Гузориши Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода «Дар бораи ҷамъбасти фаъолияти Иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум» (1 октябри соли 2020 – 30 июни соли 2021)
Вакилони гиромӣ,
ҳозирини арҷманд!
Аз кору фаъолияти мо вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум як соли пурраи тақвимӣ ё ин ки давраи ду иҷлосия сипарӣ гардид. Ҳоло аз кори Иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум натиҷагирӣ менамоем.
Ҳисоботи фаъолияти навбатии мо дар соле барпо мегардад, ки барои мардуми шарифи кишвар соли таърихӣ, яъне, соли таҷлили 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистони азизу маҳбубамон мебошад.
Дар зарфи сӣ сол мо бо шарофати ҳидоят ва роҳнамоиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи таъмин намудани рушди сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидем ва мардуми шарафманду заҳматқарини мамлакат бо сарварии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми иқтидору имкониятро ба хотири таҳкими пояҳои Истиқлолияти давлатӣ равона намуданд.
Тавре мардуми шарифи Тоҷикистон, аз ҷумла шумо – вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ медонед, тӯли се сол аст, ки ба хотири сазовор ва бо дастовардҳои арзанда истиқбол гирифтани ин санаи бузургу тақдирсоз — сисолагии Истиқлолияти давлатӣ дар ҳама гӯшаву канори мамлакат корҳои созандагиву бунёдкорӣ идома доранд.
Вакилони арҷманд!
Соли 2020 новобаста ба мушкилоти бавуҷудомада бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳиму хотирмон барои мардуми шарифи Тоҷикистон соли воқеан таърихӣ буд. Зеро соли сипаригардида ду маъракаи муҳими сиёсӣ — интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагон ва Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ва интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фазои орому осуда баргузор гардиданд, ки дар он мардуми шарифи Тоҷикистон ба таври фаъолу муташаккилона ширкат варзида, барои ояндаи неку дурахшони Ватани маҳбубамон — Тоҷикистон раъй доданд ва ба ин васила, роҳи минбаъдаро муайян намуданд.
Иштироки фаъоли халқ дар интихоботи Президент бори дигар собит намуд, ки мардуми шарафманди Тоҷикистон тарафдори роҳи муайянкардаи Конститутсия – бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона буда, сиёсати хирадмандонаву бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳаматарафа ҷонибдорӣ менамоянд.
Ҳангоми савгандёдкуниашон Пешвои миллат нуктаи бисёр муҳимро бо ифтихору қаноатмандӣ изҳор намуданд: «Дар фосилаи ҳамагӣ ҳафт моҳ баргузор гардидани ду чорабинии муҳими сиёсӣ, яъне интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ва махсусан, интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар собит намуд, ки дар ҷомеаи имрӯзаи Тоҷикистон фазои комили ҳамдигарфаҳмӣ, ваҳдати миллӣ, садоқат ба ормонҳои таърихии халқи куҳанбунёди тоҷик, пойдории сулҳу субот ва фарҳанги баланди сиёсии шаҳрвандӣ ба неруи воқеан бузург табдил ёфтааст», ки ҳақиқатан чунин аст.
Бояд иброз намоям, ки дар соли 2020 вазъи ҷомеаи ҷаҳонӣ бо таҳдиди сирояти коронавируси намуди нави COVID-19 ва буҳрони шадиди иқтисодиву молиявӣ мардуми оламро ноорому осебпазир гардонида, мушкилии зиёдро пеш овард.
Ҳамин тавр, дар натиҷаи паёмадҳои пандемияи нави коронавирус, аксари давлатҳои ҷаҳон ба шиддат гирифтани буҳрони иқтисодиву молиявӣ, баланд гардидани сатҳи бекориву камбизоатӣ ва болоравии нархҳои ҳама намуди молҳои ниёзи мардум рӯ ба рӯ гардиданд.
Паёмадҳои беморӣ, бахусус ба коҳишёбии ҳаҷми гардиши савдои хориҷӣ ва воридоти сармояи мустақим, инчунин, сари вақт татбиқ нагардидани лоиҳаҳои сармоягузорӣ, ба суст шудани суръати рушди соҳаҳои иқтисодиёт, аз ҷумла савдои дохилию хориҷӣ, бахши хизматрасонӣ ва сайёҳии кишвари мо таъсири манфӣ расонид.
Дар ин хусус Пешвои миллат дар Паёмашон чунин иброз намуданд: «Тавре ки кулли ҳамватанони азизи мо, инчунин, ҳар яки шумо – вакилони муҳтарам ва ҳозирини гиромӣ медонед, соли 2020 барои сокинони сайёра, аз ҷумла Тоҷикистони мо яке аз солҳои аз ҳар лиҳоз вазнин буд. Дар натиҷаи паҳн шудани бемории сироятии коронавирус ва вобаста ба он босуръат паст рафтани фаъолнокии иқтисодӣ ва афзоиши бесобиқаи бекорӣ вазъияти сайёра боз ҳам печида гардида, ба буҳрони бисёр шадиди иқтисодиву молиявӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ омад».
Хушбахтона, дар натиҷаи талошҳои пай дар пай ва заҳматҳои шабонарӯзии Пешвои миллат, инчунин, амалӣ гардидани тадбирҳои таъхирнопазир аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсири манфии омилҳои зикршуда марҳила ба марҳила коҳиш ёфта, устувории нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ таъмин ва ҳаҷми Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба 82,5 миллиард сомонӣ баробар гардид.
Албатта, дар ин давра вакилони арҷманди Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар бартараф намудани паёмадҳои бемории сироятии COVID-19 саҳми назаррас гузоштаанд.
Дӯстони азиз!
Дар давраи ҳисоботӣ ду маротиба ҷаласаҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи зарурӣ ташкил ва баргузор гардид, ки дар кори онҳо масъалаҳои барои ҳаёти ҷомеаи мо муҳим мавриди баррасӣ қарор дода шуданд. Аз ҷумла, дар ҷаласаҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Президенти тозаинтихоби Ҷумҳурии Тоҷикистон савганд ёд карданд ва Паёмашонро ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии мамлакат» ироа намуданд.
Маросими савгандёдкунӣ бо иштироки аъзои Ҳукумат, намояндагони мақомоти давлатӣ, ходимону арбобони давлатӣ, фаъолони ҷамъиятӣ, намояндагони байналмилалӣ ва воситаҳои ахбори омма бо шукӯҳу шаҳомати тоза ва идона баргузор гардид.
Дар он маросим Пешвои миллат дар иртибот ба эътиқоду боварии бузурги мардуми шарифи Тоҷикистон ва ҳамватанони бурунмарзиамон иброз доштанд: «Ман аз мардуми азизи Тоҷикистон як ҷаҳон сипосгузорам, ки заҳмату талошҳои маро бо иштироки фаъолонаи худ қадрдонӣ карда, муҳаббату самимияти нисбат ба ман доштаашонро бо додани раъйи хеш исбот намуданд. Ин муҳаббату самимияти халқи азизам маро водор месозад, ки ба хотири ободии Тоҷикистон, оромии Ватан ва осоиши ҳар як хонадони кишвар даҳчанд заҳмат кашам».
Ҳамин тавр, Пешвои миллат барои боварии халқ ва эътиқоду ихлоси бузург дар назди тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон таъзим намуданд, ки ин бешубҳа, аз меҳру садоқат ва ба халқу Ватан содиқ будани ин шахсияти нотакрор гувоҳӣ медиҳад.
Шиори мо – вакилони мардумӣ: «Тоҷикистон, бо Пешвои муаззами миллат — ба пеш!» мебошад.
Ҳозирини гиромӣ!
Дар давраи фаъолияти иҷлосияи дуюм 42 ҷаласаи Шӯро ва 28 ҷаласаи Маҷлиси намояндагон баргузор гардидааст, ки дар доираи он беш аз 817 санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ мавриди баррасӣ қарор гирифта, дар натиҷа 694 қарори Шӯро ва 223 қарори Маҷлиси намояндагон бо тартиби муқарраргардида қабул карда шуданд.
Дар ин давра 131 қонун, аз ҷумла 22 қонуни мукаммал, 1 кодекс, 11 қонуни конститутсионӣ оид ба ворид кардани тағйиру иловаҳо ба қонунҳои конститутсионӣ, 69 қонун оид ба ворид кардани тағйиру иловаҳо ба қонунҳо, 11 қонун оид ба ворид кардани тағйиру иловаҳо ба кодексҳо, инчунин беш аз 54 созишномаву дигар санадҳои меъёрӣ манзур гардидаанд.
Дар маҷмӯъ, то ба ҳол беш аз 91 қонун бо тартиби муқарраргардида қабул карда шуда, 28 лоиҳаи дигар дар баррасӣ қарор дорад.
Аз теъдоди умумии қонунҳои қабулшуда бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 7 лоиҳа, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 67 лоиҳа, аз ҷониби аъзои Маҷлиси миллӣ 6 ва аз тарафи вакилони Маҷлиси намояндагон 10 лоиҳаро ташкил медиҳад.
Қонунҳои қабулшуда муносибатҳои муҳими ҷамъиятиро ба танзим дароварда, амалияи он ба устувории сохтори қонунгузории кишвар замина фароҳам меорад ва ба таъмини рушди босуботи иқтисодиёти миллии кишвар такони ҷиддӣ мебахшад.
Дар давраи ҳисоботӣ бо ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби аъзои Кумита оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ 6 лоиҳа, Кумита оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия 4 лоиҳа, Кумита оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин 4 лоиҳа, Кумита оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон 2 лоиҳа, Кумита оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон 2 лоиҳа, Кумита оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ 2 лоиҳа пешниҳод гардидааст. Инчунин, аз ҷониби вакилони Маҷлиси намояндагон дар ҳамбастагӣ бо дигар субъектони ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ (ба таври омехта) 18 лоиҳа таҳия ва пешниҳод карда шудааст.
Маҷмӯан бо ҳуқуқи ташаббуси қонунгузории вакилони Маҷлиси намояндагон 32 лоиҳаи қонунҳо таҳия гардида, ҳамагӣ 12 қонун қабул ва 10 лоиҳаи дигари қонун дар ҳолати баррасӣ қарор доранд.
Бо истифода аз фурсат барои корҳои то ин давра анҷомёфта ба вакилони муҳтарам изҳори миннатдорӣ баён менамоям. Ҳамчунин, таъкид бояд кард, ки фаъолият дар ин самт беҳбудиро тақозо дорад.
