Ҳафтаи гузашта дар Ҷамоати шаҳраки Шайдон ва Ҷамоати деҳоти «Шодоба»- и ноҳияи Ашт дар робита ба шарҳи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва зарурати ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии Ашт №17 Холмуҳаммадзода Азизмуҳаммад бо интихобкунандагон баргузор гардид. Дар мулоқот Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳозирин шарҳ дода шуд. Холмуҳаммадзода Азизмуҳаммад, ҳамчунин оид ба фазои ороми сулҳу суботи кишвар ибрози назар намуда, ҳозиринро даъват кард, ки алайҳи ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷойӣ, ки аҳдофи муғризонаро пайгиранд, муборизаи беамон баранд, роҳ надиҳанд, ки ҷавонони моро гумроҳ кунанд.
Дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии № 11 ва №20-и деҳоти Ғозиёни ноҳияи Бобоҷон Ғафуров вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаббор Ахмедов бо аҳолии деҳот мулоқот намуд. Ӯ роҷеъ ба Паёми Президенти мамлакат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон гуфт, ки сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати ҷумҳурӣ, пеш аз ҳама, ба боло бурдани сатҳи зиндагии мардум, ноил шудан ба истиқлолияти энергетикӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ равона шудааст.
Номбурда аз ҷавонон хоҳиш кард, ки неруи худро ба омӯзиши илм равона созанд ва дар ҳама ҳолат ҳушёрӣ ва зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд.
***
Ватанзода Маҳмадалӣ Маҳмадулло — Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ — Намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Гулбаҳор Турсунова — вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Файзулло Баротзода — директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон низ зимни вохӯрӣ бо интихобкунандагон дар чойхонаи «Сирдарё»-и шаҳри Хуҷанд бо иштироки фаъолони шаҳр, собиқадорони меҳнат ва зиёиён атрофи мавзӯъҳои фавқуззикр суханронӣ намуда, ба саволҳои ҳозирин посух доданд.
Абдувосит САЛИМЗОДА, «Садои мардум»