Ҷаласаи кории Раиси Маҷлиси миллӣ

№112 (4218) 15.09.2020

Рустам11 сентябри соли 2020 Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо иштироки раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шермуҳаммад Шоҳиён, прокурори генералӣ Юсуф Раҳмон ва роҳбарони дигар сохтору мақомоти дахлдор, аз ҷумла, мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳри Душанбе, ҷаласаи корӣ доир намуд, ки зимни он дар қатори дигар масъалаҳо санҷиши муроҷиати хешовандони духтари сесолаи таҷовузшуда аз шаҳри Турсунзода ва дигар ҳодисаҳои ба ин монанд, ки рӯзҳои охир дар шабакаҳои иҷтимоӣ боиси ба вуҷуд омадани сару садои зиёд гардиданд, мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Вобаста ба ин ва дигар ҷиноятҳои марбут ба озодии ҷинсӣ ва дахлнопазирии ҷинсӣ дар солҳои 2017-2019 ва 8 моҳи соли 2020 содиршуда ҳисоботи прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон шунида шуд.

Зикр гардид, ки вобаста ба ҳодисаи дар шаҳри Турсунзода рухдода шахсони гумонбар дастгир шудаанд ва айни замон тафтиши пешакии парвандаи ҷиноятӣ таҳти назорат идома дорад.

Доир ба ин масъала раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ гузориш доданд.

Пас аз гузориши роҳбарон ва шахсони масъули мақомоти ҳифзи ҳуқуқ Рустами Эмомалӣ ба онҳо, аз ҷумла, ба прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, супориш дод, ки таҷрибаи тафтишотӣ-судии парвандаҳои ҷиноятиро ба муқобили озодӣ, обрӯ ва эътибори шахсият, ахлоқ, озодии ҷинсӣ ва дахлнопазирии ҷинсӣ нисбат ба хурдсолон ва ноболиғон, ки дар моддаҳои 138-142-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудаанд, мавриди таҳлил қарор дода, сабабу омилҳои содиршавии ҷиноятҳоро муайян намуда, ҷиҳати дар оянда пешгирӣ кардани онҳо якҷо бо дигар мақомоти дахлдор чораҳои қатъӣ андешанд. Зеро содиршавии амалҳои нангин ва барои мардуми тоҷик бегона, ки хусусан, нисбат ба хурдсолону ноболиғон бо истифода аз вазъияти оҷизонаи зеҳнии онҳо содир карда мешаванд, номи неки миллат ва ҷомеаро доғдор месозанд ва ба саломатии насли наврас таъсири манфӣ расонида, онҳоро аз зиндагӣ ноумед мегардонанд.

Ҳамчунин, Рустами Эмомалӣ ба роҳбарону шахсони масъул дастур дод, ки вобаста ба пешгирии ҳодисаҳо ба корҳои тарғиботиву фаҳмондадиҳӣ дар байни аҳолӣ тақвият бахшида, бо мақсади минбаъд пешгирӣ намудани кирдорҳои нангин меъёрҳои қонунгузорӣ, пеш аз ҳама, моддаҳои дахлдори Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳаматарафа такмил дода, нисбат ба шахсони содиркунандаи амалҳои нангин ҷазои ҷиноятӣ пурзӯр карда шавад.

Наврӯз ҚУРБОНЗОДА,

ёвари Раиси Маҷлиси миллӣ оид ба робита бо ВАО