23 сентябри соли 2022 дар қароргоҳи Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (Қасри Таврический, шаҳри Санкт – Петербург) ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ оид ба мудофиа ва амният баргузор гардид.
Дар он раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Рустам Шоҳмурод аз тариқи фосилавӣ иштирок намуд.
Аъзои комиссия нахуст масъалаи ташкилии интихоби раиси комиссия ва ҷонишинони ӯро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Ҳамчунин, лоиҳаи як қатор қонунҳои намунавӣ, аз ҷумла «Дар бораи амнияти миллӣ», «Дар бораи амнияти сарҳад», «Дар бораи сарҳади давлатӣ», «Дар бораи мақомоти (қувваҳои) сарҳадӣ»-ро пас аз таҳлил ба Шӯрои Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ пешниҳод намуданд.
Дар маҷмӯъ, лоиҳаи Тавсияҳо оид ба такмили қонунгузории кишварҳои узви ИДМ оид ба муқовимат ба истифодаи моддаҳои радиоактивӣ, моддаҳои кимиёвии хатарнок ва агентҳои патогении биологӣ қабул карда шуд.
Сипас, лоиҳаи Тавсияҳо барои кишварҳои аъзои ИДМ оид ба пешгирӣ ва рафъи қонуншиканиҳо дар соҳаи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ барои хулосаи коршиносон ба парлумонҳои кишварҳои аъзои ИДМ ирсол гардид.
Ҳамчунин, раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон, муовини раиси Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ оид ба илм ва маориф Насиба Содиқӣ 23 сентябри соли равон аз тариқи фосилавӣ дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ оид ба илм ва маориф ширкат варзид.
Дар он ҳафт санад, аз ҷумла лоиҳаи таҳрири нави Кодекси иттилоотии намунавӣ барои давлатҳои аъзои ИДМ, лоиҳаи қонунҳои намунавӣ «Дар бораи аттестатсияи (аккредитатсияи) давлатии субъектҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ», «Дар бораи экспертизаи илмӣ ва илмию техникӣ», инчунин Тавсияҳо оид ба танзими меъёрии истифодаи интеллекти сунъӣ, танзими меъёрии рақамикунонӣ дар соҳаи маориф, ташкили кори тарбиявӣ бо волидон ва фаъолияти ҷомеаи волидайн, инчунин тавсияҳо «Дар бораи чораҳо оид ба ошкор ва дастгирии мунтазами кӯдакону ҷавонони лаёқатманд» мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Муҳаммадато Султонов,
мудири шуъбаи матбуоти Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон