25-уми июни соли 2024 дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 27-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ таҳти унвони «Ваҳдати миллӣ — мактаби бузурги ватандорӣ» ҷамъомади илмӣ баргузор гардид.
Дар он раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ Файзалӣ Идизода, вакили Маҷлиси намояндагон Гавҳар Шарофзода ва мудири шуъбаи матбуоти Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов роҷеъ ба қаҳрамонию корнамоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар раванди сулҳи тоҷикон маъруза карданд.
Зикр шуд, ки шахсияте, ки сулҳи абадӣ овардааст, ба тарғибу ташвиқ эҳтиёҷ надорад. Андешаҳои ӯ, суханонаш кайҳост ба дили мардум роҳ ёфта, кору пайкори созандааш дар таърихи навини давлатдории тоҷик ба ҳайси бунёдгузори давлати соҳибихтиёр, асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, таҳиягари пояҳои ҳуқуқии миллат, эҳёкунандаи арзишҳои миллӣ, фарҳангӣ ва динӣ, зиндакунандаи номи қаҳрамонони таърихӣ, ҳомии манфиатҳои миллат ва ҳуқуқу озодиҳои инсон байни мардум маълуму машҳур аст.
Тавре таъкид гардид, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шахсияте мебошанд, ки на танҳо дар ташаккулу таҳаввули таърихи давлатдории муосири тоҷик ва ҳастии имрӯзу фардои Тоҷикистон, балки барои эҳё намудани падидаҳои неку писандида ва арзишҳои волои фарҳангии ниёгонамон хизматҳои шоиста кардаанд.
Миллате, ки таърих ва бузургони гузаштаи худро қадр мекунад, саодатманд аст, вале бузургтару саодатмандтар миллатест, ки ба қадри бузургон, қаҳрамонон ва пешвоёни худ мерасад.
Дар интиҳо таъкид шуд, ки ҳамагон вазифадорем ваҳдати миллиро мисли гавҳараки чашм ҳифз намоем.
Муҳаммадато Султонов,
мудири шуъбаи матбуоти Дастгоҳи МНМО ҶТ