Қобили қайд аст, ки тибқи муқаррароти моддаи 58 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз самтҳои асосии фаъолияти вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қонунгузорӣ ба шумор меравад, вале таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки фаъолияти вакилон дар самти қонунэҷодкунӣ дар қиёс бо дигар субъектони ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ нокифоя роҳандозӣ гардидааст.
Пайдост, ки мушкилот ва муаммо дар ин самт дар асоси хулосаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бозпасгардонидани лоиҳаҳо мебошад.
То ҳол 10 лоиҳаи қонунҳое, ки бо ҳуқуқи ташаббуси қонунгузории вакилони Маҷлиси намояндагон таҳия гардидаанд, бозпас гардонида шудааст.
Аз ҷумла, сабабҳои баргардонидан дар хулосаҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нодуруст ҷобаҷогузории бобҳо, номутобиқатии ном бо матн, аз лиҳози имлоӣ коста таҳия гардидан ва мутобиқат накардани матни забони русии лоиҳа бо забони давлатӣ дарҷ карда шудаанд.
Бинобар ин, пеш аз оне, ки лоиҳаи қонун аз ҷониби муаллифон тарҳрезӣ мегардад, дар кумитаҳои масъул бо иштироки бевоситаи намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳои соҳавӣ ва дигар масъулон аз рӯи тобеият мавриди омӯзиш ва баррасӣ қарор дода мешавад ва баъдан дар асоси қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагон барои додани хулоса ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол мегардад. Бо вуҷуди ин, бозпас гаштани лоиҳа нигаронкунанда мебошад.
Ба андешаи ман, сабаби асосии бозпасгардонидани аксари лоиҳаҳо аз пайгирӣ ё ин ки ҳимоя накардани он аз ҷониби субъектҳои ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ мебошад.
Ҳолати мазкур ҳавасмандии муаллифонро коста гардонида, раванди фаъолияти ҳуқуқи ташаббуси қонунгузории вакилонро бамаротиб коҳиш медиҳад.
Аз ин рӯ, мо – вакилони Маҷлиси намояндагонро зарур аст, ки фаъолияти қонунгузориро якҷоя бо дигар субъектҳои ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ тақвият дода, тавассути омӯзиши таҷрибаи давлатҳои мутараққӣ фаъолияти қонунэҷодкуниро густариш диҳем.
Зимнан, кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муваззаф карда мешаванд, ки фаъолияти қонунэҷодкуниро ҷоннок ва бо ин мақсад нақшаҳои кории ҳайати кумитаро ҷиддан таҷдиди назар намоянд.
Шумо — вакилон хуб медонед, ки агар мардум дар бораи қонун ҳарф зананд, манзурашон, пеш аз ҳама, адолат аст. Бинобар ин, қонунҳое, ки аз ҷониби мо – вакилони мардумӣ қабул карда мешаванд, бояд аз рӯи адолат бошанд. Зеро қонун дар тамоми ҷомеаи шаҳрвандӣ ва давлати демократӣ мизони ба низом овардашудаи орзую умед ва хоҳишу ормонҳои халқ аст, ки тавассути он мақоми қонунбарор барои зиндагии осудаю пурсаодати мардумон шароит фароҳам меорад.
Ин нукта субъектҳои ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорро водор менамояд, ки вобаста ба вазъи дохилию хориҷӣ мазмуну муҳтаво ва усулҳои муосири танзимнамоии қонунро тарҳрезӣ намуда, манфиатҳо ва ҳадафҳои аслии халқ – манбаи ҳокимият ва сарчашмаи аслии қонунҳоро ҳифз ва таъмин намояд.
Муҳтарам вакилон,
ҳозирини гиромӣ!
Дар давоми иҷлосияи дуюм дар қатори қабули қонунҳо як қатор созишномаву протоколҳо низ тасдиқ гардидаанд. То ба ҳол беш аз 46 созишномаву протокол мавриди баррасии ҳамаҷониба қарор гирифта, бо тартиби муқарраргардида тасдиқ карда шуданд.
Ҳангоми баррасии созишномаҳо баъзе аз мушкилот ба назар мерасанд, ки ба кашолкорӣ роҳ додан ва сари вақт ба баррасии ҷаласаҳои Шӯро пешниҳод нагардидани лоиҳаҳо аз ҷумлаи онҳо мебошанд.
Ҳамаи шумо – вакилони арҷманд хуб медонед, ки ҷалби сармояи мустақим ва ё ворид намудани он ба иқтисодиёти мамлакат кори саҳлу осон нест, бахусус маблағҳои грантӣ.
Албатта, мо хуб дарк менамоем, ки бештари маблағҳои қарзиву грантӣ бо талошу заҳматҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба кишвар ҷалб ва ворид карда мешаванд.
Имрӯзҳо дар аксарияти соҳаҳо, аз ҷумла иқтисодиёт, саноат, кишоварзиву обёрӣ, илму маориф, тандурустиву иҷтимоӣ, обу энергетика ва нақлиёту роҳдорӣ чунин лоиҳаҳои грантӣ амал менамоянд, ки албатта, ба манфиати давлату миллати мо мебошанд.
Аз ин рӯ, ҳар яки дар толор нишастаро зарур аст, ки бобати сари вақт баррасӣ ва тасдиқ кардани созишномаву протоколҳои сармоягузорӣ диққати махсус зоҳир намояд.
Вакилони арҷманд!
