Шашуми октябри соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе вохӯрии Гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкории Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо узви Шӯрои ҷумҳурии Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Беларус, раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи Ҷумҳурии Беларус Михаил Сергеевич Орда баргузор гардид.
Роҳбари Гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкории Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Палатаи намояндагони Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Беларус, муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон Нурулло Оқилзода меҳмони беларусӣ ва ҳайати ҳамроҳашро хайрамақдам гуфта, аз хусуси робитаҳои мустаҳками дӯстӣ ва ҳамкории Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Беларус изҳори назар кард.
Аз ҷумла, таъкид гардид, ки ҳамкории самарабахши мақомоти қонунгузории кишварҳо дар ҳама соҳа роҳандозӣ шуда, муттасил рушд меёбад. Намунаи барҷастаи он соли 2013 аз ҷониби мутахассисони Ҷумҳурии Беларус анҷом додани экспертизаи байналмилалии лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи томактабӣ» мебошад, ки ҳоло мавриди амал қарор дорад. Гурӯҳи кории таҳияи Кодекси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи маориф бошад, соли 2015 дар Ҷумҳурии Беларус бо татбиқи амалии Кодекси Ҷумҳурии Беларус дар бораи маориф шинос шуда, онро дар фаъолияти хеш истифода намуд.
Муносибатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷумҳурии Беларус ба принсипҳои боварии байниҳамдигарӣ, ҳамкории зич, мувофиқ ё ба ҳам наздик будани мавқеъҳо оид ба масъалаҳои муҳими байналмилалӣ ва минтақавӣ асос ёфтаанд. Заминаи шартномавию ҳуқуқии ҳамкории дуҷонибаро беш аз 60 санад фаро гирифтааст ва имкон медиҳад, ки ҳамкориҳои манфиатбахшу самаровар дар соҳаҳои сиёсат, иқтисод, савдо, фарҳанг ва ғайра муваффақона рушд ёбанд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Беларус махсусан дар соҳаҳои коркарди чӯбу тахта, кишоварзӣ ва фаъолияти намоишгоҳӣ ҳамкории фоидаовар доранд. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз техникаи вазнини сохтмонию борбардорӣ, маҳсулоти бофандагӣ, мебел, техникаи маишӣ, ки дар ин кишвар истеҳсол шудааст, васеъ истифода мебаранд. Маҳсулоти ғайриорганикӣ ва дорусозии кишвари дӯст низ ба ҷумҳурӣ ба миқдори зиёд ворид карда мешавад. Нахи пахта, пашм, меваи хушк, алюминий ва як қатор маҳсулоти дар Тоҷикистон истеҳсолшударо бошад, дар корхонаҳои истеҳсолӣ ва муассисаҳои савдои Ҷумҳурии Беларус ҳамеша интизоранд.
Ҳамкориҳо байни вилоятҳо, ҳамчунин минтақаҳои озоди иқтисодии ҳар ду кишвар, муваффақона рушд ва робитаҳои фарҳангӣ таҳким меёбанд.
Меҳмони беларусӣ аз пазироии самимона дар Тоҷикистон изҳори хушнудӣ ва робитаҳои миёни ҳар ду кишварро дар сатҳи олӣ унвон кард. Ӯ, ҳамчунин гуфт, ки дар Ҷумҳурии Беларус Тоҷикистонро ҳамчун шарики боэътимод мешиносанд ва аз робитаҳо бо он дар сатҳи гуногун қаноатманданд. Михаил Сергеевич Орда дар идомаи суҳбат аз муҳайё будани заминаҳои зиёди шартномавию ҳуқуқии ҳамкориҳои муфиди байни ду кишвар ёдовар шуда, тавсеаи онҳоро ба нафъи мардуми ҳар ду ҷумҳурии бо ҳам дӯсту бародар унвон кард.
Мулоқот дар фазои самимиву дӯстона сурат гирифт.
Абдумаҷид МУРОДОВ,
«Садои мардум».
Суратгир Неъматулло АЛИЕВ