Нуҳуми июни соли равон бо ташаббуси Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иштироки кормандони масъули он бахшида ба 15-солагии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҳамоиш баргузор гардид.
Дар ибтидо раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳури Тоҷикистон оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ Файзалӣ Идизода баромад карда, аз таърихи қабули қонун ва мақсади он маълумот дод. Аз ҷумла гуфт, ки барои ба низом даровардани расму оин ва гирифтани пеши роҳи хурофотпарастӣ соли 2007 зарурати қабули санади меъёрии ҳуқуқии танзимкунанда ба миён омада, пас аз омӯзиши дархосту пешниҳоди зиёди олимону фаъолони ҷомеа 8 июни соли 2007 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул карда шуд.
- Яке аз меъёрҳои қонуни мазкур мавҷуд набудани истисно ба вазъи молу мулк ё мансаби ишғолнамудаи хизматчиёни давлатӣ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ (ё фарзандони онҳо) буда, барои вайрон кардани он аз мансаб озод намудан пешбинӣ шудааст, — таъкид кард Файзалӣ Идизода ва афзуд: — Бо дарназардошти ин, ба қонунҳои дигари соҳавӣ, аз қабили Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» (моддаи 2), Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон» (моддаи 16), Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» (моддаи 18), Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» (моддаи 16) тағйирот ворид карда шуда, вайрон намудани банди мазкур ҳамчун асос барои аз вазифа озод гардидани хизматчиёни давлатӣ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ мегардад.
Дар фарҷом раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ ба саволҳои ҳозирин посух гуфт.
Муҳаммадато СУЛТОНОВ,
мудири шуъбаи матбуоти Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон