Ҷаласаи тантанавӣ ба муносибати ҷашни Истиқлолияти давлатӣ

№114 (4534) 12.09.2022

DSC_5315Ҳаштуми сентябри соли равон таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода бахшида ба 31 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи тантанавӣ баргузор гардид. Дар он вакилони Маҷлиси намояндагон, кормандони Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагони воситаҳои ахбори омма ширкат варзиданд.

Муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадалӣ Ватанзода, вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Солеҳа Холмаҳмадзода, Саодатшо Матробиён ва Ғайрат Азиззода зимни суханронӣ дар бораи дастовардҳои замони истиқлолият дар соҳаҳои гуногун маълумот доданд.

Сипас, як қатор вакилони Маҷлиси намояндагон ва кормандони Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо «Ифтихорнома»-и Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд.

(Гузориши муфассал аз ҷаласаи тантанавӣ дар шумораи навбатии рӯзнома нашр мегардад).

Тавре дар шумораи гузашта иттилоъ додем, 8 сентябри соли 2022 таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода бахшида ба 31 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи тантанавӣ таҳти унвони «Истиқлолият — рушди давлатдории навини тоҷикон» баргузор гардид, ки дар он вакилони Маҷлиси намояндагон, кормандони масъули Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагони воситаҳои ахбори омма иштирок карданд.

Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Маҳмадтоир Зокирзода дар оғози кори ҷаласа аз аҳамияти сарнавиштсози истиқлолият сухан гуфта, онро дар ташаккули давлатдории навини тоҷикон муҳим арзёбӣ намуд.

- Истиқлолият ба мо имкони таърихие фароҳам овард, ки Ватанамонро соҳибӣ кунем, давлатдории миллиро барпо намоем ва ормонҳои деринаи халқамонро амалӣ гардонем. Бо дарки ин ­масъулияти бузург Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зери роҳбарии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон то ба имрӯз пайваста талош дорад, ки пояҳои сиёсиву иқтисодӣ ва заминаҳои иҷтимоиву маънавии Истиқлолияти давлатиро тақвият бахшида, барои рушди бемайлони соҳаҳои ҳаёти давлат ва ҷомеаи кишвар шароити мусоид фароҳам созад,- афзуд Маҳмадтоир Зокирзода.

Муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадалӣ Ватанзода дар мавзӯи «Истиқлолият — рушди давлатдории навини тоҷикон» баромад карда, ёдовар шуд, ки 9 сентябри соли 1991 Қарори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи эълон намудани Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардида, ин рӯз иди миллӣ эълон карда шуд. Ин туҳфа ба миллате буд, ки дар масири таърих аз озмоишҳои зиёди сахту сангин гузашта, новобаста ба шебу фарози таърих дастовардҳои оламшумули фарҳанги асил, илму адабиёт, ҳувияти миллӣ ва забони ноби модарии шоиронаро нигоҳ доштааст.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон истиқлолиятро волотарин ва пурарзиштарин даст­оварди давлату давлатдории тоҷикон дар таърихи навтарин шуморида, зикр кардаанд, ки он дар заминаи давлатҳои навтаъсиси Иттиҳоди Шӯравӣ арзи ҳастӣ намуда, баъдан, ҳамчун шакли давлатдории мутамаддину пешрафта ташаккул ёфта, ба камол расид.

Маҳз Истиқлолияти давлатӣ имкони воқеӣ фароҳам овард, ки роҳро ҳамчун давлати демок­ратӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ интихоб ва ояндаи миллату пешрафти минбаъдаи мамлакатро муайян намоем. Истиқлолият барои мо нишони барҷастаи пойдории давлат, бақои миллат, рамзи асолату ҳувият, шарафу эътибори ба ҷаҳони мутамаддин пайвастани кишвари соҳибистиқлоли Тоҷикис­тон ба ҳисоб меравад.

- Таърих гувоҳ аст, ки халқу миллатҳо ба истиқлолияти миллӣ бо роҳҳои гуногун мерасанд. Муборизаи баъзеҳо солҳои тӯлонӣ давом меёбаду онҳо бо баҳои қурбонии зиёд ба истиқлолият мерасанд, гурӯҳи дигаре тавассути табаддулоту инқилоб. Халқиятҳое, ҳастанд, ки солҳо барои истиқлолият ва озодӣ мубориза мебаранду то ҳол шаҳди онро начашидаанд. Аз нигоҳи аввал Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳи осоишта, бе муборизаи шадид ва бе хунрезиҳо ба даст омадааст. Вале таърихи мубориза барои истиқлолият танҳо бо эълони Истиқлолияти давлатӣ дар солҳои 1990-1991 маҳдуд намешавад,- таъкид намуд Маҳмадалӣ Ватанзода.

Номбурда ёдовар шуд, ки муборизаи халқи тоҷик барои истиқлолият таърихи дурудароз дорад. Баъди фурӯпошии давлати Сомониён мавқеи тоҷикон низ коста гардида, ба ташкили давлати миллӣ имконият надоштанд. Ҳарчанд забони тоҷикӣ забони давлатӣ ва коргузории аҷнабиён ба ҳисоб мерафт, лек соҳиби давлат дигарон буданд. Вале ин миллати куҳанбунёд дар ин шароити вазнин на танҳо тавонист ҳувияти миллии худро нигоҳ дорад, балки пайваста дар паи истиқлолияти миллӣ буд.

Илова бар ин, бо пайдоиши имконият мардони баору номус ҷиҳати озодӣ аз истилогарон сар мебардоштанд. Новобаста ба натиҷаи ин шӯришу муқовиматҳо ҳаракатҳои озодихоҳӣ хомӯш намешуданд ва бо гузашти вақт такрор меёфтанд.

Тавре аз таърих медонем, дар аморати Бухоро, ки Тоҷикистони имрӯза ҳудудан ба он дохил мешуд, ҳудуди маъмурие бо номи Тоҷикис­тон мавҷуд набуд. Аз ин ҷост, ки баъди ғалабаи Инқилоби Октябр бо номи Туркистони шарқӣ ва Ӯзбекис­тон ҷумҳуриҳои алоҳида ташкил карда шуданд ва дар онҳо ишорае аз тоҷикону Тоҷикистон набуд. Ин ҳолат, албатта, фарзандони бонангу номуси тоҷикро ором намегузошт. Баъди ғалабаи Инқилоби Октябр, соли 1924 бо ҷонбозиҳои фарзандони бонангу номуси тоҷик Ҷумҳурии Мухтори Тоҷикистон дар ҳайати Ҷумҳурии Ӯзбекистон ташкил карда шуд. Ин кори осон набуд, зеро душманон бо ҳар роҳу восита дар хусуси миллати тоҷик маълумоти дурӯғу ивғогарона паҳн мекарданд.

Вале таъсиси Ҷумҳурии Мухтори Тоҷикистон низ фарзандони баору номус ва бофарҳанги ­тоҷикро хотирҷамъ накард. Устод Сад­риддин Айнӣ дар шинохти тоҷикон хизмати назаррас намуда, чандин асарҳои пурмуҳтаво навиштанд. Фарзандони барӯманди тоҷик Шириншоҳ Шоҳтемур, Нусратулло Махсум ва дигар зиёиён низ бо истифодаи ҳама восита барои истиқлолияти давлати навтаъсис кӯшишу талош менамуданд.

