Анҷумани саодат ва 30 соли созандагӣ

№139-142 (4559-4562) 14.11.2022

31Соли 1992 дар мамлакат бесарусомонӣ ҳукмрон буд. Минтақаҳои ҷануб ва пойтахти мамлакат аслан дар дасти гурӯҳҳои ғоратгари мусаллаҳ қарор дош­танд. Мардуми бе сарпаноҳ аз хавфу хатари гурӯҳҳои мансаб­талош маҷбур шуд, ки манзилро тарк карда, ба давлатҳои ҳамсоя паноҳ барад. Ҷанги бемаънии шаҳрвандӣ Тоҷикис­тонро ба мамлакати доғ табдил дод. Ҳама ҷо вайрону валангор, мардум сарсону саргардон буд. Дар чунин вазъияти ногувор фарзанди вафодори халқ муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон ҳамчун наҷотдиҳандаи миллат ва давлат ба майдони сиёсат ворид шуданд. Маҳз дар ҳамон рӯзҳои душвори тирамоҳи соли 1992 бо интихоб шудани сиёсатмадори ҷавон Эмомалӣ Раҳмон ба мақоми Раиси Шӯрои Олӣ вазъият тад­риҷан рӯ ба беҳбудӣ овард.

Аввалин суханронии пурмуҳтавои Пешвои миллат ба ҳайси Раиси Шӯрои Олӣ дар Иҷлосияи таърихии ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ифтихори баланди садоқату ватандӯстӣ аз қалб садо дода, дар дили мардуми азияткашида шуълаи умеду бовариро фурӯзон намуд. Аз оғози фаъолият баҳри ба даст овардани ваҳдати миллӣ, сулҳу суботи комил ва расидан ба рӯзҳои босаодат ҷаҳду талош ва мушкилиҳои зиёдро паси сар намуданд, ки ҳар яки он дар саҳифаҳои таърихи Ватани азизу соҳиб­истиқлоламон сабт шудаанд.

Ҷаҳду талошҳои нотакрори Пешвои миллат тӯли ин солҳо баҳри ҳифзи истиқлолу озодӣ, сулҳу оромӣ, ваҳдати миллӣ, пешрафту ободӣ ва муаррифии кишвар дар арсаи ҷаҳонӣ буд, ки имрӯз Тоҷикистонро ҳамчун кишвари соҳибистиқлол, фарҳангиву соҳибтамаддун, рушдёбанда ва бехатар мешиносанд.

Дар ин рӯзҳои хотирмон варақгардон кардани дастоварду муваффақиятҳои ҳар соли Истиқлолияти давлатӣ, ки он ба даҳсолаҳо баробар буда, мардум бо ифтихору саодатмандӣ дар атрофи Пешвои миллат сарҷамъу муттаҳид рӯ ба созандагӣ ва бунёдкорӣ овардаанд, барои боз ҳам баланд бардоштани ҳисси худшиносиву худогоҳӣ ва ватандӯстиву ватанпарварии насли ҷавону ояндасози давлату миллат амри воқеист.

Бахусус, дар ин давр сокинони вилояти Суғд зафармандона меҳнат карда, дар ҳама соҳаи хоҷагӣ ба дастовардҳои арзанда ноил гардиданд. Танҳо дар давоми панҷ-шаш соли охир Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо ба вилояти Суғд сафари корӣ анҷом дода, барои ноил шудан ба комёбиҳои нав ба нав ба халқи заҳматкаш рӯҳу илҳоми тоза бахшиданд ва садҳо иншооти таъиноти истеҳсолӣ, маорифу тиб, фарҳангу варзиш, хизмат­расонию маиширо ифтитоҳ намуданд.

Сокинони вилоят бо шукргузорӣ аз фазои сулҳу суботи комил ва ваҳдату оромӣ дар партави дастуру раҳнамоиҳои Президенти мамлакат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон имсол 30-солагии Иҷлосияи таърихии ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба арсаи бузурги дастовардҳои меҳнатӣ табдил доданд.

