Имрӯз, 19-уми феврали соли 2025 ҳайати парлумонии Тоҷикистон бо роҳбарии Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода барои иштирок дар ҷаласаи 15-уми пленарии Ассамблеяи парлумонии Осиё ба Ҷумҳурии Озарбойҷон сафар намуд.
Интизор меравад, ки ҳайатҳои порлумонҳои беш аз 30 кишвар ва созмонҳои байналмилалӣ дар ин чорабинии сатҳи баланд ширкат намоянд.
Зимни чорабинӣ баргузории ҷаласаи шурои иҷроия, пленум, ҷаласаҳои кумитаҳо оид ба масъалаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, буҷетӣ ва иҷтимоӣ дар назар дошта шудааст. Ҳамчунин, лоиҳаи қарорҳо аз рӯи масъалаҳои муҳим муҳокима мегардад.
Илова бар ин, дар ҷараёни ҷаласа мулоқотҳои дуҷонибаи ҳайатҳои ширкаткунанда дар назар аст. Ин вохӯриҳо имкон медиҳанд, ки доир ба фаъолияти кунунии Ассамблеяи парлумонии Осиё ва дурнамои рушди он табодули афкор сурат гирад.
Дар анҷоми чорабинии мазкур қабули «Эъломияи Боку» ва гузориши ниҳоии котиботи Ассамблеяи парлумонии Осиё ба нақша гирифта шудааст.
Муҳаммадато СУЛТОНОВ,
мудири шуъбаи матбуоти Дастгоҳи МНМОҶТ