Натиҷаи ҳамин ҷонбозиҳо буд, ки соли 1929, Ҷумҳурии Мухтори Тоҷикистон аз ҳайати Ҷумҳурии Ӯзбекистон баромада, ҳамчун ҷумҳурии мустақил дар ҳайати Иттиҳоди Шӯравӣ ташкил ёфт ва он қадами навбатӣ дар шинохти давлати тоҷикон ба шумор меравад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Истиқлолияти давлатӣ бо роҳи осоишта, бе ҷангу хунрезӣ расид ва имконият дошт барои иҷрои вазифаҳое, ки аз Эъломияи истиқлолияти давлатӣ бармеомаданд, оғоз намояд. Мутаассифона, ин имконияти таърихӣ, яъне истиқлолияти давлатӣ мувофиқи талаботи вақт истифода нагардид. Шояд истиқлолияти бадастомада ба қувваҳои навзуҳури сиёсӣ, ки таҷрибаи сиёсӣ надоштанд, ҳиссиёти худбоварии зиёдатиро дод, ки онҳо ба ҷои ягонагию ваҳдат ба зиёдаравӣ оғоз намуданд. Қувваҳои муайяни хориҷӣ, ки дар минтақа манфиатҳои ғаразноки худро доштанд, ба осиёби ин гурӯҳҳо об мерехтанд. Баъди даҳ рӯзи эълони истиқлолият тазоҳуроту муқовиматҳои шаҳрвандӣ оғоз гардиданд, ки онҳо оқибат ба ҷанги фоҷиабори шаҳрвандӣ оварда расониданд, — иброз намуд Маҳмадалӣ Ватанзода.

Хатари парокандашавии давлатро эҳсос намуда, вакилони Шӯрои Олӣ тасмим гирифтанд, ки иҷлосияи навбатии Шӯрои Олиро дар шаҳри Хуҷанд доир намоянд, зеро дар шаҳри Душанбе аз нигоҳи бехатарӣ гузаронидани иҷлосия хатарнок буд. 16 ноябри соли 1992 дар қасри Арбоби ноҳияи Бобоҷон Ғафуров вакилони Шӯрои Олӣ ба Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъ омаданд. Шӯрои Олӣ масъулияти бузургро дар назди таърих, миллат, Ватан ва ҷомеаи ҷаҳонӣ ба дӯши худ гирифта, дар роҳи ба даст овардани сулҳу ризояти миллӣ ва аз вартаи нестӣ раҳонидани ҷумҳурӣ қадами ҷиддӣ гузошт. Инчунин, дурнамои вазъи сиёсӣ ва иқтисодии кишварро дар он иҷлосия муайян намуданд.

Дар ҳоле ки давлат дар вартаи вазнин қарор дошт ва умеди наҷот тира буд, масъулияти сарварӣ ба дӯши вакили ҷавон ва серғайрат Эмомалӣ Раҳмон вогузошта шуд, ки ӯ барои якпорчагии давлат ва ҳимояи сохти конститутсионӣ омода буд синаро сипар намояд. Тамоми дастоварду пешравиҳои сию як соли истиқлолият бо ин абармарди таърихӣ алоқаи ногусастанӣ дорад. Маҳз таҳти роҳбарии хирадмандонаи ӯ сулҳ, ваҳдату ягонагӣ дар мамлакат пойдор гардид, ки ҳоло шаҳди онро чашида истодаем.

Таърихи имрӯзаи соҳибистиқлолии давлат собит намуд, ки Пешвои миллат ба ваъдаи додааш ва принсипҳои эълоннамудаи давлатсозиаш содиқ асту барои таъмини сулҳу суботи сиёсӣ, волоияти қонун, пешрафти иқтисодиву иҷтимоии ҷомеа ва давлат, обрӯву эътибори Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ҳама корро ба сомон мерасонад.

Бинобар ин, бояд аз пештара дида бештар дар атрофи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  муттаҳид бошем ва ба ягон қувваи бадхоҳ имкон надиҳем, ки ба истиқлолияти Тоҷикистон таҳдид кунад, — гуфт Маҳмадалӣ Ватанзода.

Узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси  Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ Солеҳа Холмаҳмадзода зимни баромад дар мавзӯи «Рушди иҷтимоиёт — таҳкимбахши истиқлоли давлатӣ» иброз дошт, ки Истиқлолияти давлатӣ рамзи пойдорӣ ва бардавомии давлатдорӣ, ифтихор аз таъриху фарҳанг, дарки масъулият барои ҳаёти созанда, бунёди ҷомеаи адолтапарвар ва ифодакунандаи мақсаду мароми халқ аст.

