17 июни соли 2015 таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ҷаласаи навбатии Иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум баргузор гардид.
Дар бораи рӯзномаи ҷаласа бо дарбаргирии масъалаҳои зерин Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуд:
1. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ»
2. Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини амнияти экологии нақлиёти автомобилӣ»
3. Оид ба пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқаррар кардани рутбаҳои дипломатӣ».
РАИС: — Ба муҳокимаи масъалаҳои рӯзнома шурӯъ менамоем. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ» сухан ба вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Шоҳмурод Рустам дода мешавад.
Рустам ШОҲМУРОД: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ!
Ба баррасии шумо лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ» пешниҳод мегардад.
Лоиҳаи қонуни мазкур ҷиҳати иҷрои банди 19-уми Нақшаи чорабиниҳо оид ба таъмини иҷрои «Тадбирҳои иловагии тақвияти муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010 – 2012», ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 сентябри соли 2010 таҳти № 431 тасдиқ шудааст, бо мақсади ба танзим даровардани фаъолияти молиявии ҳизбҳо таҳия гардидааст.
Масъалаи асосие, ки дар лоиҳаи қонуни мазкур ҳалли худро ёфтааст, ин танзими дақиқи маблағгузории ҳизбҳои сиёсӣ мебошад.
Муқаррар намудани чорчӯбаи ҳуқуқии ба танзим овардани тартиби маблағгузории ҳизбҳои сиёсӣ тибқи талаботи қисми 3 моддаи 7 -уми Конвенсияи СММ зидди коррупсия, банди 18 -уми Тавсияҳои Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ ва Рушд барои Тоҷикистон дар доираи «Нақшаи амалиёти Истамбулии Шабакаи зиддикоррупсионӣ барои Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ», инчунин тибқи банди 5.8-и Тавсияномаи Гурӯҳи татбиқи чораҳои молиявии муқовимат ба шустани пул (ФАТФ) таҳия шуда, мақсади асосии он рушди демократии қонунгузорӣ дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ мебошад.
Вобаста ба назаррас гаштани мавқеи ҳизбҳои сиёсӣ дар низоми сиёсии Тоҷикистон, имконияти бештари таъсиррасонии онҳо ба рушди муносибатҳои ҷамъиятӣ асоси қонунии танзими фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ низ таври назаррас васеъ мегардад.
Ба ғайр аз Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ», фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ бо дигар қонунҳо низ танзим мегардад. Аз ҷумла тибқи моддаи 9 -уми Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» талабот нисбати маблағгузории ҳизбҳои сиёсӣ ва интихобот муқаррар карда шудааст.
Дар лоиҳаи пешниҳодгардида баъзе чораҳои иловагии назорати маблағгузории фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ, аз қабили муқаррар намудани тартиби расонидани ёрии моддӣ ва молиявӣ, ҳуҷҷатгузории кумакҳо ба ҳизбҳои сиёсӣ, ҳадди кумаки молиявии ҳарсола аз як шахс, ҳисоботи молиявии ҳизбҳои сиёсӣ пешбинӣ мегардад. Ҳамзамон фаъолияти имконпазири соҳибкорие, ки ҳизбҳои сиёсӣ бевосита метавонанд амалӣ намоянд, муайян карда мешавад.
Гурӯҳи дигари тағйиру иловаҳо, ки дар лоиҳаи қонуни мазкур пешниҳод мегардад, ин масъалаи ташкили фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ, ошкоро будани фаъолияти онҳо, уҳдадориҳои ҳизбҳои сиёсӣ мебошад. Бо дарназардошти талаботи моддаи 25 –уми Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи вакилон ба маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ», талабот ба ошкоро будани фаъолияти сохторҳои маҳаллии ҳизбҳои сиёсӣ муқаррар мегардад.
Гурӯҳи сеюми тағйиру иловаҳо дар лоиҳаи қонуни пешниҳодгардида хусусияти таҳрирӣ ва мутобиқнамоии меъёрҳои он ба талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» мебошад.
Бояд зикр намуд, ки таҳия ва такмили лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ» вақти тӯлонӣ идома дошта, аз ҷониби вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон заҳмати зиёдеро талаб намуд.
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ» ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надорад.
Эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки лоиҳаи қонуни мазкурро дастгирӣ намоед.
РАИС: — Аз рӯи ин масъала сухан ба муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Саидов Ҷамшед Ҳамроқулович дода мешавад.
Ҷамшед САИДОВ: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.
Мутобиқ ба Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 апрели соли 2015 таҳти № 36 лоиҳаи қонуни мазкур барои баррасӣ ва пешниҳоди хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот пешниҳод гардидааст.
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ» бо мақсади муқаррар намудани меъёрҳои ҳуқуқии ба танзим даровардани тартиби маблағгузории ҳизбҳои сиёсӣ тибқи талаботи Конвенсияи СММ бар зидди коррупсия, тавсияҳои Созмони Ҳамкориҳои Иқтисодӣ ва Рушд ва Тавсияномаи Гурӯҳи татбиқи чораҳои молиявии муқовимат ба шустани пул (ФАТФ) таҳия шудааст.
