Ҷаласаи Шурои Маҷлиси намояндагон

№48 (4944) 16.04.2025

1Чордаҳуми апрели соли 2025 таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзалӣ Идизода ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар он масъалаҳо «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи банақшагирии стратегӣ ва дурнамосозии давлатӣ», «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хариди давлатӣ», «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дору, молҳои тиббӣ ва фаъолияти фарматсевтӣ» ва «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бехатарии саноатии объектҳои истеҳсолии хатарнок» мавриди баррасӣ қарор гирифта, ба ҷаласаи навбатии Иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати ҳафтум пешниҳод гардиданд.

Ҳамчунин, вобаста ба масъалаҳо «Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоби намояндаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон дар Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи таъсис додани комиссияи муваққатии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба амалӣ намудани рақамикунонии фаъолият, гардиши электронии ҳуҷҷатҳо, такмили масъалаҳои рушди инноватсия ва технологияҳои рақамӣ» ва «Дар бораи тасдиқи Нақшаи чорабиниҳо вобаста ба суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи якуми Иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати ҳафтум» қарорҳои дахлдори Шурои Маҷлиси намояндагон қабул шуд.

Шурои Маҷлиси намояндагон, ҳамчунин, «Дар бораи даъват кардани ҷаласаи нав­батии Иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати ҳафтум» ва «Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзномаи ҷаласаи навбатии Иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати ҳафтум» қарор қабул кард.

«Садои мардум»