Ҳамкориҳои мутақобилан судманди парламентҳо

№25 (4765) 23.02.2024

Гузориш аз ҷараёни сафари Маҳмадтоир Зокирзода ба Ҷумҳурии Озарбойҷон

21-уми феврали соли 2024 Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ­Маҳмадтоир Зокирзода дар доираи сафар ба шаҳри Бокуи Озарбойҷон ва иштирок дар Иҷлосияи 14-уми Ассамблеяи парламентии Осиё бо муовини якуми Раиси Шурои миллии федералии Амороти Муттаҳидаи Араб Тариқ Ҳумайд Матар Моҳд Алтайер мулоқот намуд.

IMG_0105Зимни мулоқоти судманду самимӣ Маҳмадтоир Зокирзода чунин иброз намуд: «Мо аз сатҳ ва мундариҷаи муносибатҳои дуҷониба бо Амороти Муттаҳидаи Араб қаноатманд ҳастем. Дастовардҳои иқтисодию иҷтимоии кишвари дӯсту бародарамон — Амороти Муттаҳидаи Араб аз ҳар ҷиҳат шоёни таҳсин мебошанд».

Миёни ҳар ду кишвар робитаҳои фаъоли сиёсӣ ва алоқаҳои бевосита дар сатҳи олӣ ба роҳ монда шудаанд. Сарони ҳар ду давлат мунтазам дар доираи сафарҳои расмӣ ва корӣ, инчунин, зимни чорабиниҳои гуногуни байналмилалӣ мулоқоту вохӯриҳои зиёди судманд анҷом медиҳанд, ки дар онҳо муҳимтарин масъалаҳои ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистону Амороти Муттаҳидаи Араб ба таври мушаххас баррасӣ мегарданд.

Амороти Муттаҳидаи Араб дар сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми авлавиятнок дорад ва Тоҷикистон ҷонибдори тақвият ва густариши ҳамкориҳои гуногунҷанба мебошад.

Ҳамкориҳои сиёсӣ байни ҳар ду кишвари бародар ва дӯст дар сатҳи олӣ қарор доранд. Айни ҳол заминаи ҳуқуқии муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Амороти Муттаҳидаи Арабро 27 санади байнидавлатию байниҳукуматӣ ва байниидоравӣ ташкил дода, дар замони муосир ба роҳ мондану пеш бурдани тиҷорату ҳамкориҳои васеи иқтисодию сармоягузорӣ омили муассири рушди муносибатҳои дӯстона ва шарикӣ байни кишварҳо маҳсуб меёбад.

То моҳи ноябри соли 2023 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 36 ширкат бо сармояи муассисон аз Амороти Муттаҳидаи Араб фаъолият намуда истодаанд.

Маҳмадтоир Зокирзода роҷеъ ба ҳамкориҳои байнипарлумонӣ изҳори назар намуда афзуд, ки Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳамкориҳои пурмаҳсулу судманд бо Амороти Муттаҳидаи Араб таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамояд, зеро робитаҳои парлумонӣ дар фароҳам овардани заминаҳои қонунӣ барои тавсеаи равобити ҳар ду кишвар дар ҳавзаҳои мухталиф нақши муҳим доранд.

Яке аз самти муҳими таҳкими ҳамкориҳои парламентӣ таъсиси гурӯҳҳои дӯс­тии байнипарламентӣ аст, ки моҳиятан пули дӯстию ҳамкорӣ миёни ду маҷлис ва ба таври умум миёни ду миллат маҳсуб мешаванд.

Айни ҳол Гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкории Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Шурои миллии федералии Амороти Муттаҳидаи Араб таъсис дода шудааст. 25 феврали соли 2021 нахустин машваратҳои байнипарламентӣ дар шакли маҷозӣ миёни аъзои Гурӯҳи дӯстии байнипарламентии Тоҷикистону Амороти Муттаҳидаи Араб баргузор гардид.

- Мо хостори идомаи муколамаи созанда ва пайвастаи парламентӣ миёни ҳар ду кишвари бародар ҳастем, — таъкид намуд дар хотимаи вохӯрӣ Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода.