Дар Паёми навбатиашон Пешвои миллат солҳои 2022-2026-ро «Солҳои рушди саноат» эълон карданд. Ин ташаббуси ватанпарваронаи Сарвари давлат дар ­назди аҳли меҳнати вилояти Суғд, ки яке аз калонтарин минтақаҳои саноатии мамлакат мебошад, вазифаҳои бузургро гузошт.

Соли равон ба ифтихори ҷашни Истиқлолияти давлатӣ ва 30-юмин солгарди ­Иҷлосияи сарнавиштсоз силсилаи нақшаҳои бунёдӣ ба анҷом расида, корхонаи маъдантозакунии Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «ТАЛКО Голд» дар ноҳияи Айнӣ, корхонаи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Органик-Ян – 2», Коргоҳи истеҳсоли масолеҳи сохтмонии ҶДММ «Хишти аълосифат» дар ноҳияи Ҷаббор Расулов, Корхонаи парандапарварӣ ва истеҳсоли тухми ҶДММ «Амина-К», коркарди санги хоро ва мармари ҶДММ «Хорои Суғд», коргоҳи истеҳсоли хӯроки омехтаи паранда ва чорвои ҶДММ «Амина К», корхонаи истеҳсоли халтаҳои полипропиленӣ ва полиэтилении ҶДММ «Ориён Пак» дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, коргоҳи истеҳсолии «Хуҷанд-Могилёвлифтмаш» дар шаҳри Хуҷанд, коргоҳи пойафзолбарории ҶДММ «Базеб», коргоҳи қаннодии ҶДММ «Баракат-Исфара» дар шаҳри Исфара, корхонаи истеҳсолии коғазҳои рангаи ҶДММ «Дурахшон Бӯстон», коргоҳи дӯзандагӣ ва қолинбофии Корхонаи воҳиди давлатии «Фулузоти нодири Тоҷикистон» дар шаҳри Бӯстон, Корхонаи бисёрсоҳавии саноатии ҶДММ «Шарафи рӯз», корхонаи нассоҷӣ ва дӯзандагии ҶДММ «Нури Истаравшан» дар шаҳри Истаравшан, Коргоҳи коркарди меваи хушки ҶСК «Конибодом», фабрикаи парандапарварии ҶДММ «Конибодом паранда» дар шаҳри Конибодом, майдони Парчами давлатӣ ва Нишони давлатӣ дар шаҳрҳои Панҷакент ва Исфара, бо мақсади дастгирии мутахассисони соҳаҳои гуногун бинои 9-ошёнаи истиқоматӣ дар шаҳри Хуҷанд ва даҳҳо муассисаи таълимиву томактабӣ, фарҳангиву тандурустиву варзишӣ, марказҳои хизматрасонӣ бо иштироки бевоситаи Пешвои миллат мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта, садҳо ҷои нави кор таъсис ёфт.

Маорифу тандурустӣ, маънавиёту фарҳанг дар солҳои соҳибистиқлолӣ чун самтҳои калидиву афзалиятнок ва ҳаётан муҳими сиёсати иҷтимоӣ эълон гардида, Ҳукумати мамлакат бо мақсади таъмини рушди босуботи ин соҳаҳо тадбирҳои зарурӣ меандешад.

Ҳоло мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят барои ободонии Муассисаи таърихиву бостонии «Қалъаи Хуҷанд» чора андешида, дар даромадгоҳи асосии Қасри таърихии Арбоб сохтмони Боғи фароғатию фарҳангиро ба роҳ мондааст, ки дар рӯзҳои ҷашни 30 — солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои истироҳату фароғати сокинону меҳмонон мавриди истифода қарор дода мешавад.

Бовар дорам, ки сокинони соҳибмаърифату соҳибтамаддуни вилоят барои таҳкими дастовардҳои даврони истиқлолияти давлатӣ минбаъд низ саъю талош намуда, дар раванди бунёдкориву созандагӣ, пешрафт ва ободии Ватани маҳбубамон саҳми шоиста мегузоранд, зеро марҳилаи нави тараққиёти давлати ҷавони тоҷикон водор менамояд, ки барои расидан ба ҳадафҳои бузурги стратегӣ аҳлона амал намоем ва мамлакатамонро ба кишвари шукуфон табдил диҳем.

Раҷаббой АҲМАДЗОДА,

раиси вилояти Суғд,

 муовини якуми Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон