Якуми марти соли 2025 даъвати Раиси Парламенти байналмилалӣ оид ба таҳаммулпазирӣ ва сулҳ Суос Яра ва Президенти Шурои ҷаҳонии таҳаммулпазирӣ ва сулҳ Аҳмад ибн Муҳаммад Ал-Ҷарвонро пазируфта, барои иштирок дар 12-умин ҷаласаи умумии Парламенти байналмилалӣ оид ба таҳаммулпазирӣ ва сулҳ ҳайати парламентии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода ба шаҳри Женеваи Конфедератсияи Швейтсария сафар намуд.
Ёдовар мешавем, ки Шурои ҷаҳонии таҳаммулпазирӣ ва сулҳ як созмони байналмилалӣ аст, ки бо такя ба усулҳои демократия, баробарӣ, бародарӣ ва эҳтироми фарҳангу эътиқоди қавму миллатҳои гуногун фаъолияти худро бар асоси меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ ва шартномаҳо пеш мебарад.
Ҳадафи асосии шуро ноил шудан ба сулҳи ҳақиқӣ ва пойдор барои тамоми башарият тавассути паҳн кардани фарҳанги таҳаммулпазирӣ дар байни кишварҳо мебошад.
Муҳаммадато СУЛТОНОВ,
мудири шуъбаи матбуоти Дастгоҳи МНМО ҶТ