17-уми октябри соли 2024 дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия ҷаласаи навбатии комиссияи назоратӣ-буҷетии Ассамблеяи байнипарлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид, ки дар он вакили Маҷлиси намояндагон, узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба иқтисод ва молия Фозил Обидзода дар реҷаи фосилавӣ иштирок намуд.
Иштирокчиёни ҷаласа маҷмӯи масъалаҳои марбут ба таъминоти молиявии ассамблеяро муҳокима намуданд. Аъзои комиссия маълумотро дар бораи қабули қонунҳо дар бораи буҷети давлатӣ дар давлатҳои иштирокчии АБ ИДМ барои давраи навбатии нақшавӣ баррасӣ карда, лоиҳаи қарорҳои Шурои АБ ИДМ-ро дар бораи ҷанбаҳои молиявии фаъолияти АБ ИДМ омода намуданд.
Дар ҷаласа лоиҳаҳои санадҳои меъёрии маҳаллӣ, инчунин, масъалаҳои таъмини молиявии нақшаи кори ассамблея барои соли 2025 баррасӣ шуданд.