20 феврали соли 2024 ҷаласаи навбатии Фраксияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он се масъала — аз вазифаи муовини якуми раиси Фраксияи ҲХДТ дар Маҷлиси намояндагон озод намудани Гулаҳмадзода Зулфиқор, аз ҳайати Фраксияи ҲХДТ дар Маҷлиси намояндагон баровардани Мансурӣ Дилрабо, Гулаҳмадзода Зулфиқор, Қурбонзода Маҳмадалӣ ва омодагӣ ба таҷлили Ҷашни 30-солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Раиси Фраксияи ҲХДТ дар Маҷлиси намояндагон Фозил Обидзода иброз дошт, ки бо фармону қарорҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мансурӣ Дилрабо Сайдулло, Гулаҳмадзода Зулфиқор Аҳмад ва Қурбонзода Маҳмадалӣ Раҳмат ба вазифаҳои дигар таъйин гардидан. Тибқи қарорҳои Маҷлиси намояндагон ваколати вакилии Мансурӣ Дилрабо Сайдулло, Гулаҳмадзода Зулфиқор Аҳмад ва Қурбонзода Маҳмадалӣ Раҳмат бо сабаби ба вазифаи дигар таъйин гардиданд, пеш аз муҳлат қатъ карда шуд. Бинобар ин, зарур аст, ки Гулаҳмадзода Зулфиқор Аҳмад аз вазифаи муовини якуми раиси фраксия озод, Мансурӣ Дилрабо Сайдулло, Гулаҳмадзода Зулфиқор Аҳмад ва Қурбонзода Маҳмадалӣ Раҳмат бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз ҳайати фраксия бароварда шаванд.
Вобаста ба масъалаи сеюм Фозил Обидзода иттилоъ дод, ки соли ҷорӣ Ҷашни 30-солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таҷлил карда мешавад. Таъкид гардид, ки ҲХДТ дар тӯли 30 сол таҳти роҳбарии Раиси ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои пешрафт ва зиндагии мардуми Тоҷикистон хизматҳои арзанда намуда, дар ободонию шукуфоии кишвар саҳми беназир дорад.
- Дар бинои нави Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бахшида ба Ҷашни 30-солагии ҲХДТ осорхонаи ҳизб ташкил карда мешавад. Дар асоси тақсимоти уҳдадориҳо барои ташкили осорхона ба зиммаи фраксия ҷамъоварии мавод доир ба замони истиқлолияти давлатӣ, қабули Конститутсия, интихоби Президент ва фаъолияти Фраксияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор шудааст. Аъзои фраксия вазифадор карда шуданд, ки мақолаҳои ҷолибро доир ба масъалаҳои зикршуда таҳия ва пешниҳод намоянд ва беҳтаринҳояш барои чопи китоб интихоб мегардад, — афзуд раиси Фраксияи ҲХДТ дар Маҷлиси намояндагон Фозил Обидзода.
Вобаста ба масъалаҳои баррасишуда қарорҳои дахлдор қабул гардид.
Шариф АТОБУЛЛОЕВ,
«Садои мардум»