Ҷаласаи сенздаҳуми Комиссияи ҳамкории Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шурои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия

№ 27.05.2024

DSC_692824-уми майи соли 2024 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи сенздаҳуми Комиссияи ҳамкории Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шурои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия дар шакли маҷозӣ баргузор гардид.

Дар он аъзои Комиссия оид ба ҳамкории Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шурои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия аз ҳар ду ҷониб, кормандони дастгоҳҳои палатаҳои болоӣ, намояндагони вазорату идораҳои дахлдори ду кишвар иштирок доштанд. Дар оғози ҷаласа ҳамраисони комиссия Раҷаббой Аҳмадзода ва Николай Журавлёв суханронӣ намуданд.

Изҳори боварӣ карда шуд, ки ҷаласаи навбатии Комиссияи ҳамкории Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шурои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия ба рушди муносибатҳои ҳар ду кишвар дар самтҳои гуногуни ҳамкорӣ тақвият мебахшад.

Тибқи рӯзномаи ҷаласа нахуст омодагӣ ба Форуми VIII байнипарламентии «Тоҷикис­тон-Россия: неруи ҳамкории байниминтақавӣ» мавриди баррасӣ қарор гирифта, дар доираи он аъзои комиссия доир ба вазъ ва дурнамои ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия дар самти тиҷорату иқтисод, сармоягузорӣ, фарҳангию гуманитарӣ, аз ҷумла илм, маориф, инчунин, амнияти минтақавӣ ва дигар масъалаҳои муҳим, мубодилаи афкор намуданд.

Вобаста ба масъалаҳои баррасишуда қарорҳои дахлдор қабул гардиданд.

www.majmilli.tj