Ҳамеша мекӯшад то волоияти қонун фурӯғи тоза гирад

№110 (4372) 04.09.2021

IMG_0001Нигоштан дар бораи шахсиятҳо масъулияти хосаро талаб мекунад, вале дар бораи шахсе, ки фаъолияти густурда, рӯзгори пурифтихор ва аз ҳама муҳим, соҳиби донишу хирад ва кулвори пур аз андешаҳои созанда мебошад, навиштан саҳл аст. Ин рисолат насиби касе гардад, ҷойи ифтихор аст ва қаҳрамони мо Мизроб Кабиров аз зумраи ҳамин гуна шахсиятҳост.

Ӯро донишу хирад, кордонӣ ва масъулиятшиносӣ иззат бахшид ва ба пояҳои баланди роҳбарӣ расонд. Пайраҳаҳои роҳбариро зина ба зина тай намуд ва дар ин ҷода, соҳиби эҳтирому мақоми хос гардид. Он чӣ дар ботин дошт, зуҳур кард ва собит сохт, ки ӯ қодир аст, ҳар мансаби хизмати давлатие, ки ба ӯ бовар мекунанд, аз сидқ иҷро мекунад.

Мизроб Кабиров дар оғӯши васеи муҳаб­бат — оилаи серфарзанд тарбия ёфта, ки ҷавҳари бунёдаш меҳр асту садоқат. Муҳаббату сарҷамъӣ, дӯс­тию рафоқат, сарфарозӣ ва меҳри фарзандипадариро низ аз оила омӯхтааст, ки он, эҳсос мекунам, фароғату роҳати дигар дорад.

Модари Мизроб Кабиров Мушкинисо Маҳсуддинова меҳрубон, босавод, озодаю шафиқа буда, 12 фарзандро бо навозишу меҳрубонӣ ба воя расонидаанд. Оғӯши модар шуълаи тобноки муҳаббат дар ниҳоди ҷигарбандон афрӯхт, ки ҳоло ҳар яки онҳо соҳибкасбу соҳибмаълумотанд. Ӯ занест ороста бо зевари фазилатҳои инсонӣ. Яқин кардам, ки он ҳама хислати аҷдодии ӯст.

Падараш Саид Кабиров (рӯҳашон шод бод) аз аҳли маърифат, хайрпеша, бадариҳавлӣ буданду бононунамак. Хонааш хазинаи маъониро мемонд. Китобҳои муқаддаси «Қуръон», «Ҳафтяк», «Чаҳоркитоб» ва куллиёти Ҳофизу Бедил аз ҷумлаи сарватҳои бебаҳои он буданд. Бояд иқрор шуд, ки ҳусни зиндагӣ ва асолати одамият ҳам дар ҳамин аст.

Амаки Саид олимону адибонро меомӯхт ва зимни суҳбатҳо дар тақвияти фикр аз ашъору афкори онҳо дар мавзӯъҳои ватандӯстӣ, ғаюрӣ, хайрхоҳӣ, сарфарозӣ панду андарзҳои пурҳикмат меовард. Мегуфт: «Талаби илм ибодати Худо аст». Инро мегуфт ва ба касби маърифат ташвиқ мекард, то ҳисси донишомӯзӣ дар ниҳоди фарзандон бедор шавад ва ба ин хислатҳо одат кунанд. Ба ин васила, дар боло бурдани маърифату ҳувият ва ҳисси худогоҳии фарзандон ҳисса мегузошт.

Маҳз ин вижагӣ буд, ки эҳсос мешавад, фарзандони ин хонавода дар тинат ҳисси баланди ватандӯстӣ, меҳанпарастӣ, меҳнатқаринӣ ва садоқати инсонро мепарваранд.

- Мо назокати ҳамсоядориро аз ӯ омӯхтем ва сарҷамъию рафоқатамон низ аз шарофати ӯст. Бори ҳамсоядорӣ мекашид ва аз ин роҳ бо ҳикмат ба мо сухан мекард, — гуфт ҳамсояи ҳамкасбаш Абдураҳмон Алиев.

- Дониш либосеро мемонад, ки зинатбахши инсон аст. Он ба шахс шаҳомоти дигар мебахшад, дари саодатро ба рӯйи кас мекушояд, — такрор ба такрор мегуфт амаки Саид.

Ғанимат будани умрро ба ҳар восита таъкид мекард, умреро, ки на такрор дораду на бозгашт, дер намепояд ва боз намеояд. Умреро, ки ба ҳар минвол инсон метавонад онро ба поён барад. Хоҳ ба некӣ, хоҳ ба бадӣ. Вале пайғоми пурҳикмат «Аз гаҳвора то гӯр илм омӯз», шиор ва мояи гуфтори ӯ буд.

Воқеан, андешаҳояш манбаи хуфтаро бедор мекард, суҳбаташ сафои дигар дошт ва дар тарбияи фарзандон эътибори хоса медод. Ҳузури зиндагиро низ дар тарбияи баркамоли фарзандон медид. Аз он меболид, ки падари хушбахти фарзандони солеҳу солеҳа мебошад.

- Барои қобилияти фарқкунанда дош­танаш Мизробҷонро, ки фарзанди аввалинамон буд, дар шашсолагӣ ба мактаб бурдам. Ӯро қабул накарданд. Хеле зиқ шудем. Як ҳуҷраи хонаро барояш ҳамчун синф бо ҳама ҷузъиёташ омода кардем ва ману модараш ба ӯ дарс медодем. Аз хурдӣ бачаи чашмгир буд ва ба зудӣ хондану навиштанро ёд гирифт. Дар мактаб аз синфи якум ӯро сардори синф таъин карданд, баъдан, вазифаи ташкилотчии корҳои комсомолиро ба уҳда дошт. Ба корҳои хоҷагидорӣ ҳам таваҷҷуҳи зиёд дошт, ба варзиш майл пайдо кард. Ин буд, ки аз байни садҳо хонандаи шаҳр ӯро сардори дружиначиёни ҷавони милитсияи шаҳри Кӯлоб интихоб карданд.

«Таълиму тарбияро дар мактаб­ҳои шаҳр бисёр дидаву мушоҳида кардам ва кам дар назарам мерасид, ки омӯзгорон чун омӯзгорони мактаби миёнаи рақами 6 — и ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакии шаҳри Кӯлоб рисолати омӯзгориро дар ғояти масъулиятнокӣ самимӣ ба итмом расонда бошанд, — мегуфт Саид Кабиров. — Мактаб яке аз калонтарин мактабҳои вақти ҷумҳурӣ буд, ки 1200 хонанда дар он таҳсил мекард. Маҳз омӯзгорони ҳамин мактаб — Восеъ Ғафуров, Сангаҳмад Даминов, Мадисмон Исломов, Ризвон Довудов ва С. Содиқов дар тарбияи Мизроби ҷавон роҳ кушода, дар қалбаш шуълаи донишомӯзиро барафрӯхтанд. Баъди хатми мактаби миёна бо азму иродаи қавӣ роҳи бонуфузтарин донишгоҳи кишвар – Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин, (ҳоло Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) — ро пеш гирифт. Баъдтар он субҳи босафои сафарро, ки барояш таровати рӯҳбахш дошт, чун нақш дар санг ҳамеша ба ёд меовард Мизроби ман…».

Донишгоҳро хатм намуда, соли 1983 ӯро ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ даъват карданд. Иттифоқ афтод, ки ман — нигорандаи ин сатрҳо бо Мизроб Кабиров солҳои 1983 — 1984 дар шаҳри Белоретск — 15-и қисмати Урали ҷанубии Иттифоқи Шӯравӣ дар қисми ҳарбии 40582 хизмати ҳарбиро адо намоям.

Хизмати ҳарбӣ, хусусан, дар қисми махсусгардонидашуда, даричаи дигареро ба рӯйи ӯ кушод. Аскари қаторӣ буд, вале дар идораи роҳбарияти гарнизон ба ҳайси масъули баҳсҳои арбитражӣ дар радифи афсарони баландпоя хизмати ҳарбӣ мекард. Ин мартабаро дар хизмат ҳеҷ аскар, ҳатто ёрои орзу кардан надошт. Ӯ дар гарнизон ифтихору ҳомии аскарбачаҳои тоҷик буд. Касе бовар накард, ки тоҷикписар дар қатори афсарони баландрутбаи гарнизон адои хизмат намуда, дар ҷаласаю ситодҳо ширкат варзида, сухан ва муҳокимаронӣ кунад. Дили гарме дар сина дошт ва бо андешаҳои фарохтар аз андешаи рӯз қадам мезад. Ҳеҷ як ҳавас ҷойи дарку эҳсоси маҳбубияту ҳувияти миллии ӯро гирифта наметавонист.

