Зан яке аз иштирокчиёни асосии муносибатҳои ҷамъиятии замони муосир ба ҳисоб рафта, пешрафти аксари ҷанбаҳои ҳаёт бе иштироки онҳо ғайриимкон мебошад.
Бо ибтикори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ҳамқадами ҷомеаи ҷаҳонӣ будан ва ҳимояи ҳуқуқҳои инсон, махсусан занон, якчанд иқдом амалӣ шуд. Ҷумҳурии Тоҷикистон «Паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои маданӣ ва сиёсӣ» аз 16-уми декабри соли 1966, «Паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ» аз 16-уми декабри соли 1966, «Конвенсияи СММ «Дар бораи барҳам додани ҳама гуна шаклҳои табъиз нисбат ба занон» аз 18-уми декабри соли 1979-ро ба тасвиб расонид. Дар санадҳои ҳуқуқии байналмилалии мазкур барои занон меъёрҳои мушаххас муқаррар гардидаанд.
Албатта, Конститутсия наметавонад тамоми муносибати ҷамъиятиро пурра ба танзим дарорад ва барои пурра танзим гардидани муносибат дар самти ҳуқуқи занон зарурияти қабули санадҳои меъёрии дигар ба вуҷуд омад.
Бо мақсади тарбияи занон дар соҳаи хизмати давлатӣ ва баланд бардоштани мавқеи онҳо дар ҷомеа 3-юми декабри соли 1999 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа» ба тасвиб расид. Дар фармони мазкур Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, масъалагузорӣ намуданд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти ҳокимият ва идораи давлатӣ занонро бо назардошти салоҳиятнокӣ ва сифатҳои касбию кордониашон ба ҳайати роҳбарикунандаи вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ, идораҳо, корхонаҳо, ташкилоту муассисаҳои давлатӣ, мақомоти ҳокимияти иҷроияи маҳаллӣ, ҷамоат, мақомоти прокуратура ва суд, таълимгоҳҳои олӣ ва дигар муассисаҳои соҳаи маориф таъин намоянд.
Дар фармони мазкур Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон супориш доданд, ки то 1-уми марти соли 2000 аз ҳисоби занони ботаҷрибаву лаёқатманд ва соҳибихтисосу салоҳиятнок дар вазифаи яке аз муовинони роҳбари: а) вазоратҳо (ба истиснои сохторҳои қудратӣ), кумитаҳои давлатӣ, кумитаҳо ва саридораю агентиҳои назди Ҳукумати ҷумҳурӣ, идора ва муассисаҳо, ассотсиатсия ва ширкатҳо, консерну корпоратсияҳо, иттиҳодияҳо ва ташкилоту корхонаҳои давлатӣ; б) вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва шаҳраку ҷамоатҳо; в) таълимгоҳҳои олӣ ва миёнаи махсус, дигар муассисаҳои маориф, маданият ва нигаҳдории тандурустӣ таъин шаванд.
Ибтикори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ба таҳсил ҷалб намудани занону духтарон, ҷалби онҳо ба кор дар корхонаву муассисаҳо, ҳамзамон боиси сарчашмаи даромад гардидани онҳо аз ҷониби аҳли ҷомеа хуб дастгирӣ ёфт. Ба туфайли соҳибмаълумот ва соҳибтахассус шудани занон онҳо соҳиби даромади шахсӣ шуда, мақомашон дар ҷомеа рӯз ба рӯз баланд рафт. Ин ҳолат ба раванди аз таъсири хурофот баромадани духтарон, махсусан дар ноҳияҳои дурдасти кӯҳистон, таъсири мусбат расонид.
Ҷиҳати танзими муносибатҳо дар самти хизмати давлатӣ 13-уми ноябри соли 1998 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» қабул гардид. Қонуни мазкур баъдан, 5-уми марти соли 2007 дар таҳрири нав қабул гардида, дар он меъёр оид ба синни ниҳоии дар хизмати давлатӣ будан барои занон то 58-солагӣ ва барои мардон то 63-солагӣ муқаррар гардид. Ба ғайр аз ин дар моддаи 35 қисми 2 қонуни мазкур қайд карда мешавад, ки дар сурати доштани собиқаи умумии меҳнатӣ (25 сол барои мардҳо, 20 сол барои занҳо) ва на камтар аз 10 сол cобиқаи хизмати давлатӣ, ҳуқуқ дода мешавад, ки ду сол пеш аз муҳлати муқарраркардаи қонунгузорӣ ба нафақа барояд. Яъне, қонуни мазкур ба занҳо зимни фаъолият дар хизмати давлатӣ имтиёз муқаррар намуд.
Дар баробари қабул ва мавриди амал қарор гирифтани стратегияву барномаҳои гуногун барои марҳилаҳои муайян, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, «Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2007-2016» ва солҳои 2017-2022 қабул ва татбиқ гардида, барои интихобу ҷобаҷогузорӣ кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занон мусоидат намуд.
Дар заминаи қабули санадҳои меъёрии танзимкунандаи масъалаҳои марбут ба занон аз ҷониби Ҳукумати мамлакат механизмҳои гуногуни тарбияи занон ҳамчун хизматчии давлатӣ ва ҳамчун мутахассиси комил таъсис дода шуданд. Яке аз механизмҳои тарбияи кадрҳои хизмати давлатӣ — Муассисаи давлатии «Маркази таълимии занон «Сарвар»-и назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Муассисаи мазкур бо дастгирии шарикони рушд соли 1998 таъсис ёфта, мақсади асосии он ба духтарони тибқи Квотаи президентӣ ба муассисаҳои таҳсилоти олӣ дохилгардида ва болаёқати мамлакат тадрис намудани маҳорату малакаи роҳбарӣ, ташаккули ҷаҳонбинӣ, тафаккури илмӣ ва ташкилотчигии онҳо мебошад.
Механизми дигари тарбияи духтарон ҳамчун хизматчиёни ояндаи давлатӣ бо дастгирии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис додани Маркази таълимии «Чароғи ҳидоят» барои ятимону бепарасторон мебошад, ки имрӯз дар он ҷо зиёда аз 100 духтар иқомат, таҳсил ва барои дар оянда ба хизмати давлатӣ ҷалб намудан омода карда мешаванд.
Ба ғайр аз ин, Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишкадаи такмили ихтисоси Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маорифи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишкадаи омӯзиши масъалаҳои қонуният, тартиботи ҳуқуқӣ, ҷинояткорӣ ва такмили ихтисоси кормандони мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маркази таълимии судяҳои назди Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тарбияи занон ҳамчун мутахассис ва хизматчии давлатӣ нақши бориз доранд.
Натиҷаи чорабиниҳои андешидашудаи Ҳукумати мамлакат аст, ки мақом ва нақши зан дар ҷомеа баланд гардида, ҳамчунин ҷалби онҳо ба хизмати давлатӣ сол ба сол зиёд шуда истодааст.
Тибқи маълумоти оморӣ, соли 1991 дар соҳаи маорифи кишвар аз 95 ҳазор корманд ҳамагӣ 52 фоизро занону духтарон ташкил медоданд. Соли 2018 ин нишондиҳанда ба 70 фоиз расид. Дар соҳаи тандурустӣ соли 1998 аз 45 ҳазор корманд 25 ҳазор нафари онҳо занону духтарон буданд. Ин нишондиҳанда дар соли 2018 аз шумораи умумии кормандони соҳа, ки 80 ҳазор нафарро ташкил мекунанд, ба 51 ҳазор нафар расид. То моҳи декабри соли 2022 бонувону занон дар соҳаи маориф 73 фоиз, тандурустӣ — 71, фарҳанг — 47, бонкдорӣ — 39, алоқа — 25, аз ҷумла дар соҳаи хизматрасонии иттилоотӣ қариб 40 фоиз мебошанд. Масалан, агар соли 1995 дар мақомоти марказӣ 123 нафар занон дар вазифаи роҳбарӣ фаъолият дошта бошанд, соли 1998 ин шумора ба 213 нафар расид.
Тибқи маълумоти Кумитаи занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, то 1-уми январи соли 2023 аз 18 549 хизматчии давлатӣ, 4 503 нафар (24,2%)-ро занон ташкил медиҳад, ки аз ин шумора 1 115 (19,0%) кадрҳои роҳбарикунанда мебошанд. Аз 11 870 хизматчии давлатии мақомоти марказии ҳокимияти давлатӣ ва сохторҳои он 2 858 (24,0 %)-ро занон ва аз ин шумора 543 (16,6%) кадрҳои роҳбарикунанда мебошанд. Дар мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ аз 3 563 хизматчии давлатӣ 1 039 (29,1%)-ро занон ташкил медиҳанд, ки аз ин шумора 316 (21,8 %) кадрҳои роҳбарикунанда мебошанд. Дар мақомоти худидораи шаҳрак ва деҳот аз 3 116 хизматчии давлатӣ 606 (19,4%)-ро занон ташкил дода, аз ин шумора 256 (22,6%)-ро кадрҳои роҳбарикунанда ташкил медиҳанд.
Занон дар фаъолияти Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон нақши бузургро бозида истодаанд. Дар мақомоти олии намояндагӣ ва қонунгузори мамлакат — Маҷлиси Олӣ, даъвати якум (солҳои 1995 — 2000) 5 зан, дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати дувум (солҳои 2000-2005) 10 зан, даъвати сеюм (солҳои 2005- 2010) 11 нафар, даъвати чорум (солҳои 2010- 2015) 10 нафар, даъвати панҷум (солҳои 2015 — 2020) 11 кас, даъвати шашум (солҳои 2020-2025) 15 зан вакил интихоб шудаанд.
Иштироки занон на танҳо дар самти хизмати давлатӣ, балки дар соҳаҳое, ки на ҳар мард ба онҳо роҳ меёбанд, баланд шуд. Иштироки занони тоҷик дар паради низомӣ ба муносибати 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, фаъолияти онҳо дар вазорату идораҳои қудратӣ, иштироки фаъоли занон дар намудҳои гуногуни варзиш, аз қабили бокс, футбол, камонварӣ, тирпаронӣ собит сохт, ки занон низ дар баробари, мардон дар пешрафти мамлакат ва ҳифзи музаффариятҳои истиқлолияти давлатӣ саҳми асосӣ доранд.
Идизода Файзалӣ Фузайлшо,
раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сохтори давлатӣ ва
худидоракунии маҳаллӣ