 21-уми феврали соли равон Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ­Маҳмадтоир Зокирзода дар доираи сафар ба шаҳри Боку ва иштирок дар Иҷлосияи 14-уми Ассамблеяи парламентии Осиё бо Раиси Миллии маҷлиси Ҷумҳурии Озарбойҷон Саҳиба Гафарова мулоқот намуд.

САГИБА (1)Маҳмадтоир Зокирзода дар оғози мулоқот барои даъват ҷиҳати иштирок дар Иҷлосияи 14-уми Ассамблеяи парламентии Осиё дар шаҳри Боку изҳори сипос намуда, мардуми Озарбойҷонро ба муносибати дар сатҳи хеле баланд баргузор шудани интихоботи пеш аз муҳлати Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон табрик намуд.

Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз намуд, ки Озарбойҷон дар стратегияи сиёсати хориҷии Тоҷикистон яке аз ҷойҳои муҳимро ишғол мекунад ва мо ба рушду таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳои Тоҷикис­тону Озарбойҷон манфиатдорем.

Дар тӯли беш аз 30 соли барқарории муносибатҳои дипломатӣ ба ҳар ду давлат муяссар гардид, ки низоми қавӣ ва ҳамаҷонибаи ҳамкориҳои баробарҳуқуқро бунёд кунанд. Ин сатҳи равобити Тоҷикистону Озарбойҷон, албатта, пеш аз ҳама хизматҳои роҳбарони давлатҳои мост.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибатҳои эътимодбахши байни ҳар ду кишвар дар тамоми сатҳҳо баҳои баланд доданд.

Соли ҷорӣ сарфи назар аз тамоюлҳои буҳронии низоми муносибатҳои байналмилалӣ барои муносибатҳои дуҷониба хеле пурсамар буд. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз намуданд, ки яке аз рӯйдодҳои муҳим сафари давлатии Илҳом Алиев ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар моҳи апрели соли гузашта буд.

Айни замон байни Тоҷикистону Озарбойҷон беш аз 74 созишнома ва қарордод ба тасвиб расидааст, ки бар асоси Аҳдномаи дӯстӣ ва ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Озарбойҷон баста шудаанд.

- Бо истифода аз фурсат мехостам таъкид намоям, ки ҷониби мо тамоми кӯшишро ба харҷ хоҳад дод, ки муносибатҳои байнидавлатӣ ва байнипарламентӣ ба нафъи халқҳоямон ҳар чӣ бештар инкишоф ва таҳким ёбад,- таъкид намуд Маҳмадтоир Зокирзода.

Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҷеъ ба ҳамкориҳои парламентӣ изҳори назар намуда, ҳавасмандии парламенти Тоҷикистонро ба рушд ва тавсеаи ҳамкориҳои байнипарламентӣ бо Миллии маҷлиси Ҷумҳурии Озарбойҷон баён намуд.

Дар маҷмӯъ, раванди густариши равобити дуҷонибаи байнипарламентии Тоҷикистону Озарбойҷон нишон медиҳад, ки ҷонибҳо ҳамеша ба таҳкими робитаҳои мутақобилан судманд манфиатдоранд.

- Мо бо парламенти Озарбойҷон дар чаҳорчӯбаи Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Ассамблеяи парламентии Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, Ассамблеяи парламентии Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ, дигар созмонҳо ва иттиҳодияҳои минтақавӣ ва ҷаҳонӣ ҳамкориҳои дуҷониба ва бис­ёрҷонибаи байнипарламентӣ дорем. Итминон дорам, ки вохӯрии мо ба рушди ҳамкориҳои мутақобилан судманди парламентҳои мо динамикаи мусбати иловагӣ зам мекунад ва мехостам ба Шумо — Саҳиба Гафарова аз самими қалб дар фаъолиятатон комёбиҳо орзу намоям,- гуфт дар интиҳо Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода.

22-юми феврали соли ҷорӣ Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмад­тоир Зокирзода дар назди иштирокчиёни Иҷлосияи 14-уми Ассамблеяи парламентии Осиё дар мавзуи «Рушди ҳамкориҳои минтақавӣ барои рушди устувор дар Осиё», ки дар шаҳри Боку баргузор гардид, иштирок ва суханронӣ намуд.