Самти дигари фаъолияти мо – вакилони мардумӣ дар ҷодаи намояндагӣ вохӯрӣ бо интихобкунандагон ва ҳалли мушкилоти онҳо мебошад.
Дар ин давра ду маротиба вакилони Маҷлиси намояндагон бо интихобкунандагон дар ҳавзаҳои интихоботӣ вохӯриву мулоқотҳо барпо намуданд, ки ҳадаф аз он шарҳу тавзеҳи нуктаҳои асосии Паёми Президенти кишвар, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ, инчунин баррасӣ ва бартараф намудани мушкилоти ҷойдоштаи сокинони мамлакат буд.
Аз натиҷаи сафарҳои анҷомдодашуда чун анъана бо дарназардошти дархосту пешниҳоди масъулон ва сокинони кишвар номгӯи чорабиниҳои ҳалталаб таҳия гардида, барои андешидани тадбирҳо тавассути Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазорату идораҳои дахлдор ирсол карда шуд.
Ба андешаи ман, чунин таҷриба чандон самарабахш набуда, баррасии муроҷиати интихобкунандагон тартиби корбарии навро тақозо менамояд. Масалан, вакил ба шаҳр ё ноҳия бо мақсади мулоқот ва дар ин замина саҳм гузоштан дар ҳалли мушкилоти интихобкунандагон сафари корӣ анҷом медиҳад. Сокинони ҳавзаи интихоботӣ бошанд, бо умед дар чорабинии вохӯрии вакилон ширкат меварзанд ва ҷиҳати ҳалли мушкилоташон масъалагузорӣ менамоянд. Вале баррасии масъалаҳои манзурнамудаи интихобкунандагон бо як пешниҳод ба вазорату идораҳо маҳдуд гардида, ҳалли аксар масъалаҳо бенатиҷа анҷом меёбанд. Албатта, чунин ҳолатҳо ба шаъну шарафи вакилӣ ва коста гардидани эътимоди интихобкунандагон ба вакилон бетаъсир буда наметавонад.
Аз ин лиҳоз, мо – вакилонро зарур аст, ки масъалаҳои характери иҷтимоӣ ва оммавидоштаи аз ҷониби интихобкунандагон манзуршударо дар маркази диққат қарор дода, то ёфтани ҳалли ниҳоӣ бо мақомоти дахлдор корбарӣ намоем.
Танҳо бо ин роҳ метавон обрӯю эътиборамонро ҳамчун вакил ва боварию эътимоди халқро нигоҳ дошт.
Ҳозирини муҳтарам!
Яке аз самтҳои дигари фаъолияти мо – вакилон, ки бо таъсири паёмадҳои нохуши бемории сироятии COVID — 19 маҳдуд гардид, ҳамкориҳои байнипарламентиву байналмилалӣ ба шумор меравад.
Гарчанде дар ин давра анҷом додани сафарҳои хориҷӣ маҳдуд гардида бошанд ҳам, мулоқоту гуфтушунидҳо аз тариқи реҷаи фосилавӣ ба роҳ монда шуданд, ки ин усул албатта, ба пешрафти кор то андозае мусоидат намуд.
Аз ҷумла, аз тариқи реҷаи фосилавӣ мулоқоти Раиси Маҷлиси намояндагон бо Раиси Парлумони Малайзия барпо гардид, ки ба рушди муносибатҳои дуҷониба мусоидат кард.
Инчунин, Раиси Маҷлиси намояндагон тариқи маҷозӣ дар кори ҷаласаи Шӯрои Ассамблеяи парламентии Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, ҷаласаи Шӯрои Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ҷаласаи сарони парламентҳо таҳти шиори «Нақши парламентҳо дар таҳкими сулҳ ва эътимоди байналмилалӣ» иштирок ва суханронӣ намуд, ки ба таҳкими ҳамкориҳои дуҷониба мусоидат намуд.
Ҳамчунин, дар давраи ҳисоботӣ як қатор мулоқоту музокироти Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тариқи ҳузурӣ, яъне расмӣ барпо гардиданд.
Аз ҷумла, дар ҳошияи сафарҳои расмии Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ Аҳмадзай ва Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Тоқаев Қосим-Жомарт Кемелевич ба Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарияти олии ҳар ду кишвари ба мо дӯсту бародар вохӯрии Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар ин зимн муносибатҳои дуҷониба, тавсеаи ҳамкориҳои минтақавӣ ва таъмину таҳкими амнияту субот дар минтақа мавриди баррасиву таваҷҷуҳ қарор дода шудаанд.
Инчунин, гурӯҳи кории Ҷумҳурии Исломии Афғонистон таҳти роҳбарии Раиси Шӯрои Олии Мусолиҳаи миллии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Абдуллоҳ Абдуллоҳ, ҳайати парлумонии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон бо роҳбарии Раиси Вулуси Ҷиргаи Шӯрои миллии ин кишвар Мир Раҳмон Раҳмонӣ ва ҳайати парлумонии Ҷумҳурии Ӯзбекистон таҳти роҳбарии муовини якуми Раиси Палатаи қонунгузории Олии ин кишвар Акмал Саидов ба ҳузур пазируфта шуданд.