Ба рафтору ҳувият, ба донишу фаҳмиши ӯ афсарон ҳасад мебурданд. Ӯ дар гарнизон вазифаи раиси суди рафиқонаро низ бар дӯш дошт. Гуноҳҳои содиркардаи аскаронро адолатнок ва дуруст муайян ва баррасӣ мекард. Ин амалҳои чашм­гири ӯ боис ба он гашт, ки мақомоти тафтишотии гарнизон ҳангоми тафтишоти ҷиноятҳои аз ҷониби аскарон содиршуда ӯро барои кумак даъват мекарданд. Моҳи ноябри соли 1983 дар қисми ҳарбӣ овоза шуд, ки аз ҷониби афсарон дуздии калони моликияти давлатӣ, дар ҳаҷми 75 ҳазор рубл содир шудааст, ки онро Мизроб Кабиров муайян кардааст. Аз Маскав комиссия омад. Баъди санҷиш Мизроб Кабировро бинобар саҳми муҳим гузоштан дар кушодани он ҷиноят ба сафи Ҳизби коммунист номзад қабул карданд, ки ҳамагӣ 3 — 4 моҳ дар хизмат буд. Ин хабар мо — тоҷиконро хеле хурсанд кард.

Ё ин ки ҳангоми муноқиша аскарбачаи тоҷик С. Саъдуллоро бо корд заданд ва ӯ ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошт. Тафтишот тӯли як шабонарӯз идома дошт, вале ҷиноят кушода нашуд. Барои кумак Мизроб Кабировро даъват карданд. Ӯ зуд муайян кард, ки ҷиноятро аскарбачаи қазоқтабор аз қисми ҳарбии ҳамсоя содир карда будааст.

Дар гарнизон халқиятҳои гуногун хизмат мекарданд ва аскарон аз Осиёи Марказӣ бори аввал ба ин гарнизон ба хизмати ҳарбӣ даъват шуда буданд. Азбаски расму оин ва урфу одати халқҳои Осиёи Марказӣ ба афсарон чандон шинос набуд, бо супориши сардори Раёсати гарнизон, полковник С. А. Суботин бо номи «Одоби муошират» Мизроб Кабиров дастурамал ба чоп расонд, ки дар он хулқу хислат, намоди муносибатҳои ҳамидаи инсонӣ, маданияту рафтор, урфу одатҳои миллии халқиятҳоро бозгӯ мекард ва афсарону аскарони қисмҳои гуногуни ҳарбӣ аз он истифода мебурданд. Баъд аз шиносоӣ бо дастурамал хизматчиёни ҳарбӣ дар симои тоҷикон миллати соҳибтамаддунро диданд, ки фарҳанги миллиашон дурахши пурфурӯғ дорад. Афсарон он замон хеле обутобёфта, ботамкин буданд ва ба илму фарҳанг хеле мароқ доштанд. Мизроб Кабиров ба афсарони кунҷкобу маърифатдӯст тамаддуни тоҷикро ончунон мекушод, ки гӯё таърих дар он ҷо ба забон меомад. Ёд дорам, бо иллати шамолхӯрӣ Мизроб Кабиров бистарӣ шуд. Ба аёдаташ раф­тем. «Ҳозир баҳс сари ҳамин портрет буд, — қоматашро рост карда, ба ангушт ишорат кард, ӯ. — Вақте ки мусаввараи якқади «Авитсена»-ро дар беморхонаи ҳарбӣ тоҷик муаррифӣ кардам, афсарони тиббӣ ба шӯр омаданд. Нешханду писханд мезаданд, ки ин аскарбача шахсияти бузурги оламшумули аврупоиро «аз они худ» мекунад, — мегуфтанд бо як ғурури ба худ хос»…

…Баҳори соли 1990 ҳангоми аз деҳа ба Душанбе омадан, дил хост чун ҳарвақта ба аёдати падари ҳамхизматам — амаки Саид Кабиров равам. Бояд бигӯям, ки ӯ ба ҷои хизмати мо, ба хотири дидорбинии фарзанд рафт. Бо ӯ ҳамсуҳбат шудем. Амаки Саид барои мо кулчаҳои ширмоли хушбӯйи тоҷикӣ оварда буд. Аз ҳамон вақт ман бо ӯ шинос будам.

Ӯро рӯйи ҳавлӣ дидам. Маро ба оғӯш гирифту ҳолпурсӣ кард. Гуфт: — Ҳазратро (манзур ҳарами Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ) зиёрат кардӣ? Гуфтам: — Не. Як навъ изҳори пинҳонии таассуф кард. — Набошад субҳ бо ҳам меравем, зиёрат мекунем, табиати афсункор ва шаҳри дилфурои Кӯлоб­ро тамошо мекунем, аз манзараҳои ҳамешасабз, ки аз барфрезӣ то барф­хезӣ гулрезу гулбез ва ҳуснорои раставу хиёбонҳои шаҳранд, ҳаловат мебарем. Мизробро дер боз пазмон шудам. Ба кор ба Кӯлоб наомад. Гуфт, ман бояд дар марказ кор кунам. Ҳамон ҳикмати Мавлонои Балх:

Деҳ марав, деҳ мардро аҳмақ кунад,

Ақлро бенуру беравнақ кунад,

- ро аз куҷое хонда будааст, шӯхиомез, бо лаҳни хос, гуфт амаки Саид ва даст бар китфам гузошт. Ин шухӣ буд ё ҷиддӣ нафаҳмидам. Фикр мекунам амаки Саид хости ба Кӯлоб, ба канори оила омадани фарзандашро дошт, ки ин як ҳолати маъмулии мардумӣ, хости ҳар як волидайн аст. Вале донишу малака ва зарфияти зеҳнию кории фарзандро хуб медонист.

- Ба қавле, Кӯлоб барои ӯ «тангӣ» мекардааст. Рағбаташ ба марказ будааст. Бачаи андешавар аст. Аз сидқ дуояш додам. Ҳоло корҳояш вазнин. Ӯро бовар карданд. Ба дигар кор гузаштааст, Раиси Президиуми коллегияи адвокатҳои Тоҷикистон таъинаш карданд. Вақт кам дорад, — гуфт амаки Саид.

Ҳамнишинӣ бо ӯ, яъне амаки Саид, сафо дошт. Андешаву каломаш печида бо ахлоқу адабу ирфону ихлос буд. Ин рисолат ба ҳар кас муяссар намегардад. Мехост зиёд дар бораи писараш ҳарф занад.  Зуд — зуд симои ӯро бо ифтихор пеши рӯ меовард: аз хулоса ва андешаҳои фарогири пеш аз андешаҳои рӯзаш натиҷа мегирифт, аз он ба ваҷд меомад ва шукри фарзандони солеҳу солеҳа мекард. Эҳсос мешуд, ки аз дурии ҷигарбанд нороҳат аст.

Соли 1994. Барои ташкил ва гузаронидани интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва қарори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мизроб Кабиров муовини раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъй­пурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид. Дар ин ҷода аз иҷрои уҳдадориҳо дар ташкилу таъмини баргузории интихоботи озоду шаффофи демок­ратӣ баромад. Халқи шарифи Тоҷикистон аз роҳи раъйпурсии умумихалқӣ бо аксар овоз фарзанди фарзона — ­Эмомалӣ Раҳмонро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон интихоб намуданд. Ногуфта намонад, ки саҳми Комиссияи марказӣ дар назорати дурусти интихоботи муттаҳидсоз, ки манзур барқарорсозӣ ва таҳкими рукнҳои давлати озоду соҳиб­истиқлол ва истиқрори сулҳу субот дар кишвар буд, саҳми бесобиқа гузошт.

Баргузории интихоботи шаффофу демократӣ, интихоби Президент боис шуд, ки мардум ба ояндаи давлат умед банданд. Давлати навини тоҷикон бо низоми давлати соҳибистиқлолу соҳибихтиёри комилан миллӣ бунёд ёфт. Ҳамчунин, омодагии комил ва фарогир барои баргузории интихоботи вакилони мардумӣ ҷараён дошт. Таҷрибаи интихоботи президентӣ собит намуд, ки мардум барои сарнавишт бетаваҷҷуҳ нест. Мизроб Кабиров низ дар мақом барои вусъати низоми интихоботӣ ва тақвияти пояҳои институти раъйпурсӣ талош менамуд.

Баъдан, 26 феврали соли 1995 интихоботи вакилони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Падидаи комилан нав, парламенти мустақил ва воқеӣ арзи ҳастӣ намуд. Қобили зикр аст, ки бори гарону мушкили вазъи замон насиби он даъват гардид. Ҳароина, эътибори парламенти касбии навтаъсис ҳифз ва дар пешрафти ҷомеа таъсирпазир буд.

Мизроб Кабиров қариб 15 сол дар Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ фаъолият намуда, дар ташкил ва гузаронидани интихоботҳои шаффофу демократӣ заҳматҳои содиқона баҳри таъсиси рукнҳои асосии давлат ба роҳ монд. Ӯ маҳз дар давраи Истиқлолияти давлатӣ ҳамчун сиёсатмадор, мутахассиси варзида, роҳбари кордон обу­тоб ёфта ба камол расид. Дар ҳар кадом вазифаи роҳбарие кор карда бошад, комёбиву муваффақиятҳояшро аз шарофату сиёсати хирадмандона ва дастгириҳои беминнати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон меҳисобад.

Ҳар замон ки ба наздаш мерафтам, ӯро машғули кор медидам, вале ин дафъа ӯро ғарқи дарёи тафаккур дарёфтам. Ба ҳайси мушовири давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъа­лаҳои мудофиа ва тартиби ҳуқуқӣ фаъолият мекард. Реҷаи кораш мураккаб буд. Нороҳатиаш эҳсос мешуд. Аз вазъи ноороми ҳарбӣ – сиёсӣ ва супоришу сиёсати хирадмандонаю сулҳҷӯёнаи Президенти кишвар ва ватансозӣ сухан мекард. Иҷрои он ҳамаро қарзи худ медонист. Хоҳиши ҳар гуна ҳолпурсию ёдовариҳоро надошт, зеро амали ношоистаи ҳар нохалаф зеҳнашро машғул мекард. Бо ангушт ишора ба чеҳраҳое мекард, ки дар сар андешаи созанда баҳри сулҳу осоиш доштанд ва баҳри марзу бум ҷон қурбон мекарданд. Нафрат аз башараи тарроҳони асолатбохта мекард, ки беандеша аз ҳар тараф пайдо шуда, ба оташи хашму ғазаби мардуми шӯрида равған рехта, ҳадафҳои хатарзои мазҳабию диниро таблиғ карда, чеҳраи исломро зишт ҷилва медоданд, ки аз он ҷисму ҷони ҷомеа ҷароҳатҳои тоза мебардошт.

Алангаи ҷанги таҳмилӣ на танҳо манзилҳоро ба комаш бурд, балки қалбҳоро сӯзонд. Миллат овора шуда буд. Садои печидафарёди мардуми бесарпаноҳ ба фалак мепечид. Муборизаҳои ошкору таҳдидкунанда оғоз ёфт. Тоҷикистон мавриди таваҷҷуҳи Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид қарор дошт.

Дар ҳоле ки оташи кибру ғурур ҳар рӯз бо неруи нав аланга мегирифт, мулки озода ба кишвари мотамзада табдил ёфт, тақдиру сарнавишти миллат ҷои андеша буд: аз як сӯ бесуботии дохилӣ, аз сӯи дигар сарҳадот макони даргирию муқовиматҳои гурӯҳҳои ноком гашта, ба қавле, аз замину осмон оташ мерехт. Яроқро аз дасти яроқдор гирифтан коре буд сангин, зеро дар он рӯзҳо «яроқ — ҳаёт» буд.

Дар чунин лаҳзаи сахту сангин ва ҳолати ҳассос Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ихтиёран супоридан ва мусодира кардани силоҳи оташфишон, лавозимоти ҷангӣ ва техникаи ҳарбӣ аз аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва бо пешниҳоди Сарвари давлат чанд қонуни мансуб ба таъмини амнияти кишвар содир гардид. Хушбахтона, вазорату ниҳодҳои дахлдор аз иҷрои онҳо баромаданд ва сокинони кишвар зиндагиро дар фазои ором идома додан гирифтанд.

Мизроб Кабиров, баъдан, боис­рор аз фоҷиаи дигари кишвар — фирориёни иҷборӣ — мардуми озодаи саргашта, ки ба сарнавишти шуме гирифтор шуда буданд, ёдовар мешуд. Пайғоми пурифтихор, гуфтаи муқаддас ва таърихии Сарвари давлат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон, ки дар аввалин суханронӣ гуфта буданд: «То охирин гурезаи тоҷик ба Ватан барнагардад, ман худамро ором ҳис карда наметавонам. Маҳаллаҳои дар натиҷаи ҷанг харобгардидаро бояд ҳамаи мо – тоҷикистониён дастҷамъона барқарор намоем» — ро дар худ таҳаммул мекард, моҳиятан ҳазм менамуд ва аз он бори масъулият мебурд.

- Ин суханон, — мегӯяд Мизроб Кабиров, — ҳар як шахси баору номусро водор мекард, ки дар меҳвари афкори Сарвари давлат сахт печида ҷоннисорӣ кунад. Он дар ниҳоди хурду бузург неруву дармони фавқулодаро эҳё кард. Дар дилҳои сардгаштаи мардум шуълаи умед фурӯзон намуд, ба ноумедиҳо умед бахшид.

Ёд дорам, аз тариқи оинаи нилгун дидам, ки баргаронидани фирориёни иҷборӣ оғоз гардидааст ва бо супориши Сарвари давлат мушовири давлатии Президент оид ба масъалаҳои мудофиа ва тартиботи ҳуқуқӣ Мизроб Кабиров ба ноҳияи Ишкошими ВМКБ ва котиби Шӯрои амнияти кишвар Амриқул Азимов дар Панҷи поён гурезагони ҷанги шаҳрвандиро қабул ва ба ҷойҳои муайяншуда гусел мекарданд. Марди гурезае бо зану фарзандони хастасимояш аз ноҳияи Панҷ бо ашкҳои шодӣ ба Мизроб Кабиров мегуфт: «Ба Сарвари тоҷикони ҷаҳон — ­Президенти Тоҷикистон ­Эмомалӣ Раҳмон миннатдории гурезагонро расонед. Мо ба ӯ боварии комил дорем. Ҳама гурезаҳо, ҳатто касоне, ки моро барои гурехтан аз Ватани азизамон тавсия дода буданд, баъд аз даъвати ­Эмомалӣ ­Раҳмон, аллакай дар роҳи бозгашт қарор доранд».

Мардум, аллакай некро аз бад фарқ карда, дар гирди Сарвари хирадманд ҷамъ омаданд. Бо дастгирии чунин родмардон неруҳои қудрату қуввати дигар пайдо кард. Онҳо гирди ҳам омада, бештар дар бораи таҳияи қонунҳои нав фикр мекарданд, то низоми фаъолияти ниҳодҳои қудратиро боз ҳам муназзамтар гардонанд.

Мехоҳам фикрамро дар бораи фидокориҳои Ҷаноби Олӣ тақвият бахшида, хулоса кунам: — Аз нияти нек амали нек бармеояд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки фаъолияти давлатдориро бо ҳарфи сулҳу оштӣ оғоз намуд, ба он содиқ монд. Даст сӯи даст ба хотири сулҳ дароз кард ва оғӯши муҳаббату садоқат ба хотири сулҳ боз намуд. Сарвари давлат бо имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар Тоҷикистон миллатро аз вартаи ҳалокат раҳонид. Марзу буми Тоҷикистон яклухт монд. Он сулҳ пирӯзии адолат ва оғози ватансозию ваҳдатофарӣ гардид. Тоҷикистон рӯ ба инкишоф ниҳод ва мактаберо дар моварои сайёраи замин бо номи мактаби сулҳофарӣ бунёд намуд: Мактаби сулҳофарии Эмомалӣ Раҳмон! Ҳоло сиёсати сулҳофарии ин мактаб мояи омӯзиш дар институтҳои сиёсатшиносӣ ва ҷомеашиносии ҷаҳон гардида, ҳамчун таҷрибаи нодир мавриди омӯзиш қарор дорад.

Баъди ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар Тоҷикистон бо мақсади ислоҳоти судӣ ва таъмини мустақилияти ҳокимияти судӣ дар мамлакат ниҳоди комилан нави конститутсионӣ — Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд ва Мизроб Кабиров бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аввалин раиси он таъин гардид. Ин дар замоне буд ки ҳанӯз ҳам садои додхоҳӣ ба фалак мепечид, ҳифзи ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандон, волоияти қонун, адолати судӣ ва мустақилиятии судҳо зери шубҳа монда, ҷиддиятро талаб мекард. Ҳатто дар аксар ҳалномаҳои судӣ омилҳои инсонӣ таъсиррасон буд, ки он ҳам маҳсули ҳамон ҷанги нохоста ба ҳисоб меравад. Судҳо зери истинтоқу шиканҷаи силоҳдорон қарор доштанд.