АСАМБЛЕЯ (1)Ёдовар мешавем, ки дар кори ҷаласаи мазкур роҳбарони ҳайатҳои парламентии зиёда аз 30 кишвари дунё иштирок доштанд.

- Парламенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳамкорӣ дар чаҳорчӯбаи Ассамблеяи парламентии Осиё бо парламентҳои аъзо аҳамияти бузург медиҳад ва чорабинии имрӯза қадами муҳим дар роҳи рушду таҳкими минбаъдаи робитаҳои байнипарламентии кишварҳои Осиё хоҳад гардид. Имрӯз зарурати афзоиш додани талошҳои муштарак дар мубориза ба хатару таҳдидҳо, инчунин, ҳамоҳангсозии корҳо ҷиҳати таҳкими сулҳу субот ва амният ба миён омадааст, ки дар чунин вазъият кишварҳои дунё дар танҳоӣ наметавонанд дар муқовимат бо хавфу таҳдидҳои афзоянда ба амнияту осоиш комёб гарданд. Аз ин лиҳоз, бо назар­дошти воқеияти мавҷуда, мо дар сатҳи минтақа ва ҷаҳон пурзӯр кардани ҳамкорию шарикиро барои таъмини суботу амнияти фарогир тавассути андешидани иқдомҳои муштарак дар ҷодаи мубориза бо терроризму ифротгароӣ муҳим арзёбӣ мекунем. Дар шароити мураккабу пуртазоди имрӯза мо бояд ҳамкорӣ кунем, на рақобату бартариҷӯӣ. Аз ин лиҳоз, қобили таъкид аст, ки тайи солҳои охир муносибатҳои байни парламентҳои аъзои Ассамблеяи парламентии Осиё хислати рушду тавсеаи навро касб кардаанд, — таъкид намуд Маҳмадтоир Зокирзода.

Маҳмадтоир Зокирзода, ҳамчунин, афзуд, ки дар шароити муосири тағйир­ёбии босуръати иқлим мустаҳкам намудани ҳамкорӣ дар самти пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои ин раванд аҳамияти хоса касб менамояд.

Имрӯзҳо мушкилоти тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист аз мавзуъҳои доғи ҷомеаи ҷаҳонии муосир маҳсуб ёфта, бидуни ҳамкорӣ ва хамгироии байналмилалӣ ҳалли он ғайриимкон гардидааст. Ин мушкилот дар роҳи расидан ба ҳадафҳои рушди устувор дар кишварҳои гуногун, аз ҷумла Тоҷикистон, ки кишвари кӯҳистон буда, рӯ ба рӯйи пайомадҳои тағйирёбии иқлим осебпазир боқӣ мемонад, монеаи ҷиддӣ эҷод менамояд.

- Яке аз нишонаҳои возеҳи ҳамбастагии обу иқлим обшавии босуръати пиряхҳо мебошад. Барои бештар ҷалб намудани таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ҳалли мушкилоти обу иқлим ва обшавии пиряхҳо бо пешниҳоди Тоҷикистон Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид соли 2025-ро «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» эълон кард. Итминон дорам, ки натиҷаҳои Иҷлосияи 14-уми Ассамблеяи парламентии Осиё имкон хоҳанд дод, ки дурнамои фаъолияти муштараки мо дар самти таҳкими ­эътимоду амният, инчунин, ҳамкории васеи бисёрҷониба дар ҳалли масъалаҳои муб­рами минтақаи Осиё мушаххас гардад, — гуфт Маҳмадтоир Зокирзода.

22-юми феврали соли 2024 Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода дар доираи сафар ба шаҳри Боку ва иштирок дар Иҷлосияи 14-уми Ассамблеяи парламентии Осиё бо Раиси Маҷлиси бузурги миллии Туркия Нуман Куртулмуш мулоқот намуд.