Аз ҷониби раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот дар баробари кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин ба роҳбарони фраксияҳои ҳизбии парлумонӣ, раисони ҳизбҳои сиёсӣ, ки дар як вақт вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд, мактуби расмӣ ирсол гардида, хоҳиш ба амал оварда шуда буд, ки пешниҳодҳои худро ҷиҳати мукаммал сохтани лоиҳаи қонуни мазкур пешниҳод намоянд.
Қобили зикр аст, ки аз ҷониби кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон, фраксияҳои Ҳизби аграрии Тоҷикистон ва Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, раисони ҳизбҳои сиёсии дар Маҷлиси намояндагон ба ҳайси вакил фаъолияткунанда ва вакилони алоҳида барои такмили лоиҳаи қонуни мазкур 84 таклиф пешниҳод гардид. Дар ҷаласаи васеи кумитаи масъул таклифҳои пешниҳодшуда баррасӣ гардиданд, ки аз онҳо 49- тоаш қабул, 13- тоаш қисман қабул ва 22-тои дигар қабул нашуданд.
Лоиҳаи қонуни мазкур ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надорад ва аз Буҷети давлатӣ маблағи иловагиро талаб намекунад.
Эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки муҳимият ва зарурияти қабули лоиҳаи қонуни мазкурро ба инобат гирифта, ба тарафдории он овоз диҳед.
РАИС: — Вобаста ба масъалаи мазкур савол доред?
Хайринисо ЮСУФӢ: — Дар маҳалҳо инъомҳои тариқи асл (натура) ба ҳизбҳо пешниҳодмешуда, чӣ тавр таҳти назорат қарор мегиранд?
Рустам ШОҲМУРОД: — Дар лоиҳаи қонуни пешниҳодшуда тартиби қабули инъому маблағҳои нақдӣ муайян шудааст. Инҳо бояд ба суратҳисоби бонкии ҳизбҳо ворид карда шаванд. Ба ин васила, маблағҳои воридгардида назорат мешаванд.
Ҷобирзода Тоҳир Гул: — Вазорати адлия ҳамчун мақоми бақайдгирандаи ҳизбҳои сиёсӣ роҳҳои пешгирии маблағгузории ғайриқонунӣ ва назорати онҳоро чӣ гуна шарҳ медиҳад?
Рустам ШОҲМУРОД: — Агар сухан оид ба маблағҳои ғайриқонунӣ бадастомада равад, дар ин ҳолат қонуни алоҳида амал мекунад. Роҳҳои назорати молиявии ҳизбҳои сиёсӣ гуногун мебошанд. Масалан, дар воситаҳои ахбори омма чоп кардани ҳисоботи ҳизбҳои сиёсӣ. Ҳамчунин тафтиш намудани маблағҳои истифодабурдаи ҳизбҳои сиёсӣ аз ҷониби мақомоти назоратӣ.
Бо қабули ин қонун тартиби назорати фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ мукаммал мешавад.
Ҷамшед МУРТАЗАҚУЛОВ: — Ҳисобот оид ба фаъолияти молиявии солона 1 апрел муқаррар карда шудааст. Аммо дар лоиҳаи қонун омадааст, ки ҳар сол то 20 март ҳизбҳои сиёсӣ ба мақоми бақайдгиранда оид ба фаъолияти худ аз рӯи шакл ва тартиби муқаррарнамудаи Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намоянд. Оё мумкин нест, ки ин муҳлат низ 1 апрел муқаррар шавад?
Рустам ШОҲМУРОД: — Фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ хусусияти хоҷагидорӣ надоранд, аз ин рӯ, ҷамъбасти ҳисоботи солона вақти тӯлониро талаб намекунад. Онҳо аз субъектҳои хоҷагидор бояд ҷудо бошанд.
Ҳокимҷон ХОЛИҚОВ: — Тартиби қабул ва интиқоли маблағҳо аз ҷониби шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ бо дастурамалҳои Бонки миллии Тоҷикистон ба танзим дароварда шудаанд.
Таклиф шуда буд, ки ин масъала, яъне кумаки моддӣ, дар шакли маблағ бо тартиби дигар пешниҳод шавад.
Рустам ШОҲМУРОД: — Ҳангоми баррасии лоиҳаи қонун чунин масъалагузорӣ шуда буд. Бояд ба инобат гирифт, ки сухан дар бораи тағйири низоми умумӣ намеравад. Ин низоми махсус барои ҳизбҳои сиёсӣ пешбинӣ шудааст.
Абдуҳалим ҒАФФОРОВ: — Ба сифати объекти танзимкунии ҳуқуқии тарзи тафтиши принсипҳои гуногуннамуди сиёсӣ кадом гурӯҳҳои шаҳрвандон дохил мешаванд ва дар ҷомеа чӣ мавқеъ доранд?
Рустам ШОҲМУРОД: — Дар қонун мақсаду мароми ҳизбҳо муайян шудааст. Бо сабаби он ки субъекти махсуси муносибатҳои ҷамъиятӣ мебошад, талабот нисбати ҳизбҳои сиёсӣ зиёд аст. Ҳоло сухан дар бораи танзим ва шаффофияти фаъолияти ҳизбҳо меравад, на фаъолияти сиёсие, ки дар он иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ низ ҷалб карда шаванд. Мақсади асосии ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонуни мазкур назорати молиявии ҳизбҳои сиёсӣ ва роҳ надодани маблағгузории ин ҳизбҳо аз ҷониби гурӯҳҳои алоҳида ва таъсири онҳо ба сиёсати дохилӣ ва берунӣ мебошад.
Ҳилолбӣ ҚУРБОНЗОДА: — Зарурати ба моддаи 8-уми қонуни мазкур ворид намудани иловаро чӣ гуна шарҳ медиҳед ва тартиби муқаррарнамудаи Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (моддаи 10) чиро дар назар дорад?
Рустам ШОҲМУРОД: — Тибқи моддаи 8 -уми қонуни амалкунанда ҳизбҳои сиёсӣ уҳдадоранд, ки Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатиро оид ба таъсис додани сохторҳои ҳизб дар шаҳру ноҳияҳо таври хаттӣ огоҳ намоянд.
Маълумоти пешниҳод-намудаи ҳизбҳои сиёсӣ бояд аз рӯи шакли ягона сурат гирад. Аз рӯи ин масъала бо ҳизбҳои сиёсӣ кор мебарем.
Нурулло ОҚИЛЗОДА: — Оё дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоӣ, миёнаи касбӣ таъсиси ҳизбҳои сиёсӣ иҷозат дода мешавад?
Ҷамшед САИДОВ: — Дар тамоми низоми соҳаи маориф ташкил ва фаъолият кардани ҳизбҳои сиёсӣ манъ мебошад.
Рустам ЛАТИФЗОДА: — Назорати фаъолияти молиявии ҳизбҳои сиёсӣ аз ҷониби кадом мақомот амалӣ мегардад, шарҳ дода шудааст. Ҳисоботи санҷиши молиявии ҳизбҳои сиёсӣ ҳар сол дар воситаҳои ахбори омма интишор мешаванд. Аз ин маълум мегардад, ки ҳар сол санҷиши ҳизбҳои сиёсӣ доир мешаванд.
Баъдан ҳисобот аз ҳисоби кӣ нашр мешавад, зеро дар қонуни амалкунанда ин талабот зикр нашуда буд.
Рустам ШОҲМУРОД: — Қонунгузории амалкунанда уҳдадории ҳизбҳои сиёсиро оид ба нашри ҳарсолаи ҳисоботҳои молиявӣ пешбинӣ менамояд. Ин ҳисоботро дар воситаҳои ахбори омма ҳизбҳои сиёсӣ аз ҳисоби худашон ба нашр мерасонанд.
РАИС: — Вобаста ба ин масъала кӣ сухан кардан мехоҳад? Марҳамат.
Саидҷаъфар ИСМОНОВ: — Бояд ба инобат гирем, ки чӣ гуна арзишҳое набошанд, агар эҳтимолияти ворид намудани хатар ба оромиву суботи ҷомеаро дошта бошанд, мутобиқи талаботи қонунгузорӣ маҳдудиятҳо ҷорӣ карда мешаванд.
Демократияи Ғарбро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон намешавад нусхабардорӣ ва истифода кард, зеро таърих, фарҳанг ва урфу одатҳои ба худ хос дорем, ки аз арзишҳои демократӣ низ орӣ нестанд. Чӣ зарурат пеш омад, ки қонуни мазкур мавриди баррасӣ ва қабул қарор гирад? Он аз омил, ҳодиса ва воқеиятҳо иборат аст. Омилҳо ин аст, ки ҳоло дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тундгароӣ, таассуб, хурофотпарастӣ, ҳатто хиёнат ба Ватан ба назар мерасад. Ҳодисаҳои Украина, мамолики арабро низ набояд сарфи назар кард. Инчунин эҳтимолияти таҳдид аз ҷониби гурӯҳҳои мусаллаҳи идоранашавандаи экстремистию террористӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Исломии Афғонистон вуҷуд доранд.
Ҳоло дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳашт ҳизби сиёсӣ фаъолият доранд, ки онҳо қишрҳои гуногуни аҳолиро намояндагӣ менамоянд. Онҳо имкон доранд ба тафаккури мардум таъсир расонанд.
Аз ин рӯ, бояд қонунҳое қабул шаванд, ки кафолати суботу оромии ҷомеаро дода тавонанд. Қонуни мазкур қобили қабул аст ва хоҳишмандем, ба ҷонибдории он овоз диҳед.
Ҷаббор АХМЕДОВ: — Лоиҳаи қонуне, ки имрӯз мо мавриди баррасӣ қарор додаем, аз ҷумлаи қонунҳои таваҷҷуҳи ҷомеаро фарогиранда ба ҳисоб меравад. Ин бесабаб нест, зеро сухан дар бораи яке аз рукнҳои асосии принсипи демократии ҷомеа – плюрализми сиёсӣ, яъне дар бораи бисёрҳизбӣ ва фаъолияти онҳо меравад. Аксарияти он тағйиру иловаҳое, ки қонун пешбинӣ менамояд, сабабҳои асосноки худро дорад ва дар амал ҳизбҳои сиёсӣ ва шахсан худам ҳангоми фаъолият дар ташкилоти вилоятии Ҳизби коммунисти Тоҷикистон ин норасоиҳоро дарк менамудам. Зеро қисме аз ин меъёрҳо дар қонуни амалкунанда пешбинӣ нашудаанд, дигаре мушаххас ифода наёфта, сеюмин такмилу дақиқиятро талаб менамояд.
Аз ин лиҳоз, фикру андешаҳои худро изҳор карданӣ ҳастам:
1. Вазъи имрӯзаи ҷаҳони муосир, хатару таҳдидҳои нав, фаъолияти ғайрирасмии ҳизбҳою гурӯҳҳои экстремистию террористӣ водор месозанд, ки мо асосҳои ҳуқуқии пешгирӣ намудани таъсиси онҳоро муқаррар намоем. Аз хотир набарорем, ки то имрӯз бо қарори Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти якчанд чунин ҳизбу ҳаракатҳо ва гурӯҳҳо манъ карда шудаанд. Аз ин рӯ, дар таҳрири нав, тариқи мушаххас ифода кардани маҳдудиятҳо вобаста ба таъсис ва фаъолияти ҳизбҳое, ки мақсад ва амалашон ба фаъолияти экстремистию террористӣ равона гардидааст, аз тарафи намояндагони ҳамаи ҳизбҳои сиёсӣ дастгирӣ хоҳад ёфт. Иловатан бояд зикр намуд, ки чунин меъёр пурра ҷавобгӯи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Чунончӣ, мутобиқи моддаи 14-уми Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон «Маҳдуд кардани ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрванд танҳо бо мақсади таъмини ҳуқуқ ва озодии дигарон, тартиботи ҷамъиятӣ, ҳимояи сохти конститутсионӣ ва тамомияти арзии ҷумҳурӣ раво дониста мешавад».
2. Лоиҳаи қонуни мазкур минбаъд механизми шаффофи маблағгузории ҳизбҳои сиёсӣ, назорати он, пешгирии дахолати гурӯҳҳои манфиатҷӯро ба ҳаёти сиёсии давлат пешбинӣ менамояд. Яъне, сухан на дар бораи меъёри манъ намудан, балки дар бораи шаффофият, ба танзим даровардани кумакҳои моддии ба ҳизбҳои сиёсӣ расонидашаванда, муқаррар кардани талабот, тартибот ва маҳдудиятҳо вобаста ба он, сарчашмаи кумакҳо, дуруст ба роҳ мондани расмиёти баҳисобгириву назорати чунин маблағгузориҳо меравад. Муқаррар намудани чунин меъёрҳо тибқи талаботи Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид бар зидди коррупсия, ки Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон онро 16 апрели соли 2008 тасдиқ намудааст, сурат мегирад. Тибқи моддаи 7-уми он ҳар як давлати иштирокчӣ мутобиқи принсипҳои асосии қонунгузории дохилии худ бояд чунин низомҳоро барпо, дастгирӣ ва таҳким бахшад, ба таъмини шаффофият мусоидат намояд, аз он ҷумла ҳангоми маблағгузории ҳизбҳои сиёсӣ. Аз ин рӯ, мо меъёрҳои қонунгузории Ватанамонро ба талаботи санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ мутобиқ гардонида истодаем.
Зеро мутобиқи моддаи 10-уми Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон «Санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, қисми таркибии низоми ҳуқуқии ҷумҳуриро ташкил медиҳанд…».
Хеле хуб шуд, ки дар ин ҷо субъекти ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ таклифи мо — вакилонро дар бораи ба сохторҳои ҳизбҳои сиёсӣ дар вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо додани ҳуқуқи қабули кумаки моддиро дастгирӣ намуд.
3. Вобаста ба тағйиротҳо дар бораи сохторҳои маҳаллии ҳизби сиёсӣ чунин мешуморам, ки меъёри ҷоришаванда минбаъд бояд ҳамкории Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатиро бо сохторҳои ҳизби сиёсӣ дар маҳалҳо ҷонноктар намояд. Дар бисёр ҳолатҳо шоҳиди он ҳастем, ки ҳар ду тараф аз ин ҳамкорӣ норизо ҳастанд. Яке аз сабабҳояш фаъолияти сусти сохторҳои ҳизбӣ дар маҳалҳо, номунтазамии кори ин сохторҳо ба ҳисоб меравад. Аксарияти сохторҳои ҳизбҳои сиёсӣ дар маҳалҳо фақат ҳангоми маъракаҳои сиёсӣ «аз хоб» бедор мешаванд, дар боқимонда вақт бошад, аз мардум дур ҳастанд, кори доимӣ намебаранд.
Як чизи муҳимро дар ин ҷо бояд таъкид намоям. Сухан на дар бораи пешниҳоди маълумотнома оид ба фаъолияти сохторҳои ҳизбӣ, балки оид ба идомаи фаъолияти онҳо, қароргоҳ, роҳбари сохтор ва шумораи аъзои ҳизб, яъне иборат аз чор нишондиҳандае, ки қонуни мазкур пешбинӣ менамояд, меравад.
Дар лоиҳаи қонуни мазкур ҳолатҳои поймол кардани ҳуқуқу озодиҳои ҳизбҳои сиёсӣ дида намешавад.
Хоҳишмандам, ба ҷонибдории лоиҳаи қонуни мазкур овоз диҳед.
ИСМОИЛЗОДА Зуфар Муртазохон: — Ҳамчун узви фраксияи ҲХДТ дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ менамоям, зеро ҳизбҳои сиёсии кишвар, ки ҳар яке худро мардумӣ мешуморад ва ифодакунандаи мақсаду мароми аъзои худ мебошанд, набояд, ки дар амалисозии мақсадҳои оинномавию барномавӣ аз маблағҳои хориҷа ва ғайра истифода баранд.
Маблағгузорӣ ва сарфу хароҷоти ҳизбҳои сиёсии кишвар бояд шаффоф бошанд. Ин гуна муқарраротро бисёр давлатҳои дуру наздик хеле барвақт дар қонунгузории худ ворид намудаанд.
Аз фурсати муносиб истифода намуда, гуфтанӣ ҳастам, ки имрӯз вазъи сиёсии ҷомеаи ҷаҳонӣ хеле ҳассос аст. Маҳз дар ҳамин давраи мушкилу муҳим ҳар фарди худогоҳу ватандӯсти кишвари азизамонро зарур аст, ки аз ҳарвақта бештар масъулиятшинос ва дар фикри ояндаи миллат бошем. Ба хотири нигоҳ доштани неъмати бузургтарини Худованд, ки маҳз тавассути сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон насиби миллати тоҷик гардидааст, яъне сулҳу осоиш, эҳсосотро як сӯ гузорем, андеша кунем, муттаҳидтар шавем, аз як гиребон сар бароварда, кишварамонро ободу зеботар намоем.
Хоҳишмандам, ба ҷонибдории лоиҳаи қонуни мазкур овоз диҳед.
Рустам ЛАТИФЗОДА: Мехостам ҳамчун раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин ва раиси Ҳизби аграрии Тоҷикистон андешаҳои худро нисбати масъалаи баррасишаванда иброз намоям.
Тавре аз лоиҳаи қонуни мазкур бармеояд, он ба таҳкими ваколатҳо ва мушаххассозии пешбурди назорати фаъолияти ҳизбҳо аз тарафи мақомоти ваколатдор равона шудааст.
Чунин таҷриба дар ҷаҳон маъмул аст. Хусусан солҳои охир вобаста ба вазъи сиёсии ҷаҳон ва таъсири номатлуби дахолати ташкилот ва ҳизбу ҳаракатҳои сиёсӣ, ки мақсадашон экстремизм, терроризм, зӯроварӣ ва барангехтани ҳисси бадбинии нажодӣ, миллӣ дар ҷомеа мебошанд, чунин тадбирҳо, аз қабили пурзӯр кардани қонунгузорӣ дар як қатор давлатҳо, аз ҷумла Федератсияи Россия, Гурҷистон ва дигарҳо андешида шудааст.
Ҳатто дар Регламенти Парлумон ва Шӯрои Аврупо дар ин хусус омадааст: «Зарур аст, ки шаффофияти максималӣ ва назорати молиявии ҳизбҳои сиёсӣ дар сатҳи аврупоӣ бояд кафолат дода шавад».
Бо ақидаи мо, тағйиру иловаҳо ба лоиҳаи қонуни мазкур маҳз бо ҳамин мақсадҳо ва пеш аз ҳама, ба хотири таъмини амнияти миллӣ, оромию осудагии ҳаёти мардум ва пешгирӣ аз ҳар гуна дахолати номатлуб омода шудааст ва он бояд дуруст фаҳмида шавад.
Дар маҷмӯъ, лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ менамоем ва аз вакилони гиромиқадр хоҳишмандем барои қабули он овоз диҳанд.
Раиси фраксияи ҲХДТ дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Бахтовар САФАРОВ: — Лоиҳаи қонуни мазкур аз ҷониби намояндаи субъекти ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ ва вакилон муфассал таҳлил ва муаррифӣ гардид.
Фақат ҳаминро зикр карданӣ ҳастам, ки мубориза бо коррупсия вазифаи ҳар як шаҳрванд ба шумор меравад. Шустани маблағҳо ва қонунигардонии маблағҳо, ки бо роҳи ғайриқонунӣ ба даст омадаанд, қисми таркибии коррупсия ба шумор меравад. Аз ин рӯ, ҳизби сиёсӣ, ки як субъекти фаъоли фазои сиёсии кишвар ба шумор меравад, бояд намунаи мубориза бо коррупсия бошад. Чунки шаҳрвандон бояд донанд, ки кадом ҳизби сиёсӣ аз кадом ҳисоб маблағгузорӣ мешавад. Лоиҳаи қонуни мазкур ба ҳизби сиёсӣ маҳдудият намеорад. Он механизми амалигардонии назорати молиявӣ ва ҳисоботи молиявиро муқаррар менамояд. Чунки ин навъи фаъолият, дар маҷмӯъ, фаъолияти муътадили ҳизби сиёсиро таъмин менамояд.
