Ҷаласаи маркази матбуотии мувақатии КМИР доир шуд

№ 07.01.2025

Нуҳуми январи сол  равон дар Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи маркази матбуотии мувақатии комиссия баргузор гардид.

Роҳбари дастгоҳи КМИР Наврӯз Самадзода, аъзои КМИР Носирҷон Салимзода ва Махфират Хидирзода вобаста ба инъикоси холисонаи омодагиҳо ба интихоботи  Маҷлиси Олӣ ва Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ бидуни бартарият додан ба ин ё он ҳизб ва номзадҳои худпешбар, омӯзиши фазои иттилоотӣ вобаста ба интихоботи Маҷлиси Олӣ ва Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ, таҳлили маводҳои ВАО-и дохилӣ ва хориҷӣ, пешниҳоди фаврии мавод аз шабакаҳои иҷтимоӣ оид ба интихобот, инъикоси тайёрӣ ба интихобот дар ВАО-и ИДМ, СҲШ ва пешниҳоди маводи он, инъикоси омодагӣ ба интихобот аз ҷониби созмонҳои байналмилалӣ ва пешниҳоди маводи дахлдор ба маркази матбуотии мувақатии комиссия суҳбат карданд. Таъкид гардид, ки пешниҳоди матлабҳо дар бораи интихобот бояд дар доираи қонун сурат гирифта, кӯшиш намоем, ки ин маъракаи муҳими сиёсӣ дар сатҳи баланд баргузор шавад.

Шариф АТОБУЛЛОЕВ,

“Садои мардум”