6-уми марти соли 2025 дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия ҷаласаи комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оид ба илм ва маориф баргузор гардид, ки дар он раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон Насиба Содиқӣ дар реҷаи фосилавӣ иштирок намуд.
Дар ҷаласа лоиҳаҳои қонунҳои намунавӣ ва тавсияҳо муаррифӣ гардида, лоиҳаи Конвенсияи мустақили ҳуқуқшиносон барои солҳои 2026-2028 пешниҳод шуд.
Дар ҷаласа рафти омодагӣ ба конгресси IX байналмилалии экологии Нева ва Конгресси байналмилалии илмӣ-таълимии кишварҳои ИДМ, ҳамчунин масъалаҳои марбут ба лоиҳаи Низомнома дар бораи озмуни байналмилалии дипломҳо барои дарёфти Ҷоизаи ИДМ, рафти иҷрои Қарори Шурои ИДМ «Дар бораи натиҷаҳои ҷамъбасти Олимпиадаи байналмилалӣ аз фанҳои гуманитарӣ ва иҷтимоӣ барои мактаббачагони кишварҳои ИДМ дар соли 2024» баррасӣ гардиданд.
Муҳаммадато СУЛТОНОВ,
мудири шуъбаи матбуоти Дастгоҳи МНМО ҶТ