Андешаҳои пурҳикмат ва дастури саривақтӣ

№94 (4834) 29.07.2024

53576887855_9fa5c5d713_bАсосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 28-уми декабри соли 2023 дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид намуданд: «Амалӣ намудани меъёрҳои Конститутсия ба мо имкон дод, ки пояҳои устувори давлат ва ҷомеаро созмон дода, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиро таҳким бахшем, рушди устувори иқтисодии кишварамонро таъмин намоем, барои ҳар як шаҳрванди мамлакат зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро муҳайё созем» ва Сарвари давлат пешниҳод карданд, ки соли 2024 ба ифтихори 30-солагии қабули Конститутсия «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон карда шавад.

Дарвоқеъ, маърифати ҳуқуқӣ имкон медиҳад, ки ҳар фард ҳуқуқҳои худро донад, қонунҳоро риоя намояд ва донишу малакаашро такомул диҳад. Дар ин ҷода мақом ва мароми санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки дар онҳо худшиносии миллӣ меҳвар аст, хеле муҳим мебошад. Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 апрели соли 1997, № 691, «Дар бораи сиёсати ҳуқуқӣ ва ҳуқуқи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон», Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 августи соли 1997, № 383, «Дар бораи баъзе чораҳои тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон ва кори ҳуқуқӣ дар ҷумҳурӣ» ба ин раванд таҳрик бахшиданд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба масъалаҳои ифротгароӣ ва терроризм чунин гуфтанд: «Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявию иҷтимоӣ, узви ҷомеаи ҷаҳонӣ буда, дар ҷараёни таҳаввулоти босуръати ҷаҳонишавӣ, муносибатҳои иқтисодию иҷтимоӣ ва рушди соҳаҳои гуногуни ҳаёт қарор дорад.

Имрӯз дар як қатор кишварҳо ҷангҳои харобиовар идома дошта, боиси афзоиши фирориёни иҷборӣ, бекорӣ, гуруснагӣ ва шиддат гирифтани проб­лемаҳои дигари иҷтимоӣ гардидаанд. Терроризм ва ифротгароӣ беш аз ҳарвақта авҷ гирифта, бо оқибатҳои даҳшатбору бераҳмонаи худ ба проб­лемаҳои ҷиддитарини инсоният дар асри XXI табдил ёфтааст. Аз ин ҷост, ки ҳоло таъмини амният дар ҷомеаи ҷаҳонӣ дар сархати масъалаҳои муб­рами рӯз қарор дорад».

Дар ҷаҳони муосир раванд ва зуҳуроти номатлубе мавҷуданд, ки ба тамоми мардуми сайёра таҳдид мекунад. Яке аз чунин зуҳуроти номатлуб терроризм ва ифротгароӣ мебошад, ки боиси нигаронии давлатҳои ҷаҳон ва созмонҳои байналмилалӣ гардидааст. Зеро дар як даҳсолаи охир садҳо ҳазор мардуми осоишта қурбони амалҳои террористӣ ва экстремистӣ гардида, ҳазорҳо нафари дигар маъюбу корношоям гардиданд.

Мафҳуми «экстремизм» маънои ифротгароӣ, тундравӣ, фикру андешаҳо ва амалҳои тундравонаи гузаштан аз андозаро дорад. Экстремист фарде мебошад, ки дар фаъолияти худ ҷонибдори амалҳои тундравона ва якравӣ ба шумор меравад.

Терроризм зуҳуроти номатлуби ҷомеаи инсонӣ буда, мақсадаш қатли ом, рабудани одамон, тарконидани иншооти гуногуни маишию маданӣ, рабудани воситаҳои гуногуни нақлиёт ва амсоли ин мебошад. Дар тафсири Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон мафҳуми «терроризм» чунин шарҳ дода шудааст: «Мақсади ибтидоии терроризм халалдор сохтани амнияти ҷамъиятӣ, тарсонидани одамон, ба воҳима ва таҳлука овардани одамон буда, тавассути он фишор овардан ба мақомоти давлатист. Чунин ҳаракатҳо мақсади ниҳоии ҷинояткорон дар маҷбур сохтани мақомоти давлатӣ барои қабули қарори ғайриҳуқуқӣ мебошад, ки ба манфиати онҳост ва ё ба мақсади резонидани обрӯ ва манзалати мақоми давлатист».

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар таъкид намуданд: «Солҳои охир бисёр ҷавононе, ки аз мазмун ва мундариҷаи маърифати ҳуқуқӣ огаҳ нестанд ва мактабу оила ва дигар воситаҳое, ки дар тарбияи маърифатии ҷавонон бояд саҳмгузор бошанд, ба ҷои дуруст гузоштани мақсаду мароми ҳуқуқӣ бо сабаби надонистани механизми дурусти тарбияи маърифатӣ дар шууру рафтори он вакуум мегузоранд, ки боиси ба вуҷуд омадани ҳар гуна воқеаҳои нангин гардиданашон аз имкон берун нест. Солҳои охир аз ҷониби баъзе шаҳрвандони Тоҷикистон дар ҳудуди дигар кишварҳои ҷаҳон амалҳои мудҳиши террористӣ содир шуда, ин кирдори ғайриинсонии онҳо ба обрӯи давлати тоҷикон ва миллати тоҷик дар арсаи ҷаҳон иснод оварда истодааст».

Таъкид гардид, ки мардуми кишварҳои пешрафтаи мусулмонӣ имрӯз коинот рафтанро мақсаду мароми худ қарор дода, ҷавонони ин давлатҳо дар пешрафтатарин муассисаҳои таҳсилоти олии дунё мехонанд, маърифат мегиранду замонавӣ фикру андеша мекунанд. Мутаассифона, мардуми мо ҳанӯз дар фикри чӣ савоб асту чӣ убол, чӣ ҳалол асту чӣ ҳаром, ҷойнамозро чӣ гуна партоем, салларо чӣ хел бандем, ҳаҷравӣ, умраравӣ ва ҳоҷиошиву ҳоҷиталбон банд мондаанд.

 Мутаассифона, бештари волидон ва муаллимони мактабҳои миёнаю ибтидоӣ ва олии касбӣ дар хусуси тарбияи ҳуқуқӣ, маърифати ҳуқуқӣ ва роҳҳои дар амал татбиқ намудани он маълумоти кофӣ надоранд. Дар ҳоле ки бузургтарин ва умдатарин лаҳзаҳои тарбияи маърифати ҳуқуқӣ фаъолияти якҷояи оила, мактаб ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ба шумор меравад. Аз ин рӯ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқи оилавӣ, ки дар асоси тарғибу ташвиқи донишҳои ҳуқуқӣ ва таълиму тарбияи ҳуқуқӣ амалӣ мегардад, арзишманд буда, дар мустаҳкам кардани пояҳои оилаю оиладорӣ мавқеи басо муҳимро дорост.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон анъанаҳои басо муфиди аҷдодӣ дар хусуси оиладорӣ роиҷ аст. Барои боз ҳам қавитар намудани фаъолияти ниҳоди оила санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ низ ба тасвиб расидааст, ки ҳамзамон, дар баланд бардоштани маърифати хонавода саҳми арзанда мегузоранд. Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила», «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ» аз ҳамон ҷумлаанд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯриҳо ва суҳбатҳояшон нисбат ба модар, мавқеи он дар ­тарбияи кӯдак, тарбияи фарзандони солеҳ ва хирадманду ватандӯст, пойдории сулҳу ваҳдат ва истиқлолияти давлатӣ ҳамеша андешаҳои пурҳикмат баён менамоянд, ки бояд сармашқи кори мо бошад – ҳам дар роҳи тарбияи дурусти фарзанд ва ҳам баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии ҷомеа.

Абдуҳалим ҒАФФОРЗОДА,

вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон