13-уми декабри соли 2024 ҷаласаи фраксияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар ҷаласа гузориши раиси фраксияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар Маҷлиси намояндагон Фозил Обидзода дар давраи солҳои 2020-2024 мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Таъкид шуд, ки ҷаласаи мазкур ба таҷлили 30-солагии таъсисёбии Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон рост омадааст, ки боиси ифтихор ва сарфарозист. Ҳоло дар фраксияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон 39 нафар вакил фаъолият мекунанд, ки аз онҳо 14 нафарашро занҳо ташкил медиҳанд. Тибқи Дастури Маҷлиси намояндагон фраксияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар Маҷлиси намояндагон ҷиҳати изҳори мавқеи ягонаю ақидаҳои сиёсӣ ва амалигардонии барномаҳо ва ҳадафҳои пешазинтихоботии ҳизб фаъолияти дастҷамъонаро пеш мебарад.
Дар давраи ҳисоботӣ аъзои фраксияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар Маҷлиси намояндагон дар 9 ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 152 ҷаласаи шуро ва 118 ҷаласаи иҷлосияи Маҷлиси намояндагон иштирок намуда, дар баррасии беш аз 1000 санади меъёрии ҳуқуқӣ саҳм гузоштанд.
Вакилон — аъзои фраксияи ҳизб дар Маҷлиси намояндагон дар давоми фаъолият дар таҳияю баррасӣ ва муҳокимаю тасдиқи 514 қонун, аз ҷумла 69 қонуни мукаммал, 22 қонуни конститутсионӣ, 270 қонун, 147 қонун оид ба ворид кардани тағйиру иловаҳо ба кодексҳо, инчунин, беш аз 217 созишномаю протоколҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, иштироки фаъолона намудаанд.
Дар маҷмӯъ, аз шумораи умумии қонунҳои қабулшуда бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби аъзои фраксия беш аз 130 қонун пешниҳод ва тасдиқ шудаанд. Дар ҷаласа изҳори итминон гардид, ки қонунҳои қабулгардида муносибатҳои муҳими ҷамъиятиро ба танзим дароварда, амалишавии онҳо ба устувории сохтори қонунгузории кишвар мусоидат менамояд.
Ҳамчунин, таъкид шуд, ки дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аъзои фраксияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон бо дарки баланди масъулият ва шарафмандӣ ҳадафҳои ҳизбро амалӣ карда, аз ҷумла дар 16 муҳокимаи парламентӣ ва 10 мизи мудаввар тавассути таҳлили мунтазами қонунгузорӣ, мониторинги амалишавии санадҳои қонунгузорӣ ва барномаҳои иқтисодию иҷтимоӣ ширкат ва ҷараёни татбиқи қонунҳои соҳавиро таҳлилу баррасӣ намудаанд.