Ҷаласаи 15-уми пленарии АПО доир шуд

№25 (4921) 24.02.2025

БОКУ (1)19-20-уми феврали соли ҷорӣ дар шаҳри Бокуи Ҷумҳурии Озарбойҷон ҷаласаи 15-уми пленарии Ассамблеяи парлумонии Осиё баргузор гардид. Ҳайати парлумонии Тоҷикистон бо роҳбарии Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода дар ин чорабинӣ иштирок намуд.

Дар назди иштирокчиёни ҷаласаи 15-уми пленарии Ассамблеяи парлумонии Осиё Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир ­Зокирзода суханронӣ намуда, аз ҷумла иброз дошт, ки мусоидат ба таъмини сулҳи устувор, субот ва зиндагии осоишта дар саросари ҷаҳон яке аз ҳадафҳои асосии сиёсати хориҷии давлати мост.

- Воқеан, имрӯз густариши равобити хориҷии Ассамблеяи парламентии Осиё, пеш аз ҳама, бо дигар созмонҳои байналмилалӣ ва кишварҳои ҳамфикр, ки сулҳу суботро қадр мекунанд ва ба фароҳам овардани шароит барои рушди бехатари минтақа манфиатдоранд, тақозои замон аст. Пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иҷлосияи 79-уми Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид оид ба қабули қатънома дар бораи «Даҳсолаи таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда» маҳз ҳамин ҳадафҳоро дар бар мегирад. Мо ба дастгирии ин ташаббус аз ҷониби шарикони худ умед мебандем, — гуфт Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Таъкид гардид, ки институти ҳокимияти қонунгузор асоси ҷомеаи муосири демократӣ мебошад. Парламентҳо ҳамчун ифодаи иродаи интихобкунандагон дар таҳияи моделҳои миллии рушд ва вокунишҳои муносиб ба хатару таҳдидҳои умумӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ нақши муҳим мебозанд.

«Дар ҷаҳони муосир, ки муноқишаҳо хусусияти паҳншавӣ ва тӯлонӣ шуданро доранд, танҳо гуфтушунид, муколама ва ҳалли мусолиҳатомез ба сифати интихоби дуруст арзёбӣ мегарданд. Маҳз диплома­тияи парламентӣ ба чунин ҳадафҳои муҳим, ба мисли нишон додани симои объективии кишвари худ дар назари ҷомеаи ҷаҳонӣ, хид­мат мекунад», — иброз дошт М. Зокирзода.

БОКУ (2)Иттилоъ дода шуд, ки парламенти Тоҷикистон, дар баробари Ассамблеяи парламентии Осиё, дар кори Ассамблеяи байнипарламентии Иттиҳоди Давлатҳои Мус­тақил, Ассамблеяи парламентии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ, Ассамблеяи парламентии Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо ва як қатор сохторҳои дигари байнипарламентӣ иштироки фаъол дорад.

- Тоҷикистон дар асоси таҷрибаи андӯхтаи худ дар мубориза бо хатару таҳдидҳои ҷаҳонӣ «Стратегияи мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ барои солҳои 2021-2025»-ро таҳия намуда, татбиқ карда истодааст.

Дар доираи амалисозии ин стратегия мо дар миёни дигар дастовардҳои назаррас, инчунин, дар самти беҳбуди механизми пешгирӣ аз ифротгароиву тундгароӣ ва баланд бардоштани нақши соҳаи маориф ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар ин раванд ба пешрафтҳои муайян ноил гардидем. Тоҷикистон дар оянда ҳам талошҳои худро дар ин самт идома дода, барои таъмини амният ва суботи фарогир ҳамкориҳои зичро бо шариконаш тақвият хоҳад бахшид, — таъкид дошт М. Зокирзода.

Маҳмадтоир Зокирзода, ҳамчунин, иброз намуд, ки дастгирии ҷомеаи ҷаҳонӣ аз ташаббусҳои Тоҷикистон оид ба масъалаҳои об ва иқлим нақши пешбари кишвари моро дар татбиқи рӯзномаи об ва иқлим дар сатҳи байналмилалӣ ифода мекунад.

Қатъномаҳое, ки Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид оид ба ин масъалаҳо қабул кард, барои ноил шудан ба ҳадафҳои ҳамоҳангшудаи глобалӣ дар соҳаи захираҳои об, ки дар «Рӯзномаи рушди устувор барои то давраи соли 2030» инъикос ёф­таанд, замина гузоштанд.

- Имрӯз мо шоҳиди гармшавии бесобиқаи глобалӣ ҳастем, ки ба муҳити зист таъсири манфӣ расонда, хушксолӣ, обхезӣ ва дигар офатҳои табиии вобаста ба обро ба вуҷуд меорад. Яке аз аломатҳои возеҳи робитаи обу иқлим обшавии босуръати пиряхҳо дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон аст ва ин раванд барои сайёраи мо оқибати хуб надорад. Оқибатҳои тағйири иқлим, мутаассифона, ба вазъи пиряхҳои Тоҷикистон, ки сарчашмаи ташаккули то 60 дарсади манбаъҳои оби Осиёи Марказӣ мебошанд, таъсири манфӣ мерасонад.

Дар давоми чанд даҳсолаи охир беш аз ҳазор пиряхи мо пурра об шудаанд. Бо ибтикори Тоҷикистон Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид соли 2025-ро «Соли ҳифзи пиряхҳо» эълон кард.

Бо ин қатънома «Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо», ки сар аз соли равон ҳамасола таҷлил мешавад, муқаррар гардида, «Фонди мақсаднок оид ба ҳифзи пиряхҳо» таъсис дода шуд. Дар идомаи ин мавзуъ, бо ибтикори Тоҷикистону Фаронса Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид солҳои 2025-2034-ро «Даҳсолаи амал барои илмҳои яхшиносӣ» эълон кард. Дар асоси қатъномаи қабулшуда ҷиҳати ҳифзи пиряхҳо моҳи майи соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе баргузории Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо дар назар аст.

Мо ба иштироки фаъоли ҳайатҳои кишварҳои шарик, созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ дар кори ин конфронси муҳим умед мебандем. Ҳадафи ин конфронс ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба мушкилоти обшавии пиряхҳо, ки ба захираҳои оби минтақа таъсир мерасонад ва масъалаҳои таҳияву татбиқи саривақтии тадбирҳои амалӣ дар ин самт мебошад, — гуфт дар фарҷом Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода.

Муҳаммадато СУЛТОНОВ,

мудири шуъбаи матбуоти Дастгоҳи МНМО ҶТ