Иҷтимоиёт яке аз самтҳои муҳими давлат буда, сатҳи некуаҳволии халқ маҳз ба ҳамин ниҳод вобастагӣ дорад. Баъди ба низом даромадани рушди иқтисодиёт бо мақсади баланд бардоштани сатҳи зиндагонии аҳолӣ ва ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ масъалаи таҳияи «Стратегияи паст кардани сатҳи камбизоатӣ дар  Тоҷикистон» пеш омад. Дар роҳи татбиқи ин ҳадафҳо, Ҳукумати мамлакат«Стратегияи миллии рушд барои то солҳои 2007-2009, 2010-2012, 2015» — ро қабул  намуд, ки ин санадҳои муҳим як қатор масъалаҳои иҷтимоиро дар мамлакат ҳал карда, ҷиҳати беҳбуд бахшидан ба зиндагии халқ мусоидат намуданд. Дар ин ҷода, дар бист соли охир се ҳуҷҷати стратегии паст кардани сатҳи камбизоатӣ, ду барномаи баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум амалӣ гардида, ҳоло татбиқи «Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030» ва 176 барномаи давлатӣ идома дорад.

- Таи солҳои соҳибистиқлолӣ дар мамлакат беш аз 3,3 миллион ҷои кори доимӣ ва мавсимӣ таъсис дода шуда, шароити зиндагии сокинони мамлакат тадриҷан беҳтар гардида истодааст. Аз ҷумла, дар ин давра музди миёнаи меҳнат 87 баробар, андозаи нафақа 80 баробар ва даромади пулии аҳолӣ 75 баробар афзоиш ёфт. Сатҳи камбизоатӣ аз 83 фоизи соли 1999 ба 26,3 фоиз дар соли 2019 коҳиш дода шуд, ки аз ҷумлаи муҳимтарин дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ ба ҳисоб меравад, — гуфт Солеҳа Холмаҳмадзода.

Номбурда ёдовар шуд, ки ҳифзи саломатӣ ва таъмини хизматрасонии босифати тиббӣ ба шаҳрвандон, фароҳам овардани тарзи ҳаёти солим аз ҷумлаи вазифаҳои асосии давлати Тоҷикистон ба шумор меравад. Дар ин давра 2723 иншооти соҳаи тандурустӣ, аз ҷумла 1546 иншоот ба маблағи 3,5 миллиард сомонӣ аз ҳисоби буҷети давлат бунёд ва мавриди истифода қарор дода шуд. Дар баробари ин, ҳоло дар кишварамон тибби хусусӣ рушд ёфта, дар муассисаҳои хусусии тиббӣ табобату ташхисҳои бемориҳои гуногун ба роҳ монда шудааст.

Боиси сарфарозӣ ва сарбаландист, ки ҳоло занон ва бонувон дар ҳама соҳа фаъолияти босамар дошта, дар ҳаёти сиёсӣ, ҳокимияти давлатӣ ва интихоботи парлумон фаъолона ширкат намуда, сафи онҳо дар ҳама шохаи ҳокимият бамаротиб зиёд гардидааст.

- Тоҷикистонро бо дастовардҳои сершумораш ояндаи дурахшон дар пеш аст. Аз ин рӯ, расидан ба ин неъмати бебаҳо, яъне Истиқлолияти давлатӣ ва ба он арҷ гузоштан, инчунин онро ҳифз кардан, вазифаи муқаддаси ҳар яки мост, — иброз намуд Солеҳа Холмаҳмадзода.

Муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Саодатшо Матробиён дар мавзӯи «Мафҳуми истиқлолият ва андешаи миллӣ» баромад  кард. Аз ҷумла гуфт, ки дар тафаккури миллии мо истиқлолият рамзи озодии шаҳрванд ва соҳибихтиёриву мустақилии давлат аст.