Аз ин рӯ, лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ» боиси дастгирӣ аст. Аз вакилони гиромӣ эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки лоиҳаи қонуни мазкурро дастгирӣ намоед.
ХОЛМУҲАММАДЗОДА Азизмуҳаммад Холмуҳаммад: -Лоиҳаи қонуне, ки мо мавриди муҳокима қарор додаем, барои шаффоф гардонидани фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ ва сохторҳои маҳаллии онҳо аҳамияти калон дорад, зеро иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва ҳизбҳои сиёсӣ яке аз унсурҳои хеле фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ мебошанд. Аз ҷумла моддаи 8-уми Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд, ки фаъолияти онҳо дар асоси Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои қонунгузории мамлакат сурат гирад.
Лоиҳаи қонуни мазкур фаъолияти ҳизбҳои сиёсиро маҳдуд намегардонад.
Хоҳишмандем, ба тарафдории лоиҳаи қонуни мазкур овоз диҳед.
Лоиҳаи қонун ба овоз монда, қонун қабул шуд. Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид.
РАИС: — Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини амнияти экологии нақлиёти автомобилӣ» сухан ба муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин Сафаров Олимҷон Ҷусупович дода мешавад.
Олимҷон САФАРОВ: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ ва ҳозирини арҷманд!
Ба баррасии шумо лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини амнияти экологии нақлиёти автомобилӣ», ки бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайрулло Сафарзода ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум Саиди Ёқубзод, Олимҷон Сафаров ва Муҳамадамин Ҳисоризода пешниҳод шудааст, манзур мегардад.
Маҷмӯи воситаҳои нақлиёти автомобилӣ яке аз соҳаҳои муҳими иқтисодиёти кишвар мебошад, ки эҳтиёҷоти ҷомеа ва аҳолиро ба мусофиркашонӣ, интиқоли бор, таъмиру нигоҳдорӣ, сохтмон ва дигар намуди хизматрасонӣ қонеъ мегардонад, дар баробари ин, калонтарин ифлоскунандаи муҳити зист низ ба ҳисоб меравад.
Бо шарофати Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сол то сол сатҳи зиндагии мардум беҳтар шуда истодааст. Яке аз нишонаҳои некуаҳволии мардум зиёд гаштани миқдори воситаҳои нақлиёти автомобилии шаҳрвандон дар кишвар мебошад. Масалан, агар соли 2004 аз рӯи ҳисоботи оморӣ шумораи воситаҳои нақлиёти автомобилӣ дар мамлакат 222972 ададро ташкил дода бошад, ба 1 июни соли 2015 ин рақам зиёда аз 440 000 ададро ташкил додааст, яъне қариб ду баробар зиёд гардидааст.
Мақсади лоиҳаи қонуни мазкур танзими муносибатҳои ҷамъиятӣ вобаста ба таъмини амнияти экологии нақлиёти автомобилӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Вазифаҳои асосии лоиҳаи қонуни мазкур ба пешгирӣ, коҳиш додан, назорати маҷмӯии ифлосшавии муҳити зист ҳангоми истеҳсол, истифода ва нобудсозии нақлиёти автомобилӣ, инчунин чораҷӯӣ дар ҳолатҳои пайдошавии партовҳо, пасмондаҳо, дигар таъсироти манфие, ки дар натиҷаи истифодаи нақлиёти автомобилӣ пайдо мешаванд ва ба муҳити зисту саломатии инсон таъсири манфӣ мерасонанд, равона гардидааст.
Лоиҳаи ин қонун ба муқаррароти қонунгузории соҳаи ҳифзи муҳити зист мувофиқ буда, меъёрҳои он ба қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи муҳити зист», «Дар бораи ҳифзи ҳавои атмосфера», «Дар бораи нақлиёт», «Дар бораи роҳҳои автомобилгард ва фаъолияти роҳдорӣ», «Дар бораи таъмини амнияти санитарию эпидемиологии аҳолӣ» ва дигар қонунҳои соҳавӣ мутобиқ карда шудааст.
Лоиҳаи қонуни мазкур бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 июни соли 2014 таҳти №2483 барои хулоса ба Комиссияи экологии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, кумитаҳои Маҷлиси намояндагон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои додани хулосаи экспертизаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуда буд.
Ҳама кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (даъвати чорум), Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баррасии лоиҳаи қонуни мазкур фаъолона иштирок намуда, охири даъвати гузашта хулосаҳои худро нисбат ба он пешниҳод намуда буданд.
Оид ба лоиҳаи қонуни мазкур 93 таклифу пешниҳод ворид гардид, ки аз онҳо 87-то қабул, сето қисман қабул ва се таклифу пешниҳод қабул нашуданд.
14 майи соли ҷорӣ бо мақсади шиносоӣ, омӯзиш ва ибрози таклифҳои иловагӣ аз ҷониби вакилони тозаинтихоби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум лоиҳаи қонуни мазкур такроран ба кумитаҳои Маҷлиси намояндагон пешниҳод гардид.
