Ҷаласаи кумитаи АБ ИДМ дар Санкт-Петербург

№125 (4708) 16.10.2023

Махмадали Курбонзода12 — уми октябри соли 2023 таҳти раёсати раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия, муовини раиси Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарламентии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оид ба иқтисод ва молия Маҳмадалӣ Қурбонзода дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия ҷаласаи кумитаи мазкур баргузор гардид.

Иштирокчиёни ҷаласа фаъолияти гурӯҳи корӣ оид ба таҳияи лоиҳаи Қонуни намунавӣ «Дар бораи шуғли платформа», рафти кор дар лоиҳаи қонунҳои намунавӣ «Дар бораи стандартизатсия», «Дар бораи банақшагирии стратегӣ»-ро, ки аз ҷониби Ҳукумати Санкт-Петербург таҳия шудаанд, баррасӣ намуданд.

Дар ҷаласа, ҳамчунин, намояндагони Донишгоҳи молиявии назди Ҳукумати Федератсияи Россия ва Маркази сиёсати андози Пажӯҳишгоҳи молиявии Вазорати молияи Федератсияи Россия роҷеъ ба мафҳумҳо ва бобҳои «Андоз аз амвол», «Андоз аз замин», «Нақлиёт», «Қисми махсуси Кодекси намунавии андоз барои давлатҳои аъзои ИДМ» баромад намуданд.

Дар фарҷоми ҷаласа аъзои комиссия дар чорабиниҳое, ки дар доираи Форуми байналмилалии «Рушди устувори манотиқи кӯҳис­тон» баргузор гардид, иштирок намуданд.