангсозӣ (Киото) ҷавобгӯй мебошад. Илова бар ин, барои татбиқ намудани талаботи Созмони Умумиҷаҳонии Савдо моддаи 360 Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав таҳия шудааст.

Бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 январи соли 2016 таҳти № 494 лоиҳаи қонуни мазкур барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои додани хулосаи экспертизаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуда буд.

Лоиҳаи қонуни мазкурро кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷонибдорӣ намуда, баҳри такмили он 52 таклифу эрод пешниҳод карданд, ки аз онҳо 33-тоаш қабул ва 7-тоаш қисман қабул шуда, 12-тоаш қабул нагардид.

Лоиҳаи қонуни мазкур бо Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 феврали соли 2016 таҳти №355 барои такмил ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия пас гардонида шуда буд.

Лоиҳаи қонуни мазкур бо иштироки намояндагони Кумитаи масъул, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мудири Котиботи роҳбарияти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шуъбаҳои дахлдори Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор дода, дар натиҷа қисми 1 ва банди 1) қисми 2 моддаи 360 ва номи моддаи 492 аз нав таҳрир карда шуд, инчунин ҷумлаи дуюми қисми 2 моддаи 360 таҳрир гардида, бо мазмуни зайл пешниҳод шуд:

«Ҳангоми муайян кардани арзиши гумрукии молҳо мутобиқи ҳамин модда зимни татбиқи усулҳои мазкур ба амалҳои зерин иҷозат дода мешавад:».

Инчунин хатоиҳои имлоиву техникии лоиҳаи қонуни мазкур ислоҳ карда шуданд.

Лоиҳаи қонуни мазкур ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надорад.

Аз шумо, вакилони муҳтарам, хоҳиш менамоем, ки лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намуда, ба тарафдории он овоз диҳед.

Лоиҳаи қонун ба овоз монда, қонун қабул шуд. Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид.

Раисикунанда: — Ба баррасии масъалаи дигари рӯзнома – «Дар бораи Созишнома оид ба маблағгузории муштараки Котиботи доимии Комиссияи байниҳукуматии ТРАСЕКА (КД КБҲ ТРАСЕКА) байни ҳукуматҳои Тарафҳои Созишномаи асосии бисёрҷониба оид ба нақлиёти байналмилалӣ барои рушди долони Аврупо –Кавказ –Осиё» шурӯъ менамоем. Сухан аз рӯи ин масъала ба вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ганҷалзода Шералӣ Раҳмон дода мешавад.

Ганҷалзода Шералӣ Раҳмон: — Муҳтарам Раёсат, вакилони гиромӣ!

Қабл аз ҳама, мехостам ба шумо оид ба барномаи ТРАСЕКА — долони нақлиётии Аврупо — Кавказ — Осиё маълумоти мухтасар диҳам.

Барномаи мазкур бо ташаббуси давлатҳои Арманистон, Булғория, Озарбойҷон, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон соли 1993 дар рафти ҷаласаи вазирон дар Белгия таъсис шуда, дар асоси Созишномаи асосии бисёрҷониба оид ба нақлиёти байналмилалӣ барои рушди долони Аврупо- Кавказ  — Осиё, ки 8 сентябри соли 1998 дар Ҷумҳурии Озарбойҷон (шаҳри Боку) ба имзо расидааст,  фаъолият мекунад.

Мақсади асосии барномаи мазкур пайваст намудани шабакаи роҳҳои нақлиётии Аврупо — Кавказ  — Осиё ва истифодаи самараноки иқтидори транзитии кишварҳои аъзо баҳри сабукгардонии раванди интиқоли байналмилалии борҳо мебошад, ки ба ҳадафҳои стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра ҷавобгӯй аст.

Алҳол 13 кишвар аъзои барномаи мазкур буда, барои муайян кардани самти фаъолият соли 2003 Комиссияи байниҳукуматии (КБҲ) он таъсис дода шудааст. Мақомоти иҷроияи Комиссияи мазкур Котиботи доимии ТРАСЕКА мебошад, ки дар шаҳри Бокуи Озарбойҷон ҷойгир аст.