- Вожаи истиқлол маънои умумиро ифода мекунад, бинобар ин он наметавонад ба маънои мушаххаси истиқлолият истифода шавад, зеро тасвири забонии ҷаҳони тоҷикон ба ин имкон намедиҳад. Ин гуна калимаҳо дар забони тоҷикӣ бешуморанд, ба монанди ҳуррият, моликият, имконият, зиддият, муваффақият, тобеият, маҷбурият, ҳокимият, тамомият, масъулият ва ғайра. Чунин навъи калимаофаринӣ хоси ҳама забонҳост, ки мувофиқи он дар қолаби грамматикӣ ин ё он калимаи иқтибосиро чархиш дода, вобаста ба табиати забон калима меофаранд. Ҳамин ҳолатро мо дар калимаи истиқлолият мебинем, ки дар қолаби калимасозии тоҷикӣ сохта шуда, як мафҳуми навро касб намудааст, — гуфт Саодатшо Матробиён.

Донишмандони дақиқназари тоҷик мафҳуми истиқлолиятро ҳамчун истилоҳ шарҳ дода, онро рафтори озодона, мус­тақилона ва бомантиқ дар муҳити кишвари обод медонанд. Аз нуқтаи назари истилоҳоти ҳуқуқӣ ва сиёсӣ низ дар тамоми санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ вожаи истиқлолият ба маънои амалкарди фаъоли принсипҳои гуногун, идоракунии муназзами воҳидҳои маъмурӣ ва санадҳои меъёрию ҳуқуқии байналмилалӣ ва конститутсиониро ифода менамояд. Бинобар ин, ҳақ надорем, ки бар хилофи қонунҳои амалкунандаи кишвар дар ҷои мафҳуми «Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мафҳуми «Истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро истифода барем.

Дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикис­тон чанд маротиба вожаи истиқлолият истифода шудааст. Масалан, дар банди 3-и моддаи 7 омадааст: «Соҳибихтиёрӣ, истиқлолият ва тамомияти арзии Тоҷикис­тонро давлат таъмин менамояд» ё дар банди 1-и моддаи 11 омадааст: «Тоҷикис­тон сиёсати сулҳҷӯёнаро ба амал татбиқ намуда, соҳибихтиёрӣ  ва истиқлолияти дигар давлатҳои ҷаҳонро эҳтиром менамояд ва муносибатҳои хориҷиро дар асоси меъёрҳои байналмилалӣ муайян мекунад». Ҳамчунин, вожаи истиқлолият дар моддаи 67 дар матни қасами Президент дар шакли «истиқлолияти сиёсиву иқтисодӣ ва фарҳангии Тоҷикистон» омадааст.

Дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» бо мазмуни зер омадааст: «Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон – 9 сентябр». Аз ин рӯ, ҳамчун истилоҳи ҳуқуқӣ ва сиёсӣ наметавонем, муродифе нисбати ин мафҳум истифода барем.

- Дар андешаи бунёдии мардуми соҳибфарҳангу соҳибтамаддуни тоҷик Истиқлолият ҳамчун рамзи олии озодиву ватандорӣ ва давлатсозию давлатдории мустақил,  созандагиву бунёдкорӣ ва фатҳи қуллаҳои музаффарияту муваффақиятҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ буда, омили асосии ҳифзи марзу буми кишвар, меъёрҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, ҳаёти озодонаи ҳар фард ва олитарин дараҷаи бахту саодати воқеии миллат инъикос меёбад.

Дар пиндори миллати тоҷик истиқлолият сутуни  барҷастаи пойдор мондани давлат, таҳқимбахши худшиносиву худогоҳӣ, сарчашмаи ормонҳои таърихӣ, омили асосии шинохту эътирофи Тоҷикистон ба ҳайси як давлати соҳибихтиёру демократӣ ва ягона мебошад, — иброз намуд Саодатшо Матробиён.

Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Ғайрат Азиззода маърӯзаашро бо чунин суханон оғоз намуд:

- Нобиғаҳо  дар даврони фаъолияташон  на барои хеш, балки барои қавмашон хидматҳои шоиста мекунанду таърихан ояндаро комил месозанд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мисли ситораи бахт, чун равшании фараҳбахш аз миёни мушкилию монеаҳо, торикию зулмот на танҳо солим гузашт, балки бо ғами халқ ва фикри мардум, аз рӯҳи ниёгони миллат ғизо гирифта, мисли офтоб зимистони қаҳратуни миллатро ба баҳори сабз табдил дод.

Танҳо чунин шахс,  чунин роҳбар қуд­рат дошт, ки оташи ҷанги шаҳрвандиро дар муддати кӯтоҳ хомӯш созад. Фақат ҳамин дастоварди Пешвои миллатамон кофӣ аст, ки ба ӯ ҳамчун қаҳрамон ва наҷотбахши миллату давлат арзи эҳтиром намоем.

Эмомалӣ Раҳмон, бешубҳа аз зумраи шахсиятҳо ва нухбагони сиёсати ҷаҳонианд, ки дар масъалаҳои глобалӣ ва усулии низоми идора, пешбурди ҷомеа, ҳалли масоили мубрам, таъмини субот ва рушди иқтисод тарозуи манфиатҳои миллӣ ва давлатиро тарзе мегузоранд, ки нозуктарин манфиатро бо оқибатҳои наздику дураш, хурдтарин зарарро бо пасманзарҳои иқтисодӣ ва сиёсиаш дарк ва эҳсос менамоянд. Ин кори мардони одӣ нест, балки сифати қаҳрамонон ва нухбагони сиёсат ва илм  аст. Онҳоро наметавон бо як ҳукм либерал, демократ, ислоҳотгаро, консерватор, иҷтимоъгаро, анъанапараст ва ғайра номид. Бузургии эшон дар он аст, ки тафаккури ҳаракаткунанда ва таҳлилгари онҳо дар ҳама ҳолати ҳаётӣ усул ва тартиби беҳтарини интихоби арзишҳоро ба манфиати миллат, давлат ва минтақаи   боваркардашуда  дар даст доранд.

- Холо бо дарки масъулият дар назди таърих, дар назди номи неки миллат ва дар назди ояндагон мо мардуми Тоҷикистон  атрофи Роҳбари давлат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муттаҳид шуда, истиқлолияти давлатиро бо кору фаъолияти содиқона, беғаразона  ва дастовардҳои назарраси меҳнатӣ муаррифӣ ва ҳифз намоем, — иброз намуд Ғайрат  Азиззода.

Баъди  ба анҷом расидани маърӯзаҳо  Муҳамадтоир Зокирзода таъкид намуд, ки муҳимтарин дастоварди мо таъмини сулҳу оромӣ, аз хатари нобудшавӣ, наҷот додани давлатдории миллӣ ва аз парокандагӣ раҳо бахшидани миллатамон мебошад.

Талошу заҳматҳои пайвастаи Пешвои миллат имконият фароҳам овард, ки сохтори мукаммали идоракунӣ, Ҳукумати муосир, парламенти касбӣ ва дигар рукнҳои зарурии давлатдории худро тибқи меъёрҳои нав бунёд намоем. Аз ин ҷост, ки мардуми шарифи Тоҷикистон Рӯзи Истиқлолияти давлатиро ҳамчун иди бузурги миллӣ ва рамзи эҳтирому эътиқод эътироф намуда, маҳбубияту шукргузории хешро дар ин рӯзҳо ба Президенти кишвар ҳамчун кафили ояндаи дурахшони Тоҷикистон самимона изҳор менамоянд.

Дар фарҷоми иҷлосия ба қисме аз вакилони Маҷлиси намояндагон ва кормандони масъули Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон дар маросими тантанавӣ аз ҷониби Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода «Ифтихорнома»-и Маҷлиси намояндагон супурда шуд.

Хӯҷаназар АМИНИЁН,

Сайфиддин СУННАТӢ,

«Садои мардум».

Суратгир Неъматулло АЛИЕВ