Ҳамчунин, ба хотири густариш ва таҳкими робитаҳои байналмилалӣ мулоқоти Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо вазирони корҳои хориҷии Ҷумҳурии Туркия, Ҷумҳурии Ҳиндустон, Ҷумҳурии Исломии Покистон ва бо Ҳамоҳангсози доимии Созмони Милали Муттаҳид дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барпо гардид, ки натиҷаҳояшон умедбахшанд.
Зимнан, як қатор намояндагони давлатҳо, аз ҷумла сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Ҳиндустон, Ҷумҳурии Исломии Эрон, Ҷумҳурии Украина, давлати Фаластин, Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Озарбойҷон, Ҷумҳурии Хорватия, Ҷумҳурии Фаронса ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ба ҳузур пазируфта шуда, ба онҳо масъалаи ҳамкориҳои дуҷониба баррасӣ гардид.
Дар маҷмӯъ, беш аз 21 маротиба қабули расмии Раиси Маҷлиси намояндагон бо ҳайатҳои байналмилалӣ барпо гардида, 5 маротиба мулоқотҳо аз тариқи реҷаи фосилавӣ танзим карда шуд.
Ҳамчунин, аз тариқи реҷаи фосилавӣ беш аз 42 маротиба ҳайати вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ бо парламентҳои кишварҳои хориҷӣ ва дар доираи Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Ассамблеяи парламентии Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ мулоқотҳо барпо намуданд, ки барои таҳким ва тақвияти ҳамкориҳои мутақобилан судманди дуҷониба заминаҳои мусоидро фароҳам оварданд.
Моҳҳои май-июни соли 2021 як қатор ҷаласаҳои байналмилалӣ бо иштироки ҳайати парлумонии кишварҳо баргузор гардиданд, ки дар кори онҳо ҳайати вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок доштанд. Аз ҷумла, дар шаҳри Исломободи Ҷумҳурии Исломии Покистон 2-юмин Конференсияи генералии Ассамблеяи парлумонии Созмони ҳамкории иқтисодӣ баргузор гардид, ки дар кори он ҳайати парлумонии мо бо роҳбарии Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат варзида, мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистонро муаррифӣ ва ҳимоя намуд.
Дар ҳошияи сафари мазкур Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон Ориф Алвӣ ва Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Имрон Хон бо раисони парламентҳои кишварҳои аъзои Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ, аз ҷумла бо Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрӣ анҷом дода, зимни он тақвияти ҳамкориҳои иқтисодии кишварҳои аъзо ва вазъи амниятии минтақа ва дигар масъалаҳои мубрам баррасӣ гардиданд.
Ҳамчунин, вохӯрии Раиси Маҷлиси намояндагон бо Раиси Маҷлиси Бузурги миллии Ҷумҳурии Туркия Мустафо Шентоп барпо гардид, ки масъалаҳо вобаста ба тақвияти ҳамкориҳои байнипарлумонӣ ва мунтазам барпо намудани ҳамоишҳои доираҳои соҳибкорию тиҷоратӣ ва ташкили намоишгоҳи молу маҳсулоте, ки барои рушди иқтисодиёти ҳар ду ҷониб аҳамияти муҳим доранд, мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Ҳамин тавр, мулоқоту музокирот дар ҳошияи сафар бо кишварҳои аъзои Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ бисёр судманд ва манфиатбор анҷом ёфтанд.
Инчунин, дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонӣ оид ба сиёсати аграрӣ, захираҳои табиӣ ва экологӣ ва дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия ҷаласаи сайёри ҳамоҳангсозии раисони кумитаҳои дифоъ ва амнияти парлумонҳои кишварҳои аъзои Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ баргузор гардид, ки ҳайатҳои парлумони касбии мамлакат дар кори онҳо иштирок ва суханронӣ намуданд.
Вакилони арҷманд!
Тавре медонед, Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри таҳким ва самарабахш анҷом додани муносибатҳои байнипарлумонӣ бо беш аз 75 кишвари дунё гурӯҳҳои дӯстӣ ва ҳамкорӣ таъсис додааст, ки дар доираи он то ба ҳол 52 маротиба аз тариқи реҷаи фосилавӣ гуфтушунид ва нишастҳои машваратӣ барпо гардидаанд.
Яке аз ҳадафҳои асосии ин гурӯҳҳо мубодилаи таҷрибаи қонунгузорӣ ба шумор меравад. Яъне, мо бояд тавассути ин гурӯҳҳо таҷрибаи қонунгузории давлатҳои мутараққиро омӯхта, таҷрибаи андӯхтаамонро дар фаъолияти қонунэҷодкуниамон самаранок истифода намоем. Мутаассифона, чунин таҷриба дар фаъолияти гурӯҳҳои дӯстии мо кам ба назар мерасад. Баръакс, аз ҷониби гурӯҳҳои дӯстии парламентҳои дигар давлатҳо бо ҷониби мо хоҳиши мулоқоту музокироти бештар изҳор мегардад.
Дар ин раванд роҳбарони гурӯҳҳои дӯстиро зарур аст, ки фаъолиятро дар ин самт ҷоннок намуда, ҷиҳати омӯзиш ва азхудкунии таҷрибаи қонунгузориву қонунэҷодкунии давлатҳои пешрафта чораҳои иловагӣ андешанд. Ҳамчунин, бо ин васила дар татбиқи сиёсати «дарҳои кушода»-и Ҳукумати мамлакат саҳми арзанда гузоранд.
Бояд иброз намуд, ки шаҳри Душанбе ба маркази баррасии масъалаҳои глобалӣ ва минтақавӣ табдил ёфтааст.
Соли ҷорӣ дар пойтахти кишвар як қатор чорабиниҳои муҳими байналмилалӣ, аз ҷумла ҷаласаи сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай ва Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, ки раёсати онро Ҷумҳурии Тоҷикистон ба уҳда дорад, барпо мегарданд.
Баргузории чорабиниҳои мазкур ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон рабти бевосита дорад ва ҷиҳати пайгирию дар сатҳи муносиб таҷлил намудани он мусоидати роҳбарият ва кумитаву комиссияҳои Маҷлиси намояндагон зарур аст.
Тавре огоҳӣ доред, дар доираи ҷаласаи сайёри Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Шоҳмурод Рустам раиси ҳамоҳангсозии раисони кумитаҳои дифоъ ва амнияти парлумонҳои кишварҳои аъзои созмон таъин гардид, ки ин албатта, масъулияти дучандро тақозо менамояд.
Муносибати дигаре, ки моро бо кишварҳои аъзои Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мепайвандад, иштироки намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мушоҳидаҳои рафти тайёрӣ ва баргузории маъракаҳои сиёсии раъйпурсӣ ба шумор меравад.
Гарчанде дар ин давра имконияти сафарҳо маҳдуд буданд, мо тавонистем, ки намояндаамонро дар мушоҳидаи рафти баргузории раъйпурсии ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Арманистон ва Қирғизистон оид ба интихоботи ҳайати парлумонӣ таъмин намоем.
Минбаъд низ муносибатҳои байнипарлумониву байналмилалии вакилони арҷманди мо бо тамоми кишварҳои дунё тақвият ёфта, дар сатҳи сифатан нав роҳандозӣ хоҳанд гардид.
Вакилони муҳтарам,
ҳозирини гиромӣ!
Тавре дар боло ишора намудем, яке аз чорабиниҳои муҳими сиёсие, ки ҳар сол тибқи муқаррароти моддаи 55-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегардад, Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Ҳамаи шумо медонед, ки Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузор – Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» 26 январи соли 2021 ироа гардид.
Паёми имсола аз лиҳози муҳтавою серпаҳноӣ аз паёмҳои қаблӣ ба куллӣ фарқ дошт ва ҳоло мехоҳам якчанд нуктаҳои муҳими онро манзури шумо гардонам.
Пешвои миллат дар Паёми имсола ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолияти вакилони мардумӣ таваҷҷуҳи бештар зоҳир намуда, таъкид намуданд, ки «Фаъолияти вакилони халқ набояд бо қабули қонуну қарорҳо маҳдуд гардад, балки дар ҳамкорӣ бо мақомоти татбиқкунандаи қонунҳо ҷиҳати ба талаботи рӯз мутобиқ намудани онҳо саҳм гузоранд ва бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ лоиҳаи қонунҳои ба талаботи рушду пешрафти ҷомеа мувофиқро омода карда, иҷрои онҳоро пайваста таҳлил намоянд».
Дар ин бобат ишора ба фаъолияти вакилони Маҷлиси намояндагон дар самти ташкил ва гузаронидани муҳокимаҳои парламентӣ ба шумор меравад. Дар давраи ҳисоботӣ ҳамагӣ се маротиба муҳокимаҳои парламентӣ баргузор карда шудааст, ки ин, албатта, кам мебошад. Зеро баргузор намудани муҳокимаҳои парламентӣ яке аз василаҳое мебошад, ки вакилони Маҷлиси намояндагон метавонанд тавассути таҳлили барномаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ба пешрафти иқтисодиёти кишвар саҳми босазо гузоранд ва дар ин замина ҷараёни татбиқи қонунҳои соҳавиро таҳлилу баррасӣ намоянд.
Баҳри амалигардонии вазифаҳои Паёми Пешвои миллат нақша – чорабиниҳо дар шакли умумӣ таҳия ва бо қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагон тасдиқ карда шуд, ки он мавриди амал қарор дорад. Инчунин, бо мақсади шарҳ додани нуктаҳои асосии Паём аз ҷониби вакилон дар ҳавзаҳои интихоботӣ бо масъулону интихобкунандагон вохӯриву мулоқотҳо барпо карда шуданд.
Дар иртибот ба он боварие, ки Пешвои миллат нисбат ба мақоми олии қонунгузор изҳор намуданд, чораҳои то ба ҳол андешидашударо нокифоя мешуморам. Бисёр мехостам ва умед дорам, ки вакилони гиромӣ тадбирҳоро дар ин самт дучанд ва дар сатҳи нав роҳандозӣ менамоянд ва дар ҳадафу амалҳои созандаи мардуми шарифи кишвар шарику саҳмгузор ва натиҷаҳои фаъолияти вакилиро аз Паём то Паём бамаротиб баланд мебардоранд.
Нуктаи дигаре, ки Пешвои миллат ҳангоми ироаи Паём бо нигаронӣ иброз намуданд, муборизаи беамон алайҳи терроризму экстремизм мебошад. Воқеан ҳам, амалҳои даҳшатноки террористӣ, ки солҳои охир дар гӯшаҳои гуногуни олам содир гардида, боиси марги ҳазорон одамони бегуноҳ шуда истодаанд, возеҳ нишон медиҳанд, ки терроризм имрӯзҳо ба таҳдиди воқеиву ҷиддӣ ба амнияту суботи ҷаҳон ва пешрафти инсоният табдил ёфтааст.
Тавре мебинед, созмонҳои террористӣ бо истифода аз технологияҳои муосири иттилоотӣ ва бо роҳи тафсири ғаразноки сарчашмаҳои динӣ дар мафкураи ҷавонони камтаҷрибаву ноогоҳ ғояҳои тундгароиро ҷой карда, онҳоро ба қатлу куштор, халалдор намудани амният ва суботу оромӣ дар мамлакатҳои гуногун ташвиқ менамоянд. Аз ҷумла, ҳастанд нотавонбинон ва душманони миллати тоҷик, ки имрӯзҳо даст ба дасиса ва иғво зада, бо макру ҳиллаи зиёд зери ҳимояи хоҷагони хориҷӣ ҳар рӯз ниқоби худро иваз мекунанд ва баҳри расидан ба ҳадафҳои нопок тавассути шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ мардумро ба гумроҳӣ даъват менамоянд ва ҳар гуна суханони беасосу бардурӯғро барои иғвоандозӣ паҳн менамоянд.
Бо дарназардошти равандҳои муосири сайёра вазъият ҳушдор медиҳад, ки мо ҳаргиз зиракии сиёсиро аз даст надиҳем ва барои ҳимояи амният, ваҳдати миллӣ, сулҳу субот, волоияти қонун ва оромиву осудагии кишвари маҳбубамон ҳамеша кӯшиш намоем.
Албатта, мо – вакилон дар ин раванд даҳчанд кӯшиш ба харҷ хоҳем дод, ки тавассути такмил ва қабули қонунҳо муқовиматро бар зидди терроризму экстремизм пурзӯр намуда, дар ин замина барои ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва якпорчагии марзу буми кишвар содиқонаю беғаразона саҳмгузор бошем.
Соли сипаригашта вобаста ба талаботи замон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди экстремизм» дар таҳрири нав қабул карда шуд, ки тибқи он, бори аввал мафҳуми ҳуқуқвайронкунии маъмурии хусусияти экстремистидошта муқаррар карда шуд.
Дар ин замина, ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон моддаи нав илова гардид, ки дар асоси он барои ба таври оммавӣ ё бо истифодаи воситаҳои ахбори омма ва шабакаҳои алоқаи барқӣ, аз ҷумла интернет, анҷом додани ҳар гуна ҳаракатҳо, бахусус барангехтани кинаю адоват ё низоми иҷтимоӣ, нажодӣ, миллӣ, маҳалгароӣ ё динӣ, паст задани шаъну эътибори нажодӣ, миллӣ, динӣ ё маҳал, инчунин, тарғиби махсусият ва бартарии шаҳрвандон аз нигоҳи муносибати онҳо ба дин, забон, мансубият ба нажод, миллат ё маҳал равона шудаанд, андешидани чораҳои маъмурӣ муқаррар карда шудааст.
Вазифаи дигаре, ки тибқи Паёми имсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян гардидааст, мутасаддӣ намудани вакилон ба муассисаҳои давлатии таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ мебошад.
Тавре ҳамаи шумо дар ҷараён ҳастед, дар ин хусус Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 марти соли 2021 ба тасвиб расида, дар қатори роҳбарони дигар сохторҳо, вакилони Маҷлиси намояндагон низ ба рушди фаъолият ва касбомӯзии ҷавонону донишандӯзон дар муассисаҳои давлатии таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ муваззаф мебошанд.
Дар ин самт низ бовариву эътиқоди Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз мо – вакилон масъулияти баландро талаб менамояд.
Вакилони арҷманд!
Ҳамаи шумо шурӯъ аз 1-уми июл ба таътил меравед ва то оғози иҷлосияи навбатӣ имкони зиёд аст, ки ҷиҳати таъмини иҷрои Амри мазкури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо мутасаддиёни муайяншуда ба рафти корҳо дар муассисаҳои давлатии таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ саҳм гузоред.
Ҷанбаи дигарро Пешвои миллат ҳангоми ироаи Паёми хеш ба фаъолияти вакилони Маҷлиси намояндагон рабт дода, таъкид намуданд, ки : «Вакилони ҳама сатҳҳо – аз аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон сар карда, то вакилони маҷлисҳои маҳаллӣ ва ҷамоатҳо бояд фаъол ва ташаббускору ташкилотчӣ бошанд, дар вусъат додани корҳои фаҳмондадиҳӣ ва ободониву созандагӣ дар ҳавзаҳои интихоботии худ ва амалӣ намудани сиёсати давлат дар маҳалҳо саҳми ватандӯстонаи худро гузоранд».
Ниҳоят, то таҷлили 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистони азизамон ҳамагӣ 70 рӯз боқӣ мондааст.
Умед дорам, вакилони муҳтарам дар давоми таътилашон ба рафти корҳои ободониву созандагӣ ва сари вақт анҷом додани корҳо дар иншоотҳои ҷашнӣ саҳми арзанда гузошта, ба тозаву озода намудани кӯчаву хиёбонҳо ва ба тарзи идона табдил додани симои маҳалҳои зист талош варзида, корҳои тарғиботиро дар ин самт пурзӯр менамоянд.
Ҳозирини гиромӣ!
Боварӣ дорем, ки мардуми шарифи Тоҷикистон ҷашни 30 — солагии Истиқлолияти давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол мегиранд.
Дар ин раванд, Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ба хотири сазовор ҷашн гирифтани ин рӯзи таърихиву барои ҳар яки мо муқаддас як қатор корҳоро ба сомон расонидааст. Аз ҷумла, бахшида ба 30 — солагии Истиқлолияти давлатӣ аз ҷониби вакилони Маҷлиси намояндагон китоб таҳти унвони «Парламент ва Истиқлолияти давлатӣ» таҳия гардидааст, ки давраҳои зина ба зина ташаккулёбӣ ва мустаҳкамшавии мавқеву мароми фаъолияти мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузории кишвар, раванди таҳия ва татбиқи қонунҳои миллӣ ва стратегияҳо, ҳамчунин, ҳамоҳанг сохтану омезиш додани онҳоро бо ниёзҳо ва манфиатҳои глобалӣ, ки омили ба узви мустақил, фаъол, ташаббускор ва соҳибэҳтироми ҷомеаи ҷаҳонӣ табдил ёфтани Тоҷикистони соҳибистиқлоламон гардидааст, дар бар мегирад.
Инчунин, дар ин давра озмуни ҷумҳуриявии «Асари беҳтарин дар мавзӯи экология» ташкил карда шуд, ки барои тарғиби сиёсати давлатӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист ва инъикоси воқеъбинонаи масоили экологӣ мусоидат намуд.
Дар озмуни мазкур беш аз 84 гурӯҳҳои эҷодӣ, олимону рӯзноманигорон, коршиносону мутахассисони соҳаи ҳифзи муҳити зист ширкат варзида, мақолаву гузоришҳои интишоркардаашонро манзур намуданд.
Ҳамчунин, бо ибтикори Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ якҷо бо Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даҳаи сеюми моҳи августи соли равон баргузор намудани Конфренсияи ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «Нақши Парламент дар таҳкими Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» пешбинӣ гардидааст, ки ҳоло корҳо дар ин самт идома доранд.
Фикр мекунам амалӣ гардидани чорабиниҳои мазкур дар шумули дастовардҳои назарраси вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба ҷашни мубораки 30 — солагии Истиқлолияти давлатӣ дастовези сазовор хоҳанд гашт.
Вакилони гиромӣ,
ҳозирини арҷманд!
Ин буд гузориши мухтасар оид ба фаъолияти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи Иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум, ки ба самъи шумо расонидам. Албатта, ҳамаи корҳои иҷрошуда ва дастоварду муваффақиятҳоро нисбатан кӯтоҳ муаррифӣ намудан имконнопазир аст.
Вале ба ҳар ҳол кӯшиш намудам, андешаҳоро доир ба тақвият бахшидани фаъолият ва бартараф намудани камбудиву норасоиҳо то ҷое баён намоям.
Тавре шумо – вакилони арҷманд медонед, тибқи муқаррароти Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Раиси Маҷлиси намояндагон дар баробари пешниҳоди ҳисобот, вобаста ба лоиҳаи барномаи кори қонунгузории Маҷлиси намояндагон барои иҷлосияи навбатӣ гузориш медиҳад.
Дар ин росто лоиҳаи барномаи кори қонунгузорӣ барои Иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум таҳия гардида, нусхаи он манзури шумо гардонида шудааст.
Тибқи барномаи тарҳрезишуда, дар иҷлосияи навбатӣ таҳия ва қабули беш аз 38 қонуни гуногунсамт ба нақша гирифта шудааст, ки албатта, теъдоди мазкур ниҳоӣ намебошад ва фаъолияти қонунэҷодкунии вакилонро маҳдуд намекунад.
Вобаста ба амалӣ гардонидани барномаи мазкур қарори дахлдор қабул карда шуда, татбиқи он аз ҳар яки шумо масъулияти баланд ва фаъолияти пурсамарро тақозо менамояд.
Мутмаинам, ки қабули қонунҳои банақшагирифташуда ҷиҳати таҳкими заминаи ҳуқуқии кишвар, ҳалли масъалаҳои аввалиндараҷаи ҳаёти мамлакат, пеш аз ҳама, ноил шудан ба ҳадафҳои стратегӣ ва татбиқи афзалиятҳои миллӣ дар тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ мусоидат менамояд.
Бо истифода аз фурсати муносиб ҳамаи шумо – вакилони арҷмандро бори дигар даъват менамоям, ки дар роҳи пешрафти Ватани азизамон боз ҳам сарҷамъу муттаҳид бошем, то ин ки ҳама якҷо кишвари азизу муқаддасамонро боз ҳам ободтару зеботар ва пешрафта гардонида, ба кишвари ҳамнабзу ҳамқадами ҷаҳони муосир табдил диҳем.
Итминони комил дорам, ки минбаъд низ мо – вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарки масъулияти баланд дар назди ояндаи давлату миллат тамоми донишу таҷрибаи хешро баҳри омода ва қабул намудани қонунҳои танзимкунандаи муносибати тамоми соҳаҳо дар самти рушд равона месозем.
Дар фарҷом ба ҳамаи шумо – вакилони мардумӣ саломатӣ, умри дароз ва истироҳати хуб орзу дорам ва умед дорам, ки аз таътил бо сиҳатии комил, рӯҳияи болида ва неруи дучанд бармегардед.
Аз таваҷҷуҳатон сипосгузорам!