28-уми ноябри соли 2022 ҷиҳати ирсоли лоиҳаи ниҳоии Кодекси иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба парлумон бо иштироки вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони мақомоти давлатӣ, созмонҳои байналмилалӣ ва ҷамъиятӣ, воситаҳои ахбори омма суҳбати мизи мудаввар доир гардид.
Раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Саидмурод Фаттоҳзода иброз дошт, ки ба хотири татбиқи «Консепсияи сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018 — 2028», ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6-уми феврали соли 2018 тасдиқ шудааст, Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот дар ҳамкорӣ бо шарикон гурӯҳи корӣ оид ба таҳияи лоиҳаи Кодекси иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таъсис дод, ки мақсади асосии он бартараф кардани номутобиқатӣ ва коҳиш додани шумораи санадҳои меъёрии ҳуқуқии ба ҳам монанд мебошад.
Зикр шуд, ки дар шароити аз меъёр зиёд шудани қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии зерқонунӣ барои танзими муносибатҳои ҷамъиятӣ дар баъзе аз соҳаҳо, бахусус дар соҳаи иттилоот, кодификатсия хеле муҳим мебошад.
- То ҳол вобаста ба соҳаи иттилоот дар ҷумҳурӣ даҳ қонун, як консепсия ва як стратегияи давлатӣ қабул шудааст, ки моҳияти умумии онҳо тавсеа ва рушди соҳа, таъмини дастрасии бештари шаҳрвандон ба иттилоот мебошад, — иброз дошт Саидмурод Фаттоҳзода ва афзуд: — Вале на ҳамаи ҳуҷҷатҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунандаи соҳавӣ имкони ба таври системавӣ ба танзим даровардану идора кардани муносибатҳои иттилоотиро доранд. Меъёрҳои амалкунандаи баъзе аз ин қонунҳо хилофи ҳамдигаранду якдигарро такрор мекунанд. Бинобар ин, дар доираи кодекс муттаҳид кардани баъзе аз онҳо метавонад чунин заминаи пайдо шудани зиддиятҳоро аз байн барад ва истифодаи амалии онҳоро муносибтар созад.
Дар асоси татбиқи «Консепсияи сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018 — 2028» ва амалисозии Кодекси иттилоотии намунавии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил гурӯҳи корӣ лоиҳаи Кодекси иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҳия намуд, ки он аз 9 боб ва 100 модда иборат мебошад. Кодекси мазкур асосҳои ҳуқуқии фаъолияти иттилоотӣ, таъмини амнияти иттилоотӣ ва принсипҳои соҳаи иттилоотиро муқаррар намуда, муносибатҳои иттилоотиро ба танзим медарорад ва вазъи ҳуқуқии иштирокчиёни муносибатҳои иттилоотиро муайян месозад.
Муҳаммадато Султонов,
мудири шуъбаи матбуоти Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон