Андар баёни тарбия, маърифат ва дониши экологӣ

№59 (4479) 17.05.2022

DSC_4605Ҳаёти инсон бо табиат тавъам аст. Дар аввал муносибати инсон бо табиат хусусияти истеъмолӣ дошт, алҳол давраи гузариш ба фарҳанги экологӣ фаро расидааст. Ҳифзи табиат ҳифзи ҳаёти ояндаи насли инсон ва организмҳои зиндаи сайёра мебошад. Бинобар ин, охири асри ХХ ва оғози асри ХХI давраи хеле мураккаби ташаккули муносибат ба табиатро дар бар мегирад ва фарҳанги экологии фарди алоҳида ва ҷомеа муҳимияти хосаро касб менамояд.

Ҳоло дар дунё ба ҳифзи муҳити зист, махсусан баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ, таваҷҷуҳи зиёд зоҳир мегардад, чунки аз он некуаҳволӣ ва саломатии одамон вобаста аст. Замони соҳиб­истиқлолии кишвар якчанд санади меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ қабул ва мавриди амал қарор дода шуданд, ки барои таъмини амнияти экологӣ ва шароити мусоиди зиндагии мардум заминаи боэътимод фароҳам оварданд.

Яке аз онҳо «Барномаи давлатии комплекси рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» мебошад. Ҳадафи он ташаккули ҷаҳонбинӣ ва беҳтар намудани ҳолати муҳити зист маҳсуб меёбад.

Бояд қайд кард, ки дар баланд бардоштани маърифти экологии ҷавонон дар мактабҳои миёна ва олӣ омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ, география, биология, химия, физика, тиб, нуҷум, мудофиаи гражданӣ ва ҳолатҳои фавқулода аҳамияти калон доранд.

Бесабаб нест, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олии мамлакат аз 26 декабри соли 2019 пешниҳод намуданд, ки ба хотири боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, инчунин, барои тавсеаи тафаккури техникии насли нав­рас солҳои 2020-2040 «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» эълон шавад.

Ҷавононро бояд чунон тарбия намуд, ки вобастагии инсону ҷамъият ва табиатро дарк ва нисбат ба ҳолату вазъи муҳити атроф масъулият ҳис кунанд. Тарбияи экологӣ он вақт ба ҳадаф мерасад, ки бефосила бошад. Яъне, аз синни томактабӣ шурӯъ шуда, бемайлон давом кунад.

Бо мақсади мусоидат ба ҳалли масъалаҳои экологӣ, ки аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат аз 21 декабри соли 2021 бармеоянд, Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озмунҳои ҷумҳуриявии матолиби беҳтарин дар мавзӯъҳои «Маърифати экологӣ» ва «Мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим» — ро эълон намудааст. Хурсандиовар аст, ки олимону мутахассисон, донишҷӯёну хонандагони муассисаҳои таълимӣ ва томактабӣ дар ҳамкорӣ бо Комиссияи экологии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъоланд.

Ибтикори дигар дар ин самт қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маърифати экологии аҳолӣ» мебошад, ки принсипҳои ҳуқуқӣ, ташкилӣ, молиявӣ ва иқтисодии сиёсати давлатиро дар ин самт ба танзим медарорад.

Мақсади қонун фаро гирифтани аҳли ҷомеа  бо донишҳои умумии экологӣ ва мусоидат ба ташаккули тарбия  ва фарҳанги экологӣ бошад.

Мутаассифона, на ҳама оид ба ба маърифати экологӣ, фарҳанги экологӣ, дониши экологӣ маълумот доранд?

Маърифати экологии аҳолӣ зинаҳои гуногунро дар бар мегирад. Он аз тарбияи экологии томактабӣ оғоз гардида, табақаҳои васеи аҳолиро дар бар мегирад. Кӯдаке, ки бо дастон гул парвариш кардааст, ҳеҷ гоҳ гули кӯчаву хиёбонҳоро намеканад. Исбот шудааст, ки тарбияи экологии кӯдак аз давраи аввали инкишоф боиси рушди зебоипарастӣ ва қадр­донии заҳмати дигар фард мешавад;

- фарҳанги экологӣ -­ қисми таркибии фарҳанги умумибашарӣ ва миллиест, ки маҷмӯи муносибатҳои иҷтимоӣ, арзишҳои ахлоқӣ, меъёр ва усулҳои таъсири мутақобилаи ҷамъиятро бо муҳити зист дар бар мегирад ва барои ташаккулёбии дониш ва маърифати экологӣ дар шуур ва ахлоқи одамон, ки ба ҳаёти солим, болоравии маънавиёти ҷамъият, рушди устувори иҷтимоию иқтисодӣ, бехатарии экологии кишвар ва  фарди алоҳида,  мусоидат менамояд;

- дониши экологӣ - бахши маърифати ҷамъиятиест, ки ба истифодаи бошууронаи табиат ва таъмини муҳити зисти бехатар барои инсон равона шудааст;

 Ҳоло пойтахти азизамон бо роҳбарии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ сабзу хурраму гулпӯш аст. Ташкили доимии шанбегиҳо, шинондани дарахтон ва гулҳои рангоранг шаҳодат аз ривоҷ ёфтани маърифати экологӣ дар шуури мардум мебошад. Бо шарофати истиқлолияти давлатӣ бунёди боғу гулгаштҳо дар пойтахт ва шаҳру навоҳии кишвар вусъати тоза гирифта, ба макони омӯзиш ва баланд бардоштани маърифати экологӣ табдил ёфтаанд. Моро мебояд ба талошу заҳмати раиси ҷавону зебоипарасти пойтахт арҷгузорӣ ва ҳамовозӣ намоем. Ин қарзи виҷдон ва рисолати инсонӣ маҳсуб мешавад.

Ғайрат АЗИЗЗОДА,

вакили Маҷлиси намояндагони  Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон