Ҳаждаҳуми марти соли равон дар мулоқоти раиси Комиссияи экологии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадраҳим Юсуфӣ бо роҳбари Дафтари барномаҳои Созмони амнияту ҳамкории Аврупо (САҲА) дар Душанбе Валериу Кивер масоили густариши ҳамкориҳои муколамаи сиёсӣ, экологӣ, гуманитарӣ ва иҷтимоӣ баррасӣ гардид.
Изҳори боварӣ карда шуд, ки тавассути муколамаҳои доимии сатҳи баланд робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону САҲА дар ҳама самт мазмуну мундариҷаи нав касб карда, дар оянда доираҳои бештари барои тарафҳо манфиатоварро фаро хоҳанд гирифт. Аз ҷумла, ба роҳ мондани ҳамкориҳо дар сатҳи парлумон ҳам дар шакли дуҷониба ва ҳам дар шакли бисёрҷониба зикр гардид.
Муҳаммадато Султонов,
мудири шуъбаи матбуоти Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Суратгир Неъматулло АЛИЕВ, «Садои мардум»