Ҷаласаи Шӯрои Ассамблеяи Байнипарламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил

№138-141(4721-4724) 17.11.2023

402309964_7306817209410401_9138908950669691871_n16-уми ноябри соли ҷорӣ Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон дар ҷаласаи нав­батии Шӯрои Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок намуданд.

Ҷаласаи Шӯро таҳти раёсати Раиси Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия Валентина Матвиенко доир гардида, дар кори он роҳбарони ҳайатҳои парламентии ҷумҳуриҳои Қирғизистон, Арманис­тон, Беларус, Қазоқистон, Озарбойҷон ва Ӯзбекистон ширкат доштанд.

Тибқи рӯзнома, аъзои Шӯрои Ассамб­леяи байнипарламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мус­тақил масъалаҳоро дар хусуси Раиси Шӯрои Ассамб­леяи байнипарламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, оид ба натиҷаҳои раёсати Ҷумҳурии Қирғизистон дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, дар бораи такмилдиҳии танзими ҳуқуқии фаъолияти контртеррорӣ ва зиддиэкстремистӣ дар Иттиҳоди Давлатҳои Мус­тақил, доир ба баланд бардоштани  устувории низоми тандурустӣ ҷиҳати ноил шудан ба фарогирии умумӣ бо хизматрасонии тандурустӣ, инчунин, дигар масъалаҳоро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Бо натиҷагирӣ аз кори ҷаласаи Шӯро қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд.