Ҷаласаи Шурои Маҷлиси миллӣ

№16 (4912) 03.02.2025

Бинои парламентСеюми феврали соли 2025 таҳти раёсати Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ­Рустами Эмомалӣ ҷаласаи Шурои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ­баргузор гардид.

Ба рӯзномаи ҷаласа масъалаҳои зерин дохил карда шуданд:

«Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ёрии ҳуқуқӣ», «Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи адвокатура ва фаъолияти адвокатӣ», «Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид», «Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид», «Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи истеҳсолоти органикӣ», «Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хоҷагии ёрирасони шахсӣ», «Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мораторий ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ», «Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хариди давлатӣ», «Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бамеъёрдарории техникӣ», «Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сирри тиҷоратӣ»,«Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизматрасониҳои давлатӣ», «Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи роҳҳои автомобилгард ва фаъолияти роҳдорӣ», «Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳаракат дар роҳ», «Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гаравхона», «Пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи аз вазифаи раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд намудани Шермуҳаммад Шоҳиён», «Пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи аз вазифаи раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд намудани Мирзозода Р.П.», «Пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи аз вазифаи муовини раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд намудани Исҳоқӣ А.Н.», «Пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи аз вазифаи муовини якуми раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд намудани Абдуллозода З.Ф.», «Пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи аз вазифаи муовини раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд намудани Хайриддинзода А.», «Пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи аз вазифаи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд намудани Ализода Ш.Ш.», «Пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи аз вазифаи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд намудани Тағозода А.С.», «Пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи аз вазифаи судяи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд намудани Қосимзода С.О.», «Пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Мирзозода Р.П.», «Пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Абдуллозода З.Ф.», «Пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи муовини раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Тағозода А.С.», «Пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи муовини раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Қосимзода С.О.», «Пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Қурбониён С.А.», «Пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Амонзода Н.Ш.», «Пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Бобохонзода А.», «Пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Назарзода Д.Қ.», «Пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Шукурзод Н.Т.», «Пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон интихоб намудани Саидзода М.Ф.», «Пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Шерзода Ҷ.С.», «Пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Давлатзода И.Р.», «Пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи судяи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Баротзода З.М.», «Пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи судяи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Саидзода З.С.», «Пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи додани ризоият барои аз вазифаи Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Раҳмон Ю.А.», «Пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи додани ризоият барои аз вазифаи муовини Прокурори генералӣ — сарпрокурори ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Воҳидзода Ҳ.С.», «Пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи додани ризоият барои ба вазифаи Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намудани Воҳидзода Ҳ.С.», «Пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи додани ризоият барои ба вазифаи муовини Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намудани Қосимзода Х.Ш.», «Пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи додани ризоият барои ба вазифаи муовини Прокурори генералӣ — сарпрокурори ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намудани Ҳаётзода Ф.Ҷ.», «Ҳисоботи Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳолати назорати риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи қонунҳо дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2024», «Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз вазифаи роҳбари Дастгоҳи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон озод намудани Идрисзода И.М.» ва «Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзномаи Иҷлосияи бисту якуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон даъвати шашум».

Масъалаҳои рӯзномаро Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ, раисони кумитаҳои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъми­ни асос­ҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озоди­ҳои инсон, шаҳр­ванд ва қонуният Дилшод Раҳмон, оид ба масъалаҳои аграрӣ, шуғли аҳолӣ ва экология Давлаталӣ Саид, оид ба иқтисодиёту коммуникатсия Шарифҷон Ҷумъазода, ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ – намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷли­си Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зариф Ализода ва муовини якуми Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Умед Каримзода шарҳу тавзеҳ доданд.

Шурои Маҷлиси миллӣ масъалаҳои рӯзномаро барои баррасӣ ба Иҷлосияи ­бисту якуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум пешниҳод кард. Шурои Маҷлиси миллӣ, ҳамчунин, «Дар бораи рӯзномаи Иҷлосияи бисту якуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум» қарор қабул намуд.

«Садои мардум»