Барномаи мазкур аз ҷониби Котиби генералӣ (айни замон Мирсеа Чиопрага) идора карда шуда, фаъолияти он ва самти ояндаи  фаъолият аз ҷониби раиси Комиссияи байниҳукуматӣ, ки аз ҳисоби раисони миллии Комиссия аз рӯи тартиботи алифбо  таъин мешаванд, амалӣ карда мешаванд. Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар барнома ва комиссияи мазкур муҳтарам Давлаталӣ Саид ба ҳайси раиси миллии КБҲ ТРАСЕКА ва Муминзода Солеҳ ба ҳайси котиби миллӣ муаррифӣ менамоянд. Маблағгузории лоиҳаҳо дар доираи барномаи мазкур аз ҷониби Комиссияи Аврупо таъмин карда мешаванд.

Вакилони муҳтарам!

Созишнома оид ба маблағгузории муштараки Котиботи доимии Комиссияи ТРАСЕКА байни ҳукуматҳои Тарафҳои Созишномаи бисёрҷонибаи асосӣ оид ба нақлиёти байналмилалӣ барои рушди долони автомобилии Аврупо — Кавказ — Осиё, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  21 апрели соли 2005 дар шаҳри Боку ба имзо расонида шудааст, асосан барои нигоҳдории Котиботи доимии ТРАСЕКА равона шудааст.

Мутобиқи банди 4-уми Созишнома, ҳаҷми аъзоҳаққӣ байни кишварҳои аъзо баробар муайян шуда, ҳар сол бояд ба Котиботи доимӣ то 31 декабри соли фаъол ва на дертар аз 31 марти соли оянда интиқол дода шаванд. Айни замон ҳаҷми аъзоҳаққии Тоҷикистон 60 000 евроро ташкил медиҳад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи моддаи 9-уми Созишномаи мазкур, ки эътибори муваққатии онро то тасдиқшавиаш дар қаламрави кишварҳои аъзо пешбинӣ менамояд, мавриди амал қарор додааст.

Алҳол қарзи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди барномаи мазкур, ки барои солҳои 2007- 2015 қисман пардохт нашудаанд, 50 900 евроро ташкил медиҳад.

Вакилони муҳтарам!

Бояд тазаккур дод, ки манфиатҳои ҷумҳурӣ аз аъзогӣ дар доираи Барнома ва Комиссияи мазкур иштирок дар татбиқи кумакҳои техникӣ мебошад, ки ба бозомӯзии кадрҳо ва рушди нақлиёти автомобилӣ, авиатсияи гражданӣ ва таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ равона карда шудааст. Ҳар сол дар доираи Барномаи ТРАСЕКА курсҳои бозомӯзӣ барои мутахассисони соҳаи нақлиёти автомобилӣ, авиатсияи гражданӣ, логистика ва бехатарии нақлиёти рӯизаминӣ дар давлатҳои аъзои ТРАСЕКА ташкил карда мешавад, ки дар он мутахассисони вазоратҳои нақлиёт, корҳои дохилӣ, Хадамоти гумрук ва дигар мақомоти дахлдори ҷумҳурӣ иштирок менамоянд. Соли гузашта 15 нафар корманди соҳа дар ҳафт чорабинии барномаи мазкур ширкат варзиданд ва хароҷоти иштирок пурра аз ҳисоби Барнома пардохт шудааст.

Соли 2016 дар ҳамкорӣ бо Ташкилоти Бехатарии Авиатсионӣ (ЭАСА) лоиҳаи кумак ба соҳаи авиатсияи гражданӣ дар ҳаҷми умумии 5000000 евро амалӣ мешавад, ки барои мутобиқгардонии қонунгузории ҷории Тоҷикистон ба меъёрҳои байналмилалӣ, кумаки машваратӣ ва техникӣ равона шудааст.

