Чанде пеш дар шаҳри Анталияи Ҷумҳурии Туркия таҳти унвони «Ҳамкории иқтисодӣ, ҳифзи муҳити зист ва рушди устувор дар АвруОсиё» машварати сеюми сарони парламентҳои кишварҳои АвруОсиё доир гардид. Баъди ширкат дар он, муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Акрамшо Фелалиев таассуроташро ба хабарнигори мо чунин баён дошт:
- Дар ҳамоиш намояндагон беш аз 40 давлати дунё — раисон, муовинони раисони парламентҳои кишварҳои гуногун, намояндагони созмонҳо ва ташкилотҳои байналмилалӣ иштирок намуданд. Дар ду машварати пештара ширкаткунандагон мутаносибан аз 19 ва 28 давлат иштирок доштанд. Ин далели муҳим будани чорабинии мазкур ва нақши он дар рушди ҳамкории иқтисодӣ миёни давлатҳои ҳампаймон, ҳифзи муҳити зист, расидан ба ҳадафҳои рушди устувор, ҳамзамон, ҳалли проблемаҳои мубориза бар зидди терроризм, экстремизм ва дигар зуҳуроти номатлуб мебошад.
Зимни суханронӣ дар яке аз ҷаласаҳои ҳамоиш ман таъкид доштам, ки Тоҷикистон таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сиёсати «дарҳои кушода»- ро дастгирӣ карда, ҳамеша омодаи ҳамкорӣ бо дигар давлатҳост. Аҳли нишаст ба масъалаҳои шароити сармоягузорӣ дар Тоҷикистон, ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои сармоягузорон, захираю имкониятҳои рушди кишвар, аз ҷумла, дар соҳаи гидроэнергетика, таваҷҷуҳ зоҳир намуданд.
Дар машварат узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Рустам Қудратов низ ширкат дошт ва дар баррасии масъалаҳо фаъол буд.
Дар ҷамъбаст оид ба гузаронидани машварати навбатӣ дар Ҷумҳурии Қазоқистон қарор қабул гардид.
Б. КАРИМЗОДА, «Садои мардум»