Он замон ӯ пуштибонӣ аз мардуми батаҳлукаафтода мекард. Бо сухани хуб, бо нияти нек ба фардои дурахшони Ватан онҳоро ҳидоят менамуд. Мизроб Кабиров дар ин ниҳод ҳар чӣ амиқу дақиқ назорат ва таъмин намудани волоияти қонун ва адолати судро талаб менамуд. Аз ин хотир ӯ як шахси ҷӯёро мемонд, ки пайваста бобати адолату осоиши аздастрафта ва тақдиру сарнавишти мардуми диёр талош меварзид. Замоне ки чашму умеди ҳар як додхоҳ ба додрас буд, ба тақдиру сарнавишти мардум ҳукми одилона мебаровард.

Ҳазору як фикр зеҳни ӯро машғул мекард: оташи ҷангу парокандагии миллати худсӯз, тафаккури бастаи хатарзо, таҳаммули душвориҳо, ҳимояи ҳуқуқу арзишҳои инсонӣ ва боз чанд эҳсосу ҳаяҷони дигар, ки фақат шахси ватандӯсту ватанпарварро метавонад ошуфтаю шӯрида кунад. Ӯ дар назди худ вазифа мегузошт, вазифаи касбӣ, расмӣ, фарзандӣ ва вазифаи миллию инсонӣ.

Матлаби «Мӯйро аз хамир ҷудо кардан» шиори ҳаррӯзааш буд. Ҳар замон сухани пурҳикмати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон — «Судяҳо ҳуқуқи хато карданро надоранд» дар зеҳнаш мечархид. Ин шиори пурҳикмати Ҷаноби Олиро сармашқи кор карда, аз худ меафзуд:

Дар чашми покбин набувад расми имтиёз

Дар офтоб сояи шоҳу гадо якест.

Ин маънӣ шоиста аст, ки фарогири кори ҳар як нафаре бошад, ки дар занҷираи ниҳодҳои қудратӣ дар душвортарин лаҳзаҳо кор карда, адолатро риоя намуда. сазовори боварии мардум мегардад.

Ин марзу бум шоҳиди шаҳидони зиёдест, шаҳидони гумнишону бекафан, ки бо ёди Ватан ва ҳифозат аз ин хоки муқаддас сина сипар кардаанд. Баъзан ба андеша меравӣ ва фикр мекунӣ, ки ин ҷанги шаҳрвандӣ имтиҳони ватандорӣ буд, зеро ба ҳар навъ дар замони худ душманони дохиливу беруниро фош кард, гарчанде дар ин марзу бум имтиҳонҳои зиёде гузашт ва боис ба мавҳу нести ҷавонмардони зиёде гардид. Ҳоло ёду ёдбуди онҳо, ҷонфидоии онҳо дарси ибрат, дарси ҷавонмардию ватандорист.

Дар ҳоле ки андешаҳояш ҳисси ватану ватансозӣ ва давлату давлатдориро бозтоб мекард, сазовори боварӣ гардид, ва Мизроб Кабиров бо пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақоми олии қонунгузори мамлакат — Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифаи роҳбари Дастгоҳ таъин гардид.

Чанд рӯз пеш Мизроб Кабиров зодрӯз доштанд. Вақти суҳбат бо изҳори қаноатмандӣ гуфт, ки ёд дорӣ соли 1992 дар сеcсияи таърихии XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Сарвари давлат изҳор доштанд: — «Ман ба шумо сулҳ меорам». Ин сухани Ҷаноби Олӣ рӯз то рӯз қимати бештар пайдо мекунад, хоса вақте ба авзои сиёсии дунё ва кишвари бо мо ҳамҷавор — хосатан Афғонистон, Ироқу Сурия, Лубнон, Яману Ливия назар меафканем. Шукр менамоем, ки ин амонат то ҳол таҳти кафолати Пешвои тоҷикони ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад.

Алҳол дурахши фаъолият ва корномаи Мизроб Кабиров фурӯғи тоза дорад. Ҳамеша мекӯшад, то ба дилҳо равшанӣ бахшад, ба мушкилоте сабукӣ орад. Месӯзад, то адолат тантана кунад, волоияти қонун пурфурӯғ гардад ва кору масъулиятшиносии ӯ барои кадрҳои ҷавон дафтари роҳнамо бошад.

Абдухолиқ МИРЗОЗОДА,

узви ИЖТ