Бо дарназардошти он ки айни замон пешниҳод ба ҳайси ташкилоти байналмилалӣ эътироф шудани Комиссияи байниҳукуматии ТРАСЕКА дар баррасии кишварҳои аъзо қарор дорад, Тоҷикистон солҳои оянда метавонад маблағҳои инвеститсиониро барои татбиқи лоиҳаҳои нақлиёти инфрасохтории кишвар дар доираи ин ташкилот ҷалб намояд.

Бо дарназардошти таваҷҷуҳи бештари Иттиҳоди Аврупо ба кишварҳои Осиёи Марказӣ ва тавсеаи ҳамкорӣ, аз ҷумла бо Ҷумҳурии Тоҷикистон, аъзогӣ дар созмони мазкур ва тасдиқи Созишномаи зикршуда, барои рушди соҳаи нақлиёти кишвар, тавассути татбиқи лоиҳаҳои нави инвеститсионӣ ва ҷалби бештари сармояи хориҷӣ хеле муҳим ва бамаврид арзёбӣ мешавад.

Дар робита ба ин, бовар дорем, ки Созишномаи мазкур аз ҷониби шумо, вакилони гиромӣ, дастгирӣ карда мешавад.

Раисикунанда: — Аз рӯи ин масъала сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия Асозода Хайрулло дода мешавад.

Хайрулло АСОЗОДА : — Муҳтарам Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Созишнома оид ба маблағгузории муштараки Котиботи доимии Комиссияи байниҳукуматии ТРАСЕКА (КД КБҲ ТРАСЕКА) байни ҳукуматҳои Тарафҳои Созишномаи асосии бисёрҷониба оид ба нақлиёти байналмилалӣ барои рушди долони Аврупо — Кавказ — Осиё, ки 21 апрели соли 2005 дар шаҳри Боку ба имзо расидааст ва аз  тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ пешниҳод шудааст, бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 1 феврали соли 2016 таҳти №534 барои хулоса ба Кумитаи  Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои додани хулосаи экспертизаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  супорида шуда буд.

Созишномаи мазкур аз 9 модда иборат мебошад.

Барномаи ТРАСЕКА дар асоси Созишномаи асосии бисёрҷониба оид ба нақлиёти байналмилалӣ барои рушди долони Аврупо — Кавказ — Осиё, ки 8 сентябри соли 1998 дар Ҷумҳурии Озарбойҷон (шаҳри Боку) ба имзо расидааст, аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардидааст.

Барномаи мазкур барои рушди соҳаҳои нақлиёти ҷумҳурӣ ва давлатҳои минтақа хеле  манфиатовар буда, аз ҷумла долони ТРАСЕКА (Аврупо — Кавказ — Осиё) яке аз воситаҳои асосии пайваст намудани Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дигар давлатҳои Осиёю Аврупо мебошад. Барнома ба рушди шабакаҳои нақлиётӣ — коммуникатсионии минтақа, аз ҷумла татбиқи ҳадафи стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар робита ба раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва диверсификатсияи роҳҳои пайвасти Тоҷикистон бо кишварҳои Аврупо нигаронида шудааст.

Кумитаи масъул 5 феврали соли 2016 дар ҷаласаи васеи худ бо иштироки намояндагони кумитаҳо, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагони Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Созишномаи мазкурро мавриди баррасӣ қарор дода, ба тасвиб расонидани онро мувофиқи мақсад шуморид.

Бинобар ин, вакилони гиромиқадр, аз шумо эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки Созишномаи мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

Вобаста ба тасдиқи Созишномаи мазкур Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид.

Ҷаласаро муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Азизӣ Абдуҷаббор Абдуқаҳҳор ҷамъбаст намуд.

 Самариддин АСОЕВ, Абдумаҷид МУРОДОВ, «Садои мардум». Суратгир А. ИСОЕВ