Дар натиҷа, аз ҷониби кумитаҳои Маҷлиси намояндагон даъвати панҷум ба лоиҳаи қонун 65 таклифу пешниҳод ворид гашт, ки аз онҳо 50 таклифу пешниҳод қабул, нуҳ таклифу пешниҳод қисман қабул ва шаш таклифу пешниҳод қабул нагардиданд.
Комиссияи экологии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин 3 июн дар ҷаласаҳои худ ва 4 июни соли 2015 дар ҷаласаи васеи якҷоя бо иштироки намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи қонуни мазкурро мавриди муҳокима қарор доданд.
Дар натиҷа, матни лоиҳаи қонун бо дарназардошти таклифу пешниҳодҳои иловагӣ такмил дода шуда, бо ҷонибдории якдилонаи иштирокчиёни ҷаласа ба баррасии Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардид.
Ҳамчунин лоиҳаи қонуни мазкур бо дарназардошти таклифу пешниҳодҳои Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Шукурҷон Зуҳуров дар ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагон таҳрир гардида, сифатан такмил дода шуд.
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини амнияти экологии нақлиёти автомобилӣ» аз 5 бобу 24 модда иборат буда, ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ мухолифат надорад ва қабули он аз Буҷети ҷумҳурӣ маблағи иловагиро талаб намекунад.
Аъзои Комиссияи экологии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин эҳтиромона хоҳиш менамоянд, ки қабули лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намоед.
РАИС: Аз рӯи ин масъала кӣ хоҳиши сухан кардан дорад? Марҳамат.
Абдуҳалим ҒАФФОРОВ: — Имрӯзҳо масъалаи экология яке аз масоили мубрам ба шумор меравад, ки тамоми олами инсониро фаро гирифтааст. Таҳаввулоти солҳои охир, ки дар ҷаҳон рӯй додаанд, гувоҳи ин андешаҳост. Ифлос шудани муҳити зист аз нодуруст истифода бурдани нақлиёти автомобилӣ вобастагӣ дорад.
Имрӯз мавриди баррасӣ қарор додани лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини амнияти экологии нақлиёти автомобилӣ» тақозои замон буда, аҳамияти калон дорад.
Солҳои охир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон миқдори воситаҳои нақлиёт хеле афзуда, миқдори онҳо тахминан ба 440 ҳазор адад расидааст. Бештари воситаҳои нақлиёт, ки вориди ҷумҳурӣ мегарданд, солҳои зиёд истифода шуда, муҳити зистро ифлос менамоянд. Биноан, лоиҳаи қонун фаъолияти нақлиёти автомобилиро оид ба амнияти экологӣ танзим менамояд.
Аз ин рӯ, лоиҳаи қонуни мазкур қобили дастгирӣ буда, аз шумо, вакилони арҷманд, хоҳишмандем, ба тарафдории он овоз диҳед.
Гулбаҳор АШӮРОВА: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ ва ҳозирини арҷманд!
Проблемаи бехатарии экологии нақлиёти автомобилӣ қисми таркибии бехатарии экологии мамлакат ба шумор рафта, аҳамият ва шиддатнокии ин масъала сол аз сол афзуда истодааст. Имрӯзҳо дар мамлакат зиёда аз 440000 адад автомобил ба қайд гирифта шудааст.
Зикр кардан зарур аст, ки як автомобил ҳамасола аз атмосфера ба ҳисоби миёна зиёда аз 4 тонна оксигенро ҷаббида, ҳамзамон бо газҳои коркардшуда тақрибан 800 кг гази карбон, 40 кг оксиди азот ва қариб 200 кг карбогидратҳои гуногунро хориҷ мекунад.
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки бо сабаби аз ҳад зиёд ихроҷшавии моддаҳои заҳрдор аз нақлиёти автомобилӣ, давомнокии миёнаи ҳаёти сокинони шаҳр назар ба деҳот ба ҳисоби миёна 4-5 сол камтар мебошад.
Тибқи маълумоти тадқиқотии Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ яке аз сабабҳои бемориҳои дилу рагҳо, саратон, узвҳои нафаскашӣ дар шаҳрҳо ихроҷи моддаҳои заҳрноки воситаҳои нақлиёт ба ҳисоб меравад.
Аз ин нуқтаи назар, нақлиёти автомобилӣ ҳамчун сарчашмаи «заҳролудкунандаи» ҳавои атмосферӣ ба шумор меравад. То даме ки дар мавриди истифодабарии нақлиёти автомобилӣ ва нигаҳдории тавсифҳои муҳаррики он дар дараҷаи дахлдори ҳолати техникӣ беҳтар нагардад, экологияи муътадил барои мо фароҳам намеояд.
Бинобар ин, лозим аст, ки низомҳои нави танзими ҳаракати нақлиёт ба роҳ монда шавад, ки ин имконияти бандшавии ҳаракати нақлиётро кам менамояд, чунки бозист ва аз нав суръат гирифтани автомобил назар ба ҳаракати он якчанд маротиба моддаҳои зарарнокро зиёдтар хориҷ мекунад. Аз ин лиҳоз, мувофиқи мақсад аст, ки кӯчаҳои байни гузаргоҳҳои роҳҳо ва хонаҳои истиқоматӣ васеъ шуда, дар шаҳр шоҳроҳҳои иловагӣ сохта шаванд.
Боварӣ дорам, ки дар сурати қабул ва амалӣ гардидани лоиҳаи қонуни мазкур талаботи экологию санитарӣ ва беҳдошт дар сатҳи баланд қарор гирифта, таъсири манфии партовҳои нақлиёти автомобилӣ ва дигар таъсири номатлуби соҳа ба муҳити зист ва солимии аҳолӣ паст мегардад.
Бо дарназардошти ин, эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки лоиҳаи қонуни мазкурро дастгирӣ намоед.
Хайрулло АСОЗОДА: -Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд!
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини амнияти экологии нақлиёти автомобилӣ» соли 2014 баррасӣ гардида, ҷиҳати таъмини маҷмӯи меъёрҳои нигоҳ доштани муҳити зист ҳангоми истифодаи нақлиёти автомобилӣ равона шудааст. Яке аз масъалаҳои мубрами рӯз дар ҷумҳурӣ андешидани чораҳо ҷиҳати таъмини амнияти инсон ва ҷомеа аз таъсири ифлосшавии муҳити зист ба ҳисоб меравад. Мусаллам аст, ки рушди кишвар бе инкишофи соҳаҳои муҳими иқтисодиёти кишвар, аз ҷумла нақлиёти автомобилӣ ғайриимкон аст.
Тибқи моддаи 3 — юми лоиҳаи қонуни мазкур яке аз вазифаҳои қонун ташкили инфрасохтори истифодабарии нақлиёт ба ҳисоб рафта, он масъалаҳои пешгирӣ, коҳиш додан, назорати маҷмуии ифлосшавии муҳити зист ҳангоми истеҳсол, истифода ва нобудсозии нақлиёти автомобилиро муайян намудааст. Тибқи моддаи 12 -уми лоиҳаи қонуни мазкур андешидани чораҳо вобаста ба коҳиш додани таъсири нақлиёти автомобилӣ ба вазъи экологӣ пешниҳод шудааст, ки ҷорӣ намудани онҳо барои баланд бардоштани сатҳу сифати нақлиёти ба ҷумҳурӣ воридшаванда, дар истифодабарӣ қарордошта равона гардида, барои мустаҳкам намудани инфрасохтори нақлиёти автомобилӣ дар ҷумҳурӣ мусоидат менамояд.
Лоиҳаи қонуни мазкур дар Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия баррасӣ гардида, қобили қабул дониста шуд.
Аз шумо, вакилони муҳтарам хоҳиш дорем, ки лоиҳаи қонунро дастгирӣ намоед.
Сардори Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидзода Маҳмадсаид Борон: — Қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини амнияти экологии нақлиёти автомобилӣ» ҷиҳати беҳтар гаштани вазъ ва амнияти экологӣ мусоидат хоҳад намуд, зеро ба он дигар воситаҳои нақлиёт, аз ҷумла заминӣ, зеризаминӣ, ҳавоӣ низ дохил мешаванд. Ҳамаи онҳо моддаҳои заҳрнок ихроҷ менамоянд.
Бо қабул ва мавриди амал қарор додани қонуни мазкур бисёр масъалаҳо вобаста ба таъмини амнияти экологӣ ҳалли худро пайдо мекунанд.
Лоиҳаи қонун модда ба модда ва боб ба боб ба овоз монда, қонун яклухт қабул шуд. Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид.
РАИС: — Оид ба пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқаррар кардани рутбаҳои дипломатӣ» сухан ба раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Олим Салимзода дода мешавад.
Олим САЛИМЗОДА: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!
Пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи муқаррар кардани рутбаҳои дипломатӣ» барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фиристода шуда буд.
Мутобиқи он ба кормандони хизмати дипломатӣ ва воҳидҳои сохтории дахлдори Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки масъалаҳои робитаҳои байналмилалиро пеш мебаранд, рутбаҳои дипломатӣ дода мешавад.
9 июни соли 2015 пешниҳоди мазкур дар ҷаласаи васеи кумита бо иштироки намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мушовири калони бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Тибқи талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати дипломатӣ» номи лоиҳаи қарор тағйир дода шуда, рақамҳои арабӣ дар матни лоиҳа ба римӣ иваз карда шуданд.
Лоиҳаи қарори мазкур ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надорад.
Ҳамаи кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқаррар кардани рутбаҳои дипломатӣ»-ро дастгирӣ намуданд.
Эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки барои тасдиқи лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқаррар кардани рутбаҳои дипломатӣ» овоз диҳед.
Аз рӯи ин масъала Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид.
Ҷаласаро Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ҷамъбаст намуд.
Ҷумъахон НАБОТОВ, Аъзам МӮСОЕВ, «Садои мардум».
Суратгир Аҳлиддин ИСОЕВ