Ҷамъомади тантанавӣ бахшида ба рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

№138 (4244) 10.11.2020

DSC_1217Чоруми ноябри соли ҷорӣ бахшида ба 26-умин солгарди Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Дастгоҳи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки кормандони он ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид.

Дар он муовини роҳбари Дастгоҳи Маҷлиси миллӣ Каримзода Искан­даршоҳ Самиҷон аз номи роҳбарият ҳайати кормандонро табрик ва доир ба муҳимияти Конститутсия суханронӣ кард.

Мудири шуъбаи Дастгоҳи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният Нарзулло Маҳмудов дар робита ба таърихи қабули Конститутсия зикр намуд, ки он дар марҳилаи барои халқи тоҷик тақдирсоз ба тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардид ва роҳи минбаъдаи Тоҷикистони соҳибистиқлолро муайян сохт.

DSC_1220Мудири шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси миллӣ Нурулло Қурбонализода Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро санади сиёсӣ — ҳуқуқӣ, ҳуҷҷати сарнавиштсозу ифодагари азму ирода ва нияту ормонҳои халқи Тоҷикистон маънидод намуд ва ёдовар шуд, ки бобати эҳтиром ва арҷгузорӣ ба он, маҳз бо ташаббуси қонунгузории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Қарори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 майи соли 1998 ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» 6 ноябр Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар гардид.

Боиси фараҳмандист, ки ҳар сол халқи мамлакат 6 ноябрро ҳамчун иди умумихалқӣ бо шаҳомати хос ҷашн мегиранд, зеро Конститутсия ба рушду инкишофи кишвар такони тоза бахшид.

Наврӯз ҚУРБОНЗОДА,

ёвари Раиси Маҷлиси миллӣ оид ба робита бо воситаҳои ахбори омма ва созмонҳои ғайридавлатӣ