IMG-20240222-WA0057- Равобити байнипарламентӣ миёни Тоҷикистон ва Туркия, ки дар тӯли солҳо таҳким ёфтааст, метавонад дар раванди рушди ҳамкориҳои дуҷониба саҳми созанда дошта бошад. Дар ин росто мо ба тавсеаи фаъолияти Гурӯҳи дӯстии байнипарламентии ҳар ду кишвар, ки аз соли 2000 фаъолият дорад, ҳавасманд мебошем, — иброз дошт Маҳмадтоир Зокирзода.

Маҳмадтоир Зокирзода, ҳамчунин, таъкид намуд, ки бо назардошти муштаракоти таърихӣ ва фарҳангӣ, бар ин боварем, ки ҳар ду кишвари дӯсту бародар барои рушди минбаъдаи ҳамкориҳо дар соҳаҳои маориф, илм ва фарҳанг заминаҳои муносиб доранд. Мероси муштараки фарҳангии Тоҷикистону Туркия, ки аз мутафаккирони бузург ва шахсиятҳои ҷаҳонӣ, ба вежа Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ сарчашма мегирад, метавонад заминаи мусоиди муносибат ва ҳамкориҳо дар ин самтҳо бошад.

Яке аз самтҳои ояндадори ҳар ду кишвар ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ мебошад. Айни замон сафарҳои сайёҳии шаҳрвандони ҳар ду кишвар ба қаламрави ҳамдигар дар ҳоли афзоиш қарор дорад. Тоҷикистон ҷиҳати рушди ин соҳа тамоми имкониятро барои соҳибкорони ватанӣ ва хориҷӣ фароҳам овардааст.

Дар ҷараёни вохӯрӣ, ҳамзамон, дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн баррасӣ гардиданд.

22-юми феврали соли 2024 Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ­Маҳмадтоир Зокирзода дар доираи сафар ба шаҳри Боку ва иштирок дар Иҷлосияи 14-уми Ассамблеяи парламентии Осиё бо Раиси Маҷлиси миллии Шоҳигарии Тайланд Ван Муҳаммад Нур Матҳа мулоқот намуд.

IMG_0298 - копияДар ҷараёни мулоқот ҳар ду ҷониб масоили ҳамкории байнипарламентии кишварҳоро мавриди баррасӣ қарор дода, аз вохӯрӣ ва имкони муҳокимаи муносиботи дуҷониба ҷонибдорӣ карданд.

 Дар мулоқот Маҳмадтоир Зокирзода иброз намуд, ки муносибатҳои байнипарламентии Тоҷикистону Тайланд, ки ҳадафи он таҳкими ҳусни тафоҳум ва тавсеаи ҳамкориҳо арзёбӣ мегардад, ба густариши муносибатҳо байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шоҳигарии Тайланд такони тоза хоҳад бахшид.

Кишварҳои мо дар сатҳи минтақа низ манфиатҳои зиёди муштарак доранд. Маҳз, ҳамин омил ва пайвандҳои ногусастании таърихию фарҳангӣ моро водор месозад, ки ҳар чӣ бештар ҳамкориҳои судмандро густариш бахшем.

Маҳмадтоир Зокирзода роҷеъ ба ҳамкориҳои байнипарламентӣ изҳори андеша намуда, зикр карданд, ки барои татбиқи босамари ташаббусҳо пешниҳод мегардад, гурӯҳҳои дӯстӣ ва ҳамкории байнипарламентӣ барои ҳамоҳангсозии муштарак таъсис дода шаванд.

- Интизори баррасии судманди ин мулоқот ва таҳияи харитаи роҳе ­ҳастем, ки ҳамкориҳои байнипарламентии Тоҷикистону Тайландро ба қуллаҳои нав раҳнамоӣ хоҳад кард, — гуфт дар анҷоми вохӯрӣ Маҳмадтоир Зокирзода ва барои суҳбати пурмуҳтаво ба Ван Муҳаммад Нур Матҳа изҳори сипос намуда, ба мардуми дӯсти Тайланд пойдории сулҳу субот, некуаҳволӣ ва шукуфоии рӯзафзунро орзу намуд.

Муҳаммадато СУЛТОНОВ,

мудири шуъбаи матбуоти Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон