Сенздаҳуми январи соли 2025 таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар он масъалаҳо «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар хусуси Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Шоҳигарии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ оид ба алоқаи ҳавоӣ», «Дар хусуси Созишномаи қарзӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд вобаста ба лоиҳаи «Таҷдид ва муосиргардонии инфрасохтори шаҳри Душанбе», «Дар хусуси Созишномаи қарзӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд вобаста ба лоиҳаи «Беҳтаркунии низоми обтаъминкунӣ дар шаҳри Бохтар», «Дар хусуси Созишномаи қарзӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд вобаста ба лоиҳаи «Беҳтаркунии низоми обтаъминкунӣ дар ноҳияи Данғара», «Оид ба Шартнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Малайзия дар бораи ёрии мутақобилаи ҳуқуқӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятӣ» ва «Дар хусуси Ёддоштҳои табодулӣ оид ба расондани кумаки бебозгашт ҷиҳати дастрас намудани таҷҳизоти мушоҳидаи видеоӣ баҳри татбиқи марҳилаи дуюми лоиҳаи «Шаҳри бехатар» дар доираи Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Мардумии Чин дар бораи пешниҳоди кумаки бебозгашт» мавриди баррасӣ қарор гирифта, барои додани хулоса ба кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон пешниҳод карда шуданд.
Дар ҷаласаи Шуро, инчунин, масъалаҳо «Дар бораи баргардондани лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Фонди миллии осорхонавӣ ва осорхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи баргардондани лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» баррасӣ гардида, вобаста ба онҳо қарорҳои дахлдор қабул шуд.
Шурои Маҷлиси намояндагон, ҳамчунин, «Дар бораи даъват кардани ҷаласаи навбатии Иҷлосияи шашуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум» ва «Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзномаи ҷаласаи навбатии Иҷлосияи шашуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум» қарор қабул кард.
«Садои мардум»