Бистуми майи соли 2024 таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар он масъалаҳо «Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нишондиҳанда барои ҳисобҳо», «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи карантин ва муҳофизати растаниҳо», «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», «Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйир ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар хусуси Созишномаи қарзӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хазинаи ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ вобаста ба лоиҳаи «Таҷдиди роҳи автомобилгарди Гулистон-Фархор-Панҷ-Дӯстӣ, марҳилаи 1», «Дар хусуси Созишномаи қарзӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки исломии рушд вобаста ба лоиҳаи «Таҷдиди роҳи автомобилгарди Гулистон-Фархор-Панҷ-Дӯстӣ, марҳилаи 1», «Дар хусуси Созишномаи чаҳорчӯбавӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки исломии рушд вобаста ба лоиҳаи «Таҷдиди роҳи автомобилгарди Гулистон-Фархор-Панҷ-Дӯстӣ, марҳилаи 1», «Дар хусуси Созишномаи агентӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки исломии рушд вобаста ба лоиҳаи «Таҷдиди роҳи автомобилгарди Гулистон-Фархор-Панҷ-Дӯстӣ, марҳилаи 1» мавриди баррасӣ қарор гирифта, ба ҷаласаи навбатии Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум пешниҳод гардиданд.
Ҳамчунин, масъалаҳо «Дар бораи таъсис додани гурӯҳи корӣ ҷиҳати такмили лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сайёҳӣ» ва «Дар бораи ҷамъбасти Озмуни ҷумҳуриявии асари беҳтарин дар мавзуи «Соли 2025 — Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» баррасӣ гардида, вобаста ба онҳо Қарори Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуд.
Шурои Маҷлиси намояндагон, ҳамчунин, «Дар бораи даъват кардани ҷаласаи навбатии Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум» ва «Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзномаи ҷаласаи навбатии Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум» қарор қабул кард.
«Садои мардум»